Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАН ӮРО ДАР САФАР ШИНОХТАМ

МАН ӮРО ДАР САФАР ШИНОХТАМ

13-02-2020, 11:45
Хабарро хонданд: 386 нафар
Назарҳо: 0
МАН ӮРО ДАР САФАР ШИНОХТАМ
Бо хоҳиши дил мехоҳам дар бораи ӯ, ҳамчун дӯст ва шахси арзандае, ки бо пешниҳоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фархор №34 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, матлабе ба нашр расонам. Бахусус, дар даврае, ки рақобатҳои интихоботӣ миёни номзадҳо шурӯъ шудааст.
Аслан, гумон мекунам Зоир Раҳмонзода ба таблиғи мо он қадар ниёз ҳам надорад, зеро ӯ ҳамарӯза бо мардум аст. Дар фаъолияти кориаш ба сифати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қариб ҳар рӯзу ҳар ҳафта бо коллективҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт мулоқот дорад. Ҳамзамон, дар расонаҳои чопиву электронии кишвар пайваста навиштаҳояш ба табъ мерасанд ва тавассути шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии ҷумҳурӣ суҳбатҳо анҷом медиҳад.
Ин ҷо мехоҳам аз нахустин дидор бо Зоир Раҳмонзода ёдовар шавам. Он рӯз як масъалаи баҳсбарангез моро рӯ ба рӯ овард. Ҳамсуҳбатам бо далелҳо исбот мекард, ки масъала нодуруст шарҳ дода шудааст. Ва пешниҳод кард, ки агар розӣ бошед, хаттӣ ба он посух гӯям. Саҳари рӯзи дигар, ки ҳафтаномаро омодаи чоп мекардем, ба таври оҷил навиштаашро ба идора расонд. Азбаски матлабаш таҳлилӣ буд, бо розигии сармуҳаррир дар шумора ҷой додем. Баъди нашри он аз номи чанд нафар хонанда мактуб ҳам гирифтем, ки муаллифро ҷонибдорӣ мекарданд. Ҳамон вақт хулосаи худро бароварда будам, ки ин ҷавон метавонад аз уҳдаи вазифаи масъули ба уҳдааш вогузоршуда бо сарбаландӣ барояд, зеро маҳорати муколамаву дар баҳсҳо фаъолона иштирок карданро дорад. Аз ҳама муҳим, сухану андешаи худро озодона гуфта метавонад.
Баъди як моҳ иттифоқан дар як сафар ба Ҷумҳурии Мардуми Чин ба ҳайати гурӯҳе шомил будам, ки Зоир Раҳмонзода низ узви он буд. Дувоздаҳ рӯзи сафар ин ҷавони ростқавлу ширинзабон тавонист, ки чароғи меҳрашро дар дили ҳамсафарон фурӯзон кунад. Аз он шодам, ки ин чароғи меҳр дар дили ман то ба имрӯз рӯшноӣ мебахшад. Ва сабаби навиштани ин сатрҳо низ ҳамин эътимоду эҳтиром аст.
Дарвоқеъ, Зоир Раҳмонзода дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ дар вазифаи масъули ҳизбӣ тавонист, ки бо шеваи наву тоза корро ба роҳ монад ва ҷавонони ташкилотчиву соҳибмаърифатро атрофи худ ҷамъ оварда, дар пешрафту ободии пойтахт саҳм гузорад. Роҳбарияти олии ҳизб маҳз ҳамин гуна ташаббусҳои созандаи ӯро ба инобат гирифта, тавсия доданд, ки дар мактаби парлумон низ худро бисанҷад.
Мавсуф номзади илми иқтисод, Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, муаллифи як монографияи илмӣ, 11 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ ва инчунин, беш аз 110 мақолаву матолиби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Россия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Беларус, Туркия, Озарбойҷон, Арманистон, ӯзбекистон ва кишварҳои араб ширкат варзида, маҳорати касбиашро такмил додааст.
Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ гирифта, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фарогири самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш мебошад. Чунончи:

* саҳмгузорӣ дар қабул ва такмили қонунгузории миллӣ ва санадҳои арзишманди меъёрии ҳуқуқӣ;
* эътибори ҷиддӣ барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва саноатикунонии босуръати кишвар;
* кӯшиш ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти дастгирии фаъолияти соҳибкорон ва фароҳам намудани шароити мусоид ҷиҳати коркарди маҳсулоти миллӣ;
* мусоидат барои рушди суръатноки минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва барои гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ;
* талош барои татбиқи сифатноки барномаҳои соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва инчунин, рушди соҳаи парандапарварию моҳидорӣ дар заминаи таъмини сифатноки аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ;
* саҳм гузоштан бо мақсади ҷалби шахсони эҳсонкору саховатпеша, инчунин, татбиқи барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати азнавсозии сохтмони пулу роҳҳои автомобилгард миёни ноҳия ва шаҳраку деҳот;
* фаъолияти бештар дар таблиғу ташвиқ ва татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
* кӯшиши бештар ҷиҳати ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробону эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорони меҳнат;
* пешниҳоди лоиҳа бо мақсади вусъат бахшидани курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ баҳри соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва расидан ба зиндагии шоиста, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила;
* пешниҳоди барномаҳо дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои деҳот;
* гузоштани саҳми бештар ҷиҳати омӯзиши китобҳои бадеию илмӣ дар байни сокинон ва моҳияти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот;
* талош барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва кормандони соҳаи илму маориф;
* фароҳам овардани замина барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русию англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
* афзун бахшидани чорабиниҳои фарҳангӣ - сиёсӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ҷиҳати пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ;
* саҳми босазо гузоштан барои дастгирии моддию маънавии хонандагону наврасони фаъолу лаёқатманд ҷиҳати иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи минтақавию байналмилалӣ;
* саҳм гузоштан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар роҳи худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар, калонсолон, инчунин, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун тариқи доир намудани соатҳои сиёсӣ;
* ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва ташаккули афкори тарзи ҳаёти солим;
* талош бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ташаббусҳои созанда.

Бовар дорам потенсиали илмӣ, маҳорати зеҳнӣ, ҷавонӣ, кӯшишу талошҳояш имкон медиҳанд, ки дар сурати иваз шудани шаҳодатномаи номзадиаш ба шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар парлумон мақоми хешро пайдо хоҳад кард.
Аз Раҳмонзода Зоир Файзалӣ пурсидам, ки ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагонаш бештар аз чӣ хоҳад гуфт? Баъд аз каме андеша, чунин посух дод :
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин муддат татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои миллӣ ва паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар заминаҳои устувор гузошта, дар беҳдошту коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва боло рафтани дарозумрии сокинони мамлакат мусоидати фаъол намуда, мавқеъ ва нуфузи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ хеле боло бурд.
МАН ӮРО ДАР САФАР ШИНОХТАМ[

Албатта, ин ҳама дастоварду комёбиҳои навин, пеш аз ҳама, аз файзу баракати истиқлолу ваҳдати пойдор сарчашма гирифта, ҳифзи дастовардҳои миллӣ, аз қабили ҳимояи забону фарҳанг, давлату миллат, рисолати ҳар як шаҳрванди бедордилу ватандӯсти кишвар мебошад.
Ба интихобкунандагони худ муроҷиат карданиам, ки мо вакилон намояндаи шумо дар мақоми қонунгузор ҳастем. Аз ин рӯ вазифадорем, ки барои амали шудани дархосту пешниҳодҳои шумо заминаи мусоид фароҳам орем. Вакил будан вазифа ё мансаб не, балки масъулияти бузург аст ва ман ҳатман кӯшиш хоҳам кард, ки дар софдилона роҳандозӣ намудани ин масъулият талош варзам.

Мегӯянд, ки инсонро дар сафар мешиносанд. Бале, ман ӯро дар сафар шинохтам. Агар интихобкунандаи ӯ мешудам, ҳатман барояш овоз медодам. Умедворам интихобкунандагони ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фархор №34 ба номзади арзандаашон раъй медиҳанд. Бовар дорам, ки Зоир Раҳмонзода ба раъйи мардум, ки амонат аст, ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад.
Алӣ ҶӯРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: