Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ1-12-2017, 13:55
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои Шӯрои ҷамъиятиро бо масъалаҳои баррасишаванда ошно намуд. Нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяясар Сангинова оид ба ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки “Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294, қарори Раиси вилоят аз 03.09.2014, № 383 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар шаҳри Хуҷанд”, ба тавсиб расид. Оид ба иҷрои қарори мазкур, шӯъбаи кор бо занон ва оила, баҳри танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила барои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ҳадафи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19 марти соли 2013, № 954 ) аст, фаъолияти хешро ба роҳ мондааст”. Муяссар Сангинова афзуд, ки “Дар доираи татбиқи нақша – чорабинии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорон озмун аз рӯйи номиннатсияҳои “Беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ”, “Беҳтарин ролики иҷтимоӣ” ва “Беҳтарин маводи чопӣ” эълон намуд. Озмун то санаи 10 декабри соли 2017 ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофот, диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида мешавад. Тибқи аз рӯзноманигорон бояд то санаи 1 декабри соли 2017 маҳсули эҷоди худро инъикос ва нашр намуда, онро ба ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод намояд.Ҳамчунин шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии маркази иҷтимоӣ ҳуқуқии “Сарчашма” семинар – тренингҳо барои ҷавонон, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии барҳам хӯрдани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳамзамон дар оила тарбия гирифтани насли наврас мегузаронанд”. Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва озмуни эълонгардидаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” шаффоф натиҷабардорӣ карда шавад. Сипас аз рӯйи масъалаи дуюм мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба мавзӯи “Дар бораи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи “Соли 2017- Соли ҷавонон” маърӯза намуд. Мавсуф зикр дошт, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Хуҷанд барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон дар шаҳр 4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 3 омӯзишгоҳҳои касби техникӣ ва 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хизматрасонии таҳсилотиро ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар ҷавонони синну соли 14-29 сола таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳр 10 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо барои беш аз 5000 нафар ҷавонону наврасон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин дар шаҳр 4 муассисаҳои фарҳангӣ-таълимӣ фаъолият менамоянд, аз онҳо 2 мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, ки дар он наздик 1500 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, нозукиҳои санъати тоҷик, мусиқи ва рассомиро меомӯзанд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 260 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маром идома дорад”. Бахтиёр Исматҷонов афзуд, ки “соли ҷорӣ 13 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла 4 майдончаи футбол бо алафи сунъӣ дар маҳаллаи Суғдиён ва 1 майдони футбол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, 1 майдончаи варзишӣ дар Коллеҷи тиббӣ, 1 майдончаи варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва толори варзишии замонавӣ бо майдончаи теннис дар мактаби хусусии “Гулчини Маърифат” 1 Маҷмааи фароғатию варзишӣ, барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар маҳаллаи Мевағул, майдони футбол бо алафи сунъӣ дар шафақи Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, толори варзишӣ, майдони футбол бо алафи сунъӣ ва дар мактаби нави замонавӣ ва майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар маҳаллаи Темурмалик мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин бом, бинои маъмурӣ ва ҳавзи шиноварии Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ пурра таъмиру таҷдид карда шуд. Варзишгоҳи “Спартак” таъмиру таҷдид карда шуда, толорҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмир гардида, ба соли хониши нав омода карда шуданд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон сохтмони бинои маъмурӣ дар мактаби варзишии №1 идома дорад”. Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 180 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохӯриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 142 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сайёҳону меҳмонон баргузор гардиданд. Зимни баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ пешниҳодоти мушаххас дар партави эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ироа гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузориҳои мушаххас ва тарҳрезии нақша-чорабиниҳо ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳусни анҷом бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.