Телефони мобилӣ – дояи асри 21?16-04-2019, 13:27
Хабарро хонданд: 624 нафар
Назарҳо: 0
Чанд рӯз пеш ҳамроҳи аҳлу оилаи холаам хӯроки шом мехӯрдем, ки ногоҳоназ хонаи дарунӣ садои баланди кӯдаке баромад. Мо хаёл кардем, ки ба кӯдак воқеаинохуше рух дод. Ҳамаамон саросема давида ба ҳуҷраи дарунӣ рафтем. Маълум гашт, ки сабаби фиғон бардоштани кӯдак аз дасташ гирифтани телефони мобилие будааст, ки ӯ бозӣ мекардааст. Модарашӯро ду-се маротиба барои хӯрок хӯрдан даъват мекунад, аммо кӯдак, ки машғули бозӣ дар телефони мобилӣ будааст, аҳамият намедиҳад. Модар аз дасти ҷигарбандаш телефони мобилиро кашида мегирад. Аз ин кор кӯдак дод зада, сару рӯйи худро ба замин мезанад. Язнаам ба хашм омада, келини худро сарзаниш карда, мегӯяд:
-Ман ҳаррӯз ба туву шавҳарат таъкид мекунам, ки телефонҳои худро ба бачаатон надиҳед, ба кӯдак зарар мерасонад. Шумо бошед, парво надоред. Рафтори нодурусти шумо кӯдаки бечораро ба ин аҳвол овард. Асаби ӯро чунон хароб кардаед, ки дигар худро нигоҳ дошта наметавонад ва беҳуда асабӣ шуда дод мезанад. Воқеан, гарчанде пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма доир ба зарари телефони мобилӣ ба саломатии инсон назари мутахассисон баён гардад ҳам, ба назар чунин мерасад, ки ҳамватанони гиромии мо ҳанӯз ҳам ин масъаларо ҷиддӣ қабул накардаанд. Зеро ба ҷойи ба танзим даровардани истифодаи телефони мобилӣ, баръакс истифодаи ғайримақсадноки он бамаротиб афзудааст. Солҳои аввали пайдоиш ин гуна телефонҳо агар танҳо барои суҳбат кардан истифода мешуданд, имрӯзҳо бошад, имкониятҳои он ба андозае васеъ шудааст, ки метавонад дар як вақт бо иҷро кардани чандин амал як қатор асбобҳои дигар, аз қабили суратгираку видеокамера, диктафон ва ғайраро нолозим гардонад. Албатта, рушди босуръати илму техника инсониятро ба чунин дастовардҳо ноил гардонд, ки боиси қаноатмандист, аммо дар ин баробар зарари он ба саломатиро набояд сарфи назар кард. Назира Каримова, корманди Муассисаи маркази миллии табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», асабшиноси кӯдакона оид ба мавзӯи мазкур зимни суҳбат бо мо гуфт, ки вақте хурдсолон телефони мобилиро аз меъёр зиёд истифода мебаранд, ҳатман майдони магнитӣ пайдо мешавад ва электродҳое, ки ба кор медароянд, ба системаи асаби кӯдакон таъсири манфӣ расонида, ба шунавоӣва биноии онҳо таъсири бад мерасонад. ¬ ӯ бо нигаронӣ мегӯяд, иштибоҳи падару модарон дар он аст, ки барои машғул доштани кӯдакон ба онҳо телефони мобилӣ медиҳанд. Кӯдакон ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд, ки ин ба рӯҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Баъди истифодаи зиёди телефони мобилӣ, дар кӯдак инҷиқӣ, нооромӣ, бетоқатӣ, гапгардонӣ ба вуҷуд меояд. Баъзан ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки кӯдак сари худро ба девор ва дигар ашёи дар наздаш буда мезанад, ки ин амал ба неврози кӯдакона оварда мерасонад. Дар як моҳ тақрибан 500 кӯдак аз сабаби бемории асаб муроҷиат мекунанд, ки 100-150 нафари онҳо дорои чунин ҳолатҳо мебошанд. -Солҳои охир шумораи нафароне, ки аз омоси майнаи сар азият мекашанд, зиёд шудааст. Агар даҳ сол пеш 50-70 нафар дар як сол ба бемории омоси майнаи сар муроҷиат мекарданд, солҳои охир теъдоди чунин беморон ба 200-300 нафар расидааст. Вақте инсон ба экрани телефон нигоҳ мекунад, он ба мардумаки чашм хабар медиҳад, ки ҳоло рӯз аст ва метавони машғули бозӣ ва ё кор бошӣ. Вале аз рӯшноии экран мардумаки чашм фиреб мехӯрад ва дар ин ҳолат вайроншавии хоб ва асаб мушоҳида мешавад. Ҳамзамон ҳолати асабоният ва ҳаяҷон дар одамон дида мешавад, -афзуд ҳамсуҳбатам. Манзумаи Фирӯз, рӯзноманигор ва модари ду фарзанд вобаста ба мушкилоти мазкур чунин андеша дорад: «Дуруст аст,ки телефонҳои мобилӣ дастёри муҳими насли муосир гардидаанд, аммо на ҳама медонанд, ки ин «дӯст»-и қарин метавонад ба саломатии мо аз ҷиҳати психологӣ ва физиологӣ зарар расонад. Тибқи мушоҳида имрӯз агар насли калонсол бо телефони мобилӣ дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон метавон гуфт, ки истифодабарандагони асосии телефони мобилӣ кӯдакону наврасон мебошанд. Волидон барои воқиф будан аз фарзандонашон онҳоро бо телефони мобилӣ таъмин мекунанд, аммо истифодаи мақсаднокашро намефаҳмонанд. Ё шояд огоҳ нестанд, ки дар баробари харидани телефони мобилӣ, онҳо метавонанд дардеро низ ба ҷигарбандони худ «ҳадя» кунанд. Вақте волидон моҳияти дуруст истифода бурдани телефони мобилиро ба фарзандон нафаҳмонда, бетаваҷҷуҳӣзоҳир мекунанд, фардо метавонад кӯдакони онҳо рӯҳан ва ҷисман осеб бинанд. Имрӯз зиёд ба чашм мерасад, ки хурдтарин кӯдак, ки шояд гап заданро ба хубӣ ёд нагирифтааст, кор кардан бо телефони мобилиро хуб сарфаҳм меравад. Албатта, ин «аниси» кӯдаконхеле хатарнок аст. Бо дарназардошти таъсирҳои манфии телефони мобилӣ мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки истифодаи он барои кӯдакону наврасони то 16-сола маҳдуд карда шавад. Ҳамчунин, мардум бояд фарҳанги дуруст истифодаи телефонии мобилиро риоя карда, фарзандони худро низ дар ин роҳ тарбият кунанд, то фардо дер нашавад». Шаҳноза (номи мустаор), ки соҳиби ду фарзанд аст,зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ӯ низ аз зумраи чунин инсонҳост. -Бештари вақт (махсусан рӯзҳои боронӣ) баъди субҳона оинаи нилгулро равшан карда, шабакаҳои телевизиониро мемонаму фарзандони худро дар назди он мешинонам ё ин ки телефони мобилӣ ё планшети худро ба писари калониам медиҳам ва пасон аз пайи кори хона мешавам. Дигар чӣ кор кунам? Дар ин синну сол онҳо бояд бештар вақт дар боғча бошанд. Аммо шавҳарам онҳоро ба боғча дода наметавонад, чунки маошаш ба гузаронидани рӯзгор базӯр мерасад,-изҳор дошт номбурда. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз бештари кӯдакон, наврасону ҷавонон аз телефонҳои «смартфон» истифода мебаранд, ки майдони магнитии онҳо бештар буда, зарараш низ зиёд аст. Тибқи тадқиқоти агентии WeAreSocial ва Hootsuite айни ҳол панҷ миллиард сокини сайёра аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебарад, ки 80 фоизи онро смартфони дастӣ ташкил медиҳад. Имрӯз равоншиносон ба хулосае омадаанд, ки телефони мобилӣ чунон одамонро ба худ вобаста кардааст, ки ҳатто дар ҳолати хомӯш будан, истифодабаранда ҳатман маротибае онро хабар мегирад. Телефон моро ба андозае вобаста кардааст, ки бо вуҷуди доштани соати дастӣ, барои дидани вақт ҳатман телефонамонро равшан менамоем. Мутаассифона, ҳанӯз дар ҷомеаи мо калонсолон, хусусан падарону модарон, парво надоранд, ки фарзандони онҳо чиқадар вақти худро бо телефон ё ин ки дар назди оинаи нилгун мегузаронанд. Бархе аз онҳо ба хотире, ки фарзандонашон ҳангоми кор кардан халал нарасонанд, телефони мобилии худро дар дасти кӯдаконашон медиҳанд ва ё телевизионро барои кӯдак равшан мекунанду аз пайи кори худ мешаванд. Кӯдакони онҳо бошанд, бештар аз 5-6 соат ба бозӣ тавассути телефон ё ин ки тамошои телевизион машғуланд. Вобаста ба ин мавзӯъ бо якчанд нафар ҳамсуҳбат шудам. Аксарияти онҳо чунин амал карданашонро тасдиқ карданд. Вақте ки чунин ҷавобҳоро шунида дар ҳайрат монда, ба худ саволе додам: “Фарзандони онҳо дар бузургсолӣ чӣ гуна одам мешаванд?”. Касе аз онҳо нагуфт, ки як ё ду соат фарзанди худро ба хондани китоб ҷалб менамояд. Бино ба андешаи равоншинос Муҳаббат Эмомназарова вақте кӯдак дар батни модар пайдо мешавад, бояд ки бо хусусиятҳои фаъол ташаккул ёбад. Аммо имрӯз ҳангоми шурӯъ аз давраи дар батни модар будан кӯдак дар иҳотаи олами техникаву технология ҳаст, ки хеле хатаровар мебошад. Аз рӯзи аввали таваллуд дар психикаи кӯдакон ташаккулёбии равандҳо, ба монанди эҳсос, идрок, тафаккур, хаёл, диққат ва хотир пайдо мешавад. Ё ин ки инсони тавлидшуда, бе чор чиз вуҷуд дошта наметавонад: хӯрок, нигоҳубин, оромӣ ва хоб. Истифодаи телефони мобилӣ бошад, ба оромиву хоб ва ҳатто тановули саривақтии хӯрок таъсири манфӣ мерасонад. Барои ҳамин модарон то 4-солагӣ ва зиёда аз он бояд эҳтиёткорона рафтор намуда, дараҷаи инкишофёбии кӯдакро ба назар гиранд. Ҳар қадар, ки муҳити кӯдак фаъол бошад, ҳамон қадар психикаи ӯ фаъол мешавад. Чизи дигари ташвишовар миёни кӯдакону наврасон ин баландшавии хусусияти агресивии онҳо мебошад. Ман дар якчанд суҳбату вохӯриҳо бо хонандагони мактаби миёна ва аз мушоҳидаҳои зиёд дар ҷомеа дарк кардам, ки айни ҳол тараққиёти инкишофи талаботи “ваҷҳиёт” (талаботе, ки дар организми одам ба монандихоҳиш, майл, иштиёқ, талабот, шавқу ҳавас ва мақсадба вуҷуд меоянд) кӯдакону наврасонродомангиранд. Яъне, хусусияти шаҳвонии онҳо пеш аз муҳлати синну солиашон ба дараҷаи идоранашаванда расида истодааст. Пеши роҳи инро гирифтан лозим, чунки бениҳоят хатарнок аст. Агар хусусияти шаҳвонии кӯдакону наврасон зиёд шудан гирад, ҳамон қадар дар ҷомеа фоҳишаву дузду авбош зиёд мегардад ва сабаби асосӣ истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва интернет ва ё тамошои киноҳои ғайриахлоқиест, ки дар телевизион нишон дода мешаванд”. Аксари равоншиносону коршиносон ба он ақидаанд, ки тамошои телевизион барои кӯдакони аз 2 то 6-сола дар як шабонарӯз се соат кифоя мебошад, чунки кӯдаке, ки бештар аз се соат вақти худро дар назди телевизион мегузаронад, эҳтимол ба рӯҳафтодагӣ, бепарвоӣ, беҳавсалагӣ, фарбеҳӣ гирифтор шавад. Зарари аз ҳама бештари тамошои телевизион бехобӣ кашидани кӯдак мебошад, ки ин ҳолат метавонад онҳоро ба бемориемубтало гардонад. Равоншиносон ба он ақидаанд, ки як соат тамошои телевизион ҳафт дақиқа хоби кӯдакро кам мекунад. Баъди таҳқиқи мавзӯъ хуб мешуд, волидоне, ки барои дер омадани фарзанд аз мактаб ва дигар корҳо ташвиш мекашанд, барои фарзандони худ на телефонҳои смартфони калонҳаҷм, балки телефонҳои мобилии одие, ки танҳо барои суҳбат кардан бошанд, бихаранд. Агар мо имрӯз назоратро аз болои фарзандон дар масъалаи истифодаи телофони мобилӣ ҷиддӣ накунем, фардо зарараш пеш аз ҳама ба худи мо мерасад... Дар ҳақиқат истифодаи телефони мобилӣ ва планшету компютер барои кӯдакон зарар дорад. Аммо мо наметавонем онҳоро аз ин чиз дур созем, чунки ҳамзамони илму техникаанд. Онҳоро бояд ба чизҳое одат кунонем, ки безарар бошанд. Масалан, имрӯз дар бозору мағозаҳо намунаи телефону компютерҳо барои кӯдакон фурӯхта мешаванд, ки ба саломатӣ зарар намерасонанд. Дар он бозиҳои гуногун, китобҳои кӯдакона барои омӯзиши забон, математика, шинохти рангҳо ва ғайраҳо дида мешавад, ки ба шакли мултфилм ва интерактивӣ омода шудаанд ва кӯдаконро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамаи ин барои рушди шуури кӯдакон мусоидат менамояд. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ барои кӯдакон надорем. Аз ин рӯ кӯдакон ба сомонаҳое ворид мешаванд, ки метавонад ахлоқашонро вайрон кунад. Дар давлатҳои Аврупо сомонаҳои махсус барои кӯдакон вуҷуд дорад, ки аз он бемамониат истифода мебаранд. Хуб мешуд дар кишвари мо ҳам сомонаҳои шавқовари кӯдакона роҳандозӣ шавад, то фарзандони хурдсоли мо аз он баманфиат истифода баранд. Дар ҷое хонда будам, ки ихтиёран тариқи телефони дастӣ бо мавҷҳои кӯтоҳ шуоъзада намудани майнаи сар, ин таҷрибаи калонтарини биологӣ нисбати одамист. Ҳасан Азизов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.