Нархи боло боз боло меравад6-07-2018, 08:39
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Оё ҳамёни мо инро бардошта метавониста бошад? Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон нарх дар бозор ба истиқболи он аз ҷониби фурўшандагон аллакай як навбат боло рафта бошад ҳам, чандон назаррас набуд. Фақат як андоза баланд шудани нархи чанде аз маҳсулоти ғизоӣ – орди навъи якум, гўшти гов, шакар, себу сабзӣ ба мушоҳида расид. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон умуман дар моҳи май қимати орди навъи якум дар бозорҳои ҷумҳурӣ 1,3 фисад боло рафт. Бояд гуфт, ки орд аз маҳсулоти асосии ғизоии мардуми Тоҷикистон аст ва боло рафтани қимати он ба сабади истеъмолии ҳар як оила бетаъсир намемонад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, ҳар як тоҷикистонӣ дар ҳоле, ки дар як сол 40 кг картошка ва маҳсулоти картошкагӣ, 80 кг сабзавоту маҳсулоти полезӣ, 30 кг мева, 15 кг гўшт ва маҳсулоти гўштӣ, 60 кг шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 кг қанд ва маҳсулоти қаннодӣ истеъмол мекунад, он дар навбати аввал ба 150 кг орд эҳтиёҷ дорад. Дар ин моҳ қимати маҳсулоти кишоварзии ниёзи аввалия – картошкаю бехпиёз, сабзӣ, қаланфури булғорӣ ва боимҷон бо пухтани ҳосили нав ва фаровон шудани он дар бозор батадриҷ поён рафт, агарчи беш аз 50 фисад баланд шудани нархи помидору бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба назар мерасид. Вале нархи баъзе аз намудҳои маҳсулоти боғдорӣ дар ин моҳ ва баъди он ҳам, ба ғайр аз олу, дар ҳоли босуръат болоравист. Агар дар аввал ва миёнаҳои моҳи гузашта нархи 1 килограмм гелос аз 8 то 15 сомониро ташкил диҳад, алҳол дар калонтарин бозори «Меҳргон»-и ҷумҳурӣ ин навъи меваи нисбатан пешпазак вобаста ба ҳаҷм ва сифат бо нархи аз 18 то 30 сомонӣ фурўхта мешавад. Нархи тарбузу харбуза ҳам дар қиёс ба як моҳи рамазон боло рафта, савдогарон як донаи онро ба харидорон аз 7 то 20 сомонӣ пешниҳод мекунанд . Қимати маҳсулоти дигари ғизоӣ - шакар, ки чанде пеш 5,5 сомонӣ буд, ҳоло ба 7 сомонӣ расидааст. Болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо, ба қавли аксар таҳлилгарони масоили иқтисодӣ ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтааст, ки зуд-зуд бо пеш омадани ҳар иду айём ва афзудани талабот ба маҳсулоти ғизоӣ дар он шабу рўз ба амал меояд. Идҳои Соли нави мелодӣ, Рамазон, Қурбон новобаста аз болоравӣ ва ё пастшавии қурби асъори хориҷии доллар пахши хабари пешакии баландшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ боиси болоравии нарх дар бозор мегарданд ва ин болоравии нархро наметавон мавсимӣ номид, зеро аксарияти ин нархҳо ба ғайр аз маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба мавсим алоқамандӣ дорад, дигар арзон намешаванд. Ҳамин тавр, дар як сол на камтар аз ду-се бор нархҳо дар бозори истеъмолӣ боло рафта, қимати асъори тоҷикиро дар назди доллар қамранг мекунанд. Албатта, болоравии қимати доллар ба баланд гардидани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам саноатӣ яке аз омилҳои асосии таъсиргузор боқӣ мемонад. Таҳримҳои Амрико алайҳи Русия, торафт беқурбшавии рубли русӣ дар муқобили доллар ба кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки бо Русия шарикии стратегӣ ва ҳамкории зичи иқтисодӣ доранд, таъсири амиқ мерасонад. Бубинед, ҳангоми баланд шудани қимати доллар пули сомонии мо на дар қиёс бо франки Шветсария, маркаи Олмон, тангаи қазоқӣ ё юани чинӣ, балки маҳз дар муқоиса бо рубли русӣ ва дар баробари рубли русӣ қурби худро рўз ба рўз гум мекунад. То чи андозае, ки рубли русӣ дар баробари доллар беқурб шуд, сомонии тоҷикӣ ҳам ба ҳамон андоза беқурб мегардад. Имрўз доллари амрикоӣ дар баробари қимати худро ба таври бесобиқа боло бурдан дар ҷумҳурии мо хеле камёфт ҳам шудааст, чунки воридоти мо аз содиротамон бештар аст ва қимати молу маҳсулоти воридотӣ аз хориҷи кишвар фақат бо доллар ҳисобу баробар карда мешавад. Аз Қазоқистон мо орду гандуму газ ва аз Русия бензину соляркаро бо доллар мехарем, ба кишварҳои хориҷӣ бо қимати доллар сафар анҷом медиҳем, ба Маккаи мукаррама бо пули доллар ба адои ҳаҷ меравем ва дар ниҳоят қарзи берунаи ҷумҳуриро бо пули доллар бармегардонем. Ана, барои чӣ доллар барои мо ин қадар муҳтарам шудааст! Дар ду ҳафтаи охир дар нуқтаҳои савдои сўзишвории автомобилии ҷумҳурӣ нархи бензину солярка мутаносибан 10-15 ва 25 фисад баланд рафта, аллакай ба нархи роҳкиро таъсир расондааст ва асари номатлуби он ба қимати маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ низ хоҳад расид. Зеро маҳсулот то ба бозор тавассути нақлиёт оварда мешавад. Нархи роҳкиро то шаҳри Турсунзода аз 10 сомонӣ ба 15 сомонӣ ва ба шаҳри Кўлобу навоҳии минтақаи Рашт аз 30-35 то ба 45-50 сомонӣ боло бурда шудааст. Ҳоло дар нуқтаҳои фурўши сўзишвории шаҳри Душанбе як литр бензини арзонтарини АИ-92 бо нархи 7,6 сомонӣ (болоравӣ 12 фисад) ва сўзишвории дизелӣ 7,9 сомонӣ (болоравӣ 13 фисад) ва 1 литр гази моеъ 4,40-4,60 сомонӣ фурўхта мешавад. Дар шаҳри Кўлоб қимати газ 5 сомонӣ аст. Дар вилояти Суғд низ бензини навъи АИ-92 7 сомонӣ, солярка 7,4 сомонӣ ва газ 4 сомонӣ қимат гирифта, тамоюли болоравӣ доранд. Дар ҷумҳурӣ 60 фисади автомобилҳои шахсии мусофиркаш бино бар як қадар арзонӣ нисбат ба бензин бо газ кор мекунанд ва мусофирон аз он шикоят доранд, ки бо 20-25 фисад боло рафтани қимати газ мусофиркашонҳо қимати худро 50 фисад баланд бурдаанд, ки аз рўйи инсоф нест. Баъзе аз фурўшандагони сўзишвории автомобилӣ раванди беқурбшавии пули тоҷикӣ- сомонӣ дар баробари доллари амрикоиро сабаби боло рафтани нарх медонанд. Ба қавли онҳо, «сўзишворӣ аз хориҷи кишвар бо қимати доллар харида шуда, дар ҷумҳурӣ бо пули миллии тоҷикӣ фурўхта мешавад. Пули тоҷикӣ бошад, рўз ба рўз дар баробари доллар қурби худро гум карда истодааст». Ду воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ – ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон» ва «Фароз» болоравии қимати сўзишвории автомобилиро ба баланд рафтани нарх дар мамлакатҳои содиркунанда рабт диҳанд ҳам, автомобилистҳо, балки шаҳрвандони оддӣ айни замон бовар намекунанд, ки 1 тонна гази моеъ, ки қаблан аз Қазоқистон бо нархи 384 доллар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешуд, акнун якбора ба 587 доллар боло бурда шуда бошад. Онҳо суол пеш мегузоранд, ки чаро газ маҳз аз Қазоқистону бензину солярка аз Русия бо қимати баланд ворид карда мешаванд? Чаро воридкунандагони маҳсулот, ки дар асоси баъзе маълумотҳо беш аз 30 ширкати ватанӣ мебошанд, дар ҷустуҷўи манбаҳои нави воридкунии ин маҳсулот нестанд ва Ўзбекистону Туркманистонро ҳам, ки маҳсулоти зиёди нафтӣ доранд, як сў гузошта, ба Қазоқистону Русияи дурдаст мераванд? Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ бар онанд, ки болоравии қиммати доллар ва дар баробари он нархи маҳсулоти нафтӣ, ки маҷрои умумиҷаҳонӣ касб кардааст, хоҳ-нохоҳ боиси гаронии қимати маҳсулоти ғизоии ниёзи аввалия мегардад. Ҳамин тавр, метавон ҳадс зад, ки болоравии имрўзии нарх дар бозор мавҷи аввали баландшавии он аст… Неъматулло ХУДОЙБАХШОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.