Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БА ГӮШИ КАР Ё ФАЪОЛОНИ РУСИЯ АЗОН ХОНДАНИ КАБИРӢ

БА ГӮШИ КАР Ё ФАЪОЛОНИ РУСИЯ АЗОН ХОНДАНИ КАБИРӢ

25-11-2022, 12:22
Хабарро хонданд: 481 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” санаи 25.07.2022 Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба ҳузур пазируфтанд.
БА ГӮШИ КАР Ё ФАЪОЛОНИ РУСИЯ АЗОН ХОНДАНИ КАБИРӢ Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкории ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид. Дар ин зимн мавзуъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд. Аз ин бармеояд, ки ҷониби Русия аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ дар ҳудуди худ ҷилавгирӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии таҳдидҳои мавҷудаи онҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Инчунин дар давоми рӯз Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов бо ҳамтои тоҷикаш Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон мулоқот анҷом дода, доираи васеи ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла Игор Краснов зимни мулоқот бо Юсуф Раҳмон дар Душанбе изҳор доштааст, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҷамъоварии мавод дар мавриди ҲНИТ-ро ба анҷом расондаанд. Аз ҷумла қайд намудааст, ки «назари шумо дар мавриди зарурати террористӣ эълон шудани бархе созмонҳо дар Русия ба назар гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди Ҳизби наҳзати ислом дархости дахлдор имзо ва ба додгоҳ ирсол гардид».
Дар зимн Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов баъд аз сафари корӣ аз номи Прокуратураи генералии Федератсияи Русия ба Суд даъво пешниҳод кардааст. Дар ин бора хабаргузории «РИА Новости» бо истинод ба иттилои Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов хабар медиҳад.
Игор Краснов тафсилоти масъаларо шарҳ дода иброз медорад, ки «моҳи июн дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуратураҳои генералии кишварҳои узви ИДМ дар Минск як қатор қарорҳо қабул кардем, ки ба баланд бардоштани амнияти кишварҳои Иттиҳод нигаронида шудаанд. Мо аллакай бар зидди Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон даъвои дахлдор пешниҳод намудем».
Бояд қайд намуд, ки Суди Олии Тоҷикистон соли 2015 бо даъвои Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро террористию экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Илова бар ин, ҳизб ба феҳристи созмонҳои террористии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ шомил карда шудааст.
Дар натиҷа Суди Олии Федератсияи Россия дархости Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Красновро баррасӣ намуда, аллакай қарор намуд: “Фаъолияти ҲНИТ” дар ҳудуди Федератсияи Россия мамнуъ ва террористӣ эълон карда шавад”.
Вобаста ба ин масъала аъзо ва роҳбарони наҳзат ба ташвиш афтода дар пайи ҷустуҷуи ҳиллаю найрангҳои нав овора гардидаанд. Аз ҷумла раиси ТТЭ ҲНИ ва роҳбари “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи тарғиботии худ “Паём.нет” ба шаҳвандони тоҷике, ки дар Федератсияи Россия фаъолият доранд, ҳушдор додааст: “Террористӣ эълон шудани ҲНИ дар Русия метавонад ҳазорҳо тоҷики фаъол ва худшиносро новобаста аз муносибаташон ба ин ҳизб ба хатари таъқиб ва боздошт мувоҷеҳ кунад”. Аз рӯйи воқеияти ҳол назар намоем, маълум мегардад, ки ҳеҷ як “тоҷики фаъол ва худшинос” новобаста аз макони зист ва фаъолият, фирефтаи дурӯғҳои роҳбарону саркардаҳои чунин гурӯҳҳо намегардад. Яъне террористӣ эълон шудани ҲНИТ дар ҳудуди Федератсияи Россия ба тоҷикони бурунмарзӣ ҳеҷ хатареро ба бор намеорад. Баръакс ба ҳушёрӣ, худогоҳӣ ва худшиносии онҳо мусоидат намуда, тоҷиконро аз хатарҳои ғайрианъанавии ҷаҳони муосир ва фитнаҳои М. Кабирӣ эмин нигоҳ медорад.
Ин маънои онро дорад, ки гурӯҳҳои террористӣ, экстремистию ифротагаро ба мисли ҲНИ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд шаҳрвандони моро пойбанди андешаҳои носолим ва иғвоангези худ карда, низоъҳои байнидавлатию байнимазҳабӣ ва ҷиноятҳои муташаккилонаро ривоҷ диҳанд. Чуноне, ки аз таърих ва воқеият бармеояд, аксарияти мардуми тоҷик бо сабаби ноогоҳӣ, бесаводӣ ва беандешагӣ ба фитнаҳои дурӯғини чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ фирефта мешаванд. Дар натиҷа ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ аз қабили барангехтани кинаю адовати миллӣ, ҷудоиандозӣ ва тафриқаандозӣ даст мезананд. Аз ҳама бадтар чунин амалҳо афроди беандешаро ба хиёнат ба Ватан таҳрик медиҳад. Воқеист, ки аксарияти шаҳрвандони тоҷик бо сабаби бефаҳмӣ ва ноогоҳӣ ба гурӯҳҳои террористию эктремистӣ пайравӣ мекунанд. Акнун террористӣ эълон шудани ҲНИ дар ҳудуди Федератсияи Россия шаҳрвандони тоҷикро аз воқеияти замон ва характери гурӯҳҳои террористию эктремистӣ (масхусан ҲНИ) бохабар месозад.
Ба монанди чунин дурӯғпардозиҳо Муҳиддин Кабирӣ илова мекунад, ки “фаъолони тоҷик чӣ маданӣ ва чӣ иқтисодӣ, озодандешону мухолифони режими Раҳмон бояд худро ба кишвари амнтаре бирасонанд”. Дар ҳоле, ки худи ин мухолифон на ин, ки дар давлатҳои хориҷ “ё амнтар” умр ба сар мебаранд. Балки дар оғӯши “хоҷагони хориҷӣ”- ашон қарор дошта, сӯистифода шуда истодаанд. Яъне, одитарин шароитҳои зиндагониро доро нестанд. Ба ин нигоҳ накарда шаҳрвандони кишварро, ки барои пайдо намудани луқмаи ноне бо меҳнати ҳалол ба Русия мераванд, ноором намуда, гурезон кардани ҳастанд. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолият аввалин кореро, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом доданд, ин баргардонидани гурезагон буд. Маҳз бо сабаби тафриқаандозии саркардаҳои чунин гурӯҳҳо дар соли 1992 шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои ҳамсояву хориҷ гуреза шуданд. Имрӯз бошад, М. Кабирӣ чунин сенарияро такрор карданист. Ҳарчанд, ки аксарияти шаҳрвандони дохилии тоҷик ба чунин фиребҳо дода намешаванд. Аммо М. Кабирӣ мехоҳад шаҳрвандони бурунмарзии тоҷикро ноором созад. Яъне барои иҷрои хиёнатҳои худ аудиторияи берунаи тоҷикро истифода кардан мехоҳад.
М. Кабирӣ илова менамояд, ки “баъди террористӣ эълон шудани ҲНИ дар Тоҷикистон низ мо аз ҳама фаъолон даъват карда будем, билфосила Тоҷикистонро тарк кунанд, аммо онҳо бо ин иддао, ки мо ҷинояте содир накардаем, дар кишвар боқӣ монданд ва аксарашон боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштанд”. Чунин сабки суханронӣ боз ҳам амалҳои разилона ва хоинонаи саркардаҳои ҲНИ бозгӯй мекунад. Яъне бо суханони худ парда аз рӯйи ҷиноятҳои худ бардошта истодаанд.
Аз ин қисмати суханронии М. Кабирӣ бармеояд, ки тайи солҳои тӯлони М. Кабирӣ аъзои ҳизбро барои амалҳои ҷинояткоронаи худ истифода менамуд ва мардуми бечора бехабар аз он, ки ҳадаф ва мақсадҳои ин афрод чист, амал мекарданд. Иддаои аъзои ҲНИ, ки “мо ҷинояте содир накардаем” ин воқеияти ҳол аст, ки онҳо ноогоҳ буданд ва аз амалҳои хиёнаткоронаи саркардаҳои ҳизб бехабар буданд. Дар натиҷа ба боварии комил мегуфтанд, ки ҷинояте накарданд. Аммо дар асл М.Кабирӣ ва дигар саркардагони ТТЭ ҲНИ аъзои онро ҳамчун механизм ё фишанг барои хиёнат ба Ватан ва барангехтани кинаю адовати миллию динӣ истифода мебурданд.
Вобаста ба амалкарди мақомот нисбат ба аъзои ҳизб инро бояд таъкид кард, ки аксарияти аъзои он баъд аз иқрор шудан ба гуноҳи худ ва сари вақт таслим шудан мавриди авф қарор гирифтанд ё ҷазои онҳо сабук карда шуд. Аммо факти дигари таърихӣ мавҷуд аст, ки баъди имзо шудани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар соли 1997 30 дарсади аъзои ҳукумат ё мансабҳои давлатиро аъзои мухолифин ташкил медоданд. Яъне, ҳукумат ба онҳо имконият дод, ки ба зиндагии осоишати худ баргарданд ва дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоранд. Аксарият аз аъзои мухолифин “узви 30%” то имрӯз ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд. Бо назардошти хизматҳои шоистаашон, чунин нафарон (“тавбакарда”) ба мансабҳои баланд ва унвонҳои давлатӣ мушарраф гардиданд. Фаъолияти чунин ашхос имрӯзҳо дар фазои сиёсию ҷамъиятии кишвар ба ҳамагон маълум аст. Яъне ин маънои онро дорад, ки иддаои М. Кабирӣ вобаста ба “муносибати ҳукумат бо аъзои ҳизб” беасос аст. Бемансаб мондани якчанд “хоин” ин маънои онро надорад, ки ҳукумат бо “баъзе” аъзои ҷомеа муносибати дурушт анҷом медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мақсад ва мароми ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИ баёнгари мутаассибу ифротӣ буда, як навъ беморӣ мебошад, ки бемории онҳо нафрат, ҳасуд ном дорад ва табобатшаванда нест, агар табобатшаванда мебуд, баъди хунрезиҳое, ки соли 1992 сари миллати тоҷик овардаанд, виҷдонашон азоб медоду аз чунин амалҳо даст мекашиданд. Вале, мутаассифона, аллакай чунин рафтори ғайриинсонӣ дар хуну рагҳои онҳо ҷой гирифтааст. Аслан ин ташкилот бо роҳбарии фарди ифротӣ ва хиёнатпеша М. Кабирӣ барои бароварда кардани манфиатҳои шахсиву хоҷагони хориҷиаш бо душманони миллат ҳамкорӣ мекунад. Агар ба фаъолияти сиёсии ӯ нигарем, ба осонӣ пай мебарем, ки яке аз ҳадафҳои ӯ “ба ҳарамсарои хоҷагони хориҷиаш табдил додани Тоҷикистон” аст.
Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем, ки М. Кабирӣ бо дурӯғӯ буҳтонҳояш худро ҳамчун ғамхори миллат муаррифӣ карда, бештар ба мушкилоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Аммо дар асл агар ба фаъолияти имрӯзаву гузаштаи ӯ назар кунем, возеҳ мегардад, ки барои давлату миллати тоҷик заррае манфиат наовардааст. Заррае барои беҳбудии мардум заҳмат накашидааст. Баръакс, маблағҳои ҳангуфтеро, ки аз хоҷагони хориҷиаш мегирифт, қисмеро барои ташкил намудани нооромиҳо дар Тоҷикистон ва қисмати дигарашро барои манфиатҳои шахсиаш истифода мебурд. Аз тарафи дигар мушкилоти иҷтимоие, ки имрӯзҳо М.Кабирӣ нисбати онҳо изҳори назар менамояд ва ҳукумати мамлакатро гунаҳгор медонад, сабабгораш маҳз фитнаангезиҳои онҳо дар соли 1992 мебошад. Ба ҳамагон маълум аст ва донишандони дохилию хориҷӣ ин масъаларо тасдиқ менамоянд, ки омили асосии мушкилотҳои ҷойдоштаи Тоҷикистони кунунӣ ин ҷангу хунрезиҳои солҳои 1992 мебошад. Ҳарчанд, ки ҳукумати мамлакат барои бартараф кардани мушкилоти боқимондаю ҷойдошта саъю кӯшиш карда истодаанд, аммо М.Кабирӣ ҳамоно фазои кишварамонро ноором кардан мехоҳад. Чунки аз ин нооромиҳо маҳз М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ фоида ба даст меоранд.
Яъне, бо ин фитнаву дасисаҳои худ ҷойгоҳи аздастрафтаи хешро мехоҳад дигарбора ба даст орад. Лекин тоҷикон чунин сухане доранд, ки “шахсе, ки хато кардааст, бахшидан мумкин аст, аммо шахсе, ки хиёнат кардааст, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад”. Чунки вақте онҳо лаб ба танқиди Ҳукумати Тоҷикистон мекушоянд, амалҳои ҷинояткоронаи онҳо пеши назар меояд ва ин ҳолати ба амаловардашон нафрати мардумро нисбат ба онҳо боз ҳам зиёд мекунад.
Хулласи калом, имрӯзҳо вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракиро тақозо карда, хостори худшиносу худогоҳ будани мо аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки худшиносу худогоҳ бошанд ва шукронаи тинҷиву оромӣ карда, бо ҳисси баланди худшиносӣ ва номуси миллӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизи хеш талош варзида, баҳри пойдор будани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба талош намоянд.
Профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов вобаста ба огоҳии мардум далелҳои хуби таърихиро чунин шарҳ медиҳад: “Вақте, ки Искандари Мақдунӣ ба Шарқ ҳаракат намуд, ҳукумати ҳамонзамонаи Дориюш ва Ҳахоманишиҳо давраи парокандагиро паси сар мекард. Афроди огоҳ бисёр буданд, ки ба мардум муроҷиат карда мегуфтанд, ки дар канори давлат (ҳукумат)-и вақтина бояд истод ва давлатро дифоъ кард. Ин кор на ба хотири он, ки сулолаи ҳукмрон боқӣ монад, танҳо ба хотири он, ки марз аз даст наравад. Аммо мардум итоат накарданд ва гуфтанд, ки ин мулк мулки танҳо ҳамон хонадони Доро аст, бигузор худи онҳо дифоъ кунанд. Дар натиҷа он давлатдорон танҳо монданд ва қаламрав аз даст рафт. Баъдан ҳарчанд, ки мардум орзу мекарданд, то он ҳолат дубора баргардад ва мо интихобе дошта бошем, аммо таърих барнамегардад”. Ҳамчунин донишманди оқилу фозил мисоли дигареро аз давраи истилои арабҳо дар Осиёи Марказӣ меорад: Дар сарнавишти Сомониён чунин ҳолате пеш омад, ки як қисм мардум бар минбарҳову бар манораҳои Бухоро баромада даъват мекарданд, ки биёед аз кишвар дифоъ кунем, гурӯҳи дигар аз ҳамон мардум мегуфтанд, ки ин ҷанг ҷанги динӣ нест, халқ кушта мегардад ва гуруҳи сеюм мегуфтанд, ки онҳо ҳам мусулмон ҳастанд ва эътиқодашон некӯ аст, бигузор оянд. Дар натиҷа салтанати Сомониён аз байн рафт ва он вақт, ки мардум хатои худро фаҳмиданд, як амири фирор кардаи Сомониро (Абуиброҳим Мунтасир) даъват намуда, дар атрофи ӯ ҷамъ шуда ҳарчанд кӯшиш карданд (муддати 5 сол мубориза бурданд), барои ҳимояи меҳан, аммо аллакай дер шуда буд”.
Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки мо бояд дар атрофи ҳокимияти кунунӣ (қонунӣ) сарҷамъ шуда, аз як гиребон сар барорем. Чунки ояндаи худ ва наслҳои дигарро худи мо месозем, на М. Кабирӣ ва на хоҷагони хориҷии ӯ.

Илҳоми СИТАМ, омӯзгор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: