Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » COVID-19: воқеият ва устурасозӣ

COVID-19: воқеият ва устурасозӣ

12-05-2020, 10:11
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
COVID-19: воқеият ва устурасозӣ
Маризии наве, ки ҳамакнун онро «вабо»-и аср номиданд, бо номи коронавирус, шурӯъ аз моҳи декабр дар шаҳри Ухани музофоти Хубэйи Чин сар зад. Сараввал интизорӣ мерафт, ки ин давлати абарқудрат ба танҳоӣ аз уҳдаи бартараф кардани ин бемории шадид хоҳад баромад, аммо ҳодисаҳои баъдӣ нишон доданд, ки ин гумонҳо хато ҳастанд. Коронавирус марзи Чинро убур намуд ва акнун ҷаҳонро фаро гирифт, ки баъдан на характери эпидемия, балки сартосарӣ-пандемияро ба худ касб кард. Кишварҳои зиёд мубталои он гаштанд, акнун назди ин вируси хурд фарқ на дар давлатҳои абарқудрат монд, на кишварҳои ба истилоҳ, «дунёи сеюм». Ин маризӣ ҳамаро баробар кард.
Тибқи маълумоти охирини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) айни замон шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон марзи 3 миллиону 267 ҳазор нафарро убур кард ва 229,9 ҳазор нафар ҷои худро бохтанд. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс бошад, зиёда аз 3,5 миллион нафар дар ҷаҳон мубталои ин маризӣ гашта, наздики 250 ҳазор нафар фавтиданд. Сарварӣ дар ин самт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки шумораи гирифторони коронавирус дар ин кишвар аз 1,15 миллион нафар гузашт. Баъдан дар ин рӯихат Испания (217 ҳазор нафар), Италия (210 ҳазор), Британияи Кабир (187 ҳазор), Фаронса (168 ҳазор) ва Туркияву Русия (маълумот саҳеҳ мегардад) қарор гирифтаанд.
Айни замон дар дунё 14 кишвар орӣ аз ин вабои аср мондаанд, ки қисми зиёди онҳо давлатҳои ҷазиравӣ ва дур аз хатсайрҳои муҳими ҷаҳонӣ ҳастанд. 10-тои он ҷазираҳо дар уқёнуси Ором бо шумораи умумии 1,5 миллион нафар аҳолӣ аст. Хуб, мебинем, ки ин ба як шаҳри миёнаи аврупоӣ баробар аст. Мутаассифона, ин рӯихат ҳам рӯ ба косташавӣ дорад.
То ба наздикӣ дар ин рӯихат Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. 30 апрели соли равон ба таври расмӣ эълон шуд, ки дар кишвари мо, мутаассифона, ин беморӣ хуруҷ кардааст ва шумораи гирифторони он 15 нафар аст. То ин рӯз шумораи он ба 178 нафар расидааст.
Табиист, ки дар кишваре, ки бо Чин ва дигар кишварҳое, ки ба ин маризӣ гирифтор шуданд, ҳамсарҳад аст, ахиран баъзе аз шаҳрвандон мубталои он гардиданд. Аммо ин ҷо масъала дигар чиз аст.
Чуноне медонем, кишвари мо чораҳои пешгирӣ аз коронавирусро барвақттар аз он кишварҳои рушдёфтае, ки имрӯз ин вабо онҳоро дар панҷаи оҳанини худ гирифтааст, амалӣ намуд. Роҳи нақлиётӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баста шуд, воридоти тамоми намуди маҳсулот аз ин кишвар низ манъ гардид. Чораҳои карантинии интихобӣ роҳандозӣ шуданд, ҳатто нисбати дипломатҳои чинӣ, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба кишвари мо омада буданд. Мавзеъҳои алоҳида барои нигаҳдории карантинӣ барои шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд, омода шуданд ва ҳазорҳо нафар дар он ҷойҳо таҳти назорат ва ба табобат фаро гирифта шуданд. Дар телевизион ва матбуот пайваста, ҳамарӯза оид ба риоя кардани талаботи гигиенӣ, зарурияти инфиродии ҳифзи саломатии худ барномаҳо омода мешуданд. Ин дар ҳоле, ки расман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд.
Аммо мо дар қарне зиндагонӣ дорем, ки ҷойи ҷангҳои «сарду гарм»-ро ҷангҳои иттилоотӣ гирифтаанд. Ва бархе аз расонаҳои хориҷӣ, такя бар манфиатҳои хеш, оид ба ҳолати беҳдоштӣ-эпидемиологии кишвар хабарҳои бардурӯғу носанҷидашуда паҳн мекарданду мекунанд, ки ин, табиист, ба зеҳнияти омоданашудаи бархе аз афрод таъсиргузор буду ҳаст. Хабари фавти нафареро дар шимоли кишвар аз пневмония ҳамчун «коронавирус» ҷилва додани яке аз чунин расонаҳо-Радиои «Озодӣ» мисоли ин гуфтаҳост, ки баъдан онро худи кормандонашон кӯшиши шарҳи дигар доданро карданд. Ҳамаи ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мунозираҳои тезу тунд гашт. Аҷибаш он аст, ки ба назар мерасид, иддае аз шаҳрвандони мо аз набудани коронавирус дар кишвар маъюс ҳастанд ва бо шунидани хабари расман эътироф кардани мавҷудияти он дар Тоҷикистон табли шодӣ ҳам заданд: «Ана дидед, мо медонистем!».
Албатта, воҳима аз ин беморӣ назар ба таъсири воқеии он на танҳо дар мо, балки дар миқёси ҷаҳон даҳшатноктар аз вазъи воқеӣ аст. Мо, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем, мутаассифона, аз ин дар канор намондаем. «Фавтидагонро мошин-мошин аз беморхонаҳо меоранд, ҷасадҳоро ба қабристон шабона оварда, беҷаноза гӯр мекунанд!», «Мурдахонаҳо аз фавтидагон пур шудаанд» ва амсоли ин нидоҳову навиштаҳо ба зеҳнияти бархе аз ноогоҳон таъсири манфӣ ҳам гузоштанд.
Ҳоло акнун замоне шудааст, ки қариб ҳар нафаре аз бемории дигар фавтад, ҳатман дар он таъсири коронавирусро мебинанд. Расонаҳои манфиатдор дар ин самт «рисолат»-и худро хеле хуб иҷро мекунанд, чун издиҳом ба маънои томаш қобилияти фикрронии оқилонаи фардиро надорад ва такя бар ҳамон «фикрронии коллективӣ» дорад, ки лаҷоми он метавонад дар дасти дилхоҳ гурӯҳи ҳушманди манфиатдор бошад.
Хонандагони азиз, ин ҷанг аст. Ҷанги коронавирус муқобили инсоният на, балки ҷанги иттилоотии гурӯҳҳои манфиатдор алайҳи аҳолии тарсхӯрдаи кишварҳои том дар ҷаҳон.
Дар ин самт дар шабакаи интернет «шоҳкориҳо»-и зиёд расонаӣ шудаанд, ки ба зеҳни на он қадар мустаҳками истифодабарандагони одӣ таъсир мерасонад. Масалан, чанде пеш дар шабакаи ҷаҳонии Фейсбук навори «табиби амрикоӣ»-ро бо рӯйи варамида монда буданд, ки мегуфт: «Мо ҳама ба наздикӣ хоҳем мурд!». Ва дар он навор гуфта мешуд, ки гӯё «миллионҳо одамон беморхонаҳои Ню-Йоркро муҳосира кардаанд». Стоп! Аввалан, миллионҳо одамон наметавонанд яку якбора дар Ню-Йорк мубталои коронавирус гарданд. Дуввум, агар дар ҳақиқат чунин мебуд, онҳо, табиист, наметавонистанд, ки ба беморхонаҳо наздик шаванд-чунин издиҳоме мешуд, ки тамоми роҳҳо дар бунбаст қарор мегирифтанд.
Аммо дар ин шаҳри бузург мо наздик ба ин ҳолатро надидем, ҳарчанд карантин ҷорист, аммо хадамоти зарурӣ пайи фаъолият ҳастанд ва мардум ҳам дар ҳолати зарурӣ ба кӯчаҳо мебароянд ва ин кӯчаҳо низ пур аз мошин аст.
Мусаллам аст, ки чунин вазъият ба доираҳои манфиатдор зарур ҳастанд ва бо ин роҳ онҳо сармояи худро зиёд хоҳанд кард. Аз ҷумла, бо воситаи барангехтани тарсу ҳангома. Ин аз ҷузъҳои асосии ҷанги иттилоотист. Ба ибораи машҳури ғарбӣ; «Ягон ғарази шахсӣ на, ин бизнес аст»…
Ҷангест, ки алайҳи кишвари мо ҳам эълон шудааст. Агар пеш аз ин ҳаводис элементҳои ин ҷанг хусусияти сиёсиву иқтисодӣ доштанд, ҳоло ба он тарс додани аҳолӣ ва аз буд зиёд нишон додани COVID-19 зам шудааст. Албатта, аз ин маризӣ, ки хатари воқеӣ ҳаст ва аз он эҳтиёт бояд буд, аммо, чуноне қайд кардем, таъсиррасонӣ ба зеҳният дар ин қарни иттилоотӣ самараи хуб ба корбарони манфиатҷӯ медиҳад, ки бо истифода аз ин мақсадҳои худро пиёда месозанд.
Мақсади асосӣ-тарс додан, ҳангомаву воҳимаро барангехтан ва вазъро бесубот кардан аст. Тарс додан аз он, ки аз ин вирус метавонад қисми зиёди аҳолӣ дучор ба ҳолати фавт гардад, ҳол он, ки собит шудааст-ҳатто бо набудани ваксина аз он танҳо 3%, аҳолӣ на, балки мубталоёни ин беморӣ гирифтори марг шудаанд. Ва ин ҳам ғолибан ҳамонҳое, ки пеш аз ин бемориҳои куҳна доштанду солхӯрда ҳастанд.
Имрӯз ҳар як фарди ҷомеа, ки дар чунин вазъи номусоиди эпидемиологӣ ба сар мебарад, бо шунидани хабари марги нафари дигар набояд аз худ хулосабарорӣ кунад, чун мутахассиси ин соҳа нест. Масалан, аз куҷо медонем, ки фавтида маҳз аз коронавирус мурдааст, ҳол он ки барои ошкор кардани он муддати муайян лозим аст? Чун одамон, ки мубталои дигар бемориҳо ҳастанд, метавонанд бо хурӯҷи онҳо низ бар замми гирифтор ба ин вирус шудан бимиранд. Суол ба корбарони ин шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба воҳима афтидаанду дигаронро ҳам тарс медиҳанд: магар худи шумо шоҳиди воқеии он ҳастед, ки пеши чашмонатон одамон афтида мемуранд ва ҳамарӯза шоҳиди 20-30 ҷаноза ҳастед, ки майитон аз коронавирус фавтидаанд? Чаро ҳама чизро имрӯз ба сари давлату ҳукумат мезанед, магар танҳо дар Тоҷикистон одамон мемиранд, магар дар кишварҳои пешрафтаи дунё нафарон мубталои ин маризӣ нестанд ва намемиранд? Чаро шумораи муолиҷашудагонро намегӯед, ки хеле зиёдтар ҳастанд? Ва боз суолҳои дигар…
Имрӯз муҳити иттилоотӣ атрофи коронавирус олуда аз хабарҳои на он қадар санҷидашуда ва ғаразноки зиёд шудааст. Чунин ахборот, ба истилоҳ, «дезинформатсия», ҳадафҳои муайяни худро дошта, ҳамеша ба он аудиторияе, дар навбати аввал ноогоҳ аз вазъи воқеӣ, равона шудааст, ки қобилияти фарқ гузоштан миёни маълумоти дақиқ ва дурӯғпароканиҳоро надорад. Албатта, имрӯз вазъ аз нигоҳи эпидемиологӣ мураккаб аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳама саросар ба ҳангомаву воҳима дода шуда, онро аз лиҳози равонӣ боз ҳам мураккабтар кунанд. Ҳарчанд, ки яке аз мақсадҳои чунин ҷанги иттилоотӣ ҳуҷумҳои равонӣ аст, ки метавонад иддае аз мардумро қурбонии хеш ва дур аз асли воқеият кунад.
Расонаҳои хориҷӣ, ки иҷозати кору фаъолият дар Тоҷикистонро доранд, имрӯз дар қисми зиёди матолиби хеш ҳамон мавзӯъҳоеро пайгирӣ мекунанд, ки ғолибан на вазъи воқеии кишварро инъикос мекунанд, балки бояд ҳамоҳанг бар «мазоқ»-и сарпарастонашон бошанд. Ва ин на танҳо дар кишвари мо рух медиҳад, ҷангҳои иттилоотӣ хусусияти ҷаҳонӣ доранд ва зарари худро ба мамолики зиёде расонидаанд. Устурасозӣ имрӯз ба як чизӣ одӣ табдил шудааст ва таъсирнокии он тавъам бо дастовардҳои навини техникӣ ба зеҳнияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё умуман расонаҳо хеле мазбут ҳам шудааст. Дунёи муосир чунин аст ва ҳамон ҷомеа ва давлате назди чунин хатарҳои нав оҷиз мемонанд, агар дар он суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ваҳдати воқеӣ ва хештаншиносӣ ҳамчун меҳвари ҳастӣ набошад. Дар акси ҳол, чунин ҷомеаҳоро носуботӣ, парокандагӣ ва заволёбӣ интизор аст.
Имрӯз мо бояд дар пешорӯи чунин вазъи баамаломада ва таҳоҷуми иттилоотӣ сарҷамъ бошем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои муайян дар пиёда сохтани мақсадҳои ғаразноки худ ҳатто ба як зарра комёбӣ даст ёбанд. Мақсади асосии давлат имрӯз ҳифзи саломатии мардум ва таъмин кардани он бо тамоми маводи зарурӣ аст ва мебояд, ки дар ин самт мо чун як организми воҳид ба ҳам бошем ва дар ин сурат сарбаландона душвориҳоро паси сар хоҳем кард.
«МХ»

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: