Паёми президент ба парлумон 22 январ ироа мешавад24-12-2015, 15:30
Хабарро хонданд: 495 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми соли ояндаи худ ба парлумонро санаи 22-юми январ ироа мекунад.
Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2016-ро муайян мекунад. Дар паёми соли ояндаи сарвари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ миллӣ дар шароити буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин мубориза бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Ироаи Паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон мустақиман тариқи шабакаҳои марказии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ намоиш ва садо дода, кормандони тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ онро тамошову гӯш мекунанд. Худи ҳамон рӯз, 22 январ таҳти раёсати президент маҷлиси ҷамъбасти ҳукумат доир гардида, дар он аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2015 натиҷагирӣ ва нақшаҳои рушд дар соли 2016 муайян карда мешаванд. ©news.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.