Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваксина ва шиддати рақобатҳои сиёсӣ

Ваксина ва шиддати рақобатҳои сиёсӣ

17-03-2021, 09:40
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Пас аз пандемия

Ваксина ва шиддати рақобатҳои сиёсӣ
Бо гузашти як сол аз замони хурӯҷи пандемияиCOVID -19 баҳсҳо рӯи мавзӯи ин беморӣ кам нагардида,баръакс бо тобишҳои дигар баланду фарогиртар шудааст. Мову шумои сода гумон мекардем, бо кашфу ба кор бурдани ваксинаи зидди ин вирус ҷомеа аз хатарҳо дар амон мешавад ва ё ҳади ақал таҳдиди кишварҳо ба якдигар коҳиш меёбад, вале дар ин охирҳо дуѓу пӯписаи давлатҳои ба ҳам рақиб зиёд шудаву кам не.
Сармоядорон имкони назорати ҷаҳонро аз даст медиҳанд?
Баъзе аз сиёсатмадорон, ҳамзамон, коршиносони иқтисодӣ дар бораи имкони аз дасти сармоядорон берун рафтани назорати молиявии ҷаҳон ҳанӯз даҳ сол пеш дар матбуот изҳори назар мекарданд ва ба гуфтаи онҳо, нафақат системаи капиталистӣ дар ҳоли буҳрон, балки ба вартаи нобудӣ ҳам расидааст.
Яке аз ин соҳибназарон донишманду публитсисти рус Анатолий Вассерман аст, ки чанде пеш бори дигар дар бораи сохтаи дасти дунёдорон будани ин вирус ва фоидаи онҳо аз пандемия тавассути ВАО изҳори назар кард.
ӯ гуфтааст, чанд далели ба манфиати сармоядорон «сохта шудан»-и пандемияи коронавирус маълум аст. Бо ин васила, тиҷорати трансмиллӣ тавонистааст, ки дар тӯли тамоми давраи пандемияи коронавирус триллионҳо доллар ба даст орад. Ин публитсист гузориши 11сол пеш таҳиягардида дар бораи "Сенарияи ояндаи технология ва рушди байналмилалӣ" -ро ба ёд оварда,мегӯяд, онро Бунёди хайрияи Рокфеллер нашр карда буд. Вассерман хотиррасон мекунад, ки дар ин ҳуҷҷат чор варианти вокуниш ба пандемия баён шудаанд.
Ба пиндори ин донишманд, дар сенария роҳҳои пешгирӣ аз пандемия не, балки иқдомҳои пайдарпай барои "шикастани ҷаҳон" ва назорат ба амалкарди корпоратсияҳо (иттиҳодияҳои калоне, ки бо мақсади фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаҳои мушаххаси бозор таъсис дода шудааст) тарҳрезӣ шудаанд.
Ғайр аз ин, Вассерман маърӯзаи академик Сергей Глазев таҳияшуда "Дар бораи сабабҳои амиқи бесарусомонии афзоянда ва чораҳои рафъи буҳрони иқтисодӣ"-ро ёдоварӣ мекунад, ки дар он таъкид шудааст, ИМА (бо мақсади ҳифзу таъмини нуфузи худ) барои эҷоди штаммҳои махсусан хатарноки вирусҳо кор мекард.
Анатолий Вассерман бо сароҳат мегӯяд, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад, ба ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонд. Аммо ин ниҳояти вазъ нест. Ба ақидаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои дигар боз як силсила зарбаҳо хоҳад зад.
Қаззофӣ ҳушдор дода буд
Пас аз паҳншавии пандемия номи Муаммар Қаззофӣ, роҳбари нокоми Ҷумҳурии Либия ҳам аз дигар вирди забонҳо гардид. Маълум шуд, ки ӯ ҳанӯз соли 2009 вақти суханронӣ дар 64-умин Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ изҳори назар карда, нақшаи дунёдоронро ошкор ва аз эҳтимоли пеш омадани чунин як хатар барои ҷаҳонро пешгӯӣ намудааст: “Онҳо худашон вирусҳо эҷод мекунанд ва ба шумо ваксин мефурӯшанд. Вале онҳо вонамуд мекунанд, ки барои ёфтани ҳалли мушкил вақт лозим аст, дар ҳоле ки кайҳо онро дар даст дорад".
Дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани ин суханронӣ вокуниши васеъро дар ҷомеа ба бор овард. Баъзе шореҳон ҳатто гуфтанд, ки маҳз ин фошгӯӣ боиси кушта шудани Қаззофӣ шудааст.
Табиист, ки суханронии Қаззофӣ ба пандемияи 2020 ҳеҷ иртибот надорад. Аммо ӯ ҳанӯз ёздаҳ сол пеш бад шудани вазъро танқид кард. Бино ба навиштаи манбаъҳо, дар ҳамон оғози суханронии худ сиёсатмадор дар бораи зукоми H1N1, ки бештар бо номи "зукоми хук" маъруф аст, сухан гуфт. Дар соли 2009 онро як сохтакорӣ бо мақсади пур кардани ҷайби ширкатҳои дорусозӣ медонистанд. Роҳбари собиқи Либия ҳам бо ин изҳори назар аз ин назария тарафдорӣ кард. "Шояд зукоми H1N1 вирусе бошад, ки таҳти назорати озмоишгоҳе сохта шудааст ва он аслан ҳамчун силоҳи низомӣ таҳия шудааст»,- гуфт. Баъдан, ин полковники роҳбари Либия сиёсати низомии СММ ва Шӯрои Амниятро танқид кард. Дар мавриди заминаҳои таърихии муносибатҳо бо ИМА ёдоварӣ намуда, оид ба муҳоҷирон аз кишварҳои африқоӣ сухан ронд. Дар бораи роҳзанҳои баҳрии ҳамон рӯзҳо фаъол дар Сомалӣ сухан карда, онҳоро террорист номид ва ба вирусҳо монанд кард. Ҳар ду ҳам, ба ақидаи ӯ, барои бойтар кардани капиталистон хидмат мекунанд.
«Ҳалли масъала фиристодани киштиҳои ҳарбии бештар барои мубориза бо сомалиён нест. Ин роҳи ҳал нест. Мо ба падидаҳои роҳзанӣ ва терроризм муносибати нодуруст дорем. Имрӯзҳо зукоми хук вуҷуд дорад. Шояд пагоҳ зукоми моҳӣ ҳам пайдо шавад, зеро вирусҳои мақсаднокро бо истифодаи онҳо месозанд. Ин як амали роиҷи олами тиҷорат аст ”,- бо таассуф афзудааст сиёсатмадор.
Муаммар Қаззофӣ дидгоҳи худро дар бораи мубориза бо вирус баён дошта гуфтааст: «Ширкатҳои капиталистӣ вирусҳоро барои эҷод ва фурӯши ваксинаҳо месозанд. Ин хеле шармовар ва ғайриахлоқӣ аст. Шумо ваксина ва доруҳоро набояд бифурӯшед! Дар «Китоби сабз» ман таъкид мекунам, ки доруҳо набояд фурӯхта ё тиҷорат шаванд. Доруҳо ва эмкунӣ барои кӯдакон бояд ройгон бошанд. Аммо ширкатҳои капиталистӣ аввал вирусҳо ва баъдан ваксинаҳо истеҳсол мекунанд ва мехоҳанд фоидаи бештар ба даст оранд. Чаро ваксинаҳо бепул нестанд? Мо бояд онҳоро бепул диҳем, на ин ки фурӯшем».
Суханронии Қаззофӣ дар он ҷаласа ба дараҷае дароз буд, ки ба ҷои 15 дақиқаи ҷудошуда 1 соату 40 дақиқа давом кард.
Баъзе аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки раҳбари пешини Либия агарчӣ мустақиман оғози эпидемияи коронавирусро пешбинӣ накарда буд, аммо ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои ислоҳталабонаи ӯ барои имрӯзиён ҳам судманд буда, аз бисёр ихтилофҳо пешгирӣ мекунад.
Қаззофӣ охирин ҳокими қонунии Либия буд, ки ободиҳо кард, вале соли 2011 аз ҷониби ҷангҷӯён бераҳмона кушта шуд, пас аз он дар кишвар анархия ва диктатураи гурӯҳҳои экстремистӣ рӯйи кор омаданд.
ИМА норозист
«Чин ва Русия ваксинаҳои зидди COVIDро бо ҳадафҳои дипломатӣ истифода мебаранд», - гуфт намояндаи Кохи Сафед Ҷен Псаки дар нишасте ба рӯзноманигорон ва афзуд: «Ин боиси нигаронии маъмурияти ИМА мебошад, ки интиқоли ваксинаҳоро тавассути механизмҳои ҳамоҳангсозии байналмилалӣ, ба монанди COVAX ҳимоят мекунад. Дар посух ба чунин амалкард ИМА ҷиҳати ба дигарон фаъолтар хоҳанд шуд». Вале,ҳамзамон, таъкид кард: «Ҳар гуна ёрӣ ба кишварҳоро Иёлоти Муттаҳида пас аз хатми эмкунии аҳолии худ мерасонад.
Дар ҳамин нишаст буд, ки намояндаи расмии Кохи сафед изҳор кард: «Ин кишвар аз қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба таъхир гузоштани нашри гузориши пешакӣ дар бораи пайдоиши коронавирус истиқбол мекунад, зеро он метавонад нодуруст шарҳ дода шавад».
Ин изҳори назар дар ҳоле сурат гирифт, ки баъзе аз кишварҳо гуфтаанд, Чин ва Русия аз ваксинаи истеҳсолнамудаашон барои рафъи пайомадҳои коронавирус ҷиҳати беҳтар кардани имиҷи худ дар ҷаҳон истифода мебаранд. Дар замоне, ки Иттиҳодияи Аврупо дар посухба ин ҳеҷ чизи пешниҳодӣ надорад. Ба ҳамин сабаб аст, ки кишварҳои Аврупо бо маҳдуд кардани имконоти дастрасии аҳолии худ маҷбуранд шитобкорона роҳи халосӣ аз ин вазъро биҷӯянд. Дар гузоришҳо пеш омадани чунин бесарусомонӣ дар Аврупо ба сустӣ ва ѓурури беҷои роҳбароин ин кишварҳо рабт дода мешавад.
Люк де Барочес, таҳлилгари нашрияи «LePoint» (Фаронса) бо номи «Аврупо дар рақобати ваксина мағлуб шуд» навиштааст: «Дар рақобати байналмилалӣ барои таъмини ваксинаҳои ковидӣ, ҳама барои худ масъуланд. Аврупоиҳо бинобар надоштани пешгӯӣ ва номуташаккилии худ, акнун бо баҳои геополитикӣ пардохт мекунанд. Сустии онҳо ба ҳаёти инсонҳо хароҷот дорад ва пайваста мавқуф гузоштани бозгашт ба ҳаёти муқаррарии иҷтимоиро маҷбур месозад ва фарқият байни Амрико ва Чин, ки иқтисодашон аз сари нав бо суръат пеш меравад, боз ҳам зиёдтар мекунад.
Ҳоло ягон давлати узви Иттиҳоди Аврупо дар байни муваффақтарин истеҳсолкунандагони ваксина номбар намешавад, ки ИМА, Чин, Ҳиндустон, Британияи Кабир ва Русияро дар бар мегиранд. Ин панҷ кишвар ба марҳилаи эмгузаронӣ аз мавзеи устувор ворид шуданд, зеро онҳо вазъиятро пешбинӣ карданд, бо ҳимоят аз «ноу-хау»- сирри истеҳсолӣ иқтидори истеҳсолии кишварҳояшонро боло мебаранд. Имрӯз онҳо метавонанд камбуди ҷаҳонии ваксинаро пур кунанд ва ҳамзамон фоидаҳои сиёсӣ бинанд».
Аммо бинобар ахбори манбаъҳои иттилоърасон, баъзе аз ширкатҳои дорусозӣ дар истеҳсолу ба фурӯш баровардани ваксинаҳоба шитобкорӣ роҳ дода, ки ин боиси эътирози кишварҳои масрафкунанда шудааст.
Дар баъзе хабарҳо ҳикоят аз он мешавад, ки Дания, Норвегия, Италия ва Исландия корбурди ваксинаи «AstraZeneca»-ро ба сабаби пайомадҳои манфиаш дар мизоҷон боздоштаанд.
Аз ҷумла, мақомоти Дания ваксина алайҳи COVID-19-ро, ки аз сӯи ширкати дорусозии бритониёӣ ва шведии «AstraZeneca» (дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст) барои ду ҳафта мутаваққиф карданд. Сабаб, ин пайдоиши лахтаи хун дар онҳое буд, ки эм карда шуданд. Норвегия, Италия ва Исландия низ бо далелҳои гуногун истифодаи ин доруро қатъ карданд.
Чунин тасмимро пас аз Дания Норвегия ҳам қабул кард. "Ин чораи пешгирикунанда аст", - гуфтааст директори Пажӯҳишгоҳи пешгирии сироят ва тандурустии Норвегия Гейр Бухолм дар як нишасти матбуотӣ.
Ба сабаби худдории ин кишварҳо аз истифодаи ин ваксина «AstraZeneca" эълон кард, ки ба андозаи чоряк миқдори ваксинаҳояшро барои Аврупо коҳиш медиҳад.
Ба назар мерасад, ки ҳарчанд сатҳи мубтало шудан ба пандемия дар ҷаҳон паст мешавад, аммо рақобатҳои тиҷоративу дипломатӣ барои нуфуз дар бозори ҷаҳонӣ вобаста ба ваксин акнун шиддат мегиранд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: