Ҳар давлату миллате, ки истиқлоли хешро ба даст меорад, барои ӯ шиносномае зарур аст, ки дар он кафолати озодии шаҳрванд, ҳимояи арзишҳои инсонӣ дарҷ гардад. Бо ҳамин мақсад имрӯзҳо ҳама гуна давлати соҳибистиқлол дорои санади олии ҳуқуқии хеш мебошад, то ки манфиатҳои давлату миллатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифзу муаррифӣ намояд.
Конститутсия сарчашмаи қонунҳо буда, тамаддуни миллатро муаррифӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои соҳибихтиёру дунявӣ баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шиносномаи хешро қабул намуд, ки дар он иродаи халқ арзиши олӣ эътироф гардида, ба ин восита халқи тоҷик қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Конститутсия тақозои онро дорад, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад, зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи санади зикршуда муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошанд. Ҳамчунин, аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеаро муайян месозад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлоли давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайравӣ аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ёдовар мешаванд, ки танҳо қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Бо вуҷуди он ки Конститутсия дар давраи ниҳоят душвори таърихӣ қабул гардид, он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони ҷаҳон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо шинохта шуд. Қобили зикр аст, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд, зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим дароварда, барои суботи конститутсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номида, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд. Забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, Ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Конститутсияи мамлакат ба ҳар миллат кафолати амният ва истифодаи озодонаи забони модарӣ додааст. Маҳз бо ҳамин хотир дар ҳудуди кишвар даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун чоп мегарданд.
Моро мебояд ба ин муқаддасоти Ватан ифтихор намуда, бо ҳидояти он ба сӯи ояндаи дурахшон ва фатҳи қуллаи мурод қадам бояд занем. Танҳо Конститутсия амнияту озодии моро кафолат дода, донистани муқаррароти он роҳамонро ба сӯи ҳаёти осоишта мекушояд.