Аброр Мирсаидов: Дӯстию ҳамкорӣ ниёзи мардуми ҳарду тарафи сарҳад аст7-03-2018, 10:05
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду халқи ҳамсоя – тоҷикону ӯзбекон заминаҳои амиқи таърихӣ дорад. Ҳамзистии паҳлу ба паҳлу дар ҳамсоягии нек, равобити қавӣ дар соҳаҳои мухталиф дар тӯли таърихи дуру дороз ин ду халқро на танҳо ба ҳамдигар муҳтарам гардонд, балки ба дараҷаи хешутаборӣ расондааст. Хабарнигори «Минбари халқ» дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аз директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Аброр Мирсаидов хоҳиш намуд, ки андешаҳои худро доир ба дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон мухтасаран баён намояд. Воқеъан ҳам, миёни ӯзбеку тоҷик аз қадимулайём умумияти қавии анъанавӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва хешутаборӣ вуҷуд дорад, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст,- гуфт Аброр Мирсаидов. -Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ мутаассифона, бино бар карахтии сиёсатҳо андаке ҷудоӣ ҳам ба амал омад. Вале имрӯз, шукри Худованд, дар натиҷаи муносибати неки роҳбарияти ҳарду кишвар ин арзишҳои таърихӣ аз нав эҳё шуда, аз ин рухдод тамоми мардуми ду кишвар хушнуд ҳастанд. Шумо тасаввур кунед, ки мо бо Ӯзбекистон 1312 километр сарҳад дорем. Аз ин бармеояд, ки миёни ин ду халқ асосҳои ҷуғрофии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мо дар ҳамкорӣ нисбат ба дигар мамлакатҳои дур аз Ӯзбекистони ҳамсоя манфиати иқтисодии бештар мебинем. Аз ин лиҳоз ҳам заминаҳои табиӣ-таърихӣ ва ҳам заминаҳои иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ҳарду мамлакатро боз ҳам дучанд намоянд. Бо гармтар шудани муносибатҳо тибқи омор гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон сар аз соли 2013 то ин замон 63-64 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Воридот 35 миллион доллар ва содирот ҳам ба наздики буд ва соли 2017, ки даргузашт, соли таърихӣ дар ҳамкориҳо миёни ду давлат аст. Дар ин сол намоишгоҳи тиҷоратии молу маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе ва ҳамин гуна як чорабинии тиҷоратӣ аз тарафи тоҷирону соҳибкорони тоҷик дар Тошканд баргузор гардиданд ва дар ин намоишгоҳҳо миёни соҳибкорони ҳарду давлат созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Танҳо дар намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе маблағи созишномаҳои баимзорасида 50 миллион долларро ташкил медод. Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар вилояти Суғд ҳам, ки соҳибкорони ӯзбек ба имкониятҳои тиҷоратии Минтақаи озоди иқтисодии ин ҷо ошно гардиданд, ба маблағи қариб 2,5 миллион доллар шартномаҳо баста шуданд. Яъне, рух додани чунин як падида, ки дар як сол боиси пешравиҳои бесобиқа дар муносибатҳои тиҷоратӣ гардидааст, аз интизориҳои деринаи соҳибкорони мо буд. Аз баста шудани сарҳад мардуми дӯст ва хешутабори ҳарду ҷониб беш аз ду даҳсола ранҷ мекашиданд. Инак, инфрасохтор миёни ду давлат кушода шуд. Аллакай дар сарҳад 10 гузаргоҳи наздисарҳадӣ барои рафтуомади ҳарду ҷониб дарвозаҳои худро боз намудааст. Қитъаи роҳи оҳани Амузанг- Хошадӣ миёни Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки аз соли 2011 ин ҷониб вайрон шуда буд, ҳафтае пеш аз тарафи худи мутахассисони ӯзбек барқарор гардид. Нархи роҳкиро тариқи қатора ҳам дар бисёр сайрхатҳое, ки тавассути онҳо соҳибкорони тоҷик молу маҳсулоти худро интиқол медоданд, хеле арзон карда шуд. Бинед, ки акнун чи қадар хароҷот кам мешавад, чи қадар судоваранд ин ҳамкориҳо барои тоҷирону соҳибкорон, дар маҷмуъ барои мардумони ҳарду ҷониби сарҳад. Мусаллам аст, ки фаъолияти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар робита ба имзои созишномаҳои нав ба нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзию коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маориф, инфрасохтор ва ғайра самари нек дода истодаанд. Ногуфта намонад, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2000-ум созишнома оид ба дӯстии ҷовидонӣ амал мекунад. Дар байни ду давлат аз соли 1992 ин ҷониб робитаҳои дипломатӣ дар заминаи нави давлатдории ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон пайдо шудааст. Муваффақиятҳое, ки мо аллакай ба даст овардаему боз рӯйи кор омада истодаанд, боиси хушнудист ва самараҳои судманд хоҳанд овард. Имрӯз медонем, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ Ӯзбекистон хеле пеш рафтааст, чунки ин мамлакат ҳанӯз дар замони шӯравӣ заминаҳое барои рушди ин соҳаҳо дошт. Агар дар мамлакати мо то соли 2000-ум низоъҳою ҷангҳои шаҳрвардӣ авҷ намегирифт, мумкин буд, ки мо ҳам дар ҳамкорӣ ба чунин натиҷаҳо мерасидем. Агар доир ба карахтиҳои сиёсӣ аз соли 2000-ум то 2014 сухан ба миён оварем, бояд гуфт, ки сабабгори онҳо маҳз ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд, ки Ӯзбекистон намехост дар ҳудуди худаш ҳам доман занад ва худро эҳтиёт мекард ва имрӯз дар Ӯзбекистон дарк намуданд, ки дар мо оромию сулҳу ваҳдат ҳукмфармосту устувории сиёсӣ барқарор шудааст, ҳамкории деринаро боз эътироф карданд. Ман дар хотир дорам, ки замоне мо чи аз вилояти Суғд ва чи аз Регар (ҳоло Турсунзода) ба Ӯзбекистон молу маҳсулоти фаровони кишоварзӣ содир мекардем ва бозорҳои Ӯзбекистон пур аз меваҷоту сабзавоти Тоҷикистон буд. Сангҳои мармари мо метрои Ӯзбекистонро зиннат медоданд ва имрӯз мо метавонем дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ ҳам чунин ҳамкориҳоро ба роҳ монем, ин ҳамкориҳо ба мо аз се тараф суд меоваранд: Аввал - суди иҷтимоӣ, яъне бо кушода шудани роҳҳо мардум рафтуомади хешутаборӣ ва дӯстонаи худро идома медиҳад, ҳамкориҳои фарҳангии мо густариш меёбад. Дуюм - суди иқтисодӣ, ки бино бар аз лиҳози ҷуғрофӣ наздик будан тиҷорат дар ҳарду ҷониб ба таври муштарак авҷ мегирад, ки ба манфиати ҳарду кишвар аст ва ҳоло метавон интизор шуд, ки корхонаҳои зиёди муштарак миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил карда мешаванд. Зеро ташкил кардани чунин корхонаҳо бино бар наздикии сарҳад барои ҳарду ҷониб хеле арзон меафтад. Бинед, ки молҳои саноатии Ӯзбекистон аллакай ба бозорҳои мо ворид шудаанд, ки сифаташон аз молҳои туркӣ беҳтар ва нархашон арзонтар аст. Суди сеюм суди сиёсист. Яъне мо дар ягонагӣ ба муқобили терроризму экстремизм, дар ҳифзи марзу бум аз хатарҳои беруна, яъне дар масъалаҳои геосиёсӣ ҳамкорӣ мекунем. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар якрангии онҳо дар сатҳи ташкилотҳои байналмилалӣ низ дастгирии хуб меёбад. Ӯзбекистон бо 32-33 миллион аҳолӣ дар арсаи ҷаҳон аз нуфузи калон бархурдор аст ва бо мусоидати ин мамлакат Тоҷикистон метавонад бисёр масъалаҳои мубрамро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён гузошта, дастгирӣ ёбад. Масалан, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки об дар сатҳи байналмилалӣ, ки аз рӯйи он Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул шудааст, метавонад ба баланд гардидани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва ҳам арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Бино бар ин, ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки Ӯзбекистон дар ояндаи бисёр ҳам наздик яке аз шарикони стратегӣ дар рушди иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон хоҳад гардид. Воқеъан ҳам, нигоҳи некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар Паёмҳои солҳои 2002, 2004 ва 2005-и онҳо ба Маҷлиси Олии кишвар зуҳур ёфтаанд. Дар ин паёмҳо таъкид шудааст, ки агар мо ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро рушд диҳем, барои мардум беандоза нафъоваранд ва чунин пешниҳодҳои бузург ҳам аз ҷониби Пешвои миллат борҳо эълом гардида буд. Илова бар ин, вақте ки даҳ сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд, дар хотир дорам, ки ба сокинони ин ноҳия таъкидан мегуфтанд: «Сиёсате, ки имрӯз ҳаст, пагоҳ тағйир меёбад, некӣ рӯзе ғалаба мекунад. Новобаста ба сиёсат ин ду халқ-тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯст, қавм, хешу табор боқӣ мемонад. Дӯстию рафоқатро бо ҳамсояҳои ӯзбеки худ гум накунед». Ин суханонро Сарвари давлати тоҷикон даҳ сол пеш гуфта буданд, ки аз назари дурандешонаи онҳо гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз ниёзи мардуми ҳарду тарафи сарҳад низ ҳамин аст, ки сиёсатҳо унс гиранд ва робитаҳо эҳё шаванд. Ин ниёзи объективии мардум буду ҳаст. Ба ин муносибат мо халқҳои тоҷику ӯзбекро табрик мегӯем. Мусоҳиб Н. Худойбахшов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.