В-АР БИПУРСӢ, КИ ДАР ИН КОР ЧӢ ТАДБИР БУВАД?25-10-2019, 13:08
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
Дини поке, ки пайи хидмати халқ омада буд, Шуд фаромӯшу аз он зоҳиди худбине монд. Саид Нафисӣ Китоби Давлаталӣ Давлатзода «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» (2017), ки аз муқаддимаву шаша боб, охирсухан, рӯйхати манбаъҳо, адабиёти истифодашуда, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва номҳо фароҳам омадааст, яке аз китобҳои нисбатан ҷомеъ ва муфассал доир ба шинохти дини ислом буда, дар он дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди ҷомеаи исломӣ, дастовардҳои мусулмонон дар аҳди эҳё, саҳми мусулмонон дар пешрафти тамаддуни инсонӣ, ҳуҷуми муғул ва таназзули ислом, сабабҳои тараққиву таназзул, ақибмондагии мусулмонон, роҳҳои пешгирӣ аз таназзулу ақибмондагӣ, ислоҳот, модернизатсияи ислом, ба ҳам овардани дину дунё, ояндаи мусулмонон ва ғайра маълумот дода мешавад. Муаллиф дар муқаддима ба таври мухтасар роҷеъ ба роҳи тайкардаи мусулмонон ва саҳми эшон дар пешрафти тамаддуни инсонӣ изҳори назар намуда, зимнан ошноӣ бо таърихи исломро, ки басо рангорангу пуртазод аст, ба миён мегузорад ва дастур медиҳад. Аввалқадам ӯ донистани асосҳои дини исломро ба хонандагон тавсия менамояд. Ба қавли вай, «ислом динест, ки бо тарғиби ҳақиқат, озодии интихоб, баробарҳуқуқӣ дар ҳар як давру замон ва дар байни ҳамаи наслҳо эътибори бузург дорад. Он қариб якуним ҳазор сол пеш дар Ҳиҷози Арабистон зуҳур карда дар муддати кӯтоҳ дар байни мардуми мамлакатҳои бузурги он замон паҳн гардид. Кишварҳои мусулмонӣ дар асрҳои миёна ҳам аз ҷиҳати илму маърифату фарҳанг, ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳам аз ҷиҳати инсонпарварию демократия пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон будаанд. Масоҳати ҷаҳони ислом дар замони имрӯза аз соҳили ғарбии уқёнуси Атлантик шурӯъ шуда, то Индонезияву Малайзия ва Чину Ҳинд тӯл мекашад». Мутаассифона, на ҳамаи мусулмонон аз таърихи дини ислом, тараққиёту таназзули он дар дарозои таърих воқиф ҳастанд. Биёре аз афроди ғайри мусулмон низ аз моҳияти дини ислом, таърихи илму фарҳанги исломӣ огоҳӣ надоранд. Ҳамин ноогоҳӣ сабаб шудааст, ки баъзе аз одамон дар мавриди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ маълумоти нодуруст пайдо намоянд. Лиҳозо, имрӯз зарурат пайдо шудааст, ки мо таърихи воқеии ислом, фарҳангу тамаддуни он ва саҳми мусулмононро дар такомул ва тараққии тамаддуни ҷаҳонӣ таҳқиқу баррасӣ намоем ва ба ҳамзамонон бинамоёнем. Дар он сурат мо метавонем моҳияти инсондӯстонаи фарҳангу тамаддуни исломӣ, сабабҳои инкишофу таназзули онро дар давраҳои мухталиф, алалхусус замони муосир, нишон бидиҳем. Муаллиф дар боби якуми китоб, ки «Асосҳои дини мубини ислом» ном дорад, хонандаро ба моҳияти дини ислом, Қуръон, рӯзгору аҳодиси пайғамбари ислом(с), равия ва мазҳабҳои ислом (аҳли суннату ташайюъ), ҷараёнҳои илмиву диниву сиёсии он (қадрия, муътазила, ҷабрия, хориҷия) ва панҷ рукни асосии ислом-шаҳодат, намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ ошно месозад. Гузашта аз ин, ӯ дар ин боб на танҳо оид ба моҳияти асосии дини ислом, ки умматони худро ба раҳму шафқату одамият ва адлу адолат фаро мехонад, нозил шудани Қуръон, балки давлатҳои мусулмонӣ, вожаи мусулмон, Худои яккаву ягона, бародарии одамон, ба вижа мусулмонон, ки аз муҳимтарин талаботи дини ислом ба ҳисоб меравад ва сабаби дар як муддати кӯтоҳ ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфтани дини ислом гардидааст, низ сухан ронда, барои тасдиқи ақидааш гуфтори донишманди маъруфи франсавӣ Жан-Пол Руро иқибос менамояд, ки хеле ҷолиб мебошад: «Ягона дине, ки онро дар оянда ҷаҳонишавӣ интизор буд, на дини масеҳӣ, на бутпарастон, на ягон дини дигар, монанди дини ислом бо чунин сурати тез эътироф нагардидааст. Ягон тамаддун мисли тамаддуни исломӣ дар чунин муҳлати кӯтоҳ ташаккул наёфтааст». Бале, таълимоти исломӣ, ки бародарию баробарии одамонро ташвиқ мекард ва кафолат медод, ҳар оина миллатҳои гуногунро барои гаравидан ба он ҳидоят мекард ва эътимод мебахшид, аммо баъдан аъроб ин қонуни муҳими дини исломро вайрон карданд ва худро аз қавмҳои дигар бартар шумурданд ва ба истисмору таҳқири онон пардохтанд. Албатта, ин ба иззати нафси мусулмонони дигар, алалхусус эронинажодон (тоҷикону форҳо) расид ва аксуламал эҷод кард ва мӯҷиби падид омадани ҷараёни шуубия дар таърих гардид. Аммо ин мавзӯӣ дигар аст ва баррасии вижаро тақозо менамояд. Ба ҳар ҳол, ислом дар андак замон дар ҷаҳон нуфуз пайдо кард ва Қуръон ба масобаи дастури ҳаёт ва зиндагии мусулмонон аз ҷойгоҳи воло бархӯрдор гардид ва андак-андак ба рафтору кирдор, урфу одат ва суннатҳои мардумон таъсири зиёд расонд, ҷаҳонии маънавии эшонро ғанӣ сохт ва умумияти фарҳанги мусулмононро таъмин намуд ва тақвият бахшид. Боби дувуми китоб, ки «Ташаккули хилофат ва паҳн гардидани ислом» унвон гирифтааст, оид ба ҷомеаи умматон, ташаккули хилофат, хилофати Уммавиёну Аббосиён, фаъолиятҳои Абӯмуслими Хуросонӣ, Бармакиёну Салҷуқиён дар ҳаёти хилофат ва ғайра баҳс менамояд. Хусусан, бахши охири ин боб, ки «Хилофат дар зери таъсири Салҷуқиён» ном дорад, барои хонандагон аз ҳар лиҳоз ҷолиби диққат мебошад, зеро он роҷеъ ба зуҳури сулолаи туркони салҷуқӣ ва нуфузи онҳо дар ҷаҳони ислом ва баъдан ба дасти эшон гузаштани хилофати исломӣ ва сукути хилофати Аббосиён суханронӣ шудааст. Ба андешаи муаллифи китоб, «бино бар маълумоти манбаъҳо, ки атрок аз соли 1055 идораи Аббосиёнро ба дасти худ мегиранд, замони ҳамлаи туркони Усмонӣ ба Миср халифаи Аббосӣ ал-Мутаввакили III ваколати халифагии худро ба султони Усмонӣ Салими I месупорад ва баъди марги Мутаввакили III, аз соли 1543 давраи хилофати Усмонӣ оғоз мешавад» ва то барҳам хурдани Империяи Усмонӣ ва ташкили Ҷумҳурии Туркия (29 сентябри соли 1923) идома меёбад. Боби савуми асар, ки «Асрҳои тиллоии мусулмонон» ном дорад, ба тараққиёти илму адабу фарҳанг дар ҷаҳони ислом ихтисос дода шудааст. Муаллиф дар ин қисмат аз нақши олимону адибони ҷаҳони ислом дар густариши илму адабу фарҳанги ҷаҳон ба хонандагон хабар медиҳад. Мусулмонон, ба қавли вай, «илму донишҳои олимони Юнони Қадим, Рими Қадим, Форс ва Ҳиндро мавриди омӯзиш қарор дода, олимони мусулмон дар илми ҷаҳонӣ услуҳои нав, системаи самтҳои навро кушода, барои рушди илму маърифати на танҳои кишварҳои мусулмонӣ, балки дигар қитъаҳои рӯи замин пояҳои устувор газоштаанд». ӯ дар ин замина хидмати донишмандони эронинажод-тоҷикону форсҳоро махсус таъкид менамояд. Дар ҳақиқат, агар атрок исломро дар ҷаҳон бо ҷангу шамшер паҳн карда бошанд, эронинажодон, яъне тоҷикону форсҳо бо илму адабу фарҳанг ҷаҳонро тасхир намудаанд ва онро ба як дини ҷаҳонӣ табдил додаанд. Бинобар ин, ба саҳми эронинажодон-тоҷикону форсҳо дар густариши ислом ҷои шакку шубҳа нест. Ба қавли Бошаков О.Г., «агар мо ба арабӣ ҳисобидани фарҳанги мусулмонони кишварҳои то асри XI арабишуда розӣ шавем ҳам, масъалаи марзбандии он бо фарҳанги дар айни замон эронӣ ва осиёимиёнагӣ боқӣ мемонад. Забон, ки дар ин ҳолат меъёри асосӣ аст, кӯмак карда наметавонад, зеро забони арабӣ барои тамоми халқҳои мусулмоншуда забони илм ва дин буд… Бинобар ин, навиштаҳои олимони эронию осиёимиёнагӣ, ки бо забони арабӣ таълиф гардида будаанд, дастовардҳои бегуфтугӯи ин халқҳо буда, дар айни замон ба фарҳанги араб низ тааллуқ доранд». Ташкили «Байт-ул-ҳикма» («Академияи Маъмун») дар Бағдод дар замони халифа Маъмун ва нақши эрониён дар инкишофи илму адабу фарҳанги мусулмонон дар ин замон аз тарафи муаллиф барҳақ таъкид шудааст. Муаллиф дар ин боб аз эҷоди аввалин рисолаҳои фалсафӣ ба азбони арабӣ (Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ) ва Фахруддини Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯлӣ ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ, Ибни Рушд, Ғазолӣ ва дигарон ишора менамояд ва саҳми онҳоро дар рушду нумӯви фалсафа гӯшзад мекунад. Агарчи Ғазолӣ бо сабабҳои айнию зеҳнӣ бар зидди илму дониш, аҳли фалсафа, ба вижа Форобию Ибни Сино, мебарояд, зарбаи сахт ба илму фалсафа мезанад, ки он то имрӯз шифо наёфтааст. Аммо, ба ҳар ҳол, мусулмонон дар рушду нумӯви илмҳои дигар, аз ҷумла илми таърих ва илмҳои дақиқу риёзиёт нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, муаллиф барҳақ хидмати Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Ибни Асир, Қозӣ Минҳоҷи Сироҷ, Атомалики Ҷувайнӣ, Рашидуддини Фазлуллоҳ, Абӯабдуллоҳ ибни Файзуллоҳи Шерозӣ, Ибни Халдун, ал-Хоразмӣ, Собит ал-Харонӣ, Муҳаммади Ҷузҷонӣ, Абӯбакри Карочӣ, Умари Хайём, Ҷобир ибни Афлаҳ, Ҷобир ибни Синон, ал-Тирмизӣ, ал-Баттонӣ, Иброҳими Абӯмуҳаммади Хуҷандӣ, Берунӣ, Муҳаммади Наҳовандӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абӯзайди Балхӣ, Ибни Ҳавкал, Ҷобир ибни Ҳайён, Закариёи Розӣ, Ибни Ҳайсам, Ибни Арабӣ ва дигаронро дар пешрафту тараққии на танҳо кишварҳои исломӣ, балки кишварҳои ғйриисломӣ, ба вижа Урупо, таъкид менамояд. Ба заъми вай, «мусулмонон дар давраи Асрҳои тиллоӣ ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ ноил гашта буданд. Кашфиёти бузурги илмӣ ва фарҳангии халқҳои мусулмонон, ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои гуногуни маишӣ, ки шуҳрати кишварҳои мусулмонро дар ҷаҳони онрӯза бардошта буданд, ривоҷу равнақ ёфтани тиҷорат, ки аз ҷониби тоҷирони мусулмони форсизабон меҳвари асосии Роҳи абрешим гардида буд, обрӯю эътибори исломро дар байни халқҳои ғайримусулмон баланд бардошт. Ҳамин буд, ки тарғиби ақидаи исломӣ дар байни халқҳои дигар хеле қувват гирифт». Боби чаҳорум, ки «Оғози таназзул дар ҷаҳони ислом» ном дорад, яке аз бобҳои калонтарин ва муҳимтарини китоб буда, муаллиф дар он сабаби рӯ ба таназзул овардани ҷаҳони ислом ва омилҳои асосии онро баъд аз давраи шукуфоӣ( асрҳои VIII-XIII) нишон медиҳад. Ба андешаи соҳиби рисола, «бо муруи замон ҳар як тамаддуни пешрафта бо омилҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки боиси таназзули он мегардад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як империя абадӣ буда наметавонад. Он давраи ташаккулёбӣ, нашъунамо ва таназзулро дарбар мегирад. Хилофати исломӣ низ ҳамин роҳро тай намуд». Гузашта аз ин, ӯ сабабҳои зиёди таназзули мусулмононро, аз паст гардидани мавқеи арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеаи исломӣ, ғалабаи рӯҳи догматикӣ ва расмиятпарастӣ, нуфзи рӯҳониёни иртиҷоӣ, тағйири роҳҳои тиҷорати ҷаҳонӣ, ба вижа «Роҳи абрешим» ва ҳуҷуми муғулону вайрону валангор шудани шаҳрҳои мусулмонон медонад. Аммо сабаби асосии суқути тамаддуни мусулмононро вай дар истилои муғул, ҳуҷуми Чингизхон ба Мовароуннаҳр, бад шудани вазъи марказҳои илмиву фарҳангӣ, қатли оми мусулмонон ва шаҳру деҳоти онон медонад. Муаллиф барои тасдиқ ва таъкиди суханони хеш дар ин замина аз навиштаҳои муаллифи пешсухани «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ Баҳмани Ансорӣ суд меҷӯяд ва ин фиқраро ба масобаи далел нақл менамояд: «Дар натиҷи ҳамлаи хунини муғул ва инҳидоми осори тамаддунӣ ва фарҳангӣ, сатҳи илму маърифат дар Эрон таназзул кард ва таълифоти ағлаби нависандагони то давраи муғул ва баъд аз он аз лиҳози арзиш ҳаргиз ба пояи осори қабл аз муғул намерасад: Ҳунар акнун ҳама дар хок талаб бояд кард, З-он ки андар дили хоканд ҳама боҳунарон». Муаллиф дар боби панҷуми китоби худ-«Тундгароӣ ва ифротгароӣ- саҳифаҳои нангини таърихи мусулмонон» ибтидо ба шарҳи мафҳуми тундгароӣ ва ифротгароӣ мепардозад ва баъдан муносибати мусулмононро ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, хусусан сабабҳои гароиши ҷавононро ба ин гурӯҳҳо, ҳузури ифротгароён дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ ва боигарии онҳо ба риштаи таҳлил мекашад. Ба фикри муаллиф, «имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро як зуҳуроти номатлубе фаро гирифтааст, ки оромию осоиштагии ҳаёти халқҳои ҷаҳонро зери хатар мегузорад. Аксарияти аҳолии рӯи Замин новобаста аз миллат, дин, мазҳаб бо вожаҳои ифротгароӣ (экстремизм), тундгароӣ (радикализм) ва хусусан терроризм баъзеҳо аз дур, баъзеи дигар аз наздик шинос шудаанд. Вале на ҳама ба мафҳуми ин се калима ва фарқи байни онҳо диққати амиқ медиҳад… Зери мафҳуми ифротгароӣ зуҳуроти он ҷомеаро меноманд, ки дорои ақидаҳои оштинопазир назар ба амали қатъӣ оид ба баъзе масъалаҳои ҷомеа, асосан ба масъалаҳои сиёсӣ мебошад… Мафҳуми тундгароӣ он ақидаеро ифода мекунад, ки нисбат ба ин ё он нуқтаи назар, ҳолат ва ё масъала мавқеи қатъӣ ва оштинопазир доранд… Терроризм-ба вуҷуд овардани амалҳое мебошад, ки барои барангехтани тарсу ҳарос, ваҳму даҳшат дар ҷомеа равона карда шуда, бо усули зӯроварӣ, расондани зарари вазнин, таҷовус ба ҳаёти ҷомеа амалӣ карда мешавад…». Соҳиби рисола на танҳо ба таҳлилу баррасӣ ва маънидоди муфассали ин се мафҳум мепардозад, балки таърифҳои гуногуни онро низ меорад ва моҳияти зиёнкору вайронгари ифротгароёну тундравону террористонро кушода медиҳад. ӯ зери мафҳуми ин номҳо онҳоеро мебинад, ки аксар авқот амалиёти худро зери номи дин пинҳон менамоянд… Барои мисол ӯ фаъолияти аъзои «Ҳизби таҳрир»-ро ҳамчун намунаи ҳаракати ифротгарои исломӣ ифшо менамояд, ки барои ташкили хилофати ягонаи исломӣ кӯшиш менамоянд. Муаллиф мақсади нопоки эшонро, ки тамоми давлатҳои мусулмоннишинро тобеи хилофати ягонаи исломӣ кардан мехоҳанд, маҳкум менамояд. ӯ барҳақ ин ҳарфи эшонро як амали ношуданӣ, пучу бемаънӣ медонад ва мегӯяд: «Лекин онҳо як чизро нодида мегиранд, ки имрӯз замон дигар аст, мардум дигаранд, ҳар як кишвар истиқлолияту озодиҳои худро дорад ва халқу миллатҳои ин мамлакатҳо урфу одат, расму оин, ҳуқуқ ва тартиботи худро соҳибанд. Рахна задан ба зиндагии орому осоиштаи мардум, халалдор сохтани фазои сулҳу ягонагӣ дар ҳар як кишвари соҳибистиқлол хатои ҷиддӣ ва зараровар буда, муқовимати шадиди қувваҳои мухталифи ба ҳам муқобилро ба вуҷуд меорад, ки он ҳаёти мардуми ин кишварҳоро метавонад солҳои зиёд нооро созад». Мусаллам аст, ки имрӯз муносибати мусулмонон, алалхусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро боиси нигаронии кишварҳои мухталифи мусулмонӣ гардидааст. Албатта, сабабҳои шомил шудан ва гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо хеле зиёданд, аммо, ба қавли муаллифи китоб, «яке аз сабабҳои авҷ гирифтани терроризм ва ифротгароӣ дар баъзе кишварҳои исломӣ, пеш аз ҳама, паст будани сатҳои саводнокию маълумоти мардум ва қашшоқии маънавию фарҳангии мусулмонон мебошад». Албатта, ҷанбаҳои иқтисодӣ, мушкилоти шахсию хонаводагӣ, камтаҷрибагӣ, саросемагию шитоб дар тасмимгирии ин ё он мушкилот, таассубу хурофот, фазои носолими динӣ ва зеҳни куҳангарои аҳли ҷомеа, афзоши бемайлони аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷиратҳои меҳнатӣ, авҷ гирифтани ришвахорию фасод ва амсоли инро, ки муаллиф ёдовар мешавад, низ наметавонад аз назар дур андохт ва нодида гирифт. Бинобар ин, роҳҳои ҳалли ин мушкилотро бояд пйдо кард. Барои ҳалли ин мушкилоти умумиинсонӣ даст ба дасти ҳам додани на танҳо мусулмонон, балки тамоми мардуми олам зарур ва ҳатмӣ мебошад. Бидуни ин наметавон пеши роҳи ин вабои асрро гирифт. Ба андешаи шоир: Ҷамъе бояд, ки кор ёбад равнақ, Як ришта фатилаи чароғе нашавад. Ниҳоят, боби охирини китоб, яъне боби шашум, ки «Ислоҳот ва ояндаи рӯшани ислом» ном дорад, роҳҳои эҳёи тамаддунни исломиро, ки аз илму маърифат мояву поя мегирад ва асоси шукуфоӣ ва пешрафти исломро дар асри ҳозир ва оянда таъмин менамояд, ба миён мегузорад ва ба хонандагон нишон медиҳад. Роҳе, ки ба амиқ омӯхтани мероси илмие, ки гузаштагон дар тӯли таърих эҷод ва ба ёдгор гузоштаанд, вобаста мебошад. Фақат бо ҳамин роҳ мусулмонон метавонанд, худро дар оинаи таърих бибинанд, фаъолияти худро бо фаъолияти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муқоиса намоянд, ҷанбаҳои хубу зишти онҳоро бишиносанд, аз ҷанбаҳои хубашон пайравӣ намоянд, бадашро канор бигузоранд. Одамонро новобаста аз нажоду дину оину мазҳабу эътиқодашон эҳтиром кунанд. Аз ғаразҳои гурӯҳиву қавмию минтақавию маҳаллӣ дурӣ биҷӯянд, ба арзишҳои милливу диниву инсонӣ баробар арҷ гузоранд. Ҳар чи бештар ба омӯзиши илмҳои дунявӣ иштиғол варзанд. Ҳамнавою ҳамсадою ҳамгоми замон бошанд. Қалби худро аз таассубу хурофоту бадбиниҳои мазҳабӣ пок созанд. Ба ҷои эҳсос ақлро дар ҳама кор пешвоӣ худ бисозанд ва барои саодати дорайн, яъне индунёиву ондунёӣ саъю талош бинамоянд, дину дунёро тавъам дӯст бидоранд. Ба онҳо баробар эҳтиром қоил шаванд ва дар ин роҳ аз ҳеҷ гуна меҳнату азму талош дареғ наварзанд. Ягона роҳи хушбахтии мусулмонон ва саодати онон дар ҳамин аст, роҳи дигаре нест, ки нест. Агар ин кор сомон пазирад, саодати имрӯзу абад эшонро дар оғӯш хоҳад кашид. Ба заъми Шиблии Нӯъмонӣ: В-ар бипурсӣ, ки дар ин кор чӣ тадбир бувад? Дину дунё ба ҳам омез, ки иксир бувад! Хулоса, нашри китоби «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» ҳодисаи муҳим дар ҳаёти мардуми мо маҳсуб мешавад, чунки дар ин рисола гузаштаву имрӯзи тамаддуну фарҳанги исломӣ, инкишофу таназзули он ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти мусулмонон дар замони муосир мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Хонандагон, хусусан ҷавон, метавонанд аз он маълумоти зарурӣ доир ба дини мубини ислом пайдо бинамоянд, аз тундравию ифротгароию экстремизми исломӣ, ки имрӯз на танҳо мусулмонон балки аҳли башарро нигарон сохтааст, дурӣ гузинанд ва тамоми нерӯву ғайрати худро баҳри илму дониш андӯхтан, хидмат ба миллату кишвари соҳибистиқлоламон сарф намоянд. Беҳуда Мавлоно нагуфтааст: Хотами мулки Сулаймон аст илм, Ҷумла олам сурату ҷон аст илм. Ҷамолиддин САИДЗОДА,
Файзи ОЛӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.