Чаро оилаҳои ҷавон пош мехуранд?15-02-2022, 07:44
Хабарро хонданд: 6192 нафар
Назарҳо: 0
Сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз волидайн фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд... Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон Оре, оила ниҳоди муқаддас барои ҳар инсони солимфикри ҷомеа дониста мешавад. Оилаи солим метавонад фарзанди солим, инсони закифаҳму дурандеш, вафодор, таҳаммулгаро ва инсондӯсту ватанпарварро тарбия карда ба воя расонад. Дар ҳама давру замон инсони соҳибақл кӯшиш мекунад, ки фарзандаш дар руҳияи солим ба воя расад. Вале, баъзан шоҳиди он мегардем, ки аз оилаи инсонҳои баруманд фарзандони нохалафе ба воя мерасанд ва бо кирдори густохонаи худ ба ҷомеа иснод меоранд. Бахусус, дар ҷомеаи муосири мо хушунат ва пошхӯрии оилаҳо зиёд ба назар мерасад. Бино ба нишондоди сарчашмаҳо, соли 2021 дар кишварамон 13 ҳазору 741 оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 536 ҳолат баробар буд. Қабл аз оне ки дар бораи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ҳарф занем, бояд донем, ки кадом омилҳо сабаби ҷудошавии оилаҳо мегарданд. Албатта атрофи ин мавзуи баҳснок андеша ва ақидаҳои зиёде мавҷуданд ва тасмим гиифтем, ки роҷеъ ба ин мушкилоти ҷойдолшта ибрози назар намоем. Муҳити оила Ба назари ман, яке аз сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, муҳити оилавӣ, падару модарон дониста мешаванд. Фарзанд дар кадом руҳияе тарбия ёбад, оянда ба ҳамон роҳ меравад. Якдигарнофаҳмии волидон ва дигар аъзои оила, хушунату бадбинро дар оила ба вуҷуд меорад ва ба равони фарзандон таъсири бад мерасонад. Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандро барои оиладории солим омода созанд, зеро бунёди он аз волидон вобастагии калон дорад. Ҷомеашиносон оиларо “ячейкаи хурди ҷамъият” номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ, мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мегардонад. Барои бунёди оилаи солим, пеш аз ҳама, модарон бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Дили фарзандонро бештар онҳо дарк карда метавонанд. Модар бояд фарзандонашро ба зиндагии мустақили оиладорӣ тайёр намояд ва роҳбалади онҳо дар ҳаёти ояндаашон гардад. Мутаассифона, баъзан шоҳиди он мегардем, ки маҳз бо дахолати зумрае аз модарон навхонадорон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Ҳол он ки модар вазифадор аст, ки камбудии келин в ё домодашро бо нармӣ ва бо роҳи насиҳат ба онҳо фаҳмонад ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. М. ном ҷабрдида дар атрофи ин мазмун чунин нақл кард: “ Аз рӯзи аввали ба хонадоршавиям хушдоманам бо ман муносибати бад мекард. Ба назарам чунин мерасид, ки маро нисбат ба шавҳарам рашк мекунад.Бо ҳар баҳона дар кору бори хона мапро гунаҳгор дониста, ситезаам мекард, дар назди шавҳарам пастам мезад. Ин кор шавҳарамро ба ҷое оварда расонд, ки ба сарам даст мебардоштагӣ шуд ва оқибат аз ҳамдигар ҷудо шудем”. Чунин муносибат ва рафтори хушдоманон айни ҳол зиёд ба назар мерасанд. Хушунати хонаводагӣ Дигар сабаби чудошавии оилаҳои ҷавон хушунати хонаводагӣ дониста мешавад. Тибқи иттилои ВКД шумораи умумии аризаҳои санҷидашуда оид ба хушунати оилавӣ, соли 2021 3 485 ҳолати ҷойдошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176 ҳолат камтар аст. Дар оила на танҳо иддае аз волидон ба навхонадорон таъсири бад мерасонанд, балки дигар аъзоёни оила низ метавонананд сабабгори пошхӯрии оилавии навхонадорон гарданд. Аз нақли як нафар хушунатдида:- Ду сол пештар аз шаҳри Хуҷанд ба ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров келин шудам. Саҳарӣ ҳавлӣ рӯфтам ва хокрӯбаҳоро, ки бештараш хазон буд, ҷамъ кардам. То омадани хоҳарарӯсам омода бошам гуфта, саросема ба хона даромадам. Баъди як-ду дақиқа хоҳаршӯям даромад ва дарро тақ-тақ накарда бошиддат кушоду гуфт: -Нав аз пеши акоям баромадӣ, боз хокрӯбаҳоро тоза накарда, давида даромадӣ?! Дар оилаи мо ин хел қоидаи ҳаромкорию нимкорарӯбӣ нест! Ҳавлии одами зинда бояд мисли оина бошад, ки рӯйро дида шавад!-нақл кард Шабнам Шокирова (номи қаҳрамон бо хоҳиши худи ӯ дигар карда шудааст). Аз рӯзи аввал фаҳмида мон, ки модарам не, ман корубори туро назорат мекунам! Модарам занаки дилсӯз, ҳозира келинчако садқаи дилсӯзии хушдоман шаванд… Бо ҳамин аз рӯзи аввали оиладорӣ хушунат ба ман сар шуд. Хоҳаршӯям, ки бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар оилаи мо зиндагӣ мекард, ҳар рӯз оташи ҷангро дар оилаи мо фурӯзон мекард. Духтарчаҳояш ба хонаи хобам даромада, тамоми атру упоямро ба рӯи замин рехта мерафтанд ва як бор барои “дастонат равғанолуд, куртаамро нақап” гуфтан хоҳаршӯям 9 куртаи арӯсиямро бо қайчӣ пора-пора кард. Вақте сабаб пурсидам, гуфт - Як тори қоши духтарам аз сад куртаи ту боло меистад. Хулоса, хушунати равонию иқтисодиро давоми 9 моҳи зиндагиям танҳо хоҳаршӯям нишон дод ва коре кард, ки маҷбур шавам бо пои худам аз хона баромада равам… Ба ҳамин мазмун метавон даҳҳо мисолҳоро овард. Омода набудани ҷавонон... Пойдории оила дар маърифти баланд доштани навхонадорон дониста мешавад. Маърифти олиладориро дар фарзандон маҳз волидон таъмин карда метавонанд. Ба ҳаёти мустақилона гусел намудани фарзандон, онҳоро омода намудан ба оиладорӣ, аз падару модарон масъулияти баландро тақозо мекунад. Ҳангоме ки фарзандон барои зиндагии мустақил омода ҳастанд, оянда рӯзгори хуберо дармеёбанд. Баъзан шоҳиди он мешавем, ки иддае аз падару модарон фарзандро хонадор мекунанд ва ояндаи онҳоро мавриди назар қарор намедиҳанд. Ҳамаи ин тирагиро дар зиндагии ояндаи онҳо эҷод мекунад. Ин назарро чӣ тавр метавон маънидод кард? Ҳастанд фарзандоне, ки дар ҷое кор намекунанд ва ё тахассуси даркорӣ надоранд.Тасаввур кунед, ки баъди соҳиби фарзанд шуданашон масъулияти онҳо дар оиладорӣ зиёд мешавад. Хӯрондану пӯшондани фарзанд, ба мактаб гусел намудани ӯ, табобат ва боз чандин вазифаҳои дигари падару модари ҳаст, ки аз инсон масъулияти зиёдро тақозо дорад. Ин яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳои ҷавон мегардад ва ба ҳаёт омода набудани ҷавононро нишон медиҳад. Вақте ҷавонписар ё ҷавондухтар касб надорад, аз нигоҳи иқтисодӣ худашро таъмин карда наметавонад, чӣ ниёзе ба бунёди оила ҳаст? Аксари оилаҳо имрӯз аз ҳисоби падару модарон бунёд мешаванд ва ин мазмун борҳо аз ҷониби равоншиносони ватанӣ мавриди назар қарор гирифтааст. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетассаввурот будан аз гардишҳои рӯзгор пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳҳои доманадор дар оилаҳо ва парокандашавии онҳо гаштааст. Ба ҷои ҷамъбаст Мавриди зикр аст, ки бунёди оила ва мустаҳкам нигоҳ доштани он дар асоси муҳаббат, эҳтироми ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, гузашту бахшишҳо ташаккул меёбад. Иддае аз мардони рӯзгордида мегӯянд, ки “Ғами берунаро танҳо оиладории хуб аз қалб зудуда мегардонад, аммо андуҳи оиладорӣ дар қалб маҳфуз мемонад...” Рӯзҳои охир тариқи расонаҳои ахбору шабакаҳои иҷтимоӣ хабару видеоҳои оилавайроншавиро бисёртар дида истодаем. Бештари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил мекунад, ки баъзан аз туҳмати зиёд, аз нангу номус ва орият даст ба куштор мезананд. Дигар тарафи масъала ин аст, ки инсон барои интихоби ҳамсари ҳаётиаш набояд ба саросемагӣ ва беаҳамиятӣ роҳ диҳад, то сабаби вайроншавии оила ва ятим мондани фарзандон гардад. Даҳшатаст, вақте мебинед, ки фарзандони касе зиндаятим гаштаанд. Дар ин даврони бозаргонӣ ояндаи онҳо чӣ мешавад? Оё чунин фарзандон солим ба воя мерасида бошанд? Ба назар чунин мерасад, ки чунин падарони фарзандбезор на дил доранду на эҳсоси инсонӣ, балки махлуқе ҳастанд, шаҳвати ҳайвонии худро аз ҳама боло медонанд. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.