Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бачаозорӣ ва шарми католикҳо

Бачаозорӣ ва шарми католикҳо

30-05-2019, 11:01
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Бачаозорӣ ва шарми католикҳоМавзӯи озори ҷинсии кӯдакон ва пешгирии ин падидаи номатлуб дар ҳамоише моҳи гузашта таҳти раёсати Попи Рум Франсиск дар Ватикан баррасӣ шуд.
Бори аввал нест, ки инмасъалаи ҳассос дар меҳвари чунин як нишасти сатҳи баланди мақомоти динии католикҳо қарор мегирад.
Франсиск дар оғоз иқрор шуд, ки раҳбариятро масъалаи хушунат нисбат ба кӯдакон дар ниҳодҳои динӣ солҳост, ки ба ташвиш овардааст ва ин дард акнун ба як вабодар ин муассисаҳо табдил ёфтааст. Ба андешаи ӯ, озори ҷинсии кӯдакон аз сӯи ходимони калисоҳо ба як одати маъмулӣ табдил шуда, маъмурони муассисаҳо, ки худ намунаи муносибати инсонӣ бояд бошанд,бадном ва ҷинояткор шудаанд.
ӯ дар бахше аз суханрониаш аз масъулон хост, ки ба доди кӯдакони мавриди озори ҷинсӣ қароргирифта бирасанд ва бо таҳияи тадбирҳои қатъӣ аз чунин амалҳо пешгирӣ кунанд.
Роҳбари калисои католикӣ изҳори боварӣ кард, ки дар поёни вохӯрӣ чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд, то доғи падидаҳои даҳшатноки муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғонро аз коҳинон бардоранд.
Дар нишаст 190 намояндаи ниҳодҳои динии ҷаҳон иштирок карданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа дафтари матбуоти идораи Попи Рум санаде интишор дод, ки дар он аз тадбирҳои тасвибшуда хабар медод. Дар он аз ҷумла омадааст, ки кормандони калисоҳо вазифадор мешаванд, аз ҳар ҳолати бачабозии кормандонашон ва қурбониёни ҳодиса ҷомеаро хабардор кунанд ва барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо тадбир ҷӯянд.
Дар сурати пинҳон доштани ин аъмолнисбати рӯҳониёни дастдошта дар чунин ҷиноят ва ҳам нисбати масъулони он муассисаҳочораҳо андешида шуда, нафари масъул аз кор озод хоҳад гардид. Дар гузориши ироашуда доир ба ин мавзӯъ зикр мешавад, ки дар солҳои ахир ҳадди ақал аз 300 мавриди озори ҷинсии бачаҳо аз сӯи маъмурони динии 6 иёлати Америка ба ниҳодҳои марбута иттилоъ расидааст. Ҳол он ки дар муддати 70 соли гузашта на камтар аз як ҳазор ноболиғон қурбони нафси шаҳвонии падарони рӯҳонӣ шудаанд.
Ин кӯдакон (писарон ва духтарон), ки барои хидмат ва омӯзиш ба ниҳодҳои динӣ ҷалб шуда буданд, агарчи мавриди озору таҳқири саркардаҳои динӣ қарор мегирифтанд, аммо аз тарси бадномӣ ба ҷойе шикоят намебурданд ва масъулони муассисаҳо бошанд, дидаю дониста пеши чунин амалҳои нангинро нагирифта, худи ҷиноятро пинҳон доштаанд. Дар натиҷа ҷинояткорон аз як вазифа ба вазифаи дигар боло рафта, ба амалҳои худ идома додаанд.
Дар гузориши дигаре, ки прокурори иёлати Пенсилвании Америка Ҷонс Шапиро омода кардааст, таъкид мешавад, ки озори ҷинсии кӯдакон дар гузашта ҳам ҷой дошт, аммо бори аввал аст, ки нисбати чунин аъмол ва ба хотири ифшои кормандони калисоҳои католикҳо иқдом шуда тадбирҳо таҳия ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ин бинобар гузаштани муҳлати таҳқиқ бисёре аз ҳолатҳо боз берун аз баррасӣ мондаанд.
Дар гузориш аз ҳодисаи дар шаҳри Гринсбург дуҷон шудани духтари 17 – сола оварда шудааст, ки чанд сол пеш аз сӯи рӯҳонӣ таҷовуз шуда буд. Аммо таҷовузкор бо таҳияи шаҳодатномаи қалбакии никоҳ худро аз муҳокимаи догоҳ халос ва пас аз чанд моҳ он никоҳро ҳам бекор кард. Бо вуҷуди ошкор гардидани ин амал ба муттаҳам иҷозати кор дар муассисаи динӣ дода шуд ва ӯ ба фаъолияташ идома дод. Дар шаҳри Харрисбург рӯҳоние нисбати 5 духтари ноболиғ, ки ба унвони хоҳарони шафқат дар муассиса машғул буданд, амали ҷинсӣ раво дид. Дар Питтсбург пас аз ошкор шудани чунин як ҳолат калисо эълон кард, ки ин худи духтари 15 -сола буд, ки нисбати рӯҳонӣ амалҳои шаҳвониро раво дида, ӯро аз ҳадди риояи одоб баровард. Агарчи баъдтар он рӯҳонӣ иқрор шуд, ки нисбати чанд писари ноболиғи дигар ҳам чунин рафтор кардааст.
Иннамунаҳое аз амалҳои ғайриахлоқии рӯҳониён дар 70 соли ахир аст, кибо гузашти вақт ошкор ва эълон шудаанд.
Дар олами ҳомии низоми демократӣ ва озодиҳо моҷарои хеле сахти марбут ба бачабозии коҳинон соли 2002 боз ҳам дар ИМА ошкор гардид. Маълум шуд, ки тайи солҳои1962- 1995 Ҷон Гейген, рӯҳоние аз Бостон нисбати ҳадди ақал 130 кӯдак ва асосан мактабхонҳо зӯроварӣ кардааст. Раҳбарияти муассисаи диние, ки ӯ ходимаш буд, пас аз ошкор шудани ин аъмол танҳо иқдоме, ки кард, ӯро барои табобат фиристод, вале аз мақомаш маҳрум насохт. Кардинали католикҳо Бернард Лоу бошад,пас аз дарёфти гузориш дар мавриди ҷиноятҳои ин палид танҳо чорае, ки дид ӯро аз як муассиса ба дигаре ба кор фиристод. Пас аз он ки соли 2002 Лоу аз мақоми архиепископ (асқуфи аъзам)-и Бостон озод гардид, Гегенро муттаҳам дониста ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Аммо дар ҳабс ӯ дер напоидва аз суйи Ҷозеф Дрюс – маҳбусе, киҳукми ҳабси якумрӣ дошт, кушта шуд. Дрюс аз он сабаб ҳабси абад буд, ки мардеро, ки ба гуфтаи ӯ, ба вай дастдарозӣ мекард, ба қатл расонд. Аҷиб буд, ки пас аз куштани ин палид нисбати Дрюс ҳукми дуюми ҳабси абад содир гардид.
Ватикан пас аз нашри гузориш дар бораи ҳодисаҳои Пенсилвиани гӯё вокуниши сахт нишон дод. Попи Рум Франсиск зуд баёнияе нашр кард, ки дар он бо изҳори таассуф аз вазъи ба амаломада эътироф намуд, ки «мо натавонистем, дар ҳолатҳои лозим дар ҷое бошем, ки ҳузурамон шарт буд. Дуруст ва бамаврид амал накардем.Миқёс ва ҷиддияти зарари воридшуда ба рӯзгори инсонҳоро нодида гирифтем.Мо ба бачаҳо эътибор надодем ва беназорат гузоштем». Иқтибосҳо аз баёнияи сарвари рӯҳониёнро бисёр аз манбаъҳои хабарӣ ба чоп дода, гӯё масъаларо ҷиддӣ гирифтанд. Аммо шахсиятҳои огоҳ аз мавзӯъ эътирофу узрхоҳии Попро суханпардозӣ ба хотири таскини норозиёну ҷабрдидаҳо медонанд ва мегӯянд, барои ислоҳи вазъ ин гапҳо таъсире нахоҳад дошт. Масалан, Мириам Вайленс, муттахассиси ҳуқуқ вазамоне узви комиссияи тафтиши ин рӯйдодҳо таъкид карда, ки «ҳифзи обрӯи калисо пеш аз ҳама бехатарии кӯдаконро металабад. Рӯҳоният ба танҳоӣ ба ҳеҷ тағйироти бунёдӣ қодир нест. Аз ин сабаб дар баробари эътирофи айби худ раҳбарони калисо бо фурӯтанӣ аз ҷомеа ёрӣ бихоҳанд ва ҳар чи ки пешниҳод мешавад, аз сидқ бипазиранд.
Понтифик пас аз баёнияи худ зимни сафар ба Ирландия бо гурӯҳе аз бачаҳои озори ҷинсидида вохӯрд, аммо дар бораи муҳтавоион чизе барои расонаҳо нагуфт.
Худи қурбониён бар ин назаранд, ки чунин тадбирҳо ошкоро бояд гузаранд то мардум аз асли ҳодиса бештар бохабар бошанд. Чунки ҳар чи Поп мекунад, фақат иқдоме ба хотири ҳифзи обрӯи шахсӣ буда барои ҳалли мушкил ёрӣ намедиҳад. Аз ҷумла Мэри Колинз, яке аз занҳои ирландии дар гузашта қурбонии зӯроварии рӯҳониён ҳамоно пас аз ин мулоқот дар саҳифаи твитераш навишт: «Вақти он расидааст, ки Ватикан ва Поп ба мо бигӯянд, зидди ин гуна ҷиноёт, ки як шармандагист,бо ҳам барои ҳифзи обрӯ дар доираи масъулиятҳоямон амал кунем? Оғоён, беҳтар аст ба мо бигӯед, барои поён додан ба ин бадрафториҳо ва барқарории адолат чи кор мекунед. Мо мехоҳем инро шунавем.Шумо мегӯед «мо дар ҳоли кор рӯйи масъала ҳастем», пас аз даҳсолаҳо таъхир ин гуна тавзеҳ ҳеҷ қобили қабул нест».
Моҳи марти соли гузашта Колинз аз узвият дар комиссияи ҳимояти ноболиғон, ки маъмурияти Поп таъсис дода буд, ба нишони эътироз худро берун кашидва гуфт, ки мақомоти баландпояи ин идора масъалаҳои дуюмдараҷаро аз амнияти бачаҳо ва калонсолони ҷабрдида аз дасти рӯҳониён муҳимтар медонанд.
ӯ таъкид кард, кибо вуҷуди ризоияти поп Франсиск дар Ватикан додгоҳи вижа ҷиҳати баррасии шикояту муроҷиатҳои озордидаҳо аз бадрафтории кормандони калисоҳо таъсис нашуд. Ин бонуи ҳуқуқшиносгуфтааст: «Дар ҳоли ҳозир савол ин аст, ки оё сарвари Ватикан ихтиёри таъин ва иқтидори кофӣ барои тағйири вазъияти дур аз ахлоқи хос ба рӯҳониятро дошта бошад?»
Мавҷи тозаи эътирозҳо аз фаъолияти Ватикан замоне оғоз шуд, ки Поп Франсиск вақти сафар ба Чили дар вокуниш ба гузоришҳо дар мавриди ба озори ҷинсии ноболиғон даст доштани асқуфи ин кишвар Хуан Барос бо лаҳни шадид посух дод. ӯ гуфт, ки «айбдор кардани Барос бедалел ва туҳмате беш нест, гапамро дуруст фаҳмидед?» Дар пайи ин суханон худи сарвари Ватикан зери оташи ғазаби мунтақидон қарор гирифт.
Баъдтар поп иштибоҳашро дарк кард ва барои ҷавоби сахташ бахшиш пурсид ва гуфт, ки аз дард ва шарм маҷбур буд, бо чунин лаҳн посух гӯяд, аммо боз ҳам исрор кард, ки ӯ дар мавриди бадрафтории ин рӯҳонӣ, ки боиси маҳкумияташ бошад, далеле надорад.
Дар пайи таҳқиқ, ки бо истифода аз гузоришҳои матбуотӣ сурат гирифт, майи соли 2018 идораи рӯҳониёни шаҳри Ранкагуаи Чили 14 ходими калисоро бо гуноҳи даст доштан ба бадрафториҳои ҷинсӣ нисбати ноболиғон аз вазифаҳояшон барканор кард. Яке аз ходимони аз хидмат озодшуда Х.Барос буд.
Аҷиб аст, ки масъулони Ватикан вақти баррасии мавзӯъ дар нишасти мазкур ба таъкид изҳор медоштанд, ки озори ҷинсии бачаҳо рабте ба таҷаруд (муҷарадии ходимони рӯҳониёни католик)-ронадорад.
Солеҳ Юсуфов



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: