Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Садоқат

7-01-2016, 15:50
Хабарро хонданд: 842 нафар
Назарҳо: 0
СадоқатҶомеаи имрӯзаи мо бозореро мемонад, ки ҳар як аъзои он дар талоши фиребу найранги якдигар қарор доранд. Гӯё дар вуҷуди инсонҳо ба ҷуз аз ҳирсу тамаъ ва айбҷӯӣ дигар ҳеҷ арзише боқӣ намонда бошад. Гӯё дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки вай барои ҳар фарди он бегона бошад.

Агар лаҳзае аз дурии дуриҳо ба саҳнаи мазҳакаосои зиндагии ҷомеаи муосир назар афканем, як ҳолати гирдобгунаеро мебинем, ки он ба тадриҷ ҳамаро дар вуҷуди хеш фурӯ мебарад. Талошу ҷоннисориҳои ҳар яки мо на ба хотири берун ҷастан аз ин гирдоб ва ҳолати маҳву нобудшавӣ, балки тавассути ҳилаву найранг ҷои кӯчаке дар ин гирдоб ба даст овардан аст. Ҷову мақоме, ки дар он ҳама чиз дар хариду фурӯш аст ва дар ҳалқапечониҳои ин гирдоб танҳо ва танҳо як ҳадаф – бойгариву дороӣ ва ғановат ба даст овардан, соҳиби ҷову мақоме шудан, худро аз дигарон боло гузоштан ва мубораку муқаддас сохтан. Дар ин раванди корзори бозоргонӣ гӯё ҷомеа аз одобу ахлоқ ва фазилатҳо безор гашта аст, зеро дар ин бозор ҳама чиз ба ҷуз аз инсон қимат дорад. Ба ибораи дигар инсон чунон бе қурбу бе арзиш шудааст, ки на зиндагӣ ва на марги ӯ ҳеҷ қимате надоранд. Ин ваҳшатангез аст, зеро арзишҳои волои инсонӣ – ҳаёт, зиндагӣ, шодмонӣ, саодат, муҳаббат, ишқ, одаму одамгарӣ ва ғайра беарзиш шудаанд. Онҳо ба мисли ятимони бехонаву бесарпаноҳ ва бесоҳибу нодаркоре ҳастанд, ки аз манзили модарандар берун кашида шудаанд. Дигар барои онҳо ҳеҷ зарурате боқӣ намондааст.

Вақте падар пиромуни ин арзишҳо сухан мегуфт духтараш ба вай рӯй оварда гуфт: «Шумо аз олами рӯъё ҳарф мезанед, зеро шумо одамони қадими давраи шӯравӣ ҳастед! Арзишҳоеро, ки шумо ҳамчун появу бунёди зиндагии халлоқона пазируфта будед ва ҳазорсолаҳо ҷомеаро ба инсондӯстӣ, ростӣ, садоқат, самимият, сидқу вафо ва муҳаббату дӯстӣ даъват мекарданд, имрӯз беарзиш шудаанд, зеро онҳо пеши роҳи расидан ба мақсади олии фарди имрӯза, яъне бойшавиро мегиранд. Ҳар як фарди имрӯзаи ҷомеа ҳадафи ғановати зиёд ба даст оварданро дорад, аммо ин арзишҳои шумо намегузоранд, ки инсон даст ба фиребу найранг, ҳирсу тамаъ ва хиёнату одамфурӯшӣ занад. Ин фазилатҳои ахлоқии шумо инсонҳоро пойбанди амалу вазифаҳои нонавиштае месозанд, ки барои онҳо дар ин қадамгоҳи хокӣ ҷой нест. Ин арзишҳо имрӯз музиру нолозим шудаанд».

Дар ин гуфтаҳои ҷавондухтари муосир ҳақиқати талх, вале ҳикмати воқеияти зиндагии имрӯза баён гаштааст, чунки дар айёми мо агар ҳар касе аз самимӣ будан ва камоли садоқат, ростӣ ва дурустӣ ҳарф занад, ба вай ба мисли болопӯши пашмини нафталинзадае менигаранд, ки дар ҷевони хона солҳои сол овезон мебошад. Ба вай аз як тараф ҳамчун ба чизи лозимие менигаранд, ки дар сардии сардиҳо ба дард хоҳад хӯрд, аз сӯи дигар ба вай ҳамчун ба чизи нолозим нигоҳ мекунанд, ки он кӯҳнаву фарсуда шуда, аз он бӯи нафталин меояд.

Аммо афсӯс… Оё садоқату вафодориро метавон ҳамчун чизи нолозим ва музир дониста, онҳоро аз зиндагии инсонӣ дур сохт? Ба сидқу вафо ба модару падар, самимият ба фарзанд, ростӣ ва дурустӣ бо ҳамсоягону ҳамкорон, муҳаббату ихлос ба хешу табор, билохира садоқат ба Ватан, марзу бум ва рӯҳи падарон чӣ хоҳад шуд?!!

Ҷои таассуф аст, ки мо имрӯз садоқатфурӯшу вафофурӯш шудаем, чунки ҳар касе ҷову мақом ва ё пуле ба мо дод, мо барои муддати чанде ба ӯ самимияту ростӣ ва ихлосу сидқу вафои худро ато мебахшем, вале баъд аз фосилае онҳоро ба мисли он болопӯши пашмини нафталинзада ба ҷевони нолозим мегузорем ва тамоми муваффақиятҳои худро аз кордонӣ ва ҳиллабозиҳои хеш мепиндорем. Ин садоқати бозоргонӣ, ки дар он на асилияту на самимият ва на сидқу вафо нест, ин садоқати хасакӣ, садоқати бесидқ ва вафои бевафоӣ аст. Инро ҳама медонем, мебинем, мешунавем, вале худро нодону нобино ва кару гунг вонамуд месозем, зеро бояд чунин бошад. Наход самимияту вафоро ба Модар фурӯшем, наход садоқат ба Ватанро ба савдо гузорем?!

Садоқату ихлос ва вафодорӣ фазилатҳои бузурги умумибашарӣ мебошанд, ки дар баробари дигар арзишҳои волои ахлоқӣ ва инсонӣ ҷомеаи башариро аз нестӣ ва гумроҳӣ наҷот бахшида, инсонро инсонгуна ва фарҳангиву маданӣ сохтаанд. Ин фазилатҳо дар илми ахлоқ дорои дараҷаи бузург буда, дар доираи онҳо ҳар касе ба камоли сидқ расид номи ӯро ҳамчун шахси содиқ мегиранд. Аз ҳакиме пурсиданд: «Ҳадди камолоти инсон дар чист? Гуфт: «Гуфтор ба ҳақ ва кирдор ба сидқ».

Шинохтани маънои садоқат барои ҳар як шахси бофарҳанг муҳим мебошад. Маънои сидқ, садоқат аслан ростӣ буда, он дар шаш ҳолат зуҳур мекунад ва инсонро ба дараҷаи камолот мерасонад:

Ҳолати аввал – садоқат дар забон аст. Инсони содиқ дар ҳеҷ як ҳолат набояд дурӯғ гӯяд, зеро дилу рӯҳи вай аз забонаш сифат касб мекунанд. Аз сухани каҷу дурӯғ гуфтан дилу рӯҳи инсон каҷ мегардад ва аз ростиву сухани рост гуфтан рост мешавад.

Умуман камоли садоқат дар забон ба ду чиз вобаста аст. Якум- инсон набояд таноқуз гӯяд, зеро вай воқеиятро гӯяд ҳам аз суханҳои ӯ одамон чизи дигареро мефаҳманд. Ба тариқи истисно ҳолатҳое ҳастанд, ки рост гуфтан зарур нест, чунонки дар майдони корзор ва ҷанг агар инсон ба асорат гирифтор шавад, ё ин ки барои бо ҳам сулҳ кардани одамон ба баъзе дурӯғ даст занад ин аз фоида холӣ нест. Дуввум, инсон бояд дар муноҷоти ҳақ аз худ садоқат талаб кунад.

Ҳолати дуввум – садоқат дар ният ва пиндор мебошад. Садоқати инсон бояд танҳо ба ҳақ равона шуда бошад, ки ин худ ихлос аст ва ихлос худ садоқат мебошад. Ихлос барои одамӣ азиз буда, сирре аз асрори ҳақ дар дили инсонҳо аст. Нексириштӣ ва фозиливу ҳикмат вобаста ба ихлоси одам аст. Бе сабаб нест, ки мардуми тоҷик ҳамеша таъкид мекунад, ки «ихлос кун, то халос ёбӣ».

Умуман ихлос дар ният душвортар аз асли ният аст, аз ин рӯ, бузургони доно гуфтаанд: «Дар ихлоси як соат наҷоти абад нуҳуфта аст».

Ҳикмат
Марде дар роҳ савори асп мерафт ва дар ҷое фуруд омад, ки ғуломи чӯпоне гӯсфандҳоро аз кӯҳ ба поён меовард. Мард ба ғулом гуфт: Як гӯсфанд ба ман фурӯш». Ғулом гуфт: «Ман ғуломам ва ин моли ман нест». Мард гуфт: «Ба хоҷаат гӯй, ки гӯсфандро гург хӯрд, вай чӣ медонад?» Ғулом гуфт: «Агар хоҷа надонад, Худо медонад».
Марди роҳгузар ба хоҷаи ғулом пул доду ӯро харид ва озод карду гуфт: «Танҳо як сухан туро аз банди ғуломӣ раҳо кард».

Воқеан ҳам агар ният сабаби амал бошад, талабкунандаи ният ихлос аст. Ихлоси холис он шакли ихлос аст, ки дар он инсон дар ҷустуҷӯи ҳеҷ насибе нест, балки амалро аз рӯи ихлос анҷом медиҳад, ки он камоли садоқат аст.

Ихлос чист? Ихлос аслан роҳи дурустро пеша кардан аст, лекин агар инсон дар ин роҳ худро аз сифатҳои бад ва разилатҳои нафсонӣ халос карда натавонад ба сарманзили умед нахоҳад расид. Дар робита ба ин ҳакимон гуфтаанд, ки «ҳеҷ чизе мушкилтар ва душвортар аз ихлос нест». Агар инсон дар тамоми умри худ як қадам дар роҳи ихлос гузорад, барои вай ҳатман умеди наҷот боқӣ хоҳад монд.

Ихлос ин кори поку холисе аст, ки маънои аслии он аз миёни ғаразҳову сифатҳои зоҳирӣ берун шудан аст. Вай кори осоне нест, ки ҳар рибохор ва фасодпешаву пойбанди фисқу фуҷур ба он дастёб гардад. Ин ба шахсе ноил мешавад, ки вай ошиқи ҳақ буда, ҳар чизе мехоҳад барои маъшуқи хеш мехоҳад. Барои он шахсе, ки дӯстии молу ҷо ва лаззатҳои дунёӣ ба ӯ ғолиб шуда бошанд, барои вай ихлос дастёб нахоҳад шуд, зеро тамоми амалҳои вай ҳамчун сифатҳои рӯҳӣ ба он ҷонибҳо майл мекунад, ки дилу вуҷуди вай пойбанду шайдои онҳо мебошанд.

Агар ба дили шахсе дӯстии мансаб ва ҷоҳу ҷалол ғолиб ояд, тамоми амалҳои вай аз бомдод то шаб, танҳо дар фикри он ҷой аст ва ҳама кори вай берун аз сидқу вафо мебошанд. Пас ихлос он аст, ки донистани он душвор буда, карданаш аз он душвортар аст. Ҳар амале, ки бе ихлос сурат гирад, бебунёду бесадоқат ва беихлос аст, ки ин худ риёкорӣ аст.

Бузургон гуфтаанд: «Як амали неки олим фозилтар аз ибодати яксолаи ҷоҳил аст, зеро ҷоҳил офтобу нури амалро намешиносад». Ба ибораи дигар тамоми ҷоҳилон он чизеро, ки ба шакли зар аст, вале зар нест, онро ҳамчун зар мепиндоранд.

Ҳолати севвум – садоқат дар азм мебошад. Азм шаклҳои гуногун дорад. Ҳар касе агар мақоми давлатӣ дорад вай бояд азм дар адолату адлпешагӣ кунад, агар касе молу мулк ва бойгариву ғановати зиёд дорад, бояд дар тақсими мол адолат кунад ва ба ғарибону бечорагон ва бенавоёну нодорон садақа диҳад. Дар чунин ҳолат шахси садоқатпеша инсонеро мегӯянд, ки ҳамеша азми хайрот кардан дорад. Азми инсони содиқ ҳамеша қавӣ ва самимиву бузург аст.

Ҳолати чаҳорум – вафо бар азм мебошад. Чуноне гуфтем шахси содиқ бояд дар азми худ қавӣ бошад. Масалан дар майдони набард шахси бо сидқу вафо ё пирӯз меояд ё ҷони худро фидо мекунад, зеро ба азми хеш вафо кардан ва ҷони хештан фидо кардан – ин садоқат аст.

Ҳастанд одамоне, ки дар назди ҳақ паймон карданд, ки агар Худо аз фазли худ ба онҳо чизе ато фармояд, онҳо дар ҳама ҳол ба бенавоёну бечорагон садақа хоҳанд дод. Лекин чун аз фазли ҳақ онҳо соҳиби молу ғановат ва ҷову мақом шуданд, паймони худро мешикананд ва ба ваъдаи худ вафо намекунанд. Онҳо дар ин аҳду паймон бевафоӣ ва паймоншикании худро нишон доданд ва аз чунин одамон садоқату самимият интизор шудан нашояд.

Ҳолати панҷум – ҳеҷ амали инсон бидуни ният ва иштироки ботин сурат намегирад. Садоқат бояд дар нияту ботини инсон хона гирад.

Ҳолати шашум – инсон танҳо дар дастёб шудан ба зоҳири ашё бояд қаноат накунад, вай бояд ба ботин ва ҳикмати офаринишу вуҷуди онҳо роҳ ёбад, дар он сурат ба камоли садоқату вафодорӣ ва самимият хоҳад расид.

Ба ҳамин тариқ ҳар касе дар зиндагии хеш дар ин шаш маъно содиқ бошад, он гоҳ вай ба камолу дараҷаҳои баланди садоқат хоҳад расид ва ӯро дар зиндагӣ сиддиқ хоҳанд гуфт.

Ҳар нафасе аз нафасҳои умр барои инсон гавҳари нафис мебошад ва агар умр ва ҳар нафасе, ки рафт ивази онро пайдо кардан мумкин нест. Имрӯз рӯзи ту аст, ки ба ту умр ато гаштааст ва дар сурате, ки аҷал даррасид, ту дар орзуи он хоҳад будӣ, ки боз як рӯзи дигар ба ту мӯҳлат диҳанд, то корҳои худро дуруст кунӣ. Ин муҳлате, ки дорӣ зинҳор ин сармояи бузургро набояд зоеъ сохт, зеро фардо худ мӯҳлат аз байн хоҳад рафт ва ба ҷуз ҳасрат барои ту чизе боқӣ нахоҳад монд.

Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки ҳамеша содиқу вафодор, росткору боихлос ва дорои самимияту муҳаббат боқӣ монд, зеро агар мардум зоҳири инсонро бинад, Офаридгори вай дар ҳар коре, ки ӯ мекунаду меандешад иттило дорад. Ҳар касе дар зиндагӣ ин гуфтаро шинохт ботилу зоҳири вай боадаб мешавад. Дар садоқату росткорӣ ҳақро бояд чунон парастид, ки гӯё ту ӯро мебинӣ ва агар натавонистӣ, боре ба ҳақиқат бидон, ки вай туро мебинад, аз ботину зоҳир, садоқату вафодории ту дарак дорад.

Ҳикмат
Муаллиме дар ҳама кор яке аз шогирдони худро пешгом мекард ва дигар шогирдон ба ӯ ҳасад мебурданд ва бахилӣ мекарданд. Барои аз байн бурдани рашку ҳасад ва муайян сохтани садоқати шогирдони хеш муаллим ба ҳар кадоме аз онҳо мурғе дода, тақозо кард, ки мурғҳоро бояд дар ҷое кушанд, ки ҳеҷ касе дар он ҷо набошад. Ҳар шогирде ҷои танҳоиро ёфта, мурғони худро куштанд, вале он шогирди содиқ мурғи худро накушт ва онро зинда бозпас ба муаллими худ овард. Аз вай пурсиданд: «Чаро ту мурғро накуштӣ?» Шогирд дар ҷавоб гуфт: «Ҳеҷ ҷои холие наёфтам, ки кас набинад. Ҳама ҷо Худо буд».

Ин аст мисоли дӯстӣ аз рӯи ростӣ ва дурустӣ, самимият ва вафодорӣ, зеро пос доштани хотири инсон ин садоқат аст. Имрӯз низ набояд аз садоқат дур бошем, набояд инсонҳоро ба хурдтарин мол бифурӯшем ва чандрӯю чанд забон бошем, зеро назари ҳақ ба ҳар кас ва дар ҳама ҷо аст!
©А. Ардашер
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: