Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Империяи форсро шумо хароб кардед... (Бо қалами танз) (Ёддоштҳо аз сафари Эрон)

Империяи форсро шумо хароб кардед... (Бо қалами танз) (Ёддоштҳо аз сафари Эрон)

3-06-2022, 08:00
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Империяи форсро шумо хароб кардед... (Бо қалами танз)   (Ёддоштҳо аз сафари Эрон)
С.В.Лукяненко (нависандаи рус)

- Хеле хуб аст, ки ба намоишгоҳи китобҳои мо омадед. Ман ҳикояҳои шуморо дӯст медорам.
- Шумо онҳоро хондаед? Ва бо кадом забон?
-Бо форсӣ.
- Ман намедонистам, ки навиштаҳоям дар Эрон ҳам нашр шудаанд.
- Вале мо медонем, чунки зери таҳримҳо қарор дорем. Ҳар чизро харида наметавонем, аммо ёфта тарҷума ва нашр мекунем.

- Э э истед! Мо ба тарафи муқобил ҳаракат дорем!
— Мошинхо каманд.
— Бале, ман ҳам мебинам, аммо мошинамон дар самти муқобили роҳ ҳаракат мекунад! - - Самти ҳаракат, муқобили самт - инҳо таассубҳои аврупоӣ ҳастанд.
Пас чаро дар роҳ хатти ҳаракатро кашидаед?
— Чунки мо Аврупоро дўст медорем.
-Бо вуҷуди ин мошинро ба самти муқобили ҳаракат меронед?
- Хуб, Дар ин ҳолатҳо мо он қадар дӯсташ намедорем.

- Э, ана боз қоидаро вайрон кардем, дар чароғи сурх гузаштем.
- Кай? Чароғак дар куҷо буд?
- Дар ақиб монд.
- Ҳеҷ гап нашуд, не? Пас, бахайр аст.


— Вокеан, мо аз русхо хафаем.
- Барои чӣ?
-Шумо империяи бузурги Форсро хароб кардед.
- Ин хеле пеш буд!
— Вақти баҳодиҳӣ ба ин рўйдод замон барои мо аҳамият надорад. Мо то ҳол хуни дил мехўрем.
— Магар шумо ҳам замоне қасди империяи Русро несту нобуд карданро надоштед?
— Албатта доштем ва нобуд ҳам мекардем! Аммо бахтамон омад накард.

— Афсўс, ки дар кишвари шумо арақ хўрдан манъ аст. Вагарна, ман зуд-зуд меомадам.
— Аммо он вақт мо кам ба кишвари шумо мерафтем. Медонед, дар мо ҳам баъзеҳо менӯшанд.
- Хайр чӣ?
- Агар фаҳманд, ҷазо медиҳанд ва машрубашонро мегиранд.
— Э ҳа, ман гумон доштам, ки онҳоро ба дор мекашанд.
- Хайр, агар хеле сиёҳбахт бошанд, қатлашон ҳам мекунанд.

- Занҳо дар Эрон дар қисми махсуси автобус мераванд. Ва дар вагонҳои махсуси метро. Мардон ҳаққи ба он ҷо даромадан надоранд.
- Тамоман? Оё занон ҳақи ба қисмати мардонаи вагонҳо даромаданро доранд?
- Метавонанд. Дар ҳолати пуродам будан занон ба қисмати мардонаи вагонҳо ҳам медароянд, зеро онҷо ба онҳо ҷой медиҳанд.

-Медонед чӣ? Албатта, мо хеле афсӯс мехӯрем, ки ҳоло шумо ҳам таҳти шароити таҳримҳо қарор доред, ҳатто бештар аз мо. Вале росташро гўям, мо хурсандем.
- Чаро?
- Зеро русҳо акнун ба кишвари мо ҳам бештар меоянд. Ин як омили рушди бизнеси мост. Ва барои мо тарҷумонҳо ҳам кор бештар шудааст.

- Дар кишвар пул ҳаст. Аммо сармоягузорӣ кардан фоидаовар нест, бинобар ин дар мо пул кор намекунад.Пулдор зиён мебинад
— Чаро зиён мебинад?
- Худ қазоват кунед, ман саҳар рафта, бо 260 ҳазор риёл доллар харидам. Ва бегохй ба 280 хазор риёл фурухтам. Аммо бо ин фоизи фоида ба чӣ сармоягузорӣ карда метавонам?

- Дар ҳар шаҳри Эрон се марказ - бозор, масҷид ва қаср вуҷуд дорад. Бозор барои тиҷорат, масҷид барои тозагии рўҳ.
- Касрҳо барои чӣ ҳастанд?
- Барои он ки мақомот аз паси ин ду назорат кунанд.

- Ин кабоби баррагии устухондор аст. Шашлик ном дорад.
- Номаш шинос, аммо ин чист?
- Гўшти беустухони дар грилл пухташуда. Онро кабоб меноманд.
- Чӣ фарқ дорад?
- О гуфтам-ку, бе устухон аст!
- Мо ҳамааашро шашлик мегўем.
- Забонатон хеле камбағал будааст.

- Як урфи миллии мо-эрониҳо аз самовор чой нўшидан аст. Самовор ихтирои форсҳост.
- Самовар?
- Бале. Баъзеашон бо алови чўб об меҷўшонанд.Баъзеи дигар бо қувваи барқ.
- Ин асбоб ихтирои русист.
- Э не? Бовар намекунам!
- Хуб, самовар чӣ маъно дорад?
-Маъное надорад, як сухани бемаъност!
- Вале дар забони русӣ маъно дорад. Худаш мепазад, яъне меҷўшонад! Само-вар.
- Дар ҳақиқат. Ин ҳатто барои ман то ҷое хиҷолатовар аст. Дар ҳоле, ки як таомули хоси эронист. Мо як зарфи вижа барои нӯшидани чой аз самовор ҳам дорем, ки онро истакон мегӯянд.
-Чӣ мегўед?
-Стакан. Самовар ва стакан – ҳар ду ҳамеша якҷоя истифода мешаванд.

- Бигӯед, оё метавон аз интернети Русия китобҳои шуморо ройгон гирифт? Мо пардохт мекардем, аммо зери таҳрим ҳастем ва шумо ҳам. Мо агар беиҷозат истифода кунем муҷозот мешавем.
- Бале, мутаассифона, шумо метавонед ройгон аз интернет китобҳоро бардоред... Ба шумо нависам, ки аз куҷо?
- Не, не, ташаккур. Мо медонем. Фақат фаҳмидан мехостам, ки оё ройгон мешавад гирифт. Аз куҷо гирифтанашро худамон медонем.

- Ҳоло дар интернет Русияро бисёр интиқод мекунанд. ВАО ҳам дар бораи шумо чизҳои даҳшатнок менависанд.
-Медонед, ман чунин эътимод доштан ба расонаҳои хориҷиро дар Эрон интизор набудам.

- Хуб аст, ки шоири бузурги мо Есенинро ба Форс роҳ надоданд.
- Чаро?
- Вай ба ноз буд. Ва зебо. Духтарони шумо ҳам хеле зебоянд.
-Бале, шояд роҳ наёфтанаш ба кишвари мо хуб бошад. Мо ба гунаи лозим бо шоирони бузурги шумо муошират карда наметавонем.
- Аз замони Грибоедов? **
- Ана, худатон ҳама чизро мефаҳмед.

- Чаро пулатон риёл аст, вале дар нарххо «туман» навишта шудаанд?
- Зеро як туман даҳ риёл аст.
- Медонам. Маро сифрҳои зиёдаш дилгир мекунад. Ва ҳоло сарам чарх мезанад.
- Пул додан бо ҳисоби туман чандон вазнин нест. Масалан ин ҷо мо барои хўроки шом миллион туман додем, агар туман намебуд, даҳ миллион риёл медодем.
**Александр Сергеевич Грибоедов (1795- 1829) - дипломати рус, шоир, драматург, пианинонавоз ва оҳангсоз, ашрофзода.
Ин ҷо ба таърихи кушта шудани шоир ва дипломат дар Теҳрон -пойтахти Эрон (11 феврали 1829) замоне, ки сафири Русия буд, ишора шудааст.

Тарҷумаи С. Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: