Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «АДИБИ ҲАҚИҚӢ-ВИҶДОНИ МИЛЛАТ»

«АДИБИ ҲАҚИҚӢ-ВИҶДОНИ МИЛЛАТ»

5-04-2018, 09:22
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
«АДИБИ ҲАҚИҚӢ-ВИҶДОНИ МИЛЛАТ»

Бо қарори анҷумани клуби байналмилалии ПЕН (P.E.N. International) ҳамасола 3 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии нависанда таҷлил мешавад. ПЕН-клуб соли 1921 дар Лондон таъсис ёфта, номи ташкилот аз ҳарфҳои аввали калимаҳои англисии Poets (шоирон), Playwrights (драматургон), Editors (муҳаррирон), Essayists (эссенависон, очеркнависон) ва Novelists (романнависон) гирифта шудааст. Нахустин роҳбари ин клуб адиби барҷаста, дорандаи Ҷоизаи Нобел Ҷон Голсуорси буд. ПЕН-клуб барои озодии матбуот талош намуда, ба муқобили сензура дар замони осоишта мубориза мебарад. 80 маркази Пен- клуб дар 60 давлати дунё аз рӯйи барномаҳои худ амал менамоянд.
Дар ин замина, мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи Далер бо нависанда, драматург, тарҷумон ва муҳаррири варзидаи тоҷик Мансур Суруш, ки ҳоло ба ҳайси шореҳи адабии АМИТ «Ховар» фаъолят дорад, доир ба мавқеи адиб дар ҷомеа, ҳамсуҳбат шуд.
Устод, нахуст мехоҳам фаҳмам, ки адиб дар назди ҷомеа чӣ масъулият дорад ва онро чӣ тавр бояд амалӣ намояд?
- Ташаккур! Вазифаи ҷонии нависандагону рӯзноманигорон дар ҳама давру замон аз он иборат аст, ки дар асарҳои худ таърихи муосирро инъикос намоянд. Ин нуктаро бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ беҳтар аз ҳама дарк мекард. Ӯ на танҳо нависанда ва донишманди бузург, балки инчунин устоди беҳамтои жанри публисистика, солноманигори ҳақиқии даврони пурошӯби худ буд. Мероси азими публисистии ӯ гувоҳи он аст, ки устод чӣ гуна ба масъалаҳои мубраме, ки ҷомеаро ба ташвиш меоварданд, фавран ва муфассалан вокуниш нишон медод. Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигар шогирдони содиқи С. Айнӣ ҳам аз ӯ ибрат мегирифтанд. Назари онҳо ба зиндагӣ ва замон, баҳои онҳо ба ҳаводиси ҷорӣ на танҳо дар асарҳои бадеӣ, балки дар мулоҳизаҳои публисистиашон таҷассум меёфт. Имрӯз ҳам адибоне вомехӯранд, ки мавқеи фаъолонаи онҳо дар мақолаҳояшон оид ба мавзӯъҳои мубрами даврон инъикос мегардад. С.Турсун, А. Самад, Б. Муртазо, К. Насрулло, шодравон А. Сайфуллоевро ба ҳамин гурӯҳ мутааллиқ донистан мумкин аст. Аммо ин суханро дар бораи бисёр аъзои дигари Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистон, ки садҳо нафарро ташкил медиҳанд, гуфта наметавонем. Дар замоне, ки оид ба масъалаҳои чӣ дохилимиллӣ ва чӣ байналмилалӣ сухани боэътибори худро изҳор намудан зарурат дорад, онҳо хомӯш нишастанро афзал меҳисобанд. Ин бефаъолиятиву бепарвоии барои арбоби қалам нораворо бо кадом сабаб фаҳмондан мумкин аст?
Хоҳиш надоштан барои баҳсу мунозира, кӯшиши аз мушкилоти шадид гурехтан, буздилӣ, адами мавқеи возеҳи шаҳрвандӣ, қареҳаи ҳунарӣ ва ғаризаи сиёсӣ ё ватандӯстии дурӯғин?
Пас магар нависанда барои виҷдони миллат номидани худ ҳақ дорад?
Нақши адабиёт моҳиятан имрӯз ҳам тағйир наёфтааст. Он барои ёварӣ намудан ба хонанда ҷиҳати дарки ҳодисот ва тамоюлҳое, ки дар ҷаҳон сурат мегиранд, муваззаф аст. Дар байни масъалаҳои ба таври васеъ маълуми ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ имрӯз масъалаи ҳифзи сулҳу амонӣ ва ҳаёт дар рӯйи Замин афзалият дорад.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини адабиёт инсониятро барои дар рӯйи Замин фароҳам овардани иқлими солими ахлоқиву маънавӣ ва коштани тухми хираду некӣ водор намудан мебошад. Сухани А. С. Пушкинро ба хотир меорем, ки гуфтааст: “Ва бо лираи худ ман эҳсоси некӯ бедор кардам”.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат гуфта буданд, ки «як замон Иттифоқи нависандагон аз барӯмандтарин ташкилотҳои эҷодии мамлакат буд ва дар байни зиёиён нақши пешсафиро адо менамуд. Мутаассифона, солҳои охир Иттифоқи нависандагон ин мавқеъро аз даст додааст. Хусусан адибони мо ба назди мардум кам мераванд, бо халқ кам ҳамсуҳбат мешаванд». Шумо имрӯз ҳамкории адибон бо ҷомеаро дар кадом сатҳ арзёбӣ мекунед?
- Аз он даврае, ки Пешвои миллат ба фаъолияти Иттифоқи нависандагон чунин ҳақбинона баҳогузорӣ карда буданд, шонздаҳ сол гузашт. Дар ин байн дар ҳаёти ҷомеаи мо дигаргуниҳои азим ба вуҷуд омаданд. Инро дар мисоли Иттифоқи нависандагон ҳам баръало дидан мумкин аст. Баъд аз эроди комилан асосноки Сарвари давлат Раёсати ИН барномаи фаъолияти худро ҷиддан баррасӣ намуда, онро дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳандозӣ кард. Солҳои охир сафарҳои адибон ба шаҳру ноҳияҳо, мулоқоту суҳбатҳои онон бо мардум, инъикоси ҷараёни сохтмонҳои азим дар нашрияҳои адабӣ ба маротиб афзуд. Дар Иттифоқи нависандагон пайваста маҳфилҳои адабӣ бо ширкати ҳаводорони каломи бадеъ, аз ҷумла, ҷавонон доир мегарданд ва адибон зимни мулоқоти худ оид ба комёбиҳои даврони Истиқлолият, зарурати таҳкими ғояи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ, гиромӣ доштани арзишҳои аҷдодӣ ва умумибашарӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ташкилоти экстремистию терористӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба либосҳои ба фарҳанги мардуми мо бегона ҳарф мезананд.
Аммо барои соҳиб шудан ба мавқее, ки Роҳбари давлатамон дидан мехоҳанд ва дар ҷавоби ғамхориҳои доимиашон ба зиёиён ба ин пурра ҳақ доранд, ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст. Алалхусус имрӯз Иттифоқи нависандагон бозбинии фаъолияти адабии аъзои ин созмони куҳанбунёдро ба роҳ мондааст ва ин боиси бархостани шӯру мағал дар расонаҳои хабарӣ гардидааст. Роҳбарияти имрӯзаи Иттифоқи нависандагон, аъзои раёсати онро зарур аст, ки тамкин, дурбинӣ ва хирадмандии адибони насли калон, амсоли устодон Мирзо Турусунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноатро пеша кунанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа саъй намоянд.
- Дар баробари ин пас аз 13 сол – соли 2015 Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат бо нигаронӣ зикр намуданд: «...холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд». Мушкил дар чист?
- Мутаассифона, имрӯз ҳам гуфтан нашояд, ки адабиёт ҳамқадами замон аст. Таҳаввулоти бузурге, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми мамлакати мо ба амал омаданд, ба таври бояду шояд инъикоси худро наёфтаанд. Ҳол он, ки мавзӯъҳои доғи рӯзро худи ҳаёти ҳамарӯзаи мо талқин мекунад. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони мо, ба ақидаи ман, ба шарофати талошҳои пайвастаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сиёсати давлатӣ баровардани андешаи миллӣ мебошад, ки танҳо дар даврони истиқлолият имконпазир гардид. Ин андеша бояд ҷавҳари асарҳои адибони моро ташкил диҳад. Аз ҳама муҳимаш, дар даврони истиқлолият як насли нав, бо тафаккур ва диди тоза ба воя расид. Магар ин насл сазовор нест, ки қаҳрамони адабиёти даврони мо бошад?!
Бешак, солҳои охир асарҳои хуб ҳам дастраси хонандагон гардиданд. Мисоли возеҳи ин романи «Гирдбод» - и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов аст. Аммо чунонки мегӯянд, бо як гул баҳор намешавад.
Ин ҳам фаҳмост, ки барои ба таври эпикӣ тасвир намудани таҳаввулоти мӯҳташами замон офаридани характерҳои хотирмон, вақт ва дарки воқеаҳо зарур аст. Чунин асар аз муаллиф диду назари тоза ва тафаккури амиқ тақозо менамояд. Ҳамзамон жанри публисистика ба адибон имкон медиҳад, ки ба рӯйдодҳои зиндагӣ фавран таваҷҷуҳ кунанд. Ҳамин гуна фидокорию масъулиятшиносии устод Айниро ба ёд овардан кофист. Ҳамзамон дар назар бояд дошт, ки чунин публисистика барои дар оянда пайдо шудани асарҳои калонҳаҷми хонданӣ мусоидат мекунад.
- Ин нигарониҳои Сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳанд, ки зиёиён дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор доранд. Имрӯз барои рушди адабиёт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Комилан дуруст. Роҳбари давлатамон аз ибтидои фаъолияти доманадори худ, сарфи назар аз ҳама мушкилоте, ки замона пеш оварда буд, ба рушди маънавиёт, адабиёт ва ҳунар эътибори беандоза медиҳанд. Барои тасдиқи ин сухан ҳазорҳо мисол овардан мумкин аст, лекин мо фақат бо чанде аз онҳо иктифо мекунем. Аввалин шахсе, ки бо пешниҳоди Ҷаноби Олӣ сазовори унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон гардид, устод Айнӣ мебошад. Чунин унвон ба устод Турсунзода ҳам дода шуд. Ҳини яке аз сафарҳояшон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба серкорӣ нигоҳ накарда, ба деҳаи Переделкино барои аёдати Сотим Улуғзодаи бемор рафтанд. Баъд аз фавти нависанда барои ба Тоҷикистон овардани ҷасаду дафн кардани ӯ дар оромгоҳи Лучоб дастур доданд. Ҳамаи мо нағз дар ёд дорем, ки чӣ тавр ду сол пеш бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши адибони ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса барпо гашт. Он рӯз зимни суханронӣ Сарвари давлат бо самимияти ба худ хос гуфтанд: «Ман шоиронро дӯст медорам». Раиси иттифоқи нависандагони Қирғизистон А. Рисқулов, ки ман дар шафаташ нишаста будам, ин суханро такрор ва бо ҳарорат зам кард: «Месазад, ки ин гуфта бо оби тилло навишта шавад».
- Пас адибон бояд чӣ кор кунанд?
- Бояд на фақат дар сухан, балки дар амал сазовори ғамхорӣ, эҳтиром ва боварии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бошанд. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ташвиқ намоянд, асарҳое офаранд, ки оинаи даврони таърихии мо бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: