ЯК ДАЛЕЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА13-02-2021, 09:43
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурї имкон фароҳам овард, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибихтисос аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ ва бо ин васила, мусоидат ба ҳаёти осоишта ва рӯзгори босаодати бонувон тадбирҳои муассир андешида шавад. Ин масъала дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла таъкид шудааст, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир ҷиҳати ба мақоми роҳбарї ҷалб намудани занон ва таъмини шароити мусоиди кору зиндагии онҳо иқдоми зиёд амалӣ шуд. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши хосае доранд. Имрўз занон дар баробари мардон дар мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд. Натиҷаҳои интихоботи соли 2020 нишон дод, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи соли 2015 қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Алҳол 23,4 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат зиёд аст. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрўз танҳо дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф 35 нафар занон фаъолият доранд, аз ҷумла шумораи занон дар Шўрои муҳаққиқони ҷавон 10 нафарро ташкил медиҳад, ки дар риштаҳои гуногуни илм таҳқиқот мебаранд. Ҳамаи ин самараи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аст. Андешаи як афѓондухтар дар интернет дар хотирам нақш бастааст: «Мо низ мехоҳем, чунин як сарвари мушфиқу ғамхор дошта бошем, то ин ки мисли шумоён ҳамроҳи азизони худ дар фазои орому осуда умр ба сар барем». Албатта, ҳамагон шукргузор аз роҳбару давлати соҳибистиқлоли ҷавонамон ҳастем ва мекўшем, ки дар фаъолияти ҳамарўзаамон боз ҳам ҷиддитару масъулиятшинос бошем, зеро баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои пешрафта аст. Зарина Норова,
мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.