Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷавобгарии озори ҷинсӣ ба ҳукми қонун медарояд

Ҷавобгарии озори ҷинсӣ ба ҳукми қонун медарояд

29-11-2019, 11:53
Хабарро хонданд: 620 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавобгарии озори ҷинсӣ ба ҳукми қонун медарояд



Ҷавобгарии озори ҷинсӣ ба ҳукми қонун медарояд
Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зимни баргузории конфронсу мизҳои мудаввар дар мавриди ҳуқуқи занон, кам кардани хушунат нисбати онҳо, мушкилоти оилавӣ ва дигар масоили марбут ба ҳаёти рӯзмараи онҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамоиши омӯзишӣ-иттилоотии "Масъалаҳои мубрами пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Маҷмӯи Ташкилоти ҷамъиятии шаҳрвандӣ, ки барои устувор ва беҳтар намудани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо аз рӯи Муколама дар бахши Волоияти қонун», ки бо дастгирии Барномаи рушди СММ оид ба Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат амалӣ мегардад, доир гардид, яке аз чунин чорабиниҳои кумита арзёбӣ мегардад. Дар ин нишаст, кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату кумитаҳо, донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда, дар атрофи мавзӯъҳои "Амалияи судии баррасии парвандаҳо оид ба озори ҷинсӣ" , "Масъалаҳои муосир оид ба пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Танзими ҳуқуқии озори ҷинсӣ дар кишварҳои хориҷӣ", "Танзими ҳуқуқӣ бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ", ва "Зарурати қабули чораҳои қонунгузорӣ оид ба озори ҷинсӣ" муколамаи судманд анҷом доданд.
Озори ҷинсӣ чист?
Озори ҷинсӣ ҳудуди васеи рафторҳо, музоҳиматҳои хиёбонӣ то сӯистифодаи ҷинсӣ ва таҷовузи ҷинсиро дар бар мегирад. Дар воқеъ, яке аз паҳлуҳои асосии озори ҷинсӣ хушунат алайҳи занон аст, ки дар навъҳои калом ва ё рафтор зоҳир мешавад. Аммо доманаи озори ҷинсӣ густурда буда, ба он рафторҳои ношоистаи зиёде шомил мешавад. Равоншиносон озори ҷинсиро равобити нохушоянде медонанд, ки ба хостаҳо ва рафъи ниёзҳои ҷинсӣ дар қолаби ҳаракатҳои гуногун намуд пайдо мекунад. Мувофиқи гуфтаҳои ҳуқуқшиносон дар Тоҷикистон то ҳанӯз қонуни махсус дар мавриди ҷавобгарӣ нисбати озори ҷинсӣ қабул нашудааст.
Фаррух Рауфов, муовини сардори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати тафтишоти пешакӣ дар сохторҳои прокуратура дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқӣ бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ” баромад намуда, чунин иброз дошт: «Дар назар аст, ки соли оянда Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шавад. Дар ин сурат, Кодекси нави ҷиноятӣ ба давраи дуюми рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ хотима ва ба давраи сеюми инкишофи қонунгузории ҷиноятӣ дар ин самт ҳусни оғоз хоҳад бахшид».
Мавҷуда Пӯлодӣ, судяи Суди Олии Тоҷикистон дар як суҳбаташ ба хабарнигор гуфтааст, ки дар шаш моҳи аввали имсол судҳоипойтахт 42 ҷинояти марбут ба озор ва дахлнопазирии ҷинсиро баррасӣ кардаанд. “Аз ин танҳо се ҳолат бо моддаи 140-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шудааст. Ин моддаи кодекс маҷбур намудани шахс ба иртиботи ҷинсиро пешбинӣ мекунад”.
Масъалаи озори ҷинсии занону духтарон, аз ҷумла бадрафторӣ бо онҳо дар кӯчаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Нафарони зиёде аз муносибати бади мардон бо онҳо ё ҳаракати ғайриахлоқӣ дар кӯчаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд. Фаррух Рауфов дар ҳамоиш, инчунин, иброз дошт, ки ҳодисаҳои таҷовуз ба номус кам шуда бошад, аммо амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ бар он ақидаанд, ки қурбониёни озори ҷинсӣ дар бештар ҳолатҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба ҷойи лозима шикоят намебаранд, чун аз бадном шудан ва дастгирӣ наёфтани худ дар ҳаросанд. Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои озори ҷинсӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки баъзеаш ба дасти ҳомиёни ҳуқуқ ва мақомотҳои марбута расидааст, аммо бештараш ошкор нагардида, қурбониён аз гуфтани он дар баёни омма худдорӣ мекунанд.
Оқибатҳои озори ҷинсӣ
Озори ҷинсӣ ба таҷовуз хеле шабеҳ аст. Он метавонад тарсу ҳаросро ба вуҷуд орад ва оқибатҳои осеби равонии дарозмуддат дошта бошад. Чуноне овардем, масъулин бар он ақидаанд, ки мутаассифона, баъзе ҷабрдидагон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунанд, зеро онҳо худро гунаҳкор ҳис мекунанд, шарм медоранд ё метарсанд ва баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки ба онҳо эътимод надоранд ва ба онҳо муносибати дуруст нахоҳанд кард. Сабаби маъмултарине, ки занон эълон намекунанд, ин тарси аз даст додани ҷои кор ё ронда шудан аз он аст.
Дарди сар, бехобӣ, фишори баланди хун, асабоният, ҳисси нотавонӣ ва таҳқир дарди қурбониёни озори ҷинсӣ маҳсуб меёбанд. Дар тамоми ҷаҳон ҳолати аз ҳама зиёд бақайдгирифташуда ин ҷойи кори занон мебошад. Фишори роҳбар чунон қавӣ аст, ки зан маҷбур мешавад ихтиёран аз кор даст кашад, ҳатто агар ӯро маҷбуран аз кор барканор накунанд ҳам. Масалан, дар Зимбабве, як таҳқиқот нишон дод, ки 50 дарсади заноне, ки аз роҳбари худ шикоят кардаанд, аз кор ронда шудаанд ва 25 дарсад маҷбуранд, ки худашон тарки кор кунанд.
Мувофиқи андешаҳои мақомотҳои марбута дар Тоҷикистон низ аксаран занон ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин, пешниҳоди таъйини ҷазо барои озори ҷинсӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии шаҳрвандӣ ва кумитаи фавқузикр дар ин замина, сари вақт буда, мавриди пешбинӣ қарор гирифт. Аз ин пешниҳод дар мизи гирд намояндагони Прокуратураи гнералӣ ва Суди олӣ низ пуштибонӣ карданд. Дар назар аст, ки барои ҷазо додани муттаҳамон ба озори ҷинсӣ дар Кодекси ҷиноии кишвар моддаи алоҳида ворид карда шавад. Ба гуфтаи ҳуқуқдонон дар кишвар ҳоло парвандаҳои марбут ба озори ҷинсиро бар асоси моддаҳои “маҷбур намудан ба иртиботи ҷинсӣ”, “майдаавбошӣ” ва “таҷовуз ба номус”, муҳокима мекунанд.
Гулҳаёи МАДИМАР


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: