Шахсияти шинохтае моро тарк кард19-10-2020, 10:57
Хабарро хонданд: 273 нафар
Назарҳо: 0
Ёднома Шафиев Исмоил Шафиевич - чеҳраи намоёни давлатӣ дар синни дар синни 75-солагӣ (06.05.1946 – 15.10.2020) аз олам даргузашт. Онҳое, ки ӯро хуб мешинохтанд, аз марҳум ҳамчун шахсе, ки барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол корҳои зиёде кардааст, ёдоварӣ намуда, нисбати марги нобаҳангомаш ба фарзандон ва пайвандонаш таъзияи амиқ баён мекунанд ва роҳи зиндагии ӯро намунае барои пайравии насли ҷавон медонанд. Исмоил Шафиевич Шафиев, 5 июни соли 1946 дар деҳаи Ботурободи шӯрои деҳаи Авангарди ноҳияи Коммунистӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар деҳаи Ботуробод хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1965 сар карда то соли 1975 дар вазифаҳои гуногуни низоми "Тоҷикпотребсоз" -и ноҳияи Коммунистӣ кор кардааст. Солҳои 1975-1978 - ба ҳайси муовини раиси кооператсияи матлуботи Шӯрои деҳаи «Авангард» ифои вазифа намуда, тайи солҳои 1978 -1989 дар вазифаи раиси Иттифоқи матлуботи ин ноҳия кор кардааст. Солҳои 1978 - 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, солҳои 1990-1993 - муовини якуми раиси иттифоқи матлуботи вилояти Хатлон буд. Дар шарҳи ҳоли номбурда саҳифаҳои дигари фаъолияти меҳнатиаш ба тартиби зерин сабт шудааст: Солҳои 1993-1995 - раиси Иттифоқи матлуботи вилояти Хатлон, 1995 - 1996 - муовини якуми раиси Иттифоқи матлуботи ин вилоят, 1996 - 1999 - раиси ҳукумати шаҳри Сарбанд, 1999 - 2001 - муовини якуми раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон, 2001 - 2008 - раиси ҳукумати ноҳияи Ғозималик (ҳоло Хуросон.) Солҳои 2008 – 2010, яъне муддати ду сол дар вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст. Мавсуф соли 2010 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар расидан ба синни нафаќа бо нигоҳ доштани тамоми имтиёзҳои хидматӣ, бо рутбаи полковники Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд. Дар давоми фаъолияти меҳнатӣ, ӯ як даъват (солҳои 1995 – 2000) - вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Номбурда бо нишонҳои Аълочии Иттифоќи Тоҷикпотребсюзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ќадр шудааст. , Заҳматҳояш инчунин бо Грамотаи Фахрӣ ба ифтихори 90-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии Ќӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои сершумори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардидааст. Исмоил Шафиев дар зиндагӣ ҳамчунин бо даҳ медали Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофтонида шудааст. Лозим ба зикр аст, ки дар аввалин рӯзҳое, ки пайвандон ва наздикони марҳум ба сӯги даргузашти ин марди шинохта нишаста буданд, нисбати маргаш дар интернет аз номи Рафаэл Наматиев, фарзанди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Борис Наматиев марсияи пурсӯзе нашр шуд. Дар марсия, ки аз Исроил дар саҳифаи фейсбукии ин ҳунарманд нашр гардид, аз номи хонаводаи Наматиевҳо ба аҳли оилаи Исмоил Шафиев изҳори ҳамдардӣ мешавад. Дар ин видео, бо ёдоварӣ аз Исмоил Шафиев, раиси собиқи Агентии амволи махсус, шаҳрдори собиқи Левакант ва раиси собиқи Хуросон, падари генерали милитсия Рустам Шафиев, Рафаэл Наматиев мегӯяд, дӯстии хонаводагии онҳо замоне оғоз ёфт, ки Исмоил Шафиев хонаи онҳоро дар Душанбе харид. Бисёриҳо баъди харидуфурӯш маъмулан якдигарро фаромӯш мекунанд, вале ин як муомила баръакс, оғозии дӯстии тӯлоние байни Наматиевҳо ва Шафиевҳо шуд. Рафаэл Наматиев сабтҳои видеоии нодиреро низ нашр кард, ки чӣ гуна И.Шафиев бо ӯ ҳангоми бозгашташ аз Душанбе барои падараш Борис Наматиев ба Исроил китоб ва ҷомаи қадимаи тоҷикӣ мефиристад. Дар видео лаҳзае ҳам ҳаст, ки ҳунармандони исроилӣ ба ифтихори Исмоил Шафиев тарона мехонанд ва ба ӯ дуруд мефиристанд. Воќеан, номи инсонҳои хубе ба монанди И. Шафиев дар дили наздикону дӯстон то дергоҳ боќӣ хоҳад монд. С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.