Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШВО ВА ОИНИ ВАТАНДОРӢ

ПЕШВО ВА ОИНИ ВАТАНДОРӢ

21-01-2021, 11:59
Хабарро хонданд: 348 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВО ВА ОИНИ ВАТАНДОРӢ
(Андешаҳо атрофи иқдоми шоистаи Пешво дар нашр ва дастраси мардум гардонидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров)
Ватандорӣ набошад кори осон,
Ба фарзандони боному вафодор.
Қадрдонии фарзандони арҷманди миллат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ оини ватандорӣ ва созандагии Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин иқдомҳои шоистаи ӯ миёни мардум хеле эътибори баланд доштаву дорад. Нахустин ҷашне, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, ҳамчун рамзи иттиҳоду якпорчагии миллат ва қаламрав дар қалби ҳазорон ҳазор мардумони фарҳангии кишвар тухми муҳаббат ва садоқатро кошта буд, ин тобистони соли 1995 ҷашни пуршукӯҳи шашсаду ҳаштодсолагии мири кабир –Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб буд. Ҳамин иқдоми шоистаи фарҳангии Пешво бар қалбҳои садҳо ҳазор фарҳангиёни тоҷик ва ҳамзабонони бурунмарзии кишвар шодиву фараҳ оварда, Пешвои муаззами моро оламиён ҳамчун як шахсияти соҳибарҷу эҳтироми фарҳангиёни башар шинохтаву арҷгузориаш намуданд. Баъди ин роҳҳои дастёбии сулҳу якпорчагии кишвар кушода гардида, ҳама фарзандони Ватанро бар оҒӯши гарму пурмуҳаббати он даъват намуд. Ва аз рӯи оини ватандориву башардӯстӣ дар саросари кишвар амнияту осудагии мардумро таъмин намуда, кишварро аз вартаи ҳалокати сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ наҷот бахшид. Нахустин созандагони миллат ва давлати тоҷиконро бо унвони пурифтихори миллат Қаҳрамони халқи тоҷик сарфароз гардонид. Номи поки фарзандони барӯманди миллат устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров раҳнамои дигарон гардида, худи мардум Пешворо бо ин унвони пурифтихор сазовор донистанд. Аз ин ба баъд, Шоири Халқии Тоҷикистон, Раиси кунгураи байналмилалии Осиёву Африқо, Қаҳрамони меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи ҷоизаҳои давлативу байналмилалӣ, арбоби шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ устод Мирзо Турсунзода ва аввалин роҳбарони давлати Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо ин унвони пурифтихор аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қадрдонӣ гардида, кору фаъолияти ватанхоҳонаи онҳо миёни насли ояндасози кишвар мавриди омӯзишу тадқиқотҳои ҷиддӣ қарор гирифтанд. Иқдомҳои созандаву ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат аз қабили ҷашнҳои пуршукӯҳи давлатдории Сомониён, 2700 солагии Кӯлоб, ҷашни пуршукӯҳи 5500- солагии Саразм ва конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ эътибори давлат ва миллати тоҷикро шуҳраи ҷаҳон намуд. Нашри китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар қалби миллионҳо фарзандони ватанхоҳи кишвар шодиву фараҳ оварда, мардумро аз таърихи пурифтихори гузаштаи хеш, огоҳ сохта, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба суннати пурифтихори аҷдодӣ табдил хоҳад гардид. Ҳанӯз замони Иттиҳоди собиқи абарқудрати Шӯравӣ китоби «Тоҷикон» дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби эътибори хеле баланди илмӣ буда, муҳаққиқини таърихи Шарқ миллати тоҷикро тавассути ҳамин китоб шинохтаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров бо ин тадқиқоти пурарзиши илмӣ ва тадқиқотиаш бо унвони баланди илмии академикӣ сазовор гардида, ягона роҳбари сиёсии қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки таърихи миллати соҳибтамаддунашро бо далелҳои раднашавандаи илмӣ манзури хонандагони он қаламрав намуда буд. Ин китоби пурарзиш дар тӯли чил соли рӯи чоп омаданаш, дастраси ҳамагон набуд. Фақат донишҷӯёни факултаҳои таъриху филологияи тоҷик соли аввали донишҷӯӣ бо ин китоб ошно гардида, дигар донишҷӯён қариб ки дар мавриди ин китоб маълумоти кофие надоштанд. Шахсияти устод Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби сиёсиву фарҳангӣ, дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шинохтаву арҷманд буданд. Устоди зиндаёд собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ боре дар як нишасти илмӣ аз аллома Бобоҷон Ғафуров чунин ёдоварӣ намуд. Дар толори КМ ҲКТ соли 1976 маҷлиси васеи Кумитаи марказии ҲКТ бо иштироки меҳмонон аз шаҳри Маскав ва устод Бобоҷон Гафуров мегузашт. Роҳбари аввали ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов ба минбар баромада, дар бораи муваффақиятҳои ҷумҳурӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ суханронӣ намуда, ба меҳмонон мефаҳмонд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез ва захираҳои истеҳсолиаш метавонад, ки солҳо дар хидмати халқу ватани бузурги Шӯравӣ мавриди истифода қарор бигиранд. Баъди хотимаи сухани Ҷаббор Расулов аллома Бобоҷон Ғафуров илова намуданд, ки боигарии асосии Тоҷикистон ин неруҳои зеҳнии кишвар низ буда, маҳсули зеҳнии олимони тоҷик метавонад, ки кишвари моро маъруфи тамоми олам гардонад. Имрӯз мо метавонем, ки моликияти зеҳнии олимони шинохтаи кишварро манзури оламиён гардонида, шуҳрату шони ватани азизамонро даҳчанду садчанд намоем. Яъне устод Бобоҷон Ғафуров бо донишу фазлу фаросат, тавассути китоби «Тоҷикон» миллати тоҷикро ба оламиён ошно намуда, бо далелҳои раднашавандаи илмӣ собит сохт, ки халқи тоҷик соҳиби тамаддуни бой ва донишҳои баланди башарӣ буд. Аввалин давлатро дар олам гузаштагонионҳо сохта, эъломияи ҳуқуқи башар низ дар замони Куруши Кабир рӯи кор омадааст.
Имрӯз, ки худшиносии миллӣ барои ҳар як фарзанди азизи кишвар шарт ва зарур мебошад, рӯи чоп омадани ин шоҳасари таърихии миллӣ зарурати таърихӣ буда, ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат дар ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ ба пурарзиштарин ганҷ мебояд баробар бошад. Ҳар як хонадоне ки соҳиби ин ганҷи бебаҳо мегардад, мебояд бо дарки баланди масъулият ин китобро хонда, ба аҳли хонавода аз фарзандону наберагон сар карда, дар қалби ҳамаи онҳо меҳру садоқати ватандориро бедор намояд ва аз арзишҳои баланди инсонӣ пуштибонӣ кунад. Он гуна, ки дар урфият гуфтаанд: «Ватандӯстӣ гӯшае аз имондорист». Тақдими ин китоби пурарзиши миллати тамаддунофари тоҷик дар арафаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвар хеле бамаврид ва саривақтӣ буда, гувоҳи баръалои ватанхоҳӣ ва ватандории Пешвои муаззами миллат мебошад. Муҳаббат ва самимияти зиёди хонандагони сершумори ин китоби пурарзиши таърихӣ ҳанӯз замони Тоҷикистони Шӯравӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқони зиёдеро ба худ ҷалб намуда буд.Шоири шаҳири миллат устод Бозор Собир шеъреро дар ҳошияи китоби «Тоҷикон» ба истиқболи ҳафтодсолагии устод Бобоҷон Ғафуров бахшида буд, ки бо номишиносномаи миллат ва давлати тоҷикон миёни аҳли фарҳанги кишвар он замон то ба имрӯз хеле маъруфият дорад:
Хуфта буд дар хоб гӯё бахти хоби тоҷикон,
Ношумурда мухтасар мешуд ҳисоби тоҷикон.
Бахшу бобе ҳарчи буд дар бахшу боби тоҷикон,
Бекитобон канда буданд аз китоби тоҷикон.

Дӯш тоҷикро намедонам чи қисмат будааст,
Худ ба Хатлону расул аз устувохат будааст.
Лоҷарам, аз устувохат, лек бехат будааст,
Ман надидам нусхаташро дар китоби «Тоҷикон».

Ин замон бозори нони тоҷикон бемуштарист,
Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест.
Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист,
Ҳамчу болоӣ ба болои китоби «Тоҷикон».

Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мо,
Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон».
Ин абёти саропо ватанхоҳона ва башардӯстонаи устод Бозор Собир дар воқеъ шиносномаи китоби «Тоҷикон»-и аллома устод Бобоҷон Ғафуров буда, ҳар як хонандаи китобро мебояд, ки тавассути ҳамин шеър вориди ин китоби арзишманди миллат бигардад.
Ногуфта намонад, ки миёни миллати тамаддунофари тоҷик ду асари таърихии пурарзиши Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагори миллат» дар паҳлуи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров пурарзиштарин китобҳо барои мардуми мо буда, дар тарбияи ватандӯстӣ ва созандагиву якпорчагии миллат мақоми арзишмандеро доро мебошанд. Имрӯз ин ду китоб дар рафи китобҳои пурарзиши миллат мақоми шоистаеро касб намуда, ифодагари ормонҳои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Сиёсати фарҳангӣ ва башардӯстии Пешвои муаззам тавассути ин ду асари гаронмоя бо дастгирии бевоситаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар фаъол гардида, конфронсу нишастҳои фарҳангӣ ифодагари ватандориву созандагии Пешвои муаззами миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар бисёре аз мулоқоту вохӯриҳо бо мардум аксари зиёди онҳо мегӯянд, ки ин ду китоби пурарзиши Пешво мисли китоби «Тоҷикон» бознашр гардида, дастраси мардум шавад.Ин дархости мардум дар воқеъ, дуруст буда, Вазорати маориф ва илми кишварро дар ҳамҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг зарур аст, ки хулосаи лозимии худро бароварда, дар роҳи ба дасти мардум расонидани ин ду китоби арзишманд саҳми хешро гузоранд.
Ҷумъахон Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: