Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон-Ўзбекистон: марҳалаи нави ҳамкориҳо

Тоҷикистон-Ўзбекистон: марҳалаи нави ҳамкориҳо

26-09-2018, 13:54
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон-Ўзбекистон: марҳалаи нави ҳамкориҳо
Муносиботи Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ду кишвари ҳамсояи дорои урфу одат, анъана ва таърихи муштарак, ба ҳамкориҳои бисёрасра асос ёфтаанд. Умумияти мамлакатҳо ва халқҳо тақозо дорад, ки миёни онҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад, зеро ин на танҳо эҳтиёҷоти ба муносиботу муомилот доштаи мардумони кишварҳои ҳамсояро қонеъ мегардонад, балки дар раванди бошитоби глобализатсия (ҷаҳонишавӣ) ягона василаи ҳифзи манфиатҳои иқтисодию сиёсии мамлакатҳои дар ҳоли рушд маҳсуб меёбад.
Аксар коршиносон ба торафт гармшавии муносиботи Тоҷикистону Ўзбекистон нигоҳи некбинона дошта, онро натиҷаи ҷаҳду талошҳои пайгирона ва босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев медонанд, ки дар қиболи майлу хоҳиши мардуми аз қадим дўсту бародар нахустқадам бардоштанд. Ба қавли онҳо, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудани муносиботи Тоҷикистону Ўзбекистон омили муҳими беҳтар шудани муносибот миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ, рушди интегратсияи минтақавӣ, муттаҳидӣ ва ҳамгироии мамлакатҳои минтақа дар ҳалли проблемаҳои асосии минтақавӣ буда, дорои аҳамияти калидии геосиёсӣ ва стратегӣ барои тамоми минтақа мебошад.
«Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии худ нигаҳдории сулҳу осоиштагӣ, густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро самти калидии сиёсати хориҷии худ эълом дошта буд ва мо бо ҳамин роҳи интихобкардаи худ содиқ монда, ташаббуси Ҷумҳурии Ўзбекистонро доир ба фароҳам овардани фазои нави ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дастгирӣ менамоем… Тавсеа бахшидан ва мустаҳкам кардани ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ўзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳоямон, балки барои таъмини сулҳ, осоиштагӣ ва амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дорад», гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо анҷом ёфтани ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон муносиботи давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон тадриҷан халалгор шуда, то ба ҳолати «ҷанги сард» расида буд. Як даҳсолаи бутун миёни ду мамлакати ҳамсоя дар масъалаҳои зиёд, аз ҷумла обу энергетикӣ (НБО «Роғун»), марзӣ, муҳитизистӣ, мушкилоти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон зиддият идома ёфт. Танҳо моҳи сентябри соли 2014 дар ҷараёни саммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва мулоқоти президентони ду кишвар дар муносиботи сиёсии Тоҷикистону Ўзбекистон андаке «гармӣ» эҳсос гардид, вале он дер давом накард.
«Мехоҳам махсус қайд намоям, ки мо аз таҳти дил ба мустаҳкам намудани муносиботи баробарҳуқуқона бо Ўзбекистони бародарӣ, густариши ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани робита дар ҳама самтҳо манфиатдор ҳастем» - гуфта буданд дар он саммит Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар идома бо таассуф зикр намуда, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон аз 300 млн. доллари ИМА дар соли 2007 то ба 2,1 млн. доллар дар соли 2014 коҳиш ёфтааст.
Ўзбекистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то соли 2000-ум яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд ва ба давлатҳои сегонаи бузурги тиҷорати беруна бо Тоҷикистон дохил мешуд. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон дар соли 1991-ум 10,5 млн. доллари ИМА, соли 1995-ум 383 млн. доллар ва соли 1999-ум ба 445,4 млн. доллар, нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи тиҷорати ҳарду мамлакат, расида буд. Дар соли 2000-ум Ўзбекистон 30 фоизи молу маҳсулоти воридотии Тоҷикистонро таъмин менамуд. Вале баъдан гардиши мол миёни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тадриҷан коҳиш ёфтан гирифт ва дар тўли даҳ сол, ки онро коршиносон «солҳои барбодрафта» унвон кардаанд, содироти Ўзбекистон ба Тоҷикистон 38,5 фоиз кам шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми тиҷорати умумиии Ўзбекистон аз 3,3 фоиз дар соли 2000-ум ба 0,5 фоиз дар соли 2010-ум поён рафт ва содироти Тоҷикистон ҳам ба Ўзбекистон 33 фоиз коҳиш ёфт.
Соли 2000-ум миёни Тоҷикистону Ўзбекистон Шартномаи дўстии абадӣ ба имзо расида бошад ҳам, Ўзбекистон дар рафтуомад реҷаи раводид ҷорӣ кард, алоқаи ҳавоиашро бо Душанбе канд, дар сарҳади миёни ду ҷумҳурӣ минахобонӣ кард ва ниҳоят дар соли 2010 бо қат намудани содироти газу барқ ба Тоҷикистон аз системаи энергетикии Осиёи Марказӣ берун шуда, ба ҳаракати қатора аз ҳудуди худ ба қисми ҷанубии Тоҷикистон- вилояти Хатлон хотима гузошт.
Аз соли 2013 то соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон ниҳоят кам шуд, ки он маънои амалан ба ҳеҷ расидани тиҷорати дуҷонибаро ифода мекард.
Гармшавии муносибатҳо аз тирамоҳи соли 2016, баъди даргузашти нахустпрезиденти Ўзбекистон Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт.
Мавриди зикр аст, ки дастовардҳо дар боби аз нав пойдорсозии муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳо тайи ду соли охир осон ба даст наомадаанд. Пеш аз ҳама сарварони ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар баробари ташкил намудани комиссияи байниҳукуматӣ барои ба эътидол овардани муносибатҳо, худ бевосита заҳмати зиёде ба харҷ додаанд. Сарвари нави Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сиёсати беруна дигаргунсозии мусбати муносибот бо кишварҳои ҳамсояро аз вазифаҳои аввалин донист ва аввалин шуда бо Тоҷикистон дар масоили сарҳад ва обию энергетикӣ гуфтушунид оғоз кард. Вай ҳанўз аз рўзҳои аввали вазифаи иҷрокунандаи муваққатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистонро ба зимма доштанаш, тирамоҳи соли 2016 дар ҷаласаи якҷояи Палатаи қонунгузорӣ ва сенати Олий Мажлис эълом дошт, ки афзалияти асосии фаъолияти сиёсати хориҷии Ўзбекистон минтақаи Осиёи Марказист, ки манфиатҳои миллии мамлакат ба давлатҳои он алоқаманданд. «Мо ҳамеша бо сиёсати кушода, некбинона ва прагматикии худ дар муносибот бо ҳамсоягони наздикамон – Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содиқ мемонем» - гуфта буд ў. Ва ин гапи беҳуда набуд.
31 январи соли 2017 раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо раиси Раёсати «Ўзэкспросентр» ва сардори Раёсати ҳудудии Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканд вохўрда, масъалаҳои ташкили нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ўзбекистонро дар Душанбе муҳокима намуданд. Моҳи апрели соли 2017 миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Ўзбекистон – Душанбе ва Тошканд алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд. Дар ҳамин моҳ аз 17 то 21 апрел дар ҳаёти ду кишвар воқеаи хеле муҳиму фараҳбахш рух дод: бо мақсади рушд ва устуворгардонии равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ аз рўйи шартномаҳои баимзорасида ва натоиҷи ҷамъбасти ҷаласаи чоруми комиссияи байниҳукуматии ду кишвари ҳамсоя дар Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе форуми соҳибкорони ду кишвар ва намоишгоҳи молу маҳсулоти Ўзбекистон ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ 160 ширкати ўзбекӣ беш аз 1500 намуди молу маҳсулоташон, аз ҷумла тракторҳо, мошинҳои пахтачинӣ, автомобилҳои сабукрав ва боркаш, автобус, инчунин маҳсулоти корхонаву ширкатҳои саноати сабук, фармасевтӣ, хўрокворӣ ва саноати бофандагиашонро ба намоиш гузоштанд. Дар форум соҳибкорон ва ширкатҳои ҳарду мамлакат ба маблағи 50 млн. доллари ИМА барои овардани молҳои саноатӣ аз Ўзбекистон шартнома бастанд. Дар ҳамин моҳ Тоҷикистону Ўзбекистон оид ба фурўши автомобилҳои сабукрави заводи автомобилсозии «RAVON» -и истеҳсоли Ўзбекистон шартнома бастанд ва ҳоло дар ноҳияи Рўдакии ҳамшафати пойтахт шаҳри Душанбе намояндагии заводи мазкур кушода шуда, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо фурўхта мешаванд.
11 октябри соли 2017 бо дастгирии ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон бо мақсади инкишоф ва устуворгардонии ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Намоишгоҳи нахустини «Молҳо аз Тоҷикистон» дар шаҳри Тошканд бизнес-форум барпо гардид, ки дар ҷараёни он соҳибкорони ҳарду мамлакат доир ба бисёр масъалаҳои мубрами рушди тиҷорат табодули афкор ва муҳокимаронӣ намуда, имкониятҳои тиҷоратии ҳарду ҷонибро муаррифӣ карданд.

Соли 2018-ро дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Ўзбекистон метавон соли гардиши куллӣ ва ҷаҳиши бузурги таърихӣ номид. Танҳо дар ин сол дар сатҳои гуногуни байниҳукуматӣ 50 вохўрӣ, чандин форуму бизнес-форум ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ҳарду кишвар гузаронда шуданд.
25 феврал дар вилояти Фарғона Сарвазир Ўзбекистон Абдулло Орипов ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот ороста, рафти омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва бастаи ҳуҷҷатҳоеро, ки бо мақсади ҳамкорӣ миёни ду давлат дар ҷараёни ин сафар бояд ба имзо мерасиданд, баррасӣ намуданд. Дар ин сол ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ барпо гардид
Воқеаи ниҳоят таърихӣ ва аз ҳама бештар нишотовари дигар ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-10 марти соли ҷорӣ бо сафари расмӣ буд, ки дар таърихи дўстию ҳамкориҳои Тоҷикистону Ўзбекистон марҳалаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз намуд. Дар ҷараёни ин сафари таърихӣ зиёда аз чил ҳуҷҷати ҳамкорӣ, инчунин созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, гумрук ва молия, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон мусоидат мекунанд, ба имзо расиданд. Дар вазъи тантанавӣ бо иштироки ду президент хати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, ки ду вилояти ҷанубии ҳарду ҷумҳурӣ- Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ўзбекистонро ба ҳам мепайваст ва аз соли 2010 ин ҷониб дар ҳолати вайронӣ қарор дошт, аз нав ба кор андохта шуд, ки на танҳо рафтуомади озодонаи ду халқи бародарро таъмин менамояд, балки ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳарҷониба шароити мусоид фароҳам меоварад. Шонздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Саразм-Ҷартеппа”, ”Уротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Ҳавотоғ-Учқурғон”, “Ҳаштияк-Бекобод”, “Навбунёд-Поп” ва “Равот” дар вилояти Суғд ҳанўз 1 март, дар арафаи сафари расмии Президенти Ўзбекистон ба Тоҷикистон дарвозаҳои худро ба рўйи мардуми ҳарду ҷониби сарҳад боз намуданд.
«Мо дар сарҳад шонздаҳ гузаргоҳро кушодем. Дастоварди аз ҳама асоситарини мо корҳои амалии мост, ки ҳаёти миллионҳо одамонро беҳтар карда, дар дили онҳо шуълаи фурўзон ба ояндаи некро меафрўзад. Шумо ба чашми мардум нигоҳ кардед? Бисёриҳо хешу табори худро бисту панҷ сол надида буданд. Ман ифтихор доштам, ки одамон хурсандӣ мекунанд. Мақсади мо аз ҳамаи ин корҳо ба одамон хурсандию роҳат овардан аст» - гуфта буд гоҳи ба таври дистансионӣ аз пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе истода якҷоя бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушодани хати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Бо кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ шаҳрвандони ҳарду кишвар акнун метавонанд бе раводид ба ҳарду кишвар озодона рафтуомад кунанд ва то 30 рўз дар кишвари ҳамсоя бимонанд.Тавассути сарҳад акнун бе ситондани боҷи гумрукӣ то 50 килограм борро гузарондан мумкин аст.
Сафари нахустини Президенти Ўзбекистон ба Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳи молу маҳсулоти Ўзбекистон дар Тоҷикистон дар доираи ин сафар бахусус дар рушди тиҷорат миёни ду давлат натиҷаи дилхоҳ доданд. Аз рўйи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2018 гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон 128 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Соли 2017 ин нишондиҳанда дар ҳамин давра 126,4 млн. доллар буд. Танҳо дар ҷараёни форуми тиҷоратии доираи соҳибкории Тоҷикистону Ўзбекистон, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Тоҷикистон доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид ва ногуфта намонад, ки имрўз қисме аз онҳо, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар самти интиқоли неруи барқу газ ва дар бахши молиявӣ фаъолона татбиқ мешаванд. Бо сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон масъалаҳои солҳо боз баҳсноки сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”ва тақсимоту истифодабарии захираҳои обӣ ҳалли худро ёфтанд.
Ҳамин тариқ, миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон марҳалаи нави таърихии дўстӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба оғоз ёфт.
Мо аз Ўзбекистон гази табиӣ, либос, нурии минералӣ ва баъзе молу маҳсулоти ниёзи мардум гирифта, дар навбати худ ба Ўзбекистон алюминий ва маснуоти аз он истеҳсолшуда, неруи барқ, семент, сабзавот ва картошка медиҳем.
Муносиботи тиҷоратии ду мамлакат бо саъю талошҳои сарварони онҳо, ки дар саргаҳи ин муносибот истода, худ ба рушди он азми қавӣ доранд, беш аз пеш устувор мегарданд. Намунаи беҳтарини ин охири моҳи июли ҳамин сол бо дастури Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади густариши муносиботи тиҷоратӣ ба соҳибкорони тоҷик ҷудо кардани 100 млн. долл. ИМА мебошад. Ин маблағ ба хариди молу маҳсулоти дар Ўзбекистон истеҳсолшуда ва фурўши онҳо дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
Маҳз ҳавасмандии ҳарду ҷониб ба муносиботи неки ҳамсоягӣ ва додугирифт аст, ки дар рўзи аввали сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ўзбекистон 17 август ҷонибҳо ба 27 ҳуҷҷати ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, маориф, амнияти сарҳад, кишоварзӣ ва ғайра имзо гузоштанд. Намояндагони соҳибкории зиёда аз 400 ширкату корхонаҳо – истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, фармасевтӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) вохўрда, масъалаҳои тиҷоратиро миёни худ ҳаллу фасл намуданд ва ба маблағи зиёда аз 100 млн. доллари ИМА шартномаи тиҷоратӣ бастаанд. Бо ҳамин миқдори умумии шартномаҳои ҳамкории тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Ўзбекистонба 200 адад ва маблағи 845 млн. доллари амрикоӣ расид. Вале ин бо дарназардошти имкониятҳои фаровони ҳамкорие, ки ҳарду кишвар ба якдигар доранд, ҳанўз кам аст. Ҳарду ҷониб – Тоҷикистону Ўзбекистон ба тиҷорати байниҳамдигарӣ ҳавасманданд ва сарварони ҳарду давлат бо назардошти ин ба хулосае омадаанд, ки ҳаҷми савдои байниҳамдигарии ду давлат дар кўтоҳмуддат ба 500 млн. доллари ИМА, баъдан ба 1 млрд. доллар расонда шавад. Ин матлабро Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо чунин далел асоснок намуда гуфтааст: «Дар ҳамкориҳои мо боз бисёр имкониятҳои ба кор андохтанашуда мавҷуданд.. Корро ба ҳамин суръат идома дода, ба наздикӣ ҳаҷми гардиши молро то 500 миллион доллар мерасонем. Аслан, потенсиали тиҷорат миёни Тоҷикистону Ўзбекистон на камтар аз 1 млрд. доллар аст».
Ин гуфтаҳо амалан собит мешаванд. Танҳо дар ҷараёни форуми тиҷоратии доираи соҳибкории Тоҷикистону Ўзбекистон, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи март доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид ва имрўз хушбахтона қисме аз онҳо, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар самти интиқоли неруи барқу газ ва дар бахши молиявӣ аллакай татбиқ шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон аллакай 56 ширкати ўзбекӣ доир ба фурўши масолеҳи бинокорӣ, электротехника, автобусҳо, автомобилҳо ва маҳсулоти бофандагии истеҳсоли Ўзбекистон фаъолияти босамар дорад.
Вохўрии охири соҳибкорони ду кишвар бори дигар аз рушди афзояндаи муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳавасмандии калони доираи соҳибкории ҳарду ҷониб ба додугирифт ва зарурати он гувоҳӣ дода, боз ва боз ҳарчи бештар ривоҷу равнақ додани тиҷоратро тақозо дорад.
Бояд қайд кард, ки дар байни ҳуҷҷатҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон хосса муҳимтарин дониста мешавад. Ин ҳуҷҷат, ба қавли Пешвои миллат, муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад ва ин тадбир ҳамчун рўйдоди таърихӣ бозгўйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дўстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон мебошад.
«Қарори баланд бардоштани ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ – натиҷаи қонунӣ ва мантиқии он ҳама тағйироти бузурги мусбат мебошанд, ки дар муносибатҳои мо ба вуҷуд омадаанд», - изҳор доштаанд Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти гуфтушунидҳо дар Тошканд ба Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Ба имзо расидани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ду ҷумҳурӣ - Хатлону Сурхандарё ва Суғду Самарқанд хосса потенсиали ин ҳамкориҳоро баланд бардошта, ба рушди робитаҳои ҳарҷонибаи вилоятҳо ва шаҳрҳои ба ҳам наздик мусоидат мекунанд.
Дар баробари масъалаҳои тиҷоратӣ, баррасӣ ва пазируфта шудани масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии об, аз ҷумла оби кўли Сарез, ки на танҳо барои Тоҷикистону Ўзбекистон, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст, сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иштироки якҷояи ширкатҳои тоҷикию ўзбекӣ бисёр ҷолиби диққатанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафари таърихӣ, ки ба қавли худи Ҷаноби Олӣ «он дар таърихи муносиботи ду ҳалқи бародар бо натиҷаҳои босамари худ бо хати заррин навишта мешавад», бо қатъият изҳор намуд, ки «Ман борҳо ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ва гуфтушунидҳо дар ҷаласаҳои бонуфуз ва муҳташами сатҳи ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари Созмони Милали Муттаҳид гуфтаам ва боз ба такрор мегўям, ки мо ҳеҷ гоҳ ҳамсоягони худро бе об намемонем. Бахусус дар ҷараёни гуфтушуниди ҳозира ман супориш додам, ки масъалаи истифодаи якҷояи оби кўли Сарез бо Ўзбекистон дида баромада шавад».
Президенти Ўзбекистон дар навбати худ дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки Ўзбекистон пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон – бунёди ду неругоҳи барқи обиро дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт бо иштироки ширкатҳои тоҷикию ўзбекӣ мепазирад, зеро ин ба самти нави рушди ҳамкориҳо миёни ду давлат оғоз мебахшад.
«Агар шумо диққат дода бошед, дар эъломияи бародари ман Шавкат Мирзиёев гуфта мешавад, ки «Агар шумо аз ман пурсед, ки оё масъалаҳои ҳалношуда миёни Тоҷикистону Ўзбекистон боқӣ мондаанд, вай ҷавоб медиҳад, ки не» ва ман комилан бо ў мувофиқам»- гуфта буд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбастии сафари Президенти Ўзбекистон ба Тоҷикистон.

“Халқҳои мо, сарфи назар аз мушкилоти зиёд ва рўйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дўстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрўз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар базми «Шоми дўстӣ» дар Тошканд, ки ба шарафи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд. Дар навбати худ дар тақвияти ин суханон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев хеле бамавқеъ ва самимона афзудаанд, ки «Ўзбекону тоҷикон шабеҳи ду навдаи як дарахт, ду соҳили як дарёанд. Мо як дин ва замину оби умумӣ дорем».
Айни замон миёниТоҷикистону Ўзбекистон рафтуомади озод, тиҷорати озодона ба роҳ монда шудааст. Дар нимаи якуми соли 2018 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 35 фоиз афзуд. Танҳо дар бизнес-форуми охири зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Ўзбекистон дар Тошканд доиргардида ширкатҳои тоҷикию ўзбекӣ дар якҷоягӣ ба маблағи зиёда аз 100 млн. доллари ИМА шартнома бастанд.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон айни замон дар ҳоли бо суръат афзудан аст ва аз аввали соли 2018 наздики 2,3 баробар зиёд шудааст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ воридоти молҳои истеҳсоли Ўзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 67 млн. ва содироти Тоҷикистон ба Ўзбекистон 94 млн. долларро ташкил додааст.
Чунонки мебинем, дар ин муддат содирот аз Тоҷикистон ба Ўзбекистон дар қиёс аз Ўзбекистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, дар тиҷорати умумии хориҷии Тоҷикистон воридот нисбат ба содирот зиёд аст. Ўзбекистон баъди Молдова дуюмин мамлакати хориҷии наздик аст, ки Тоҷикистон бо он баланси тиҷоратии мусбат дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта табодули мол миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон 126,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост меояд.
«Итминони комил дорам, ки натиҷаи сафари таърихии Шавкат Миромонович ба Тоҷикистон ба рушди бонизом ва афзояндаи тамоми маҷмуи муносиботи ба дарозмуҳлат асосёфтаи мо такони ҷиддӣ мебахшад», гуфта буданд дар он рўзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сафари расмии худ ба Ўзбекистон ба ин гуфтаҳои худ тақвият бахшида, афзудаанд, ки «натиҷаҳои он омили муҳими рушди босуръати тамоми маҷмуи ҳамкории Тоҷикистону Ўзбекистон дар шакли нав гардидаанд».
Дигаргуниҳои мусбат ва умедбахше, ки дар ҳамкориҳои дуҷониба дар муддати нисбатан хеле кўтоҳ- ҳамагӣ ду сол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон бо саъю талошҳо, тавассути сиёсати созандаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омадаанд, хеле бисёранд ва ин муддатро метавон оғози барқарорсозии ҳамкориҳо, тағйироти куллӣ дар муносибот, марҳалаи нави ҳамкориҳо номид.
Н. ХУДОЙБАХШОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: