НАВМЕД НАБОЯД ШУДАН АЗ ГАРДИШИ АЙЁМ2-04-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 514 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш як мард ба маркази мо омада ҳикоя кард, ки духтареро келин кардан мехоҳад. Аммо овозаҳо дар мавриди бемории сил будани духтарро шунида хост, ки ӯро ташхис намоем. Баъд аз муроҷиати мард мо духтарро ташхис намудем ва маълум гардид, ки ӯ дар ҳақиқат ба бемории сил гирифтор будааст. Баъдан ӯро ба табобат фаро гирифтем ва пас як муддати муайяни табобат бо писаре, ки ӯро номзад интихоб кардар буд, издивоҷ карданд. Вале ӯ то ҳол барои пурра шифо ёфтан табобатро идома дода истодааст,-қисса кард Охун Махсудӣ, номзади илмҳои тиб, директори Маркази зиддисилии ноҳияи Мастчоҳ. Дар ҳақиқат имрӯз баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии муборизаи зидди бемории сил ва табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад. –Мурдум бояд бидонанд, ки сил бемори ирсӣ, яъне авлодӣ набуда, комилан табобатшаванда аст, агар ба шарте ки шахси бемор табобати зиддисилиро саривақт ва то ба охир аз рӯи реҷаи таъиншуда ва бе танаффус бигирад. Шояд ҳама намедонанд, ки , ки бемории силро танҳо бо доруҳои махсуси зиддисилӣ табобат кардан мумкин аст на бо усули тибби халқӣ, бо гиёҳу алафҳо ва равғану гӯшти ҳайвонот. Мутаассифона, солҳои пеш мардум дар бораи сил хеле кам медонистанд ва маҳз аз ҳамин сабаб миёни аҳолӣ ҳар гуна сару садоҳои беасос паҳн мешуд. Бояд бидонем, ки сил бемории ирсӣ нест, вале як замон мардум ба ин овозаи бардуруғ, ки гӯиё сил беморӣ ирсӣ аст, бовар доштанд. Ҳатто кор то ба ҷое расида буд, ки вақте як хонавода бо хонаводаи дигар хеш мешуданд, дар бораи сил будан ё набудани якдигар пинҳонӣ маълумот мегирифтанд. Хушбахтона, он овозаҳое, ки солҳои пеш ҷо доштанд оҳиста-оҳиста аз байн рафтаанд, ки ин ҳам як қадами устуворе дар самти мубориза бар зидди бемории сил мебошад,-гуфт, Охун Махсудӣ. Номбурда инчунин афзуд, ки тибқи таҳлилҳо маълум гарш, ки агар соли 2004 25 дарсади аҳолӣ аз бемории сил огоҳӣ дошта бошанд, соли 2009 он ба 75 дарсад расид, ки ин аз заҳмати мутахассисони соҳа, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёт солим ва барномаи хайрхоҳонаи ЮСАИД оид ба паст кардани сатҳи бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Вай зимни суҳбат бо гуруҳе аз хабарнигорон, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил, барои шиносоӣ аз фаъолияти Марказҳои зиддисилии шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ба ноҳияҳои Спитамен, Конибодом ва Мастчоҳ сафарбар гардида буданд, ҳамчунин иттилоъ дод, ки баланд шудани маърифати санитарии аҳолӣ омили асосии дарёфти беморӣ миёни аҳолӣ шуда метавонад. Ба андешаи ин табиби ботаҷриба ва кордон, дар самти баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз бемории сил саҳми аъзоёни Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ, ки намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон, дин, маориф, корманди тиб ва намояндаи ҷамоат мебошанд, басо назаррас аст. Вай мегӯяд, аз соли 2015 инҷониб дар ҳама шаҳру ноҳияиҳои вилоят аз ҳисоби фаъолони ҷомеа Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил шуда, моҳе ду маротиба дар байни аҳолӣ чорабиниҳои таблиғотӣ гузаронида, нафаронеро, ки нишонаҳои беморӣ дар онҳо мушоҳида мешавад барои гузаштан аз ташхис ба муассисаи тиббӣ равон мекунанд ва сири онҳоро нигоҳ медоранд. Фаъолияти аъзои Кумитаҳои маҳаллии тандуруситӣ маҳз аз ҳамин ҷиҳат назаррас ҳисобида мешавад, ки онҳо бештар бо мардум сару кор мегиранд ва дарёфт гардидани беморони сил барои онҳо осонтар аст. То ҷое ки мо огоҳӣ пайдо кардем, аъзои Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, нафароне мебошанд, ки оид ба бемории сил маълумоти кофӣ доранд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии онҳо мардумро аз бемории сил огоҳ кардан, яъне маълумоти аниқу дақиқ оид ба бемории силро ба аҳолӣ расонидан аст. Онҳо бар ивази корашон маош намегиранд, танҳо сари ҳар чанд моҳ бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин афрод шахсони ташабускор ва намоёни деҳаву маҳаллаҳои худ мебошанд, ки барои солимии ҷомеа талош меварзанд. Мутахассисони соҳа, ки фаъолияти аъзои Кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ дар кишварро назаррас арзёбӣ мекунанд, мегӯянд, ин маънои онро надорад, ки тамоми аҳолӣ оид ба сил маълумотӣ кофӣ пайдо мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне, ки оид ба ин беморӣ хеле кам ва ё умуман маълумот надоранд. Вақте як нафар суол мегузорад, ки сил чи гуна беморӣ аст? маълум мешавад, ки вай дар бораи ин беморӣ хеле кам иттилоъ доранд ва ё умуман намедонад. Охун Махсудӣ мегӯяд, сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли «Кох» мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо ин беморӣ дар шуш хуруҷ мекунад. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ин барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфа кардан, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори бемории сил ба ҳаво паҳн карда мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба ин беморӣ бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон паст аст ва ё дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки барои сар задани ин беморӣ шароитҳо фароҳам ҳастанд, ба мисли шахсони дар зиндон буда, майзадагон, одамони бехонаву ҷой ва нашъамандон аз зумраи ашхоси зерин ҳастанд. Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфаест, ки зиёда аз 2 ҳафта, бо балғам ва баъзан бо хун, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли бемории сил нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори бемории сил метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё дар наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо ба табиби оилавии худ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ балғамро 3 маротиба бояд барои ташхис супоранд. Ба андешаи мутахассисони соҳа пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар ин самт ҳам муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиву хориҷӣ чораҳои мухталиф меандешанд. Барои онҳое, ки ба ин беморӣ гирифторанд, муолиҷа ва дорувориҳо ройгонанд. Ин иқдом боиси хушҳолист, ки мардум рӯз аз рӯз дар бораи бемории сил маълумоти бештар дастрас менамоянд ва сатҳи огоҳиашон дар хусуси ин беморӣ меафзояд. Тавре ҳамеша таъкид мешавад, пешгирии беморӣ аз муолиҷаи он осонтар аст. Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизатии бадан микробактерияҳои сил фаъол гашта, бемориро ба вуҷуд меоранд. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбат ба бемориҳо чунинанд: шароити ногувори зист, меҳнати вазнин, хӯроки камғ изо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторони бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, гузаронидани ҳар гуна ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва махсусан, сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО). Бояд гуфт, ки ВНМО қобилиятимуҳофизатии баданро суст карда, сабабгори авҷи бошиддати сил мегардад. Шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи зери хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Бемории сил дар чунин шахсон метавонад ба таври ғайриодӣ, ҳатто бе пайдошавии нишонаҳои беморӣ гузарад. Аз ин рӯ, барои дарёфти саривақтии онҳо дар як сол ду маротиба аз муоинаи рентгенӣ (флюрографӣ)-и қафаси сина гузаштан ҳатмист. Барои баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ба варзиш машғул шавад ва хуроки солимро истифода барад. Ашхоси гирифтори бемориҳои музмин дар як сол як маротиба аз муоинаи флюрографӣ бояд гузаранд ва аз нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркаши ва нашъамандӣ қатъиян даст кашанд. Бемории сил комилан табобатшаванда аст, ба шарте ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад, табобат бетанаффус бошад (на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад). Ҳангоми шакли фаъоли бемории сил қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахбор, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Пас аз ду моҳи табобат дар беморхона бояд табобаташро боз на кам аз чор моҳ дар муассисаи тиббии минтақавии худ, зери назорати корманди соҳаи тиб давом диҳад. Чунин чораҳо ба бемор шифои комил мебахшанд ва ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин медорад. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад. Дар масъалаи муносибат бо нафарони гирифтори бемории сил як нуктаро қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳолеки онҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд ва барои атрофиён хатар надоранд мо набояд аз онҳо дурӣ биҷӯем, зеро онҳо рӯҳафтода шуда, умедашон ба шифоёбӣ кам мегардад. Табобати бемории ШМС ҷараёни тулонӣ ва мураккаб мебошад, аз ин рӯ ба шахси бемор дастгирии ҳаматарафа ва кумаки маънавии аъзои оила, хешу табор ва дӯстону наздикон, ки ҳангоми табобат дар атрофии ӯ мебошанд, хеле муҳим аст. Зеро қатъи табобат метавонад табобати бемории силро боз ҳам мушкилтар созад. Бинобар ин гирифторони бемории сил ба дастгирии ҳаматарафаи мо ниёз доранд. Ёдрас мешавем, ки масъалаи мубориза алайҳи бемории сил зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, айни замон Нақшаи миллии стратегӣ оид ба мубориза айлайҳи бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаст ва ин санад фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад. Ибдуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.