Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУҶАНД: Муҳаббат ба ҳунар ва оила маро муваффақ кард

ХУҶАНД: Муҳаббат ба ҳунар ва оила маро муваффақ кард

3-06-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 893 нафар
Назарҳо: 0
ХУҶАНД: Муҳаббат ба ҳунар ва оила маро муваффақ кард

МАҚОЛА: Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз бо шарофати оила давлатамон қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некуаҳволии мардум беҳтар мегардад. Барои ҳамин дар сарнавишти ҳар як шахс оила ҷойгоҳи хосса дошта, оғозгоҳи парвози ӯ хоҳад буд.

Воқеан, зери вожаи оила – як мафҳуми бузург ва мазмуни азиме ниҳон аст, ки барои сохтан, бунёд кардан ва нигоҳ дориву устувории он аз шахс бисёр масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Он муҳаббат ва самимиятро аз ҳар узви оила тақозо дорад. Ин вожа агарчи дар назар ночиз метобад, лекин зери ҳар як ҳарфи калимаи оила мафҳумҳое ниҳон мебошад, ки барои посдории он ҳар инсон ҳамеша дар талош аст.

Агар зери ҳарфҳои калимаи оила мафҳумҳои о-оқилу одил, и-ибрату итоат, л- лафзу латофат, а-ақлу андешаро дар зиндагӣ истифода барем, ҳеҷ гоҳ дар оила нофаҳмӣ рух намедиҳад. Ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр, муҳаббат, иззату хулқу рафтори нек ва инчунин ба сухани калонсолон гӯш додану эҳтироми эшонро ба ҷо овардан яке аз рукнҳои муҳими оиладорӣ ба ҳисоб меравад.

Собиқадори меҳнат, номзади илмҳои таърих Муътабар Ғозиева зимни суҳбат дар мавриди арзиши оила дар тарбияи муҳити маънавии инсон чунин ибрози ақида намуд: “Мустаҳкамӣ ва ё хушбахтии оила аз як нафар вобаста набуда, бояд аъзоёни оила ҳамеша фикри ҳамдигарро шунида, бо маслиҳати калонсолон роҳи дурусти ҳалли ин ё он масъалаи оилавиро ба таври якдигарфаҳмӣ ба сомон расонанд.

Имрӯзҳо дар бархе аз оилаҳо фақат занро гунаҳкори сар заданӣ ягон мушкилоти оилавӣ меҳисобанд, барои он ки тарбиятдиҳандаи асосии фарзанд маҳз модар аст. Лекин бо фаҳмиши пасту гунаҳгор кардани зан мо дар оила муваффақ шуда наметавонем, зеро дар оила мард сутун бошад – зан соябон аст. Агар ин ду шахс дар зиндагӣ вазифаҳои хешро бо якдиливу якдигарфаҳмӣ иҷро карда тавонанд, ҷои якдигарро пур кунанд, баъд фарзандон дар сояи волидайн, дар муҳити солим хуб тарбия гирифта, ба камол мерасанд. Ва ин анъана аз насл ба насли дигар хоҳад гузашт”.

Ба ақидаи устоди дигари Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Манзура Султонова баъзе оилаҳое низ ҳастанд, ки ба қадру қиммати зан намерасанд, ӯ чи ҳол дорад, ҳолат равонии чӣ гуна дорад, аҳамият намедиҳанд, то ҳатто барои сухан кардан ва фикрашро иброз намудан иҷозат намедиҳанд. Гӯё вазифаи зан дар чунин оилаҳо танҳо иҷрои корҳои хонаву тавлиду тарбияи фарзанд аст.

Албатта, ҳар нафар барои хушбахт будан дар зиндагӣ талош мекунад, бо меҳнати ҳалол оилаи худро таъмин намуда, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Дар ҳақиқат оила рукни муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Намешавад, бидуни оилаи муваффақ ҷомеаро тасаввур кард. Оила сутуни ҷомеаи муваффақ мебошад. Кафили ҷомеаи солим- оилаи солим аст. Оиладорӣ худ масъулият аст ва агар масъулият ва салоҳият дарк карда шавад, он оила ҳатман ба оилаи хушбахт мубаддал мегардад.

Байни зану шавҳар чиҳое намегузарад ва то комил шудани оила чӣ гапҳое намешавад, вале аз ҳама муҳимаш оила барҳам нахӯрад. Кафили нест нагардидани оила ин сабр аст. Сабр беҳтарин роҳи расидан ба хушбахтӣ мебошад. Дуруст аст, ки бисёр вақт мо аз пушти тақлидкориву таъассуб гоҳо ба оила душворӣ эҷод менамоем, лек инро ҳам фаромӯш насозед, ки ин зиндагӣ кирои ҷойгоҳ додан ба “ғами беҳаё” намекунад. Ҳаргиз, ширинтарин лаҳзаи умрро бо баҳсҳои беҳудаву бепоя нагузаронед, ҷавонони азиз.

Сарнавишти ҳеҷ кас якранг нест, ба касе ризқ зиёд омадаасту ба касе камтар ва ин ҷо айби касе нест. Асрори офариниш ҳамин аст.

Оилае, ки бо нони меҳнати ҳалоли хунари худ фарзандонро тарбия намудаву соҳиби хонаву дар кардааст ва бо ифтихор аз ҳунари аҷдодии худ мебошад, ки ин яке аз ҳунарманди номии шаҳри Хуҷанд оилаи Дадобоевҳо мебошанд. Сардори оила Ғафурҷон Дадобоев бо ҳамсари вафодори хеш Абдуллоеева Шафоатхон тӯли 40 сол бо ҳам якҷоя зиндагӣ намуда, соҳиби 3 духтар ва як писар шуданд. Писари ягонааш низ давомдиҳанди касби авлодӣ мебошад.

Бояд зикр дошт, ки касби меросии авлодии Дадобоевҳо ин пойафзолдӯзӣ буда, аз соли 1978 то имрӯз дар корхонаи пойафзолдӯзии “Базеб”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Аз ҳунари хеш ифтихор мекунад ва мегӯяд, ки маҳз меҳнати ҳалол ва содиқ ба касби худ ҳастам, ки имрӯз ҳамчун ҳунарманд маро мардум мешиносанд ва талаботи мизоҷонамро қонеъ карда истодаам. Ифтихор дорам, ки меҳнати софдилона ва ҳунари маро қадр намуда, соли 2014 бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Хуҷанд ҳамсуҳбат шудам ва ба ҳунари пойафзолдӯзӣ баҳои баланд доданд. Ифтихор аз он дорад, ки иштирокчии бевоситаи Анҷумани ҳизб шуда, аз нуқти пурмӯҳтавои Пешвои муаззами ҲХДТ баҳраманд гардидааст. Гӯшаи ҳизбии коргоҳи хурди ӯ аз беҳтарин гӯшаи ҳизбӣ маҳсуб мешавад. Ӯ яке аз фаъолони ҳизб буда, дар таблиғу ташвиқи ғояҳои ҳизб, ки фароҳам овардани зиндагии шоиста шиораш аст, саъю талош меварзад.

Воқеан, ҳам Ғафурҷон Дадобоев бо ҳунари худ байни мардум обрӯву эътибори хосса пайдо намуда, зиёда аз 40 намуди пойафзоли мардона ва якчанд намуди занонаро омода менамояд. Ӯ ҳамчунин даҳҳо шогирдонро дар ин ҷода тарбия намудааст

Ин оилае, ки барои шумо хонандагон мисол овардем, яке аз оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, намунаи ибрат ба оилаҳои ҷавон мебошад. Мақсад аз нақли зиндагиномаи ин оилаи ҳунарманд дар он аст, ки бо ҳунари худ тавонист, пеш аз ҳама ҳунари авлодии хешро идома дод, рӯзгору оилаи худро таъмин кард, фарзондонашро соҳиби маълумоту оиладор гардонид ва аз ҳама муҳимаш оилаи худро бо якдигарфаҳмӣ мустаҳкам нигоҳ дошт, ки мо ин гуна оилаҳоро ба мардум муаррифӣ кунем, то ки ибрати дигарон бошанд. Ҷавҳари хушбатии ин оила дар меҳнати ҳалол, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ мебошад.

Ба ин оилаи ҳунарманду хушбахт тамоми пирӯзиҳо дар кору фаъолият ва рӯзгор таманно дорем. Бигзор сафи чунин оилаҳо дар ҷамъият зиёд гардида, ҳар яке барои ободиву пешрафт ва гул-гул шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

НАЗОКАТ ЮСУФӢ

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: