Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид

Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид

17-11-2021, 08:32
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Ноябрь 16, 2021 17:25

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

«Танҳо дар 20 соли охир (2000 — 2020) бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонӣ то 82,5 млрд. сомонӣ ё 46 маротиба зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоиз то ба 26,3 фоиз коҳиш ёфт»,-гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз зимни баргузории ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар корнамоиҳои бузурги иқтисодӣ нишон доданд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, татбиқи ислоҳоти фарогир ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дар маҷмӯъ 177 стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди иҷро қарор доранд.

Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 млрд. сомонӣ то 65,4 млрд. (яъне 65 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 16 сомонӣ то 1394 сомонӣ (ё 89,4 баробар) афзоиш ёфтанд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гардида, шумораи шарикони тиҷоратӣ ба беш аз 110 кишвар афзоиш ёфт. Инчунин, даромади Буҷети давлатӣ аз 251,7 млн. сомонӣ то 24,3 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
-Дар як марҳилаи кӯтоҳ тамоми низоми идоракуниро таҷриба намудем. Қишре аз ҳамватанони фирефташудаи мо бо гурӯҳсозию гурӯҳбозиҳои худ ба осёби душманони миллат об рехта, кишварро ба буҳрони шадид кашониданд. Хушбахтона, интихоб шудани Сарвари маҳбуби мамлакат дар он рӯзҳои сангин барои миллату давлати тоҷик рӯҳи нав ато намуд. Чунин зикр намуд 15 ноябр Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ширин Амонзода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз санаҳои муътабар барои насли худогоҳу хештаншиноси кишвар дониста, зикр намуд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии нақши Президенти мамлакат дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамзамон, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Мавсуф иброз дошт, ки дар ҳар самти фаъолияти мо саҳми Пешвои миллат равшану бармало аст ва боварии комил дорем, ки аҳли заҳмати кишвар, аз ҷумла, кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва рушди ҳунармандӣ таъкидҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои рушди соҳа хизмати арзанда мекунанд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Иштирокчиёну меҳмонон аз асарҳои пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон ва фаъолияти босамари Пешвои миллат дар 30 соли Истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода саҳми мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳофизаи таърихӣ, рушди босуботи ҷомеа, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди таъмини амнияти озуқаворӣ зикр карданд. Зикр гардид, ки Рӯзи Президент санаи навест дар тақвими ҷашну маросими расмии Тоҷикистон ва соли панҷум аст, ки он дар кишвари азизамон таҷлил мегардад. Ин рӯзро бо итминон рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст.

Дар ҷаласа директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Сайдаҳмадзода иброз дошт, ки Мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити муосир ба ҳам овардааст. Дилором Сайдаҳмадзода китобҳои тозанашри «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ҷилди 1, 2 ва 3-ро, ки аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, ба китобхонаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ҳадя намуд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
«Хусусиятҳои фавқулодаи сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он кас имкон дод, ки дар Тоҷикистон низоми сиёсие шакл гирад, ки дар он инсон арзиши олӣ дошта, мардум дар фазои сулҳу суботи комил озодона фаъолият намоянд. Воқеан, сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубашон оварданд, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт». Ин матлабро имрӯз раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар ҷаласаи танатанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баён дошт.

Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки дар аввалин солҳои истиқлолияти давлатӣ бо вуҷуди чанд маротиба иваз шудани роҳбарияти мамлакат вазъи кишвар беҳбудӣ наёфта, танҳо моҳи ноябри соли 1992 бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, ки минбаъд бо сиёсати хирадмандона ва таҳамулпазирии Пешвои муаззами миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хомӯш гардад ва марҳила ба марҳила рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмин шуда, истиқлолияти давлатӣ ба маънои томаш ба манифати мардуми Тоҷикистон хизмат намояд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи муқаддасу таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи таҳсин ва бемисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро бори дигар водор менамояд, ки сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллатро бештару беҳтар тарғибу ташвиқ намуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат боз ҳам хубтару беҳтар фаъолият намоем.

Сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Исматуллозода низ доир ба шаклгирии иститути Президентӣ дар мамлакат сухан намуда, шакли идораи президентиро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар охир Фаридун Исматуллозода ба китобхонаи Кумитаи давлатӣ се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» ҳамчун армуғони идона тақдим намуд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода кормандон ва мардуми кишварро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

«Воқеан Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ба кишвару миллати хеш сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии тороҷшуда бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард»,-афзуд Қарахон Чиллазода

Муовини раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода ва дигар кормандон иброз доштанд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
«Президент –ҳомӣ ва пуштибони забони миллӣ» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз намуд, ки ба бахти мо, тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Зикр шуд, ки фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу суббот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои зарин абадӣ нақш баста аст.

Маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзию фидокориҳои Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдат сарҷамъ омада, Тоҷикистон имрўз дар роҳи рушди устувор ва босубот қарор дошта, бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз забони тоҷикӣ мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад.

Дар ҷаласа дар мавзӯъҳои «Президенти ман – ифтихори ман», «Эътимод ба савганди пуштибони миллат», «Президент ҳомӣ ва пуштибони забони миллӣ» ва «Иҷлосияи тақдирсози миллат» сухан гуфтанд.

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз хидматҳои мондагони Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими низоми идоракунии Президентӣ ёдоварӣ карда, зикр намуд, ки барои мо тоҷикистониён, тоҷикони ҷаҳон ва дӯстону шарикони байналмилалии ватани азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ, бунёдгузории низоми давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозандаи сохти конститутсионӣ, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.

Сардори шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С. Қодирӣ дар мавзӯи «Шинохти нави тоҷикон ва Тоҷикистон ҳамчун самараи фаъолияти президентии Эмомалӣ Раҳмон» сухан намуд. Зимни суханронӣ саҳми Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, муттаҳидии миллат, ҳифзи давлат, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, зинда гардонидани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, муаррифии арзандаи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, роҳбари оқилона дар моварои буҳронҳои ҷаҳонӣ тақдирсозу арзанда ва муваффақияташон махсусан таъкид гардид.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат дар радифи пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар таҳкиму пешрафти ҳуқуқи инсон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Президент ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизматҳои арзанда намудаанд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Тибқи анъанаи низомиён пеш аз оғози ҷамъомад Байрақи ҷангӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди минбар карда шуд.

Муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ бо нутқи пурмуҳтаво аз Иҷлосияи таърихӣ сухан намуд. Дар ҷамъомад намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун санаи таърихӣ ва ба арсаи сиёсат баромадани Сарвари давлат, нақши созанда ва бунёдгузори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон силсилаи маърӯзаҳоро баён намуданд. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурге мебошанд, ки на танҳо дар ташаккули давлатдорӣ ва созандагию бунёдкорӣ, балки барои муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи миллатамон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро, ки хоҷагони хориҷӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд, хомуш карда,тавонист миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ раҳо диҳад. Маҳз бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлолияти комил ва сулҳу амният пойдор гардид. Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва афкори созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба рафъи мушкилоти мардуми саёра дастгирӣ намуда, дар амал тадбиқ менамоянд. Дар ин рӯзи таърихӣ аз қаҳрамонӣ ва заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат ёдовар шудан аз рӯи ифтихор ва ихлосмандии халқи тоҷик ба Пешвои худ мебошад.

Воқеан, имрӯз халқи шарафманди Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон, муваффаққияту комёбиҳо, ба сӯи амалӣ гаштани ормонҳои хурду бузурги тоҷик қадам мегузорад. Имрӯз кулли хизматчиёни ҳарбӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолият содиқона хизмат мекунанд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аҳли толор ба Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шараф» фиристода, садоқату самимияти худро баён намуданд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
«Президенти мо — ифтихори мо»- таҳти ин унвон имрӯз дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ ва ҷаласаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишони садоқат ба давлату миллат, рамзи муҳаббат ба Ватан ва шарафу номуси ватандорӣ маънидод намуда, иброз дошт, ки ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

Зикр шуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Дар қисмати илмӣ-назариявии ҷаласа маърӯзаҳои илмии устодони донишкада бо унвонҳои «Пешвои миллат ва истиқлолияти фарҳангӣ», «Эмомалӣ Раҳмон-тарғибгари фарҳанг ва санъати тоҷик», «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ», «Фарҳанги миллӣ дар оинаи сиёсати Пешвои миллат», «Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи мусиқии суннатии тоҷик», «Пуштибони сулҳи абадӣ ва ваҳдати башарӣ», «Мақоми ҳунарҳои мардумӣ дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат», «Нақши Пешвои миллат дар рушди санъати сарояндаггии касбии халқӣ» ва «Ҳомии сулҳу ваҳдат ва кафили истиқлолияти миллӣ» матраҳ гардиданд. Барномаи ҳунарии аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишкада таҳияшуда, ки фарогири шеърҳои «Пешвои миллат», «Суруди истиқлол», «Эй Пешво», «Ваҳдат», «Ҳусни Ватан», «Эй ҳамватан», «Тоҷики тоҷиктарин Эмомалӣ», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсу оҳангҳои дилошӯб буд, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуданд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Имрӯз рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва агар ба ёд биёрем он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро ҳеҷ кас мамлакати харобшударо соҳибӣ кардла натавонист. Он вақтҳо мо ду Президент доштем то Ҷаноби олӣ, вале масъалаи хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва соҳибӣ кардани миллату наҷоти Истиқлолият -ин кори Президент набуд, инро фақат Пешво метавонист, ки ба обу оташ дарояду он оташи ҷангро хомӯш кунад ва танҳо Пешвои муаззами миллат тавонистанд ин рисолатро бар дӯши худашон гиранду барои наҷоти ин миллат ҷонбозӣ кунанд. Ҷавобан ба ин корномаҳо халқи тоҷик Сарвари давлатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат хонданд ва аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин нуктаро Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент ироа намуд.

Мавсуф афзуд, ки чанд сол қабл дар толори таърихии «Қасри Арбоб» Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд. Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия намуда, ба миён гузошт. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам оварда, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд. Халқ донист, ки Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ, заҳмату ҷонфидоӣ, талошҳову тадбирҷӯиҳо раҳнамову ҳидоятгар аст, ба миллат сулҳу ваҳдат овардан мехоҳад ва бунёди Тоҷикистони ободу озод орзуи ягонаву доимиашон мебошад.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки имрӯз мардуми ҷумҳуриро зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои минбаъдаи рушди мамлакат, ҳифзи истиқлолият, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳм гузоранд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин матлабро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни баргузори ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҷашнӣ, ки имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор гардид, иброз дошт.

Дар ҳамоиш намоиши асарҳои марбут ба ҳунарҳои рассомӣ, кундал ва сафоли доир карда шуд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардидаанд. Инчунин дар як шафати он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобу албомҳои рангаву мусаввар дар бораи Президент ва дӯстӣ миёни Тоҷикистону кишварҳои дигар гузошташуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш аз толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он нахустин парчами кишвар дар даврони истиқлолият; курсӣ аз толори маҷлисгоҳи «Қасри Арбоб», қалами таърихие, ки бо он ҳуҷҷатҳои муҳими созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расидааст; кӯзаҳои Ваҳдат, ки хокашон аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъоварда шудааст; сиккаҳое, ки бо онҳо сифатнокии чархаҳои 1-ум ва 2-юми НБО «Роғун» санҷида шудаанд; мусаввараи «Савганди ҷовидонӣ»; минбаре, ки соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар болои Конститутсия даст гузошта қасам ёд кардааст ва дигар осори даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аҳамияти муҳими таърихӣ доранд ба намоиш гузошта шудаанд, дидан намуданд.

Намоиши ҷашни мазкур то рӯзи 1 декабри соли равон идома меёбад.

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ ҷавонону фаъолони ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода бо ин рӯзи таърихӣ сокинони ноҳияро табрик гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи фаъолияти роҳбарӣ эҳёи ҳофизаи таърихӣ, навсозии сохтори давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва рушди миллиро ба унвони стратегияҳои давлатӣ дар меҳвари кори сиёсӣ қарор доданд ва тамоми имконоту тавонманмндияшонро сарфи анҷом додани лоиҳаи миллатсозӣ ва эҳёи таърихи миллӣ кардаанд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ, Сарвари давлат ободкорӣ ва созандагиро ба унвони рисолати сиёсию давлатӣ пазируфта, ҷиҳати раҳонидани кишвар аз буҳрони амиқи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бар асари он буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд, ба таври ҷиддӣ иқдом намуданд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки имрӯз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои шоёну барҷастаи худ ба боварии халқ даромада, ба баҳои баланд сазовор гардида, ба дили хурду бузурги миллати тоҷик маъво гирифтааст. Мо насли калонсол вазифадорем, ки насли наврасро дар роҳи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва бо мактаби далерию шуҷоаташон тарбия намоем. Зеро ояндаи давлату миллати тоҷик дар дасти насли имрӯзу оянда мебошад.

Кормандони Сарраёсати молия ва Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо баргузории як маҷлиси муштараки тантанавӣ аз рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Нотиқон арз доштанд, ки маҳз дар ҳамин руз 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Гиромидошт аз Рӯзи Президент ин яке аз омилҳои муҳими муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти кишвар ва ваҳдату якпорчагии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Сардори Сарраёсати молияи вилоят Хурсанд Вафобекзода ҳамкорону ҳакасбони худро бо ин иди фархунда табрик намуда, изҳор намуд, ки бо интихоби шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи институтҳои давлатдорӣ бо низоми муайян фаъолият намуда, барои бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд асоси воқеӣ гузоштанд. Азму талошҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намояд. Сиёсати «дарҳои боз», ки бунёдгузори он маҳз Пешвои миллат ба шумор меравад, натиҷаҳои назаррасро ба бор оварда, обрӯю эътибор, манзалату мақоми Тоҷикистонро дар миёни зиёда аз 145 давлати дунё хеле боло бурд. Имрӯз Тоҷикистон бо 119 кишвару давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ ва бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибати тиҷоратӣ дорад.

Хурсанд Вафобекзода аз заҳматҳои Пешвои миллат дар 30 соли давраи соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ намуда, баён дошт, ки рушди риштаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, эътибори ҷиддӣ ба зиндагии оилаҳои камбизоат, дастгирии кӯдакону наврасони болаёқат маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат амалӣ гардиданд.

Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Райҳон Мавлобахшзода ва мудири шуъбаи тарғиботию ташвиқоти ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Умеда Оқсақолова низ кормандони Сарраёсати молия ва Раёсати андози вилоятро бо фаро расидани ин санаи муҳими таърихъӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки гиромидошти ин рӯз танҳо як ҷашни маъмулӣ нест. Аз як сӯ агар он арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат барои эҳёи дуввумбораи давлатдории тоҷикон бошад, аз сӯи дигар ин таҳкими ваҳдат миёни миллат, сулҳу суботи комил дар кишвар ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: