Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ

ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ

20-12-2022, 15:49
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон бо бардошт аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 30 ноябр бо иштироки Раиси муаззами ҳизб баргузор шуд, соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар отряди сарҳадии Панҷ ба 1473 нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ дода, барои 360 нафари дигар дастурхони идона орост.
Дар отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон соҳибкор инчунин ба 2 оилаи афсарону сарбозоне, ки дар муноқишаҳои марзӣ ба шаҳодат расидаанд, кумаки пуливу моддӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва биринҷ расонид.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон тамоми лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла манбаъҳои рӯшноидиҳанда, либоси гарми зимистона ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Ҳамзамон ба отряди сарҳадии Панҷ барои таъмини сарбозону афсарон бо гӯшт дар фасли зимистон 1 сар чорвои калон ва 50 гӯсфанд тақдим карда шуд.ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зимни суҳбат бо сарбозону афсарон ва оилаҳои онҳо тасмим гирифт, ки то 1 июни соли 2023, яъне Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар назди бинои мактаб дар дохили отряди мазкур майдончаи варзиширо бо тамоми шароити замонавӣ ва таҷҳизоти дилхушкунанда барои бозии кӯдакон ба истифода диҳад.
Намояндаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов зимни ҳамоиш бо иштироки афсарону аскарон иброз дошт, ки «бо супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба аёдати афсарону сарбозоне, ки марзу буми Ватанро ҳимоя мекунанд, омадааст ва барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зисташон ба онҳо кумак мерасонад».
Маҳмудҷон Муродов ҳамзамон иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати инсонпарварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он аз кумакҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорон пайваста бархӯрдор мегарданд.
Сарбози қаторӣ Фаррухҷон Рустамов, ки бо хоҳиши худаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, ҳоло дар отряди сарҳадии Панҷ адои хизмат менамояд, гуфт, ки хурсанд аз он аст, ки имрӯз дар баробари дигар ҳамсолонаш дар хизмати Модар-Ватан буда, онро мардонавор ҳимоя менамояд. Ин сарбози Ватан ҳамзамон илова намуд, ки мо, сарбозон миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки имрӯз барои мо дар ин ҷо тамоми шароит муҳайё шудааст.
Дар охири ҳамоиш Маҳмудҷон Муродов аз номи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо унвони «Сарҳадбони фахрӣ» ва рутбаи полковник сарфароз гардонида шуд.
Баъд аз сарфароз гардидан Маҳмудҷон Муродов иброз дошт, ки «пас аз гирифтани ин унвони фахрӣ масъулияти ман дар назди Ватан зиёдтар гардид ва ваъда медиҳам, ки ҳамеша ба фарзондони содиқи Ватан- ҳомиёни марзу буми Тоҷикистон хизмат мекунам».
Дар отряди сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамзамон аз ҷониби Маҳмудҷон Муродов чунин иқдоми инсондӯстона роҳандозӣ гардид. Дар отряди мазкур барои 1444 нафар сарбозону афсарон ва оилаҳои онҳо туҳфаҳои идона ва барои 410 нафар афсарон дастархони идона ороста шуд. Ба отряди сарҳадии Ҳамадонӣ низ барои таъмини сарбозону афсарон бо гӯшт дар фасли зимистон 1 сар чорвои калон ва 50 гӯсфанд туҳфа карда шуд. Инчунин соҳибкор ба 3 оилаи афсарону сарбозоне, ки дар муноқишаҳои марзӣ шаҳид шудаанд, кумаки пуливу моддӣ расонид.
Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» тасмим гирифт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои 4-ошёнаи истиқоматии харобгаштаро дар якҷоягӣ бо Қушӯнҳои сарҳадӣ пурра таъмир намуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва барои истиқомати афсарон ва оилаҳои онҳо мавриди истифода қарор диҳад.
Мавриди зикр аст, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар кори ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.
Вай инчунин дар арафаи Соли нави мелодӣ барои 1710 нафар сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идонаи солинавӣ орост. Инчунин ба 80 оилаи афсарон кумаки моддӣ расонида, барои фарзандони онҳо туҳфаҳо тақдим кард.
Дар доираи иқдоми мазкур дар ҳудуди Маркази таълимии «Пойтахт» иншооти нав — ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар, ки сохтмони он мутобиқ ба талаботи замони муосир мебошад, аз ҷониби ин соҳибкори ватанӣ ҷараён дорад
Дар идомаи иқдоми мазкур Маҳмудҷон Муродов барои зиёда аз 675 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, барои фарзандони онҳо туҳфаи солинавӣ тақдим намуд.
Барои ғамхории доимӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат ба соҳибкор либоси ҳарбӣ тақдим карда шуд.
Инчунин ӯ дар Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 1100 нафар дастархони идона ороста, ба кӯдакони афсарон туҳфаи солинавӣ тақдим намуд.
Барои ғамхории доимӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат Маҳмудҷон Муродов аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал Исмон Шокирзода бо Сипоснома ва медали 25-солагии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ сарфароз гардонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки 3 хобгоҳи афсарону сарбозони ин қисми низомӣ пурра бо неруи гармӣ таъмин карда мешавад. Ин амал бо ташкили маркази мустақили гармидиҳӣ дар дохили қисми низомӣ амалӣ мегардад.
Соҳибкор тасмим дорад, ки тадбирҳои сохтмониву васлгариро дар асоси нақшаи мукаммал ба роҳ монад ва низоми муосиру бехатари гармидиҳиро тавассути дегхонаи гармидиҳии дохилӣ роҳандозӣ намояд
Дар ин баробар шароити толори варзишии қисми низомӣ низ беҳтар карда мешавад.
Зимнан сарбозони фаъоли Бригада, ки ба варзиш машғул ҳастанду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ширкат менамоянд, аз ҷониби соҳибкор бо либосҳои варзишӣ, аз ҷумла 40 адад барои муштзанон ва 40 адад барои дзюдочиён пурра таъмин гардиданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: