Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар шинохти саҳфаҳои давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки низом ё давраҳое дар фурсати хеле ками вақт бозтобӣ ва қобили эътибор мешаванд, ки ҳастию тамомияти рисолаташон баҳри хостаҳои миллату ҷомеа равона мегарданд. Мавзӯъ ва масъалаҳои зикргардида дар замони мураккаби маҳвсозии ҷаҳони муосир ва хавфу хатарҳои мавҷуда қимати нигаҳдошту ҳифозати арзишҳои миллии моро дар заминаи давлатсозии навинамон ба маротиб афзуда, моҳияти азхуднамоии он оддитарин шаҳрванди бедордилу садоқатпешаро наметавонад бетафовут гузорад.
Дар муқаддимаи матлаби матраҳшаванда ба таври махсус метавон аз мақолаи муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ...» ёдовар шуд, ки моҳияти таърихии ҳизбсозии миллиро муаллиф бо таваҷҷуҳ ба тафаккури созандаи асосгузораш дар заминаи имрӯзу фардои кишвар бо далелу асноди таъйидшуда воқеъбинона таҳлилу натиҷагирӣ намудааст. Аз назари мо, моҳияти аслии мақолаи мазкур, қабл аз ҳама, рӯнамоии як давраи таърихии навини миллат ва саҳмгирии намоён аз иҷрои ҳадафҳои барномавии нахустин ҳизби пешоҳанги давлатдории миллиамон - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Нуктаи дигаре, ки муаллифи матлаб оид ба таърихи таъсисёбии ҳизби пешбарандаи ҷомеа, ки Роҳбари муаззами он дар яке аз суханрониҳои худ баён намудааст, қайд менамояд, ки: «Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаи табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи нави ҳизби сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад». Муаллиф дар пайвастагӣ бо давраҳои таърихии начандон дури он илова намудааст, ки «дар ҳамин давраи ҳассоси ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, пас аз интиҳои давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷомеа мафҳумҳои наве мисли «рӯшанфикрон», «демократия», «ошкорбаёнӣ» арзи вуҷуд кард. Иловатан ба ин, бахши бузурги ҷомеа аз онҳо хуб истиқбол намуд.
Пас аз ин, дар зеҳни бахши азими ҷомеа мафҳумҳои «рӯшанфикр», «демократ» ба навъи дигар ҷилвагар шуданд ва ҳамоҳанг бо истилоҳи «ҷангҷӯй», «вайронкор», «низоъбарангез» ва мисли ин садо медоданд. Яке аз сабабҳои дар ибтидо ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баъдтар ба хотири пурра ифода намудани ғояҳояш тағйири ном кардани он низ ба воқеияти зикргардида, яъне маънии манфӣ гирифтани мафҳуми «демократия» дахл дошт». Дар ҳақиқат, гузашти вақт дарси ибрат барои имрӯз ва ҳушдор будан барои оянда аст, афзудааст, дар ин ҷо яке аз маъруфтарин донишмандони олам Мигел де Сервантес»...
Дақиқан, далели воқеияти баёни афкори муаллиф дар масири ҳизбсозии миллиамон, бори дигар итминону боварӣ ва ё интихоби роҳи дурусту хирадсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит намуда, иҷрои самарабахши барномаҳои созанда ва нуфузу эътиборашро дар миёни маъруфтарин ҳизбҳои сиёсии пешоҳанги кишвар афзунтару шуҳратёр намуд. Болотар аз ҳама, тафсили бомавриди таҷрибаи муваффақонаи чеҳраҳои наҷотбахшу шахсиятҳои номвари қисме аз миллатҳои гуногуни олам аз ваҷоҳати баёни беҳамтои дигари матлаби мазкур мебошад.
Хушбахтона, аз оғози таъсиcёбӣ то имрӯз ҳизби мо дар меҳвари худ манфиат ва ормонҳои мардумро қарор дода, ҳамеша талош намудааст, ки бо халқ равобити ногусатанӣ дошта бошад.
Аз ин ҷост, ки муаллиф дар мақолаи худ кӯшидааст, пайванди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо мардум ба таври мушаххас бозгӯӣ намояд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳизби мо аз оғоз бо мардум буд ва ҳамеша аз манофеи миллию давлатӣ дифоъ кардааст. Яъне, мардумӣ будан мудом рисолати Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзову ҷонибдорони он мебошад. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронии худро бо ин нуктаи мондагор ва инсонмеҳварӣ шурӯъ намуданд: «Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи мардум будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад».
Ҷойи баҳс ва шакку шубҳа нест, ки баробари рӯйи кор омадани ин неруи тозаи сиёсӣ, равиши кору низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон дигар гардида, ҷанги шаҳрвандӣ ба анҷом расид ва тамоми ниҳоду сохторҳои давлатӣ тадриҷан азнавсозӣ шуда, арзишҳои волои миллии мо дубора эҳё гардиданд. Бо ҷонибдорӣ аз мавқеи муаллиф, дар самти ибтикороту ташаббусҳои ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъкиди яке аз паҳлуҳои арзишманди матлаби мазкурро хеле бамавриду муносиб медонем: «Таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншооти бузурги аср, мисли НБО «Роғун» аз шумори он тадбирҳои муваффақонае мебошанд, ки роҳандозии тарҳи чунин пружаҳои афзалиятнокро бо неруи тавонову заковати худододӣ, танҳо чун шахсияти бузурге мисли Пешвои маҳбуби миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба иҷро расонида метавонад».
Дар маҷмӯъ, мавзӯъ ва муҳтавои мақолаи муҳтарам Фаттоҳзода С. С. мо - аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизбро вазифадор мегардонад, ки расонидани мазмуну муҳтавои Барнома ва Оинномаи ҳизбро миёни оммаи васеи мардум рисолати доимии худ дониста, пешбурди амалисозии чунин масъулияту уҳдадоириҳои мавҷударо бояд аз ин дидгоҳ ба иҷро расонем.
Каримзода Ҳақназар
Изатулло,
сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт»