Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАР ҶО БУДЕМ, ОБОД КАРДЕМ

ҲАР ҶО БУДЕМ, ОБОД КАРДЕМ

12-05-2020, 09:57
Хабарро хонданд: 1173 нафар
Назарҳо: 0
ҲАР ҶО БУДЕМ,  ОБОД КАРДЕМ
* Гурезагони қубодиёнӣ дар асорати силоҳбадастон ва марги беш аз 40 нафари онҳо дар биёбони Юлдузқоқ

*Тоҷикматлубот: Аз фано то рӯ ба пешравӣ

*Дар қатли сарбозони ҳукумат дар ноҳияи Нуробод кӣ даст дошт?

*Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд...

Чархи таърих ҳамеша пеш давр мезанад ва дар пай хотираву рӯйдодҳои зиёдро боқӣ хоҳад гузошт, ки ба ёд овардани онҳо касро ба андеша меорад.
Истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор сол ҳарчанде барои мо чун ҳадяи илоҳӣ ба осонӣ ба даст омад ва мисли мурғи афсонавии ҳумо болои сари мо соя афканд, аммо ба ҳикмати он дар ибтидо дуруст сарфаҳм нарафта, ба ҷои он ки аз ин парандаи хушиқбол гарм истиқбол бигирем, ба сӯяш аз фалахмон тир андохтем ва оғӯшта ба хунаш кардем. Замоне, ба худ омадем, ки дер шуда буд. Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ боиси фалаҷ гаштани сохтори давлатӣ, талафоти зиёди ҷонӣ, хисороти молӣ ва талаву тороҷи моликияти ҷамъиятӣ гардид. Барои аз нав барқарор намудани онҳо вақту маблағи зиёд лозим буд.
Дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи ҳоҷатбарори мардум - кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 70 дар сади аҳолии мамлакатро бо маводи рӯзгор таъмин мекард, бештар зарар дид. Ба хусус, дар водии Вахш бисёр корхонаҳои зертобеи он валангор ва дороияшон ба яғмо рафта буд.
Солҳо гузаштанд, вайронаҳо барқарору ноумедиҳо рафъ шуданд, шодӣ ҷойи ғамро гирифт. Тоҷикистон дар пешрӯйи 30-солагии Истиқлоли давлатии худ қарор дорад. Дар суҳбат бо яке аз шоҳидони он рӯзҳои вазнин Мирзоев Ятим Нурович, ки айни замон дар ҳалқаи фарзандону дигар пайвандонаш давлати пирӣ меронад ва он солҳо дар вазифаҳои муовини аввали Вазири савдо, муовини Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фаъолият дошт, хотираҳои гузаштаро тагурӯ кардем:
-Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳолатҳое буданд, ки онро наметавон фаромӯш кард,- ба ёд меорад Ятим Нурович ва меафзояд: - Ҳарчанд ҷанги таҳмилӣ хомӯшшуда метофт, вале дар асл нафароне кам набуданд, ки ба оташи он равған мерехтанд. Бо ҳар роҳ мехостанд, ба пешрафти давлати ҷавони соҳибистиқлол монеъ шаванд.
Дар он рӯзҳои мудҳиш, ки идораи ҷумҳурӣ кори осон набуд, ҳолате рух дод, ки ихлосу эҳтироми маро ба Сарвари давлат даҳчанд кард.
Роҳбари мамлакат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бегоҳ тариқи телефон супориш доданд, ки “ҳамроҳи вазири савдо Ҳаким Солиев ба қадри имкон нон дарёфт мекунед ва онро дар зудтарин фурсат ба гурезагони ба ноҳияи Қубодиён баргашта мерасонед, ки ҳолати онҳо вазнин аст”. Ман, ки он вақт вазифаи раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”-ро ба уҳда доштам, ҳамроҳи Ҳаким Ҳусейнович ҳамон шаб 4 тонна маҳсулоти ғаллагӣ омода кардем.
Он шабу рӯз дарёфти нон хеле мушкил буд. Дар атрофи заводи нонпазӣ навбатдории ҳамешагӣ ҳукмфармо буд. Ҳатто нони барзиёд истеҳсолшударо берун баровардан осон набуд. Вале мо илоҷе ёфта супориши Роҳбари давлатро иҷро кардем ва гурезагонро бо нон таъмин намудем.
Ҳамин лаҳза маро борҳо ба олами андеша мебарад. Дар ҳамон замони ноорому пурташвиш, ки фаромӯш накардани тӯшаи роҳ барои ҳоҷатмандон одати бобоист, ба ёд овардани нон аз дурандешаву хирадмандии ҷавонмарде, ки ба сари қудрат омадааст, башорат медиҳад.
Ҳар вақте ки аз боби ғамхорию дастгирии Пешвои муаззами миллат сухан меравад, ҳамон лаҳза ба ёд мерасад. Шахсе, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дар ғами мардуми ҷафодида буданд, баъди ин қадар собиқаи корӣ, олами меҳру муҳаббат, сипосгузорию арҷгузорӣ ва башардӯстии Пешвои миллатро тасвир кардан осон нест.
Маълум шуд, ки гурезагонро ашхоси номаълум бо таҳдиди силоҳ нагузоштанд, ки ба зодгоҳи хеш раванд. Силоҳбадастон ба онҳо амр доданд, ки минбаъд мавзеи зисти шумо ҳамин биёбони Юлдузқоқ аст. Давоми як муддати кӯтоҳе,ки гуразагонро дар ин ҷо нигоҳ доштанд, бештар аз 40 нафари онҳо, асосан кӯдакон ва пиронсолон дар ин дашти нообод ҳалок шуданд. Қабристоне, ки аз наздикии шоҳроҳ намудор аст, нишонаи ҳамон рӯзҳои сахти ба сари он мардум омада аст. Ки медонист, агар ҳамон тӯшаи роҳ намешуд, тақдир ба ҳаёти онҳо боз чӣ рақам мезад...
-Дар солҳои роҳбариатон ба ҳайси раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳолатҳое буданд, ки Шумо бо ягон сабаб аз уҳдаи иҷрои вазифа баромада наметавонистед ё худ душворӣ мекашидед?
-Дар пештоқи маҷлисгоҳи «Тоҷикматлубот» ҳанӯз аз давраи фаъолияти роҳбарии шодравонҳо Турсунов Ш.Т. ва Ғозибеков А.Г. шиоре бо чунин мазмун навишта шуда буд:
«Кто хочет работать, тот ищет методы,
Кто не хочет работать, тот ищет причины».

Солҳои тӯлонӣ соҳаи матлуботи Тоҷикистон ягона ҳоҷатбарори мардум дар деҳоти кишвар ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 дар сади аҳолиро бо маводи рӯзгор таъмин мекард. Бартараф намудани ҳама гуна ҳодисаҳои табиат (заминларза, сел ва ғайра) ба воситаи зарфиятҳои соҳаи «Тоҷикматлубот» сурат гирифта, бо ҳамин хотир дар анборҳои яклухт меъёри муайяни доимии масолеҳи сохтмонӣ, ғизоӣ ва ғайра мавҷуд буд.
Соли 1992 дар натиҷаи баста шудани роҳи Ваҳдат-Кӯлоб муддате чанд натавонистем, ки ба минтақаи Кӯлоб маводи ғизоӣ фиристонем ва ҳама гуна ҳаракатҳои мо натиҷае намебахшид. Роҳбарияти «Тоҷикматлубот» ба хулосае омад, ки бо воситаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб чор автомошинаро бо қанд ва маҳсулоти қаннодӣ ба суроғаи марзбонони Русия ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда фиристонад.
Ронандагон огоҳ аз он буданд, ки мавод дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд ба ихтиёри ситоди вилоятӣ расонида шаванд. Мутаассифона, ду автомашина аз ҷониби силоҳбадастон дар ноҳияи Ғозималик ғорат гардида, ду автомашина бо мавод ба шаҳри Кӯлоб расиданд. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ки дар ҳар ҳолат бояд роҳбар дар фикри ҳаллу фасли масъалаи бамиёномада бошад.
- Ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи «Тоҷикматлубот» чӣ қадар хисорот овард?
-Баъд аз соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон кард ва зиддиятҳо ҷумҳуриро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварданд, қариб тамоми моликияти соҳа тороҷ гардид, садҳо биною иншоот хароб ва сӯзонда шуданд.
Фақат дар водии Вахш 280 бинои мағоза, 89 муассисаи хӯроки умумӣ, 19 анбор, 22 корхонаи нонпазӣ, 13 хоҷагии ёрирасон, 22 бинои маъмурӣ, ҷамъ 461 адад иншоот зарари ҷиддӣ диданд ва 127 адади онҳо пурра хароб гаштанд. Дар баробари ин, дар ин минтақа 388 автомашина ва 40 трактор ғорат шуданд.
Ҳаҷми зарари кооператсияи матлуботи вилоят 1,6 млрд. сӯмро ташкил дод. Аз ин маблағ ба миқдори 592 миллион сӯм молу маҳсулот ва 260 миллион сӯм нақлиёт зарар диданд. Барои аз нав барқарор намудани муассисаҳои харобгашта 700 миллион сӯм зарур буд.
Бо мақсади рафъи оқибатҳои ҷанг тамоми ташкилотҳои соҳа сафарбар шуда, бо истифода аз имкониятҳо дар давоми қариб як сол ба аҳолии вилоят ба миқдори 117 ҳазор тонна орд, 3000 тонна ярма, 9300 тонна қанд, 170 ҳазор тонна чой, 1950 тонна равғани растанӣ, 5 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодиву макарон фиристонида шуд.
Дар ҳамон даврае, ки халқи тоҷик душвортарин ва фоҷианоктарин рӯзҳои таърихии хешро аз сар мегузаронд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки муҳимтарин рӯйдоди сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ тақдири ояндаи мамлакатро муайян кард.
Вазъият дар ҷумҳурӣ, хусусан дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам ноором буд, фаъолияти соҳаи матлуботи вилоят фалаҷ гардида буд.
Хушбахтона дар натиҷаи дастгирии бевоситаи Сарвари навинтихобгардидаи мамлакат ва андешидани тадбирҳои амалӣ дар вилоят биноҳои муассисаҳои хизматрасон бо роҳи ҳашари умумисоҳавӣ пай дар пай таъмиру тармим гардида, ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби дигар ташкилотҳои соҳа дар минтақа муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ бо номи «Ҳисор», «Восеъ», «Хуҷанд», «Турсунзода», «Кӯлоб», «Шаҳринав», «Варзоб», «Кофарниҳон» ва ғайра дарҳои худро барои мардуми ситамдида аз нав боз намуданд.
Дар баробари ин, ба мардуми водӣ ёрии моддӣ расонида мешуд. Аз ҷониби ташкилоту хоҷагиҳои соҳа молу маҳсулот ҳамчун хайрия ба воситаи мағозаҳо дастраси аҳолии ҷафокашида мегардид.

-Аз он солҳои ноором боз чӣ хотираҳо доред?
- Бо супориши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 1993 - 2005 чанд маротиба ба мақсади вохӯрӣ ба мардуми минтақа ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол сафар доштам. Ҳамчунин дар чанд сафар Шукурҷон Зуҳуровро ҳамроҳ будам.
Моҳи феврали соли 1993 баъд аз ворид гардидани қувваҳои ҳукуматӣ (бо сардории Ҳабибулло Маҷидов) ба ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман супориш доданд: «-Шумо имрӯз бояд ба мардуми ноҳияи Комсомолобод бошед» ва ҳамин тавр ҳам шуд, баъди ду рӯз ман бо чанде аз фарзандони ноҳия, ки дар Душанбе кору фаъолият доштанд, ба он ҷо рафтем ва барои ба эътидол овардани вазъият мусоидат кардем. Он шабу рӯз дар маркази ноҳия қариб касе ба назар намерасид. Ягон ташкилоту муассиса фаъолият надошт ва сокинон ба деҳаҳои баландкӯҳи гирду атроф фирор карда буданд.
Баъд аз даъвати мо мардум аз ҳар гӯшаву канор рӯзи дигар ба маркази ноҳия баргаштанд ва мо дар якҷоягӣ бо Ҳ. Маҷидов бо онҳо суҳбат кардем. Самараи вохӯрӣ ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки хушбахтона дар ноҳия вазъият ба зудӣ ба эътидол омад.
Бо гузашти солҳо ман ҳарчи бештар дарк мекунам, ки супориши ҳамонвақтаи Сарвари давлат - «дар рӯзҳои вазнин бо мардум будан» чи аҳамияте доштааст.
Баъд аз бозгашт дар бораи вазъияти ноҳия ва дархости Ҳ. Маҷидов ба муовини аввали Раиси Шӯрои Олӣ А. Достиев ҳисобот додам ва оид ба натиҷаи сафар дар телевизиони ҷумҳурӣ баромад кардам, ки ин суҳбат чанд маротиба такроран намоиш дода шуд.
Нисбати афсароне, ки аз тарафи ҳукумат барои ба эътидол овардани вазъияти минтақа фиристонида шуда буданд ва Ризвони сияҳкор бо фиреб онҳоро ба маркази ноҳияи Нуробод оварда ба қатл расонидааст, хабарҳои бардурӯғ паҳн шуда буд, ки гӯё дар куштори ин афсарон мардуми ноҳия гунаҳгоранд. Дар баромади телевизионӣ дар бораи ин фоҷеа аз маълумоте, ки Ҳ. Маҷидов дода буд, низ истифода кардам.
Рӯзҳои дигари хотирмон он рӯзҳое буданд, ки Сарвари давлатро дар сафари аввалинашон ба ноҳияҳои Нурободу Рашт ҳамроҳӣ мекардам.
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт мардуме, ки дидори Эмомалӣ Шарифовичро пазмон буданд, ҷамъ омадаанд. Баъд аз суҳбати самимӣ бо мардум суханро ба ман доданд. Аз фурсат истифода бурда, масъалаи аз аҳолӣ хариди маҳсулоти кишоварзӣ ва рафъи монеаҳои сунъиро ба миён гузоштам. Ҳамин тавр, баъд аз як рӯз тамоми дидбонгоҳҳое, ки ғайриқонунӣ дар роҳ гузошта буданд ва садди омадурафти мардум мегаштанд, барҳам дода шуданд. Мо бошем, баъди ду рӯз 47 мошини боркаш маҳсулоти аз мардум харидорӣ намударо ба бозорҳои шаҳри Душанбе ворид кардем.
Бо мақсади хотирмон истиқбол гирифтани ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб раёсати «Тоҷикматлубот» қарори махсус қабул намуд, ки тибқи он дар муддати ду сол бозори шаҳр аз нав таъмиру тармим шуд. Сохтмону азнавсозии иншооти ҷашниро раёсат «Ҳашари умумисоҳавӣ» ҳисобида, дар он давра 59 мағозаи фурӯши мол, 7 павилйони ҳар кадом дорои 100-150 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, наздики 2500 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар яке аз ҷаласаҳои ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кооператсияи матлубот дар ин самт аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.
Соли 2003 вобаста ба эъломияи «Соли 2003- соли оби тоза» кооператсияи матлубот ба тамоми масъулияти ҷонибдорӣ дар ин самт ширкат варзида, павилйони намоиши муваққатии молу маҳсулотро бунёд намуд, ки иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ ин чорабиниро дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.
Саҳифаи таърихро тағйир додан, албатта, ғайриимкон аст ва дар ин ҷо аз рӯйи адолат бояд баҳо дод, ки дар ин самт агар дастгирии бевоситаи Сарвари давлат намешуд, соҳаи «Тоҷикматлубот» аз байн мерафт. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша оқилона ва бо хушнудӣ дарк намуд, ки дар ҳамон давра пойдории ин соҳаи барои мардум ниҳоят муҳим бевосита ба номи ин шахсияти бузург вобаста аст.
Тасдиқи ин суханҳо дар он аст, ки он давра ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти кооператсияи матлубот ғайриқонунӣ дахолат мекарданд.
Қабули қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон» аз таърихи 22 сентябри соли 2000 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот» аз 2 декабри соли 2002, №73 такони ҷиддие барои пойдории соҳа гардид.
Натиҷаи дастгириҳои Сарвари давлат буд, ки дар аввали соли 2005 фаъолияти қариб 3800 муассисаи хизматрасонӣ таъмин гардида, ҳаҷми солонаи муомилоти мол ба 30 млн. сомонӣ расид. Воридоти молу маҳсулот беш аз 12 млн. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи мардум дар 260 корхонаҳои иқтидорашон гуногун ба 3,3 млн. сомонӣ, аз он ҷумла нон 5 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот ба 6 млн. қуттии шартӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан ба 100 ҳазор декалитр расонида шуд.
Ҳаҷми хариди маҳсулот аз аҳолӣ ба 15-17 млн. сомонӣ расида, фаъолияти 52 мағозаву шуъбаҳои фурӯши китоб таъмин гардид.
Хизмати хӯроки умумӣ барои хонандагони беш аз 180 мактаби таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда шуд.
21 марти соли 2005 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки корхонаҳои зертобеи «Тоҷикматлубот" ҷашни Наврӯз барпо гардид, ки ба он Сарвари давлат баҳои хуб доданд. Моҳи сентябри ҳамон сол бошад, дар шаҳри Наганои Ҷопон рӯзҳои Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи «Тоҷикматлубот» гузаронида шуд.
-Чӣ сабаб шуд, ки Шуморо соли 1997 бори дуюм ба вазифаи раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» интихоб карданд?
-3 апрели соли 1993 дар маҷлиси 5-уми Шӯрои «Тоҷикматлубот» баъди додани ҳисоботи шашсолаи фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва интихоби ҳайати нави раёсат, ман ба вазифаи ҷонишини вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунӣ таъин шудам.
Фаъолияти соҳаи матлубот ба таназзул мерафт. Сатҳи иҷтимоии кормандон паст мешуд. Кадрҳои болаёқат соҳаро тарк мекарданд. Талаю тороҷи молу маҳсулот бераҳмона давом мекард. Қариб 60 фоизи ҳаҷми муомилоти молӣ ба таври ғайринақдӣ бе пешпардохт сурат мегирифт. Маблағи умумии қарзҳои дебиторӣ меафзуд ва ба 70 млн. сӯм расид. Ҳамин тавр, вазъи ноустувори соҳа ниҳоят душвор мегашт. Чунин вазъият, ҳатто хавфи аз байн рафтани кооператсияи матлуботро ба миён оварда буд. Бо вуҷуди ин, кормандон ва аҳли ҷамоатчигии соҳа интизор буданд, ки дар ҳаёти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ҳатман тағйироти куллӣ ба амал меояд ва ба ин бовар доштанд.
16 августи соли 1997 дар суҳбате, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ман доштанд, таклифи ба уҳда гирифтани вазифаи раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-ро қабул кардам.
-Бо гузашти вақт Шумо метавонед, бигӯед, ки ба боварии Сарвари давлат маротибаи дуюм ба ин вазифа омаданатон сазовор гардидед?
-Ман ягона роҳбари соҳае будам, ки бори дуюм Роҳбари давлат ҷиҳати барқарор намудани он бовар карданд. Инро хуб дарк мекардам ва он чизе, ки аз дастам меомаду ба имкониятҳоям вобаста буд, барои аз нав барқарор намудани ин соҳаи барои мардум муҳим дареғ намедоштам.
Мутобиқи Барномаи барқарорсозии соҳаҳои гуногун барои солҳои 1997-2005 қариб ҳамаи иншоотҳои фаъолияташон бозмонда аз нав ба кор шуруъ карданд.
Маърӯзаи Сарвазири вақти ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар Анҷумани ХV кооператсияи матлуботи мамалакат дар таърихи 24 сентябри соли 2005 ва нишондиҳандаҳои омории ҷамъбасти соли 2005 тасдиқи барқарор гардидани соҳаи «Тоҷикматлубот» мебошад.
-Дар интиҳои суҳбат, шояд гуфтание доред, ки ман напурсидам?
-Бале, аз фаъолияти меҳнатии зиёда аз 12-солаам, таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан сипосгузорам ва доимо барояшон саломатии бардавом, барор ва пешравии корашонро орзу менамоям.
Дигар ҳоҷати шарҳ нест, имрӯз, ки миллати кӯҳанбунёди мо ба ҳам омадаасту барои пешравии Ватан заҳмат мекашад, баъди оташи даҳшатовари ҷанги шаҳрвандиро ба чашми сар дидан ва бевосита шоҳиди он рӯзҳо будан, бояд ба қадри истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз ҳар вақта дида бештар бирасем.
Масъалаи дигаре, ки алъон ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бемории короновирус COVID-19 мебошад. Ҳамватанони мо низ дар пешорӯйи боз як санҷиши бузург қарор доранд. Ба ҳар ҳодиса бо назари нек бояд нигарист. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд…

Алӣ ҶӯРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: