Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шоҳмот моли сайёраи дигар аст?

Шоҳмот моли сайёраи дигар аст?

18-01-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 895 нафар
Назарҳо: 1
Шоҳмот моли сайёраи дигар аст?Ватани шоҳмот Ҳиндустон аст. Замони пайдоиши он бошад то имрӯз маълум нест. Бостоншиносон таърихи пайдоиши онро дар ҳазорсолаи то милод тахмин менамоянд. Ривоят мекунанд, ки Роҷаи ҳинд бозии шоҳмотро хеле хуш қабул кардааст. Пас аз омӯзиши усули бозӣ аз ҷониби Роҷа хоҳиш мешавад, ки ба офарандаи шоҳмот дилхоҳ мукофот пешниҳод карда шавад. Ихтироъкори шоҳмот дар назари аввал чизи зиёде талаб намекард. Ӯ аз Роҷа хоҳиш менамояд, ки ба хоначаи якуми тахтаи шоҳмот як дони гандум, ба дуюмаш ду, ба сеюмаш чор донаи гандум … ҳамин тавр бо усули зам намудани ҳар як хоначаи тахтаи шоҳмот ба вай гандум диҳанд. Роҷа гумон дошт, ки хоҳиши офарандаи ин бозӣ як – ду халта гандумро ташкил хоҳад дод. Вақте ки ба ҳисоби донаи гандум ва хонаҳои тахтаи бозӣ шурӯъ менамоянд, маълум мешавад, ки чунин миқдор гандум на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар саросари дунё нест. Яъне бояд ба ихтироъкори шоҳмот 18446744073709551615 (18 квинтилон 446 квадрилон 744 трилион 73 билон 709 миллион 551 ҳазору 615) донаи гандум дода мешуд. Дар ривояти дигаре тахмин меравад, ки бозии шоҳмот аз ким - кадом сайёраи дигар оварда шудааст. Саҳеҳияти ин гуфтаро касе кафолат дода наметавонад. Аммо яқин аст, ки то ба ҳол ягон бозии шоҳмот ба бозии пешина монанд набудааст. Яъне ҳар як бозӣ бо комбинатсияи худ аз дигараш фарқ мекунад. Чӣ ҳам набошад, шоҳмот чун варзиши ақлонӣ, санъати пурмуаммо то имрӯз мавриди таваҷҷуҳ қарор дораду минбаъд чунин боқӣ хоҳад монд.

Бозёфтҳои археологии дар Миср, Ироқ, ва Ҳиндустон пайдо гардида аз он башорат медиҳанд, ки то соли 570 то милод бозии шоҳмот роиҷ гардида буд. Сайри таърихии шоҳмот аз Ҳиндустон ба ақсои олам ба воситаи сарзамини Форс оғоз мешавад. Дар як асари форсӣ, ки замони ҳукмронии Анӯшервони одил (531 -579) китобат гардида буд, мафҳумҳои бозӣ ва номи сангҳои шоҳмот ба саҳеҳӣ оварда мешавад. Шоҳмот чун намунаи олии санъат ва бозӣ дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» низ ба таври шоирона равшану возеҳ маънидод мешавад.

Шоҳмотро ба олами Ғарб ва аз он ҷо ба саросари дунё мусулмонҳо оварданд. Аллакай дар соли 1010 то милод дар нигоштаҳои каталонӣ доир ба шоҳмот маълумот дода мешавад. Тибқи як ривоят тахтаву донаҳои аз сангҳои қимматбаҳо сохташуда ба Чарлманд (асрҳои 8 -9) аз ҷониби ҳокими муслимин Ҳорун –ар – Рашид эҳдо гардида буд.

Ҳамчуноне аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, дар нахуст бозии шоҳмот аз чор дона –санг иборат буд ва бо он чор нафар бозӣ мекарданд. Номи бозӣ ҳам дар аввал Шатранҷ буд, ки аз забони форсӣ гирифта шуда аст. Имрӯз низ дар кишварҳои форсизабон бозии Шоҳмот бо мафҳуми Шатранҷ ёдоварӣ мешавад. Терминологияи бозӣ низ то ба имрӯз мансуб ба забони форсист. Охирин амалиёти бозӣ Шоҳи форси ва моти арабӣ (шоҳ мурд) далели ин гуфтаҳо мебошад.

Тахтаи хурди шоҳмот шабеҳи майдони мӯъҷизавие мебошад, ки роҳҳои гуногуни рафту омад дорад. Фақат гашти нахустини бозингарро агар ба инобат гирем, маълум мешавад, ки ин майдон аҷаб фароху пурпечутоб мебошад. Агар барои нахустин гашт Шумо 20 роҳи ҳаракат кардан дошта бошед, ҳарифатон ҳам чунин имконият дорад, ки бо 20 гашт ба ҳар як гашти Шумо ҷавоб диҳад. Аз ин мебарояд, ки гашти аввал дорои 400 роҳу равиш аст.

Таърихи бостон шаҳодат медиҳад, ки шоҳмот ҳарчанд моли ҳиндуҳост, дар равнақи он саҳми форсҳову арабҳо бузург аст. Нахустин дастури бозии шоҳмот ба забони форсӣ омода шудаву аввалин китоби фарогири мафҳуми бозӣ моли забони арабӣ аст. Нахустин масъалаҳои шоҳмот дар асари ал-Адлӣ зери мафҳуми «Мансубӣ» ёдоварӣ мешавад. Мутаассифона ин асар, ки нахустин роҳнамои шоҳмотбозон дониста мешавад, то замони мо нарасидааст. Асари дигаре, ки бо забони арабӣ дар асри 9 иншо шудааст, имрӯз дар яке аз китобхонаҳои кишвари Югославия маҳфуз аст. Дар он баробари масъалаҳои шоҳмот ривояте бо номи «Қиссаи Дилором» басо ҷолиб аст. Дилором бозингари шоҳмот буд. Вай бо рақибон мудом бо шарт бозӣ мекард. Боре вақти бозӣ ҳамаи дороии худро бохта, иҷборан зани худро ба гарав мегузорад. Рафти бозӣ нишон медод, ки Дилором дар ин бозӣ низ шаҳди бохтро мечашад. Замоне занаш, ки тақдири минбаъдааш аз рафти ин набард муайян мегардид, ба ӯ наздиқ шуда маслиҳат, ки агар ҳарду Рухтатро ҷуброн намоӣ бозӣ ба фоидаи ту ҳал мешавад. Чунин ҳам мешавад. Бо бохтани ду рух мавқеи Дилором дигаргуна гардида, бозиро мебуррад. Ин ривоят далели шӯҳратёр будани шоҳмот аст, зеро агар ҳамсари Дилором ба ин бозӣ балад намебуд ва ба шавҳар гашти бурднокро пешниҳод намекард, имкони ӯро хонавайрон шудан таҳдид мекард.

Баъди дар Аврупо роиҷ гардидани бозии шоҳмот оид ба масъалаҳои гаштҳои мухталифи донаҳои бозӣ асарҳои зиёд навишта шудаанд. Яке аз маъруфтарин роҳнамои бозӣ дар асрҳои миёна асари шоҳи Испания Алфонсои оқил ҳисобида мешавад, ки соли 1283 навишта шудааст. Дар асар 150 миниатюрҳои рангаи рассомони форсӣ ҷой дода шуда, коллексияҳои Эндшпил ҳусну қубҳи онро боло мебарад. Баъди ин оид ба шоҳмот ҳазорон асар навишта шудаву ҳар як вохӯрии гройсметерҳо чӣ дар шакли электронӣ ва чӣ дастнавис нусхабардорӣ карда мешаванд.

Имрӯз шоҳмот чун навъи варзиш шӯҳрати беандоза дошта, дар тамоми кишварҳои дунё шуғли писандида аст. Дар баробари он, ки аз рӯи ин намуди варзиш мусобиқаҳои мухталифи сатҳи умумиҷаҳонӣ, байниқитъавӣ, байнидавлатӣ гузаронида мешавад, шоҳмот чун навъи варзиши ақлонӣ ҳасту минбаъд боқӣ хоҳад монд.
©Таҳияи Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Candida 24 сентября 2024 19:41
Maria Johnsen is a vital designer for organizations looking for unmatched growth.



Also visit my blog GSA Captcha Breaker
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: