Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.

Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.

3-03-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.
Тоҷикистони азизи мо табиати биҳиштосо дорад ва мо ҳамагон дар мавзеҳои зебоманзари он сайру гашт карданро дӯст медорем. Баъзан аз он бехабар мемонем, ки дар паҳлуи мо хазандагони заҳрдори зиёде ба сар мебаранд, ки бароямон хатарноканд. Ва яке аз чунин хазандагон морҳо мебошанд, ки дар зоҳир бадвоҳимаву барои зиндагии мо осебпазиранд.

Мувофиқи нишондоди расонаҳои итиллоотӣ ҳар сол панҷ миллион нафар одамонро морҳо мегазанд ва аз онҳо сад ҳазор нафарашон фавтида, 400 ҳазор дигар маҷруҳи якумра мешаванд.

Олимон Мадурита Гупта аз Мумбай (Ҳиндустон) ва Ҷулия Бейкер аз Австралия тамоми умри бобаракати хешро ба омӯзиши морҳо сарф кардаанд ва аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин хазандаҳо мазмунҳои ҷолиберо ёфтаву навиштаанд, ки ҳоло қисме аз онҳоро бавриди назари шумо қарор медиҳем.

Морро бояд дӯст дошт
Мадурита Гупта бори аввал морро дар синни 15 солагияш ба даст гирифтааст ва то ҳанӯз ин лаҳзаро фаромуш карда наметавонад.

-Хунукии ҷисми мор гӯё бадани маро ях кард, аммо дилбастагиямро нисбат ба морон зиёд намуд. Чаро чунин шуд, то ҳанӯз намедонам, аммо аз ҳамон рӯз сар карда дар ниҳоди ман нисбати ин ҷонвар муҳаббати зиёде пайдо шудааст - мегӯяд Мадурита.

Баъди хатми таҳсилоти умумӣ ӯ шомили коллеҷи байторӣ гардид ва ҳамроҳи шавҳараш ташкилоти «Snake Conservation Trust» таъсис дод. Ҳадафи ташкилоти мазкур омӯзиш ва ҳимояи морон аст.
Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.
Дар дигар қитъаи дунё Австралия Ҷулия Бейкер морро ҳангоми ба боғи ҳайвонот рафтанаш дӯст дошт. Он вақт Ҷулия 30 сола буд. Ӯ мегӯяд

-Ҳамон рӯз мореро ба даст гирифтам ва он дар дар гарданам ҳалқа зад. Маро ҳолате фаро гирифт, ки онро ба забон баён карда наметавонам, гӯё ӯ маро ба худ афсун намуд. Шояд ҳамин хел ҳам бошад, зеро мегӯянд, ки морон афсунгаранд. Ана аз ҳамон рӯз сар карда ман ба ин хазанда ошиқ шудам.

Ҷулия алҳол ҳамчун баранда дар барномаи «Шоҳи морон»-и телевизиони Австралия кор мекунад.

Зидди заҳри морон
Мадурита Гупта барои тадқиқот ва ба сафар баромаданаш мототсиклашро махсус ҷиҳозонидааст, ки дар он тамоми таҳчизоти даркорӣ барои кор бурдан бо морон гузошта мешавад.

Дар қутиҳои дар мототсикл бастааш аз корд сар карда, то доруҳои ҳар хелаи зидди заҳри морон ҷойгир шудааст, ки дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо истифода мебарад. Ӯ мегӯяд, ки дар бисёр мавридҳо морон инсонро газидан намехоҳанд, агар газанд ҳам захрашонро ба бадани одам дохил намекунанд. Ин кор дар ҳолате рӯй медиҳад,ки одамӣ ба онҳо зарарӣ ҷисмонӣ мерасонад ва ё онҳоро безобита мекунад.
Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.
Ба мор даст нарасонед
Ҷулия Бейкер аз Австралия бошад бо худ доруи зидди заҳри моронро намегирад ва шояд бадани ӯ ба заҳрҳои морон мутобиқ гаштааст.

Мувофиқи нишондоди Джулия Бейкер, аз Австралии 95% фоизи одамони аз морон осеб дида, худашон моронро ба он водор сохтаанд, ки онҳоро газанд. Зеро гуруҳе ба онҳо осеб мерасонанд ва иддаи дигар бошад онҳоро ором нагузошта безобита мекунанд.
Ҳар сол панҷ миллион нафар одамро мор мегазад.
Аз сабаби он, ки масоҳати Австралия хеле калон аст, ин чо дидани намудҳои гуногуни морон кам ба назар мерасад.

Мори аз ҳама заҳрноки дунё дар ин қитъа зиндагӣ карда, тайпан ном дорад ва заҳраш қотил аст.

Доктор Гупта мегӯяд, ки аз ҳама беш дар Ҳиндустон одамон аз заҳри морон осеб мебинанд. Ин ҷо ҳар сол тақрибан 60 ҳазор нафар одамон аз газидани морҳо ба ҳалокат мерасанд.
Ба назар чунин мерасад, ки дар ин сарзамини иқлими гарм дошта, дар бештари мавридҳо одамон нимбараҳна мегарданд ва шояд яке аз сабабҳои бештар осеб дидани одамон ҳамин бошад.

Ҳатто морбозон аз заҳри мор осеб мебинанд
Ҷулия Бейкер нақл мекунад, ки боре аз беэҳтиётияш ӯро море аз дасташ газид ва тақрибан 20 дақиқа дасти ӯро аз даҳонаш сар надод. Барои дасташро раҳо намудан чанд нафар шариконаш кушиш намуданд, аммо натиҷае ҳосил нашуд. Сипас, Ҷулия ба як дӯсти олимаш, ки аз ҳаёт ва рафтори морон хуб огаҳӣ дошт занг зад. Дӯсташ маслиҳат дод, ки аз болои мор об резанд ва ӯ дасти газидаи Ҷуляро сар медиҳад. Ҳамин тавр кардан ва мор дасти ӯро раҳо кард. Баъди ин Ҷуля инони ихтиёрро аз даст дода, беҳуш шуд.

Тааҷҷубовараш он аст, ки Ҷуля борҳо аз морон осеб дидааст, аммо то ҳанӯз онҳоро дӯст медорад ва ба одамон талқин мекунад, ки морронро дӯст доранд.
Таснифи Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: