Ҷинояти хакерӣ - як шакли нави терроризм29-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 545 нафар
Назарҳо: 0
Терроризми байналмилалӣ мувофиқи як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба қатори ҷиноятҳои умумиҷаҳонӣ дохил мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризми электронӣ рушд ёфта, таҳдиди он ба назар мерасад. Яке аз ин шаклҳои нави зуҳури он терроризми ҳакерӣ, электронӣ мебошад.
Имрӯз бо истифода аз технологияҳои нав (истифодаи дастгоҳҳои алоқаи моҳвораӣ мобилӣ) дар саросари ҷаҳон ба интернет пайваст мешаванд. Агар мо дар бораи рушди инфрасохторӣ гап занем, дар ин замина, имрӯз интернет зиёда аз 182 кишвари ҷаҳонро иҳота намудааст. Дар панҷгонаи истифодабарии интернет байни давлатҳои ҷаҳон Хитой дар ҷои аввал бо 538 миллион, ИМА дар ҷои дуюм бо 245 млн. 203 ҳаз. 319, Ҳиндустон дар ҷои сеюм бо 137 миллион, Ҷопон дар ҷои чорум бо 101 млн. 228 ҳаз. 736 ва Русия бошад дар ҷои панҷум бо 87 млн. 476 ҳаз. 747 истифодабаранда қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи байни истифодабарандагони интернет байни мамлакатҳои ҷаҳон 109-умро ишғол мекунад, ки то соли 2015 864 ҳазору 805 нафар, яъне 10 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд. Дар умум дар ҷаҳон 2 млрд. 905 млн. 510 ҳаз. 175 нафар инернетро истифода мебаранд. Дар баробари пайдо шудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, мутаассифона пайдоиши намудҳои нави ҷиноят ба монанди ҷинояткории компютерӣ ва терроризми компютерӣ-дахолати ғайриқонунӣ бо истифодаи компютерҳо, системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ, дуздӣ, тамаъҷӯии иттилоотӣ-компютерӣ мушоҳида шуда истодааст. Киберҷанг-терроризм - як шакли нави терроризм аст, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз технологияи муосири иттилоотӣ, компютерӣ ва шабакаҳои электронӣ истифода мебарад. Ба гуфтаи коршиносони Аврупоӣ, танҳо бо роҳҳои қаллобӣ дар Аврупо бо кортҳои қарзӣ дар як сол 400 миллион долларро аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар мегузаронанд. Талафот аз вирусҳои компютерӣ бошад, дар Аврупо тақрибан 12 миллиард доллар ва ба вайрон намудани ҳуқуқи моликият миллиардҳо долларро ташкил медиҳад. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки бештари мамлакатҳо ва ширкатҳои ҷаҳонӣ ба воситаи технологияи компютерӣ, яъне шабакаи интернет маҳсулоте, ки истеҳсол мекунад, ба фурӯш бароварда, даромади хуб ба даст меоранд. Барои пешгирии мубориза бар зидди киберҷиноят дар дохили ҳар як муассиса аз ҷиҳати амниятӣ чораи пешгирӣ бояд ба роҳ монда шавад. Масъалаи махсусан шадиди амнияти иттилоотӣ чун ҷузъи муҳими амнияти миллӣ, дар заминаи пайдоиши ҷиноятҳои компютерӣ ва киберҷанг-терроризм ба миён меояд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 модда киберҷинояткорӣ шаҳр дода шудааст ва ҷазо муқаррар гардидааст. Ҳар ҳамлаи террористӣ бо истифода аз шабакаи компютерӣ, мисли яроқ, таркиш, сӯзондан ё дигар амалҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон зарар мерасонад ва ё боиси зарар ба моликият мегарданд, оқибатҳои вазнин дорад. Агар чунин амал бо мақсади халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ равона шуда бошад, муборизаи шадидро талаб мекунад. Дар назди Вазорати корҳои дохила шуъбаи кор бо мубориза бо киберҷиноят фаъолият дорад. Барои пешгирии чунин ҷиноятҳо фаъолияти шуъба назаррас мебошад. Аз ҷумла соли 2013 як гурӯҳ киберҷинояткоронро дастгир намуданд, ки ба маблағи 300 ҳазор доллари ИМА ба як чанд ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, зарар молиявӣ расонидаанд. Дар солҳои ахир киберҷинояткорон дар Тоҷикистон миллионҳо сомониро ба тариқи қаллобӣ азони худ карданд. Дар гузориши Озмоишгоҳи Касперский омадааст, ки Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳое қарор дорад, ки аз шабакаи ҷосусии Net Trio зиён дидаанд. Дар асоси ин тадқиқот, мо бештар ба таҳрири истилоҳи «терроризми ҳакерӣ» рӯ овардем. Зери терроризми ҳакерӣ ё терроризми компютерӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки бештар ҷиноятҳоро дар шабакаҳои компютерӣ анҷом медиҳанд. Масалан, маблағи зиёдро аз як суратҳисоб ба суратҳисоби худашон ё наздиконашон мегузаронанд, бо иваз намудани логин ё пароли (рамз) суратҳисоби электронӣ, сомонаҳо, почтаи электронӣ, хазинаи электронӣ, вирусҳои хатарноки дараҷаашон баландро ба почтаи электронӣ ё ба суроғаи компютерҳо равона мекунанд. Бисёриҳо медонад, ки дар шабакаи интернет ҷинояткорӣ мавҷуд аст, лекин на ҳама бовар ба ин доранд. Чунки ба таҳдидҳо ва проблемагузории онҳо то ҳол рӯ ба рӯ нашудаанд. Яке аз масъалагузории онҳо дар ин аст, ки бештари вақт ба почтаи электронии мо мактуби ношинос ворид мешаванд. Дар ҳоли кушодан бештари онҳо мегӯянд, ки «яке аз надикони шумо дар Амрико вафот кардааст ва дар суратҳисобаш ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА мавҷуд аст» ва суратҳисоби худашонро пешниҳод менамоянд, ки агар ба ин суратҳисоб ба миқдори 500 ё 600 доллари ИМА гузаронед, ҳуҷҷатҳои шуморо соз карда, маблағи дар боло зикршударо ба суратҳисобатон равон менамоям. Яъне чунин таъмаҷӯиҳо дар почтаи электронии мо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Ин аст, ки дар таҳдиди зӯроварии терроризми ҳакерӣ бештари онҳо ба воситаи сомонаҳои муассисаҳо муайян мегарданд. Масалан, агар терроризми ҳакерӣ барои нест ё шикастани пароли як сомона талош варзаду онро иваз кунад, мо маҷбур мешавем, ки аз сари нав сомона кушода, барои сохтан, суроға гирифтан ва дигар корҳо ба маблағи аз 3000 то 4000 сомонӣ сарф намоем. Дар баробар ин он муштариёнеро, ки аз сомонаи мо истифода мебурданд, аз даст медиҳем. Зикр кардан бо маврид аст, ки бисёр муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет сомонаҳои худро доранд, ки дар ин сомонаҳо сохтор, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии он корхона дарҷ ёфтаанд. Солҳои охир мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бисёр сомонаҳо ва пойгоҳи маълумоти корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз тарафи дуздони шабакавӣ нест ва иваз карда мешаванд. Рӯзҳои охир ба мо маълум гашт, ки баъзе аз пароли сомонаҳои давлатиро терроризми ҳакерӣ иваз карда, расму шиорҳои бо ном «Давлати исломӣ» ё расмҳои фаҳшу фасодро гузошта, ба шаъну шарафи он давлат ё муассиса зиён мерасонанд. Чуноне ки маълум гашта истодааст ҷинояткории ҳакерӣ дар тамоми дунё паҳн шудааст. Аз ҷумла сомонаҳои Facebook, НАТО, Twitter ва як чанд сомонаҳои газетаҳои электронии ИМА-ро мавриди ҳуҷум қарор додаанд. Киберҷанг-терроризм ба мардум ва давлат мисли силоҳҳои ҳастаӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ таҳдид мекунад. Масалан, аз тарафи терроризми ҳакерӣ вируси компютерӣ кашф карда мешавад, ки барои вайрон ва нест кардани иттилотӣ амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра оварда мерасонад. Яке аз ин вирусҳо бо номи «I love you» дар шабакаи интернет аз 1 майи соли 2000 аз Осиё, бо суръати бениҳоят баланд дар компютерҳои сайёра паҳн шуда, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба нест кардани иттилоотӣ даҳсола, қатъи сохторҳои ҳокимият, парламент ва корпоратсияҳо оварда расонд. Дар панҷ рӯзи аввали фаъолияташ ба маблағи 6,7 миллиард доллар дар ҷаҳон зарари моддӣ расонд. Дар ҷаҳони имрӯза барои ҳифзи иттилооти компютерӣ, аз барномаҳои зиддивирусӣ истифода менамоем. Киберҷинояткорӣ дар тамоми дунё ба рамзҳои (парол) сомонаҳо, ба ҳамаи навъҳои иттилоот, аз ҷумла ба ҳуҷҷатҳои махфии давлатӣ дастрасӣ доранд ба ноқилҳои коммуналии зеризаминӣ, телефонҳои мобилӣ, сим-карта, сомонаҳо, почтаҳои электронӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар суроғаҳо низ дастрасӣ дорад. Чунки мо ҳамавақт бо шабакаҳо пайваст ҳастем. Инчунин ҷинояткорон метавонанд маълумоти шахсии бисёр истифодабарандагони шабакаро пайдо карда бо суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо шинос шаванд ва дар бораи шахс, аз ҷумла ҳаёти ҳаррӯза маълумоти муфассал диҳанд. Чи хеле, ки зикр шудааст, терроризми ҳакерӣ ба мисли вирусҳои компютерӣ дар шабакаи интернет паҳн шуда, ба харобкориҳо даст зада, маводи иттилоотии чандинсоларо ба нестӣ мебарад. Терроризми ҳокерӣ ва терроризми киберҷинояткорӣ гурӯҳҳои хурде буда, дар ҷомеа ҷиноятҳои зиёд содир мекунанд. Давлатҳои абарқудрат киберҷинояткориро пас аз ҷиноятҳои шабакаи террористии Ал-Қоида ва Толибон хатарноктарин ҷиноят ном мебаранд. Муқобил бо тамоюлҳои хатарнок ва баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди терроризми киберҷанг, мо бояд пешниҳодҳои зеринро зина ба зина иҷро намоем: - таъсиси воҳиди мубориза бо киберҷиноят, ҳифзи маълумоти махфӣ, ҳимояи иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо; - ташкили ҳамкории самарабахш бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои компютерӣ-ҳакерӣ трансмиллӣ хоҳад буд; - тарбияи дурустӣ ҷавонон дар истифода аз технологияи компютерӣ; - ҳимояи иттилооти махфии электронии муассисаҳои давлатӣ бе пайвасти компютер ба шабакаи интернет; - барои пешгирии мубориза бар зидди киберҷиноят дар соҳаи дохилии ҳар як муассиса аз ҷиҳати амниятӣ пешгирӣ бояд татбиқ намоянд. Ҳамин тавр, қудратҳои асосии ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки таҳдиди терроризми киберҷанг як масъалаи мубрами характери глобалӣ мебошад ва моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бояд пеши ин гуна ҷинояткоронро гирем. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои байналмилалии босамар дар пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳамлаҳои киберҷанг ва ҳакерӣ муҳим аст. ©Салим Гадоев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.