Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

9-06-2021, 11:03
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Дар арсаи ҷаҳонӣ, бо сар задани бемории коронавирус, он ба муаммои печидаи ҷаҳонӣ мубаддал гашта, ба сафи пеши муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баромад ва хатари шадидтарини миқёси ҷаҳонидошта – терроризмро ба зинаи дуюм гузошт. Аммо, мутаассифона, терроризм аз байн нарафтааст ва иқтидори харобиоварии худро нигоҳ доштааст.
Бӯҳрони иқтисодие, ки аз сабаби пандемия ба миён омад, вазъи некӯаҳволии халқ ва амнияти иҷтимоии бисёри одамонро дар тамоми ҷаҳон паст намудааст. Илова ба муаммоҳои мавҷудбуда,шумораи зиёди аҳолии ҷаҳон кор ва манбаи даромади худро аз даст додаанд. Албатта, вазъияти мазкур – заминаи мусоид барои рушди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва умуман ҷинояткорӣ, рушди муҳоҷирати ѓайриқонунӣ, экстремиз ва густариши ташкилотҳои террористӣ мебошад.
Оид ба хатари зӯроварӣ ва рушди терроризм дар шароити пандемия Котиби генералии Созмони миллали муттаҳид Антониу Гутйерриш дар рафти суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ санаи 9 апрели соли 2020 қайд кард: “Дар назар аст, ки пандемия барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ хатари ҷиддӣ дошта, метавонад ба рушди бетартибиву нооромиҳои иҷтимоӣ ва зуроварӣ оварда расонад, киқобилияти моро дар мубориза бо коронавирус коҳиш медиҳад».
Воқеияти терроризм дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 26 майи соли 2020 дар шакли видеоконфронс баррасӣ, таҳдиди он таҳлил ва баҳогузорӣ шуд.
Дар Конфронси Амнияти Мюнхен, ки моҳи феврали соли 2020 баргузор гардид, комилан дуруст изҳор карда шуд, ки имрӯз таҳдидҳо ва хатарҳо барои башарият беш аз пеш болотар гардидааст. Дар суханронии худ дар ин конфронс, Вазири корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров қайд кард, ки дар байни таҳдидҳои гуногун ба амнияти ҷаҳони муосир, терроризм, аз рӯи оқибатҳо ва аз рӯйи миқёси фарогирӣ, яке аз таҳдидҳои хатарноки глобалӣ боқӣ мемонад. Воқеан, бо вуҷуди талафоти назаррас, имрӯз дар Сурия ва Ироқ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд меоранд. Таҳдиди ҷиддӣ маҳз дар чӣифода меёбад? Ба ақидаи коршиносон, гурӯҳҳои ифротӣқувваҳои худро мувофиқи принсипи шабакавӣ аз нав ташкил карда, терроризми байналмилалӣ аллакай ячейкаҳои ба ҳам алоқаманд ва мухторро дар берун аз Шарқи Наздик, ба Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ паҳн кардааст.
Ѓайр аз ин, воситаи асосии экспансияи сохторҳои байналмилалии террористӣ ин ҷангҷӯён – террористони хориҷӣ мебошанд. Тибқи маълумоти хадамоти махсус, чунин ҷинояткорон пас аз таълимгирӣ дар қароргоҳҳои исломӣ ва таҷрибаи низомӣ ё ба ватани худ бармегарданд ё дар қаламрави дигар давлатҳо сокин мешаванд. Дар он ҷо онҳо, чун қоида, гурӯҳҳои махфиро таъсис медиҳанд ва ба ин васила, иқтидори ҷангии гурӯҳҳои террористии вуҷуддоштаро тақвият мебахшанд.
Дар натиҷаи таҳлилҳо, Президенти Маркази байналмилалии таҳқиқоти бӯҳронӣ, Роберт Мэлли, низ зикр кардааст, ки ин таҳдид дар ҷаҳон афзоиш хоҳад ёфт: "Фурӯравии иқтисодиёт бар асари бӯҳроне, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, барои тамоми манбаъҳои низоъ оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт. Мо дар оѓози давраи бетартибӣқарор дорем, ки пайиҳам, аз як кишвар ба дигар кишвар суръат хоҳад гирифт",-назар дорадӯ.Мутаассифона, имрӯз мо ин гуна бетартибиҳороқариб дар ҳар якминтақаи сайёра мушоҳида карда истодаем.
Мэлли, ки ҳангоми президенти ИМА будани Барак Обама вазифаи ҳамоҳангсози Қасри Сафедро оид ба Шарқи Наздик ба дӯш дошт, қайд мекунад, ки то оѓози пандемия шумораи муайяни аҳолии ҷаҳон чун нишони эътироз дар Гонконг, Ироқ, Судон, Лубнон, Алҷазоир ва Амрикои Лотинӣ ба кӯчаҳо баромаданд. “Сабабҳои аслӣ, ба монанди таназзули тӯлонӣ, норасогии хӯрокворӣ ва ҷойҳои корӣ,сатҳи даромади барои зиндагӣнокифоя дар натиҷаи пандемия, танҳо вазъиятро вазнинтар мекунанд”, - пешгӯӣ кардааст ӯ.
Дар вазъияти ҷаҳонии бамиёномада,ҷангҷӯён бо ёрии идеология, ришвадиҳӣ ва таҳдидҳо кӯшиш карда истодаанд, ки муаммо ва мушкилиҳои дар вақти пандемия баамаломадаро истифода бурда, ѓояҳои ифротӣ ва террористии худро дар байни гурӯҳи ҷавонон ва рушдкунандаи аҳолии ҷаҳон ҷорӣ намоянд. Мақсади асосии онҳо, ташаккули ҷомеаи нави устувор дар он маконе аст, ки таҳсилоти муосир, санъат, мусиқӣ ва варзиш тараққӣ накардааст.
Тоҷикистон чун давлати мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми зиёда аз 20 сол бо ин зуҳуроти номатлуб, ки “вабои аср” меноманд, мубориза бурда истодааст. Шурӯъ аз 16 ноябри соли 1999, дар кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қабул карда шуда, он ҳама гуна муносибатҳои бо амалиёти террористӣ вобастаро ба танзим медарорад. Дар моддаи 3 – юми Қонуни мазкур мафҳуми “терроризм” ҳамчун зӯроварӣ ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нобуд сохтан (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектхои моддии шахсони воқеьӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи халокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани ахолӣ ё барои расонидани таьсир ҷихати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатхои ѓайрихуқуқии амволӣ шарҳ дода шудааст.Барои мубориза бо ин муаммо,Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зарурӣ менадешад ва соҳиби таҷрибаи муайяне низ гардидааст. Барои батанзимдарорӣ ва назорат сохторҳои махсус дар заминаи Вазорати корҳои дохилии кишвар ташкил карда шудаанд, ки коршиносони худро дорад.
Мушкилии асосӣ дар он аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ба сафи худ асосан ҷавононро ҷалб мекунанд, ки дар сиёсат ба дараҷаи кофӣ сарфаҳм намераванд ва оид ба асосҳои дини мубини ислом дониши нокифоя доранд, аммо соҳибиҳиссиёти максимализм ва боварӣ ба донишу қувваи худ мебошанд. Қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил мекунанд, ки бархе аз онҳо барои бадастории даромад ба кишварҳои дигар сафар мекунанд ва бо душвориҳо дучор шуда, ба ташкилотҳои террористӣ ва ифротӣ пайваст мешаванд.
Чи тавре дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд: “Мо бояд дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористонро ба худӣ ва бегонӣ, хуб ё бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, ман борҳо таъкид кардаам, ки терроризм ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Терроризм барои оромӣ, сулҳу субот ва амнияти тамоми сайёра хатари ҷиддӣ дорад”.
Бояд қайд кард, ки як нафар ё як давлат наметавонад бар зидди ин душмани хатарноктарини ҷомеа мубориза барад. Барои решакан намудани ин таҳдид амали якҷоя, боварӣ, садоқат ва пеш аз ҳама, инсондӯстии башарият лозим аст.
Бо мақсади мустаҳкам намудани амнияти минтақавӣ, зарурияти амали дастаҷамъонаро дарк ва эътироф намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иштирокчиёни фаъоли созмонҳои байналмиллалӣ баромад мекунад ва мавқеи худро дар мубориза бо терроризми фаромиллӣ ва ифротгароии сиёсӣ – динӣ пайваста тасдиқ мекунад.
Аз таҷрибаи андӯхташуда дар мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ бармеояд, ки тақвиятбахшии кӯшишҳои дастаҷамъона бар муқобили терроризм ва паҳншавии идеологияи террористӣдар асоси татбиқи Қарордодҳои зиддитеррористии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Стратегияи Глобалии СММ муҳим аст.
Пеш аз ҳама, Тоҷикистон чун узви фаъоли ҳамкории СААД дар иҷроиши Нақша - чорабиниҳои ин созмон, ки барои амалишавии Стратегияи СММ барои солҳои 2019 – 2021 нигаронида шудааст, дар якҷоягӣ бо сохторҳои вобаста саҳми назаррасро иҷро мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки ба ҳамкории ҳамаҷониба дар ҳама самтҳои мубориза бо терроризми фаромиллӣ, махсусан, терроризме, ки такя ба ҳиссиёти динии аҳолӣ асос ёфтааст, алтернативаи оқилона вуҷуд надорад.Зеро, аз терроризми исломӣ на ин ки дин, балки фитнагарони сиёсӣ, ки қасдан симои бардурӯѓи исломро ташаккул медиҳанд, бурд мекунанд. Аслан, дини мубини ислом ба сиёсат таъсир намерасонад. Агар дин ба сиёсат мубаддал гардад, ӯ дигар дин нест. Ҳамзамон, роҳи исломи ҳақиқӣ ин пур кардани ҳаёти дунявии сиёсӣ бо арзишҳои ахлоқӣ, принсипҳои таҳаммул, тавозун ва муомила мебошад
Аз ин ҷо, бояд қобилияти ҳамаи институтҳои ҷомеа бар зидди зоҳиршавии ақидаҳои ифротгароӣ, ки ба ҳамзистии босубот ва бунёдкорона, инчунин сатҳи зиндагии арзандаи ҳаёти одамон монеа аст, муттаҳид карда шаванд.

Ҳасанзода Фариштаи Акрамалӣ,
устоди кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти
Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: