Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Пенза бо довталабони тоҷик

Мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Пенза бо довталабони тоҷик

17-07-2018, 10:32
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Пенза бо довталабони тоҷик
14 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе» намояндагони Донишгоҳи давлатии Пензаи Русия бо довталабоне, ки имсол тариқи супоридани тест ба ин донишгоҳ дохил шудан, пеш аз сафар мулоқот анҷом доданд. Дар он довталабон ва падару модари онҳо иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳ Камардин Игор Никалаевич мудири шуъбаи таҳсилоти олии Донишгоҳи давлатии Пенза зимни баромади худ, довталабон ва волидонашонро барои дохил шудан дар донишгоҳ табрик карда, изҳор дошт: «Аз соли 2014 ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии Пенза бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Имрўз зиёда аз 240 нафар донишҷўёни тоҷик дар ин донишгоҳ таҳсил доранд. Хушбахтона соли равон як гурўҳ ҷавонони тоҷик донишгоҳро бо сари баланд хатм менамоянд. Имсол бошад 51 нафар довталабоне, ки саводи хуб доштанд, ҳангоми супоридани тест холӣ баланд гирифта, босаводи худ бе ягон мамониа ба донишгоҳ дохил шуданд. Аз ин шумора 24 нафар буҷавӣ ва 27 нафар шартномавӣ мебошад.
-Фарзандони худро барои омўзиш дар ин донишгоҳ ҷиддӣ тайёр намоед. Барои он ки фарзандони шумо чандин километр дур берун аз Ватан барои таҳсил мераванд. Дар он ҷо пеш аз ҳама ба мушкилоти забонӣ рў ба рў мешаванд. Дигар ин ки фарҳангҳои ду халқ аз ҳамдигар фарқ мекунад, ки ин ҳам каме пробелама эҷод мекунад. Барои ҳамин аз тарафи шумо волидони азиз танҳо ва танҳо назорати доимӣ ва ҷиддӣлозим асту халос,-таъкид намуд Игор Николаевич зимни суханрониаш.
Сипас Шариф Ҷаборов, ёрдамчии муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишогоҳи давлатии Пенза баромад карда, вобаста ба тартиботу қоидаҳои дохили Донишгоҳӣ довталабонро шинос намуд. Ў дар идомаи сухананаш гуфт:«Берун аз кишвар таҳсил карда мутахассис шудан орзуи аксари ҷавонон аст. Аммо таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷа қоида ва тартиботи дохилии худро доранд, ки ҳар як ҷавони тоҷик онро бояд бечуну чаро иҷро ва тибқи он амал намояд. Аммо мутаасифона бархе аз ҷавони тоҷик баъди нимсол ва ё як соли таҳсил қойда, тартиб ва низоми будаи донишгоҳро риоя накарда, ба корҳои ношоиста даст мезанад. Ба мисли ба дарс надаромадан, сигор кашидан, шароб нўшидан ва ғайра, ки ин як аз қоидаҳои асосии донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.Онҳо аз бепарвои шумораи дар дарс набудани худро зиёд мекунанд ё ин ки дар хобгоҳ ё долони донишгоҳ сигор мекашанду шароб менўшанд. Бо ин амалҳои беадабона садорати донишгоҳ аввал бо донишҷў кори профилактикӣ мегузаронад, агар дубора такрор шавад, огоҳӣ медиҳанд, бори сеюм аз донишгоҳ хориҷ намояд».
Ҳамзамон Шариф Ҷаборов аз беъэтибориву бемасъулиятии волидон норозиги баён карда, мегўяд, ки баъзе аз падару модар нисбати фарзандони худ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бапарвои зоҳир мекунанд. «Онҳо дар 4-5 соли таҳсили фарзанди худ камтар таваҷҷуҳ менамоянд. Фарзанди яке онҳоро аз беадабӣ ё камсаводӣ аз Донишгоҳ хориҷ мекунанд, хабар намеёбанд. Фарзандашон бошад 3-4 сол дар ин шаҳри бегона ба кор ва ё ба дигар корҳои ношоиста мегузаронаду волидони худро фиреб медиҳад, ки дар донишгоҳ таҳсили худро давом додааст. Барои ҳамин аз шумо волидони азиз хоҳиш мекунам, ки вақте фарзандатонро барои таҳсил ба хориҷ мефиристед, ҳамеша зери назорати қатъи гиред. Аз ҳолу аҳволи ў ҳамеша бохабар бошед. Бо намояндагони тоҷик, ки дар Донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷ кор мекунанд, ҳамчун муаллим ва ё роҳбар ҳамеша дар алоқа бошед, ҳамкориро бо онҳо зич намоед. Ин ба манфиати худи шумо аст. Агар мову шумо калонсолон назорати доими ва ҷиддиро хуб ба роҳа монем, ҷавон хуб таҳсил карда, бо баҳои аъло донишгоҳро хатм намуда, омада ба Ватани худ ҳамчун мутахассиси ботаҷриба хизмат мекунад»,-гуфт номбурда.
-Шумо волидони азиз бинед, ки ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Хушбахтона ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони ҳадафҳои олии давлат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон дар хориҷи кишвар пайи аз худ кардани илм ва техникаву технологияи муосир мебошанд,-бо хушҳоли афзуд Ш. Ҷаборов.
Баъд аз саволу ҷавоб аксарияти волидон минатдории худро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ хусусан, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъдан Шариф Ҷаборов ва дигар намояндагони тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷа фаъолият мекунанд, расонида, зикр намуданд: «Мо хушҳол аз он ҳастем, ки имрўз фарзандони мо берун аз кишвар дар доншгоҳу донишкадаҳои бонуфзи олам сарбандона имл меомўзанд. Ҳамаи ин аз озодиву соҳибистиқлолии ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Солҳои пеш ҳар як падару модар орзу мекард, ки фарзандаш дар дигар давлатҳо рафта таҳсил намояд, аммо ин ба онҳо муяссар намегашт. Аммо имрўз бошад, барои рафтану таҳсил кардан қариб ягон мушкилие вуҷуд надорад. Агар фарзанд донишу хубу яке аз забонҳои хориҷиро бидонад, бе проблема метавонад имтиҳонҳои қабулро супораду рафта дар хориҷа таҳсил намояд. Шумо худ бубинед, ки фарзандони мо бо саводи худ имтиҳон супорида сазовори номи донишҷў шуданд. Мо бовар дорем, ки онҳо рафта дар он ҷо бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, донишгоҳро сарбаландона хатм намуда, омада дар Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси хуб хизмат мекунанд».

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: