Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз рӯзгори одамони наҷиб

Аз рӯзгори одамони наҷиб

11-01-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Аз рӯзгори одамони наҷиб
Кори хайру номи нек


Мегӯянд, дар зиндагӣ ба инсон барои он ном мегузоранд, ки худро шиносаду дигарон ӯро дарёбанд. Ҷустуҷӯи одами нек бошад, расми деринаи рӯзгори инсонист. Хуш ба ҳоли нафароне, ки тавонистаанд дар зиндагӣ аз хеш ёдгоре бигузоранд ва чун одами нек шинохта шаванд.

Алишер Ёрбобоев аз зумри он инсонҳоест, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи кори хайру номе нек карда, байни умум сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гаштааст. Номбурда, баъди хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) фаъолияти кории худро ба ҳайси корманди хадамоти молияи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШ оғоз намудааст. Баъд аз хизмат дар сафи ҚМ ИҶШС як муддат, яъне солҳои 1973-1978 дар Вазорати хизмати маишии ҶШС Тоҷикистон фаъолият карда, минбаъд, зиёда аз 36 сол, то ба нафақа баромадан дар мақомоти меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мансабҳои гуногун, аз сардори шӯъба то муовини якуми вазир ва мудири шӯъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
Тайи давраи фаъолият дар ин ришта бо ибтикори Алишер Ёрбобоев мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ таъсису таҷдид ва бозсозӣ гардида, ба яке аз сохторҳои муҳими муованати табақаҳои осебпазири аҳолӣ табдил ёфтанд. Бо пешниҳод ва таҳти роҳбарии Алишер Ёрбобоев дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои шуғли аҳолӣ таъсис дода шуданд. Бо сарпарастии ӯ лоиҳаи Барномаи давлатии паст кардани сатҳи меҳнати дастӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва лоиҳаи Барномаи беҳтаргардонии шароит, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии ҶШС Тоҷикистон омода гардида, дар ҷаласаҳои умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав муаррифӣ карда шуданд ва минбаъд дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор гирифтанд. Маҳз бо саъю талошҳои муассири ин шахс соли 1991 лоиҳаи Қонуни ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ” омода гардида, баъдан ба тасдиқ расид. Тибқи муқаррароти ин Қонун аввалин маротиба мафҳумҳои “бекор”-у “бекорӣ” таъйид шуда, масъалаи бо кор таъминкунӣ ва ҳифзи иҷтимоии бекорон аз ҷониби давлат ба расмият даромад. Ба манзури татбиқи ин қонун бо ташаббуси мавсуф тақрибан лоиҳаи 30 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд. Бо саъю талошҳои ӯ дар Тоҷикистон таҷрибаи нави таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардид, ки амалисозии онҳо то андозае ба таъмини суботи иҷтимоӣ дар кишвар ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд. Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ва содироти расмии нерӯҳои корӣ бо ибтикори А. Ёрбобоев лоиҳаи созишномаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия, лоиҳаи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва як идда барномаҳо таҳия, тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд. ӯ дар ташкили сохтори давлатии назоратии Инспексияи меҳнат (ҳоло Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) саҳм гузоштааст, ки вазифаи роҳбарии нахустини ин муассисаро як муддат ба ӯҳда дошт.
Бо дарназардошти собиқаи самарабахш дар соҳа соли 2006 ӯ мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи давраи фаъолият дар ин вазифа таҳти роҳбарии ӯ ислоҳоти риштаи таъминоти иҷтимоӣ сурат гирифта, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ” таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд. Зери назари А. Ёрбобоев аввалин маротиба дар кишвар усули наву муосири таъину пардохти кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ омода ва мавриди татбиқ қарор дода шуд. Тибқи ин усули ҷадид кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба қишри тангдасту бебизоати аҳолӣ ва мустаҳақи ёрии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
Фаъолияти пурсамари А. Ёрбобоев пайваста қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 бо унвони ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст. Соли 1996 узви вобастаи Академияи байналмилатии иттиллотонӣ ва узви Бунёди аврупоии маърифат пазируфта шуда, барои хидматҳои шоён дар рушду такомули соҳа сазовори ифтихорномаҳои Вазорати меҳнатӣ ИҶШС, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаи ИДМ ва таҳсинномаҳои шаҳрдории Маскав ва Созмони байналмилаии муҳоҷират гардидааст.
А. Ёрбобоев баъд аз ба нафақа баромадан дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҳайси аъзои раёсати Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Тавре дар зиндагиномаи мавсуф мушоҳида мешавад, фаъолияти ӯ мудом дар ҳоли рушду такомул ва навгароӣ буда.

Абулхайр Ғафуриён

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: