Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Абӯалӣ ибни Сино ва нақши он дар тибби ҷаҳонӣ

Абӯалӣ ибни Сино ва нақши он дар тибби ҷаҳонӣ

22-10-2020, 10:33
Хабарро хонданд: 708 нафар
Назарҳо: 1
Абӯалӣ ибни Сино ва нақши он дар тибби ҷаҳонӣ
“Табибу бемор барои ҳосил кардани тафоҳуми комил ниёзманди як забони муштараки бисёр буррои тиббианд. То бо ёрии он табиб донишу маҳорат ва бемор дарди худро ба хубӣ ба якдигар муҳокима карда тавонанд. Табибе, ки инсоншинос нест, забони бемори худро хуб намедонад ва ба аъмоқи қалби ӯ сар дароварда, аз ҳоли олами ботинии ӯ огоҳи пайдо намекунад, аз донишу маҳорати ӯ чӣ суд?”
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино
Соли 2020 аз тавлиди яке аз чеҳраҳои илму адаб, ва заминагузори ташаккули илми тибби ҷаҳонӣ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино 1040 сол сипари гардид.
Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод намудааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишмандон миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 адад мерасад. Аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми тиб мансубанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва “Ал-Қонун фит-тиб” ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:
1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
2. Асарҳо оид ба тиб.
3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Ибни Сино бузургтарин донишманди замони худ аст. Ҳамчунин донандаи хуби илмҳои ситорашиносӣ, кимиё, геология, мантиқ, математика, физика ва фалсафа буд. Ғайр аз ин шоири хушқалам, равоншинос, табиатшинос ва муаллими беҳамто аст.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми ниҳоят арзандае гузоштааст. Аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, метафизикаи Арасту, илми тибби Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст. Сино чун пешоҳанги тиб ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Дар таърихи тамаддуни башарӣ ба монанди китоби “Ал-Қонун фит-тиб”-и Сино кам китобҳоеро дидан мумкин, ки садсолаҳо ва ҳатто аз он беш ба оламиён сарфи назар аз тафовути забону миллат, расму оин, дину мазҳаб, нажоду иқлим ва ғояву ҷаҳонбинӣ, хизмат карда бошад.
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим гиёҳдармониро чун василаи самарабахши табобати бемориҳои гуногун истифода мекарданд. Донишмандон тоҷик ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ, Ҳаким Майсарӣ ва дигарон бо рӯзгору осори пурбаҳои худ пойдевори соҳаи тибро гузошта, асоси рушди гиёҳдармониро ба вуҷуд овардаанд. Шоҳасарҳои ин бузургон, аз ҷумла “Ал-Қонун фит-тиб”-и Ибни Сино, “Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ, “Гиёҳнома”-и Абумансури Муваффақ, “Тиб”-и Юсуф Ҳусайни Шерозӣ илми тибро ба пояи баланд расонида, то имрӯз китоби рӯйимизии донишмандони соҳа дар тамоми ҷаҳон аст. “Ал-Қонун фит-тиб”- и Абуалӣ Синоро, ки имрӯзҳо нусхаи асли он дар яке аз осорхонаҳои шаҳри Лондон нигаҳдорӣ мешавад, метавон яке аз китобҳои гаронарзиш ва нодири соҳаи гиёҳдармонӣ донист. Дар қисми дуюми ин асар, Сино, дар бораи 810 маводи доруӣ маълумот додааст, ки 376-тои онҳо маводи доруии гиёҳӣ мебошанд. Ҳамзамон фармудааст, ин гиёҳҳоро метавон аз минтақаҳои кӯҳистон пайдо намуд. Шояд дақиқан на, аммо тахминан мешавад гуфт, ки манзури Абӯалӣ ибни Сино аз кӯҳистон ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буд, зеро дақиқан кишвари азизи мо кӯҳистон асту ҳамаи он гиёҳҳои давоӣ дар ин ҷо мерӯянд.
Маҳз бо дарки ин ҳолат ва бароҳ мондани табобати дуруст дар даврони истиқлолияти комили миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сиёсати созандаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиёҳдармони рушду равнақ пайо намуда, дар ҳама муассисаҳои тандурустии кишвар гушаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст.
Маврид ба ёдоварист, ки мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №753 “Дар бораи рӯзҳои ид”, фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1994, №229 “Дар бораи ид кардани зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ - “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ “ Рӯзи кормандони тиб” ҳамасола 18 август ҷашн гирифта мешавад.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Amelia 21 сентября 2024 13:10
You can likewise pick both the SEREngines
engine groups if you have an energetic membership with
them-- and you should.

Feel free to surf to my web blog Delphia
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: