Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соҳибкор нафърасон аст

Соҳибкор нафърасон аст

18-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Соҳибкор нафърасон астАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки давлат ва ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳо шароит муҳайё мекунанд.

Дар ноҳияи Файзобод чанд сол аст, ки соҳибкории хурду миёна дар алоҳидагӣ фаъолият дошта, ба қавле, муттаҳид набуд. Раиси тозаинтихоби ноҳия узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода ҷамъомади муассисини Ассосиатсияи соҳибкорони Файзободро даъват карда, аз миёни 80 нафар ҷамъомадагон яке аз соҳибкорони муваффақи ноҳия ҷавони қобилу серғайрат Шамсиддин Абдураҳимовро ба раисӣ пешниҳод кард. Ҳозирин номзадии ӯро хуш пазируфтанд.

Ш.Абдураҳимов соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси правизор - дорусоз хатм кардааст. Дараҷаи олии тахассусӣ дорад. Айни ҳол директори ҶДММ «Сорбон - интернэйшнл» мебошад. Корхонаи ӯ ба дорусозӣ ва таъмини давоӣ машғул аст. Вай дар ду даъвати охир аз пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб мешавад. Дӯстдори варзиш, узви тими футболи ноҳия мебошад. Аксаран бозиҳои варзишии сатҳи ноҳия, махсусан мусобиқаҳои футбол, бо кӯмаку дастгирии молиявии ӯ гузаронида мешаванд.

Мо бо Шамсиддин аз хусуси таъсиси Ассосиатсияи соҳибкорони Файзобод, мақсаду мароми ин ташкилот нисбати ғановати буҷа, ҳиссаи онҳо дар ободу зебо гардонидани ноҳия ва аз ҷониби эшон дастгирӣ ёфтани табақаи ниёзманди диёр суҳбат оростем.
- Аз маҷлиси муассисон чанд моҳ гузашт. Боварӣ дорем, ки хеле корҳоро ба сомон расондаед?

-Дар маҷлиси муассисин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ривоҷу равнақи соҳа аз ҷониби роҳбари ноҳия ва иштирокчиёни маҷлис садо доданд. Қайд гардид, ки соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятнок дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Дар муттаҳидӣ амал кардан моро ба мақсадҳои калон мерасонад. Соҳибкорон дилпурӣ бахшиданд, ки барои тараққии истеҳсолот, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини ҷойҳои кор ва ғанӣ гардонидани буҷети ноҳия пайваста кӯшиш менамоянд. Дар маҷлис 80 нафар соҳибкорон, ҳамчунин раисони ҷамоатҳо, масъулони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти андоз иштирок доштанд. Масъулияти соҳибкорон ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети муҳаллӣ мушаххасан таъкид карда шуд.

-Воқеан, ба ҳисоб гирифтед, ки то ба имрӯзҳо чӣ қадар соҳибкор доред? Байни онҳо намоёнтаринашон, дар назар дорем шахсони саховатпешаву дасткушодро, киҳоянд?

-Шумораи соҳибкорон ба 3069 нафар мерасад. Ба ғайр аз ин 103 кас иҷозатномаи хариду фурӯш дорад. Соҳибкорони, ба ифодаи шумо намоён инҳоянд: Ҷамшед ва Субҳиддин Ғафуровҳо, Алиҷон Очилов, Манучеҳр Каримов, Қудратулло Ниёзов, Фазлиддин Холов. Боз ҳастанд, ки ҳанӯз бо онҳо шинос нестам ва аз фаъолияташон ба хубӣ огоҳӣ надорам. Номбурдаҳо хеле – хеле корҳои намоён кардаанд. Ду нафари аввал барои азнавсозии майдончаи варзишии муассисаи таълимии № 1 панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуда, бунёди мактаби ибтидоии деҳаи Кенҷаободро ба уҳда гирифтанд. Қудратулло Ниёзов барои ҳамдеҳаҳои худ купрӯк сохт. Ӯ ҳамчун саховатманд арҷгузорӣ шудааст. Соҳибкори дигар – Қаҳорбег Юсуфов азнавсозии ду киллометр роҳи байни деҳаҳои Мискинобод – Заркамарро ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ анҷом расонд. Алиҷон Очилов сехи истеҳсоли мева, Фазлиддин Холов сехи истеҳсоли обҳои ранга сохтанд. Ду нафар бону Файзия Қодирова ва Сафармоҳ Миралиева яке ба ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ дигаре дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ кӯпрук сохтанд.

Воқеан, арзиш дорад, ки аз некиҳои бародарон Ҷамшед ва Субҳиддин Ғафуровҳо чанд ҳарфе баён кунем. Бояд бигӯям, ки аз саховатпешагии бародарон кулли сокинони ноҳия огоҳанд. Бузургбародар Ҷамшед саховатмандии фавқуллода зоҳир менамояд. Гӯем, ки садҳо нафар аз хайру сахои ин ҷавонмард баҳра бардоштаанд, ғалат намешавад. Пешаи накӯкории ӯ вақте зоҳир шуд, ки барои вусъати сохтмони НБО – и Роғун саҳмия мефурӯхтанд. Ҷамшед Ғафуров шахсан ба маблағи 10 000 доллари амрикоӣ саҳмия харид. Дар «Рӯзи оила» ба ҳашт ҷуфт навхонадорон туҳфаҳои пулӣ, ба панҷоҳ нафар эҳтиёҷманди шаҳри Роғун як халтагӣ орд, панҷ киллоӣ равған, шакару собуну чойи хушк, ба панҷоҳ нафар кӯдакони хатнашаванда либос ва арзи панҷсад сомонӣ туҳфаи пулӣ, ба як нафар маҷрӯҳ ҳазор доллар бахшид. Дар арафаи иди рамазон ба сад нафар якхалтагӣ орд ва ба чанд оилаи ниёзманд дар алоҳидагӣ ба миқдорӣ панҷсад сомонӣ ба ҳар оила туҳфаи идона дод. Соҳибкорон Ғафуровҳо дар шаҳраки Файзобод «Маркази дилхушии кӯдакон» таъсис доданд, ки аз ду ошёна иборат аст. Онҳо мақсад доранд, ки дар даромадгоҳи шаҳрак ду иморати зебо бо тарҳи миллӣ бунёд кунанд.

- Мақсад аз ташкил кардани Ассосиатсияи соҳибкорон мутаҳҳид шудан аст. Маълум, ки муттаҳидӣ касро зудтару беҳтар ба мақсад мерасонад. Ин муттаҳидиро шумо, ҳамчун раис, чӣ тавр истифода мебаред?

-Мо, раёсати ассосиатсия, аллакай вазифаҳои худро муайян кардем. Баъди таъсиси ташкилот маҷлиси соҳибкоронро даъват намудем. Бояд иқрор шавам, ки маҷлиси нахустин бо иштироки ками соҳибкорон гузашт. Мо аз пойтахти кишвар намояндаҳоро даъват карда будем. Меҳмонон гапҳои хуб гуфтанд, маслиҳатҳои нағз доданд. Суҳбати онҳо атрофи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки барои Тоҷикистон рӯйдоди нав мебошад, хеле ҷолиб буд. Вобаста ба ҳамин рӯйдод дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таъсис дода шудааст. Меҳмонон шарҳ доданд, ки мақсади асосии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷалби имкониятҳои тарафҳо барои рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Ду бахш бо ҳамкории зич масъулиятҳо ва манфиатҳои якдигаро ҳаллу фасл менамоянд. Дар ин ҳамоиш таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд. Ҷолибан қайд гардид, ки барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити зарурии инкишофи соҳа имтиёзҳо дода мешавад. Таъсиси дастгирии фонди соҳибкорӣ моро хурсанд гардонд. То имрӯз дар 47 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ чунин фонд ташкил шудааст. Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки имсол ба фонди мазкур 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷудо карда мешавад. Мо ҳам, албатта, кӯшиш мекунем, ки аз имкониятҳои чунин фонд бархурдор бошем.

- Дар бораи аввалин ниятҳое, ки амалӣ гардонидани онҳо таъхир намехоҳад.

-Мехоҳем, бо ризоият ва имкониятҳои соҳибкорон ҳаққи ҳармоҳаи хазинаи ассосиятсияро муайян намоем. Аз рӯи ҳисоб метавонем бо маблағи ҷамъшуда роҳи байни як деҳаро сангфарш ё мумфарш кунем, ё кӯчаи марказии қишлоқеро чароғон гардонем, таъминоти се – чор оилаи камбизоатро ба ӯҳда бигирем ва ғайраву ҳоказо. Ҷамъияти саҳомии «Оби Файзобод», ҶДММ «Мурғи ҳилол», боз чанд ҳамин гуна корхонаҳои ба қавле бузург метавонанд дар ғановати хазинаи ассосиятсия ҳиссаи муносиб дошта бошанд. Ҳарчанд истеҳсолоти бузургтарин корхонаи саноатии «Мурғи ҳилол» то андозае коҳиш ёфтааст, роҳбарони онҳо ба мо моҳе то ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карданро ба уҳда гирифтаанд.

-Чӣ тавре мо огоҳем, соҳибкорони маҳаллӣ он қадар пурқувват нестанд. Саховатмандони дарёдил кам дорем. Намешавад, ки соҳибкорони ҳамдиёрамонро, ки берун аз Файзобод фаъолият доранд, барои рушди ноҳия ҷалб намоед? Мисле, ки Ҷамшед Ғафуровро ҷалб кардаед?

-Мақсадатонро фаҳмидам. Аслан соҳибкорӣ танҳо аз саховатпешагӣ иборат нест. Васеъ кардани истеҳсолот, ривоҷи бизнеси одилона, ба ҷои кор таъмин намудани одамон, сохтани иншооти хизматрасонӣ аз ҷумлаи вазифаи аввалиндараҷаи соҳибкорон аст.

Мо, албатта, кӯшиш мекунем, ки соҳибкорони муваффақро, ки берун аз ноҳия фаъолият мебаранд, барои сохтмони манзили истиқоматӣ, купрӯксозию роҳсозӣ, сохтани иншооти нав дар Файзобод ҷалб намоем. Бо чанд нафар ҷавонмардони Файзобод, ки дар дигар ҷо, масалан, дар шаҳри Ваҳдат ва пойтахти ватанамон кор мекунанд, шахсан вохӯрдам. Онҳо аз ҳиссагузории худ дар ободонии зодгоҳашон дилпурӣ бахшиданд.

-Шумо аз ғамхориҳои ҳукумат ҷиҳати ҷудо намудани маблағи қарз барои соҳибкорон ишора кардед.

-Дуруст. Бо соҳибкорон ҳамсуҳбат шуда, ба васеъ гардонидани истеҳсолоташон таваҷҷӯҳ зоҳир кунӣ, аз маҳдудияти имкониятҳои молиявии хеш шиква менамоянд. Вале аз қарз гирифтан метарсанд. Аз ин гапи ман шубҳа накунед. Тарс аз он ки фоизҳои қарзи бонкҳо баланд аст. Бонкҳо ҳини қарздиҳӣ танҳо манфиати худро ба инобат мегиранд. Масалан, агар хоҳӣ, ки ба истеҳсоли моли саноатӣ машғул шавӣ, аз қарзи гирифтаат фоидаи ночиз мебинӣ, зеро то сару сомон кардани корҳо андозгирандагон дасти тамаъ дароз мекунанд. Хуб мешуд, ки бонкҳо низоми қарздиҳиро тағйир дода, ба сӯи соҳибкорон бо назари сабукӣ менигаристанду фоидаи яктарафа нею манфиати тарафайнро ба инобат мегирифтанд. Он вақт нураналонур мешуд. Аз Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмидем, ки Фонди дастгирии соҳибкорӣ бо субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Мутассифона, ба ин қарзҳо соҳибкорони мо ба таври дилхоҳ дастрасӣ наёфтанд.

-Дар саҳифаҳои «Эълону рекламаҳо»-и матбуоти ҷумҳурӣ мебинем, ки даҳҳою садҳо нафар соҳибкорон, хусусан соҳибкорони инфиродӣ аз қатъ кардани фаъолият хабар медиҳанд. Сабабаш, албатта маълум: бӯҳрони иктисодӣ, баландшавии андоз ва ғайра…

-Дар миёни онҳое, ки фаъолияташонро қатъ мекунанд, аз Файзобод танҳо ду-се нафар ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем, ки бо ин гуна соҳибкорони имконияташон маҳдуд, маслиҳат диҳем ва ёрмандӣ кунем.

-Мо боварӣ дорем, ки ғайрати шумо барои ташаккул додани соҳибкорӣ дар ноҳия мерасад.
-Барои бавориатон ташаккур.
Суҳбаторо Ҷӯрабек Муъмин.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: