АҲАМИЯТИ МОДДАҲОИ МАЪДАНӢ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН16-04-2020, 17:03
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Моддаҳои маъданӣ дар таркиби устухон, бофтаҳо, хун, талха, лимфа ва дигар моеъҳои организм мавҷуданд. Онҳо барои муътадил гузаштани мубодилаи моддаҳо дар оргнаизм заруранд. Қисме аз моддаҳои маъданӣ ба миқдори зиёд заруранд, ки онҳоро ба макроэлементҳо, аз қабили калий, калсий, магний, натрий, сулфур, фосфор, хлор ва амсоли инҳо мансуб медонанд. Микроэлементҳо аз қабили оҳан, йод, кобалт, фтор, хром, руҳ ва ғайра иборат буда, асоси ҳормонҳо, ферментҳо ва витаминҳоро ташкил медиҳанд ва шомили биосинтези онҳо мегарданд. Аз ин сабаб ҳамаи равандҳои физиологие, ки дар организми инсон мегузаранд, моддаҳои маъданӣ саҳмгузоранд. Агар дар давоми ҳаёти инсон норасоии макро ва ё микроэлементҳо арзи вуҷуд кунанд, бо мурури вақт ин норасоӣ эҳсос карда мешавад. Норасоии калсий дар колбади инсон ба ноустувории устухон, ба суст шудани ангезиши системаи асаб, кашишхӯрии мушакҳо, лахташавии хун ва дигар иллатҳо мунҷар мешавад. Норасоии оҳан дар организми одам ба камхунӣ ва дигар ҳолатҳое, ки аз камхунӣ пайдо мешавад, оварда мерасонад. Норасоии йод инсонро ба бемории ҷоғар, заифии ақлу ҷисм ва ғ. мубтало мегардонад. Барои инсон манбаъи таъминкунадаи моддаҳои маъданӣ асосан ғизоҳое мебошанд, ки аз растанӣ ва гӯшти ҳайвонот омода мешаванд. Инро чунин шарҳ медиҳанд, ки организмҳои зинда чун табиатан ба ҳам наздиканд, ба ин ҷиҳат азхудкунии моддаҳои маъданӣ беҳтар мегузарад. Аз муоинаҳо мушоҳида мешавад, ки яке аз сабабҳои инкишофи сусти ҷисмониву ақлонӣ ба норасоии (макро ва микроэлементҳо) модаҳои минералӣ бастагӣ дорад. Тавсия мешавад, ки аз меваю сабзавоти тару тоза, донагиҳо, гӯшт, шир ва дигар ғизоҳои табиӣ аз рӯйи қобилият ва як миқдори муайян дар ратсиони ҳаррӯза бояд истеъмол кард, зеро ҳар як моддаи маъданӣ барои солим нигоҳ доштани организм саҳми асарбахш мегузорад. Имрӯз бемории коронавирус бисёре аз давлатҳои дунёро ба таври ҳамагир фаро гирифтааст. Ба ин беморӣ бештар инсонҳое, ки иммунитети сусту заиф доранд, мубтало мешаванд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бештар ғизоҳое, ки такибашон аз моддаҳои маъданӣ бой аст, истеъмол намуда, барои тақвият бахшидани иммунитети худ саъйу талош варзем. Асомиддин Эрназаров,
духтури оилавии МСД «Чимқалъа»-и шаҳри Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.