Фазилатҳои хуби иди "Наврӯз"18-03-2019, 04:42
Хабарро хонданд: 474 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз миёни мардуми Тоҷикистон, аз маҳбубияти том бархӯрдор аст, зеро Наврӯз қадимтарин ва бузургтарин, азизтарин, маъруфтарину машҳуртарин ҷашни мардумӣ маҳсуб меёбад. Наврӯз оғози баҳор буда, барои мардуми мо даромади соли нав овони сохтани тарҳҳои тоза дар соли навин, айёми орзуҳои неку андешаҳои созанда маҳсуб мегардад ва ин ид ба мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, ноумедию руҳафтодагиро аз дилҳо мебарад ва инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозад. Беҳтарин фазилати Наврӯз одамгароист. Ин ки дар арафаи Наврӯз мардум аввал хонаро метаканд, пасон хавлӣ, боғу роғро поку тамиз мекунанд, ҳама медонад. Дар Наврӯз то арафаи ид аз ниҳоду сиришт, аз дили худ дур андохтани кину адоват ва тамоми хислатҳои бад шарти асосист! Барои ҳамин инсонгароӣ хубтарин фазилати Наврӯз аст, яъне дар баробари такидану тоза намудани хона пок сохтани дили худ – хонаи қалб аз кулли хисоли бад заруртарин кор ва муҳимтарин вазифаи одам дар истиқболи Хидирайём аст! Пас набояд мо ин вазифаи худро аз ёд бибарем. Вақте инсон ба остонаи Наврӯз қадам мениҳад, қалбаш мисоли ойина пок бошад ва дигар нагузорад, ки ғуборе ба он бинишинад. Дигар фазилати Наврӯзи оламафрӯз хушгуфторист: Аз хушсуханӣ дили касе реш нашуд, Бо хушсуханон касе бадандеш нашуд. Сухани дурушту қабеҳ, гуфтори нохуш дар арафа ва айёми Наврӯз ҷоиз нест. Аз ин ҷо Наврӯз пеши мо шарт мегузорад, ки бо даромади соли нав барои ҳамеша аз дуруштгӯӣ парҳез намоем. Наврӯз намегузорад, ки ҳатто андешаи баде дар сар дошта бошем. Фазилати Наврӯз ин аст, ки аз гуфтори бад, кирдори бад, пиндори бад абадан даст кашем, зеро аксари бадбахтиҳои инсон аз кирдору пиндору гуфтори бад рӯ мезананд. Маҳз ба ин хотир риояи ин шарти Наврӯз бисёр зарур ва ҳатто ҳатмист! Яъне Наврӯз барои одам, ба хотири хушбахтии одам ин шартро пеш овардааст, ҳар қадар инсон дар ботлоқи гуфтору пиндору гуфтори бад фурӯ равад, ба он андоза бадбахт мешаваду раҳгум мезанад. Аз фазилатҳои беҳтарини Наврӯз сулҳу оштӣ кардан миёни одамони ногап аст. Дар остонаи Наврӯз солдидагони обрӯманд ба миёна медароянд ва одамони қаҳриро бо ҳам оштӣ мекунанд. Ба замин мондани сухану андарзи мӯйсафедон беҳурматӣ ҳисобида мешавад. Оштӣ набояд саризабонӣ ва як навъ расмӣ, балки сидқӣ бошад, яъне аз гуноҳи ҳамдигар даргузаштан ва айби якдигарро сидқан бахшидан фазилати бузурги Наврӯз аст. Оне, ки кину кудурат дар дил нигоҳ медорад, худ ба сари худ бадбахтӣ меорад. Ин адоват боз рӯзе сар мебардорад ва балое дар пай меорад. Наврӯзи бузург аз ин кор ҷилавгирӣ менамояд, ки боз инсонгароии онро рӯнамоӣ мекунад. Шаке буда наметавонад, ки яке аз омилҳои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз одампарастии он мебошад. Илм собит кардааст, ки пайдоиши Наврӯз ба ҳазорсолаҳои пеш аз милод рост меояд. Дар замонҳои қадим, тавре маъхазҳои илмиву адабӣ ишора мекунанд, яке аз фазилатҳои аҷоиби Наврӯз ин будааст, ки дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма қишре аз табақаҳои мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашрофзодагон) ба ҳузури шоҳ меомаданд, арзу ниёзи худро мегуфтанд ва шоҳ баҳри бартараф намудани мушкили мардум чора меандешид. Амирони сулолаи Сомониён низ ин анъанаи аҷдодиро риоя мекардаанд. Арҷгузорӣ ба мақому манзалати инсон бузургтарин ва хубтарин фазилати Наврӯз аст, дар ин замина таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон ҷолиб аст: «Мутобиқи устураи бостонии мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯз дар рӯзи шашуми ҷашн, ки дар солшумории хуршедӣ Хурдодрӯз ном дорад, «Наврӯзи бузург» таҷлил мегардид. Мегӯянд, ки дар ҳамин рӯзҳо асоси андешаи бузургии инсон гузошта шудааст. Ҳамин андешаи арҷгузорӣ ба мақоми инсон буд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон ҳуқуқи башар дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз тарафи Куруши Кабир ба ҳукми қонун даромад». Дар айёми Наврӯз дар Бадахшон боз як анъанаи аҷибе аст, ки он ҳам мартабаи инсонро баланд мебардорад. Дар ин рӯз, агар ҷавони ошиқе тибқи таомули наврӯзӣ дилдодаашро хостгорӣ намояд, талабашро рад кардан мумкин нест. Наврӯзро кӯдакон хеле дӯст медоранд. Маросими «хонагардак», «килоғузғуз», «лашбозӣ» барои онҳо хеле хушоянд аст ва онҳо бо шавқи беандоза дар ин маросим фаъолона ширкат мекунанд, яъне Наврӯз барои кӯдакон низ имкон медиҳад, ки дар баргузории он аз иштирокчиёни асосӣ бошанд. Бешак, ин ҳам аз фазилатҳои беҳтарини Наврӯз аст. Дар Наврӯз табрик гуфтани ҳамдигар шарти зарурист. Мо ҳам ин фазилати неки Наврӯзро пайгирӣ карда, ба ҳамаи одамон тани бедарду дили беғам, рӯҳияи наврӯзӣ таманно мекунем: Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод, Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод! Ҷ. Улфатшоев – узви ИЖТ, шаҳри Хоруғ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.