Захираҳои гидроэнергетикӣ – воситаи муҳими ҳамкорӣ4-04-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
ХУШО ИҚДОМИ НАВ ИМРӮЗ, КИ БО ҲАМ ХУБТАР БОШАД Дари марзҳоямон, дари дили тоҷикону тоҷикистониён чун одату русуми бобою бобокалонҳоямон ҳамеша ба рӯйи ҳамаи дӯстони дуру наздик ва дар навбати аввал ба ҳамсоягон кушода буд ва хушо, ки дар ин фасли баҳор, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳурии мо бо сафари расмӣ ташриф оварда, муносибатҳои анъанавӣ миёни ду давлатро, ки бар асари сиёсатҳои худкомагӣ халалдор шуда буд, аз нав барқарор кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ташрифи президенти Ӯзбекистон ба ҳамаи масъалаҳои тарафайн нуқтаи мусбат гузошт ва ҳама масъалаҳо комилан ҳал шудаанд. Сарвати бебаҳои Тоҷикистон – захираҳои фаровони обӣ метавонад барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар заминаи боэътимод бошад. Ин захираҳо на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистони бародар беш аз пеш дастрас бошанд. Чӣ хеле зикр намудем, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обӣ буда, аз рӯи нишондодҳои ҷаҳонии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд. Ба ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ фақат 5-6 фоизи захираҳои гидроэнергетикии иқтисодӣ самаранок истифода мешаванд. Захираҳои бузурги обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон, Сирдарё, Исфара ва дигарҳо ба сӯйи мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мешаванд ва мавқеи хело мувофиқи ҷуғрофии Тоҷикистон ба он мусоидат менамоянд, таъмини захираҳои обии кишварҳои минтақаро ба танзим дароварда, муҳити экологӣ эмин нигоҳ дошта шавад. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва бунёди обанборҳо имкон фароҳам меоваранд, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерӯю об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд. Ва боиси инкишофи на фақат бахши саноатии иқтисодиёт, балки афзоиши тавлидоти зироат гардида, амнияти хӯроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким мебахшад ва дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати расидан ба ҳадафи Рушди ҳазорсола такони ҷиддӣ мебахшад. Яке аз рагҳои хунгарди иқтисодиёти тарафайн ин пайвастагиии системаи энергетикии ҳамсоягон мебошад ва дар ин самт шарёни энергияи барқ тавассути хати барқи 500 ҳазор волта бо номи Л – 507 байни зеристгоҳҳои Регар -500 – и тоҷикон ва Гузар -500 – и ӯзбекон ва 4 хати интиқоли барқи 220 ҳазор волта дар ин рӯзҳо ба таппиши набзи дилҳои мардуми ду кишвар бо сарварии сарони ин давлатҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард, ки ибтидои пешравиҳои дар дӯстиву ҳамкориҳои миёни халқҳоямон хоҳад шуд. Д. Давлатшоев, Л. Қасобов, устодони Донишгоҳи технии Тоҷикистон а номи академик М.С. Осимӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.