ШАШМАҚОМ – ифтихори мост!23-11-2017, 10:12
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
(Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода) - Муҳтарам Фароғат Абдуқаҳҳорзода, Шумо, ки умри хешро сарфи шинохти мусиқӣ кардаву то ба дараҷаи доктори илмҳои санъатшиносӣ ва Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаед, лутфан бигӯед, ки Шашмақом дар фазои мусиқии тоҷик аз лиҳози илмӣ чи мавқеъ ва мартаба дорад? Таърихи он чӣ давраҳоро гузаштааст? - Шашмақом мусиқии классикии тоҷик аст, ки дар асоси мусиқии суннатии профессионалии тоҷик ташаккул ёфтааст. Шашмақом мусиқиест, ки дар таърихи халқи тоҷик ҳам илми он рушд ёфтаасту ҳам дар амалияи мусиқӣ роҳи дарозро паси сар кардааст. Асрҳои аср тавассути рисолаҳои мусиқӣ илми мақомот талқин ёфтааст. Дар таърихи мусиқии тоҷик Шашмақом сеюмин системаи мусиқӣ аст. Дар давраҳои тоисломӣ аввал он Ҳафтпарда буд, ки он бо номи Борбади Марвазӣ алоқаманд аст. Дар давраи фарҳанги исломӣ, тахминан охирҳои асри XII – аввали XIII системаи Дувоздаҳмақом (аввал бо унвони Дувоздаҳпарда, сониян бо номи Дувоздаҳ адвор) ташаккул ёфта, сатҳи нави рушди назарияи мусиқиро зоҳир намуд. Бинобар ин муаллифи “Китоб ул-адвор” Сафиуддин Урмавӣ дар таърихи мусиқии Шарқ асосгузори мактаби танзимгарӣ шинохта шудааст. Аз асрҳои XVII сар карда, мақомоти Шарқ (бо сабабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ) бештар дар ҳудуди мамлакатҳои алоҳида рушди хешро ёфта, шаклҳои миллии хешро пайдо карданд. Шашмақом дар охири асри XVIII дар заминаи мусиқии тоҷик ташаккул ёфтааст. Имрӯз Шашмақом яке аз шаклҳои мукаммали мақомот маҳсуб меёбад. Агар ба роҳи таърихии мақомоти тоҷик назар афканем, он гоҳ мебинем, ки мусиқии тоҷик гарчанде ба назм аз ибтидо наздик буд, вале сатҳи олии тавъамии мусиқиву назмро дар шакли Шашмақом зуҳур намуд. Бинобар ин Шашмақомро зодаи мусиқии тоҷик ва назми классикии тоҷик шуморидан равост. -Оё Шашмақом танҳо дар ҳудуди фарҳанги тоҷикон ташаккул ёфтаву бозмонд ва ё ин ҳавза васеътар аст? - Мақомоти Шарқ сершоха аст. Хусусан баъди асрҳои XVI-XVII дар як қатор мамлакатҳои гуногуни Шарқи Наздик ва Миёна шохаҳои гуногунашро зимни мусиқии таҳҷоӣ бою ғанӣ гашта, имрӯз ба ғайр аз мардумони форсу тоҷик дар фарҳанги мусиқии ҳинду, арабу турк низ мавқеи бузургро ишғол намудааст. Шашмақом бошад ибтидоан дар ҳудуди фарҳанги шаҳрии тоҷикон пайдо гашт. Марказҳои таърихии фарҳанги тоҷикон – шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд, макони ташаккули Шашмақом ба шумор мераванд. Мутаассифона, фарҳангу сиёсат на ҳама вақт бо якдигар ҳамоҳанганд. Дар солҳои 20-уми асри XX тибқи сиёсати советӣ тақсимот чунин шуд, ки ин марказҳои фарҳангии тоҷикон ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид карда шуданд. Бинобар ин имрӯз Шашмақом дар фарҳанги ин халқи ба мо ҳамсояву бародар низ маъмул аст. -Дар замони советӣ чунин ба назар мерасид, ки бештари мақомхонон ҳунармандони яҳудитабор буданд, инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Ҳамаи яҳудиён не. Шашмақомро танҳо яҳудиҳое медонанду месароянд, ки онҳоро яҳудиёни бухороӣ меноманд. Ин чизи муқаррарист. Мусиқичие, ки сокини Бухорову Самарқанд аст, ҳама аз Шашмақом ё аз мусиқие, ки дар он қо маъмул аст, воқиф аст. Чаро? Барои он ки онҳо дар дар фазои ин мусиқӣ ба воя расидаанд. Маълум аст, ки онҳо ҳатто забони тоҷикиро аз худ карда, байни худ ба ин забон гап мезананд. Яҳудиён ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекарданд ва ҳамаи онҳоро яҳудиёни бухороӣ мегӯем. Онҳо Шашмақомро ба забони тоҷикӣ мехонанд. Соли 2003 зимни сафари Амрико, мусиқишиноси амрикоӣ профессор Теодор Левин аз ман хоҳиш кард, ки ба як маҷмӯаи мақом, ки аз тарафи яҳудиёни бухороӣ омода гашдааст, ва тавассути он як далели наверо мехоҳанд оваранд, тақриз бинависам. Дар Нйю-Йорк ба нияти пажӯҳиши ин масъала бо чандин яҳудиҳои бухороӣ сӯҳбат гузаронидам. Онҳо аслан аз Душанбеву Бухорову Самарқанд ба Амрико ҳиҷрат карда буданд. Дар тӯю худоиҳояшон онҳо ба оҳангҳои Шашмақом бо забони иврит матнҳоро аз Таврот месароиданд. Инро асос карда, сармуҳаррири рӯзномаи «Бухариен-таймс» Рафаэл Некталов исбот карданӣ мешавад, ки Шашмақом моли яҳудиён аст. Ба гуфти ӯ далел ин аст, ки матнҳои Таврот ба он хеле хуб мутобиқ мешаванд. Маҳз бо ин мақсад ӯ маҷмӯаеро ба оҳангҳои Шашмақом бо матни Таврот ба чоп омода намуда, дар он ин ақидаи хешро оварданӣ будааст. Он вақт мо якчанд бор ҳамҷоя бо сарояндагону навозандагони яҳудиёни бухороӣ ҷамъ омада, инро муҳокима мекардем. Рафаэл дар ақидаи худ пофишорӣ мекард. Ва ман дар яке аз ин нишастҳо аз яҳудиҳое, ки дар ватани мо зиндагӣ накардаанд, хохиш намудам порчаеро аз Шашмақом бихонанд. Натавонистанд. Дар байни онҳо нафаре буд, ба фикрам Изро Малаков, ки дастгоҳҳои эрониро хеле хуб месароид. Сабаб дар он буд, ки ӯ дар Эрон солҳои дароз зиндагӣ кардааст. Ҳамин тавр исбот шуд, ки Шашмақомро танҳо яҳудиёни бухороӣ медонанд. Ва агар он ибтидоан зери матнҳои Таврот ташаккул меёфту барои яҳудиён моҳияти мазҳабӣ медошт, онро мебояд ҳамаи яҳудиёни дунё медонистанд. - Пас, бо моли худ шуморидани Шашмақом онҳо чӣ мехостанд? - Санъати волоро ҳар миллате бошад, моли худ кардан мехоҳад. Вале дар ин ҷо сабаби дигар низ ҳаст. То имрӯз мақомсароёни яҳудӣ Шашмақомро бо забонҳои тоҷикӣ месароиданд. Акнун онҳо сокинони Амрико мебошанд. Насли нави онҳо забони тоҷикиро тадриҷан фаромӯш мекунад. Онҳо ба забони инглисӣ таҳсил мекунанд. Эҳтимол ивритро низ ҳамчун забони авлодиву мазҳабӣ ва инчунин забони давлатии Изроил меомӯзанду медонанд. Ман ба чунин ақидаам, ки аз сабаби он ки онҳо Шашмақомро хеле дӯст медоранду мақсад доранд, ки он дар ҷомеаи яҳудиёни бухороӣ дар Амрико низ аз байн наравад, ин роҳро пайғирӣ намудаанд. – Хуб. Лекин чӣ гуна ин матн ба оҳанги тоҷикӣ мувофиқат кардааст? Аввал ин ки ин хусусияти санъати волост. Сониян, аслан Шашмақом, азбаски зери қавонини қавии риёзӣ асос ёфтааст, он на танҳо ба матнҳои Таврот мутобиқат мекунад, балки ба забонҳои дигар низ. Мақомотро ва фанни мусиқиро дар асрҳои миёна ба фанҳои чоргонаи риёзӣ дохил мекарданд ва аз ин нуқта тадқиқ менамуданд. Аз ин рӯ рисолаҳои мусиқии муаллифони қурунивустоии тоҷик ба асарҳои риёзии онҳо ворид гаштаанд. Ва услуби риёзӣ ҳамеша (имрӯз ҳам) дар таҳқиқи назарияи мусиқӣ ба кор бурда мешавад. Яке аз меъёрҳои асосии дилнишинии оҳанг ҳам дар таносубияти рақамии садо аст. Ҳар чизе ки таносубияти хуби рақамӣ надорад, ба гӯш форам нест. Шашмақом яке аз намунаҳои олии зуҳуроти риёзиёт дар мусиқӣ маҳсуб меёбад. Паҳлуи дигари масъала он аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои хушоҳангтаринии дунё маҳсуб меёбад, чунки дар он ҳиҷоҳои кушода афзалият доранд. Умуман, сурудҳое, ки ба забони тоҷикӣ сароида мешаванд, бо забони дигар иваз кардан осонтар аст. - Аз мардуми ӯзбек нақши киро дар ҷовидона гардонидани Шашмақом ёдовар мешаванд? Оё иртибот дар шинохти Шашмақом дар ин ду кишвар ба ҳам ягон алоқамандие дорад? -Дар таърихи Шашмақом академик Юнус Раҷабӣ, ки худ аслан зодаи Фарғона буду дар оркестри ҳарбӣ дар нимаи аввали асри ХХ фаъолият дошт, эътироф шуда аст. Ҳукумати Ӯзбекистони советӣ барои иҷро кардани супориши давлатии оид ба пурра ворид кардани ашъори ӯзбекӣ ба Шашмақом маҳз ӯро (шояд барои донистани илми нотавии аврупоӣ) интихоб намуд. Ӯ барои бо ашъори ӯзбекӣ ба нота гирифтани Шашмақом унвони баланди академикиро сазовор шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷараёни иҷрои ин ҳадаф ӯ бо Фазлиддин Шаҳобов ҳамкории хуб дошту зуд-зуд ба Душанбе меомад. Дар ин бора ба ман шодравон, ҳамсари Фазлиддин Шаҳобов – муаллимаи мӯҳтарам Фотима Аҳроровна нақл карда буданд. - Чаро Юнус Раҷабӣ маҳз бо Фазлиддин Шаҳобов ҳамкорӣ доштанд? - Фазлиддин Шаҳобов яке аз беҳтарин донандагони шеър ва банду басти мақом маҳсуб меёбад. Ӯ, писари бедилшинос, мударриси дарборӣ Абдураҳими Хатлонӣ буда, маълумоти ашрофзодагони замони худро дошт. Ҳанӯз аз 5-6-солагӣ аз рӯи “Нисоб ус-сибён”- и Абӯнасри Фароҳӣ сар карда то ба дараҷаи олии шеърдонӣ расидааст. Аз ин рӯ Юнус Раҷабӣ барои ёрдам ба ин устоди бузург муроҷиат мекардааст. Дар бораи дараҷаи олитарини шеърдонии Фазлиддин Шаҳобов аксарияти композиторону шоирони тоҷик низ нақлҳои зиёд мекарданд. Нимаи аввали асри ХХ равобити ҳамкорӣ ва муносибати дӯстонаи ҳунармандони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба дараҷаи олӣ буд. Ҳама якҷоя дар бораи нигаҳ доштани Шашмақом андеша мекарданд. Ба Фазлиддин Шаҳобов, аристократи замон, дигар ҳадафу кирдор бегона буд. Ва ӯ ҷӣ қадаре ки тавонист ба Юнус Раҷабӣ, ки Шашмақомро дар ҷараёни кори банотагирӣ хеле хуб аз худ кард, ёрдам додааст. Ногуфта намонад, ки Фазлиддин Шаҳобов ягона рисолаи Шашмақомро дар асри XX навиштааст. Фазлиддин Шаҳобов оҳангсоз, ҳофиз, танбӯрии беназир, олими Шашмақом, яъне устоди комили мақом буд. Осори илмии ин марди ҳунар дар 1000 саҳифа бо хати ниёгон ва кириллӣ ба мо боқӣ мондааст. Ва имрӯз он дар се ҷилд (чопи аввал дар солҳои 2006, 2007 ва чопи пурраи дуюм дар соли 2011, ба муносибати 100-солагии устод) чоп шудааст. Имрӯз ансамбли мақомхонони ТВ ва радиои Ӯзбекистон номи Юнус Раҷабиро дорад. Ансамбли давлатии Шашмақоми Тоҷикистон бошад, номи пуршарафи Фазлиддин Шаҳобовро, ки ин аз нақш ва иртиботу ҳамкориҳои илмиву эҷодии ин ду шахсияти таърихӣ таҷассум кардааст. - Дар замони шӯравӣ тақдири Шашмақом чӣ мешавад ва нақшу мақоми ин жанри мусиқӣ то куҷо буду чӣ осоре ба рӯзгор боқӣ гузошта аст? -Нахустин бор соли 1924 композитори рус Виктор Успенский дар иҷрои се ҳофизи тоҷик – Бобоҷалол Носирзода, Мирзоғиёс Абдуғанизода ва Мирзо Назрулло дар Бухоро Шашмақомро сабт мекунанд. Онро ба рӯи нота оварда дар Маскав нашр менамояд. Мутаассифона, бо маслиҳати Назири маорифи ҳамонвақтаи Ҷумҳурии халқии Бухоро Абдурауфи Фитрат ин нашрия бидуни ашъор чоп мешавад. Вагарна, ашъори тоҷикии Шашмақом далели бузурге мебуд барои исботи тоҷикзабон будани аҳолии Бухорову Самарқанд. Албатта, ин ҷо бозиҳои сиёсии ҳамон давра таъсире ба тақдири Шашмақом мегузорад ва дар ин бора дар мусиқишиносии муосир бисёр гуфта шудааст. Сониян, дар Тоҷикистон Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибов Шашмақомро бо нота гирифтанду он солҳои 50-ум ва 60-ум дар Маскав аз чоп баромад. Дар урфият имрӯз онро «сабти устодон» мегӯянд. Арзиши таърихии ин сабт бениҳоят бузург аст: худи донандагони Шашмақом, аз ҳофизаи хеш матни мусиқии Шашмақомро ба нота сабт намуданд. Вақте ки соли 1942 аз Ҳукумати Тоқикистон супориши ба нота гирифтани Шашмақомро Фазлиддин Шаҳобов мегирад, ӯ пешниҳод менамояд, ки барои иҷрои ин кор ба ӯ Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов даъват шаванду ҳамкорӣ кунанд. Ҳамаи амалҳои минбаъдаи таҳқиқӣ, сабтӣ, иҷрокунандагӣ дар асоси ҳамин сабти нотавии устодон ба амал омадааст. Дар ин савол баҳсе ҳам нест. Инро низ бояд фаромӯш накард, ки ин сабти устодон тӯли даҳсолаҳо ягона сарчашмаи хаттие буд, ки матни Шашмақомро нигоҳ дошта тавонист. Солҳои 30-60 дар замони шӯравӣ Шашмақомро чун мусиқии касбӣ эътироф намекарданд ва онро мусиқии бою ашрофон меҳисобиданд, аз ин рӯ, дар системаи таълим ҷой надошт. Солҳои охири 60 ва аввали 70-ум ба туфайли ҷараёни умумиҷаҳонӣ муносибат нисбат ба мақомот иваз шудан гирифт. -Баъд бо чӣ роҳе Шашмақомро зинда нигоҳ доштанд ва ба низоми таълим дароварданду то ба ин дараҷа расониданд? -Дар омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (ҳозира коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов) Иззат Орифов ном марде директор буд, ки худ ҳуқуқшинос буд. Ӯ нахустин шахсе буд, ки бахши шашмақомхонӣ таъсис дода шавад. Дар байни нахустин довталабони ин шӯъба Бурҳон Мамадқулов ва Зафар Нозимов низ буданд. Аммо як сол пас, баъди аз вазифаи директорӣ рафтани Иззат Орифов, ин шӯъба баста шуд. Яъне пазируфтани мактаби устод-шогирд барои он замон имконнопазир гардид. Дар ин давра хатари аз байн рафтани Шашмақом бар омад. Бинобар ин фаъолияти минбаъдаи Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун устод дар ансамбли шашмақомхонон идома ёфт. Онҳо дар ин ансамбл шогирдони зиёдро тарбия намуда тавонистанд. Танҳо як шогирди устод Шаҳобов булбули Шашмақоми тоҷик – Барно Исҳоқова арзиши як мактаби ҳунариро дорад. То имрӯз ӯ назир надорад ва лаҳни тоҷикии хондани вайро дар дигарон пайдо кардан душвор аст. Барно дар ҳақиқат мӯъҷиза аст. Дар танбӯрнавозӣ худи устод Фазлиддин Шаҳобов мӯъҷизаест, ки то ҳол на дар Тоқикистону ва на дар Ӯзбекистон назираш нест. Вақте ки дар солҳои 70-ум бо ташаббуси профессор Ф.М. Кароматов аввал дар Ӯзбекистон (1972) ва сониян, дар Тоҷикистон (бо кӯшиши ташаббусии шогирди ӯ А. Низомов, соли 1979) дар сатҳи мактаби олӣ кафедраҳои мусиқии Шарқ кушода шуданд, ҳайати омӯзгорон аз ҳисоби шогирдони Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов таъсис ёфт. Дигар интихобе дар Душанбе набуд. Дар илми мусиқӣ Фазлиддин Шаҳобов бо рисолаи “Баёзи Шашмақом”-и хеш услуби нави сабти нотавии Шашмақомро пешниҳод кардааст. Ва дар ин ҷода ҳам ӯ поягузорӣ намудааст, чунки нашрияҳое, ки баъди нашри аввали ин рисола (соли 2007) ба амал омадаанд, бар ин услубанд. Ман дар назар дорам нашри Шашмақомро дар Олмон (соли 2010) аз тарафи набераи ҳофизи номдор Левича, рубобнавоз Арӣ Бобохонов ва нашри Шашмақомро дар 6 ҷилд дар Душанбе (соли 2016) зери назари Артисти халқии Тоҷикистон А. Абдурашидов. -Муаллимаи азиз, Шашмақом дар замони Истиқлолият чӣ манзалат ёфту кӣ барои нишастан ба тахти баланди мақомдории он мусоидат кардааст? - Албатта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари маҳбуби мо дуюмин сарвари давлати тоҷиконанд, ки ба Шашмақом таваҷҷуҳи хоса намудаанд. Дар солҳои шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров пуштибонии бузургро барои нигаҳ доштани Шашмақом нишон додаанд. Он давра ин кори бузург буд. Вале аслияту моҳияти худро Шашмақом дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол сазовор гашт. Афсӯс, ки он ҳунармандони асили Шашмақом, устодони бузург имрӯз дар ҳаёт нестанд. Шашмақом дар сиёсати фарҳангии давлатӣ танҳо дар давраи Истиқлолият мақоми арзанда ёфт. Мақоми давлатӣ гирифтани ансамбли шашмақомхонон ва ба номгӯи шоҳкориҳои башарият ворид кардани Шашмақом маънои воқеан ба ҳифзи давлатӣ гирифтани санъати Шашмақомро дорад. Ҷаноби Олӣ бо иқдоми беназири хеш иди махсуси Шашмақомро таҷлил намуданд ва ҳамасола иди Рӯзи Шашмақом 12 май бо шукӯҳу ҳашамати хоса таҷлил гашта истодааст. Агар ба пажӯҳиши Шашмақом дар солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ назар афканем, мебинем, ки олимон-мусиқишиносон чӣ гуна аз ин ид илҳом гирифтаанд. Шумораи симпозиумҳову фестивалҳоро намегӯед. Дар иди Рӯзи Шашмақом ҳама ҳунармандон як навъ ҳисоботу ҷамъбасти кори яксолаи хешро пешниҳод менамоянд. Дар ҳақиқат ин ид мавқеи Шашмақомро на танҳо дар сиёсати фарҳангии кишвар, балки аз ҳама муҳим дар байни мардум хеле устувор гардонид. Акнун Шашмақом ба се зинаи таълимоти мусиқӣ дохил гаштааст, ки дар замони шӯравӣ бо ҳамон қадар саъю кӯшиши устодон ба он комёб нашуда буданд. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки худ зодаи Истиқлолият аст, соли 2014 факултети махсус оид ба омӯзиши мусиқии суннатии тоҷик таъсис ёфт. Асоси таълими Шашмақомро методикаи суннатӣ устод-шогирд ташкил медиҳад. Дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ дар иди Рӯзи Шашмақом соли 2015 доданд, гардиши куллиеро дар рушди Шашмақом даровард. Истилоҳоти тасодуфиро берун карда, истилоҳоти таърихиро ворид кардан ба аслияти таърихӣ овард. - Лутфан аз назари як мутахассиси соҳаи мусиқӣ имрӯз шумо дар Шашмақом ягон паҳлуи заифро мебинед? - Ҳарчанд муваффақиятҳо зиёданд,тарғибу ташвиқи Шашмақом имрӯз паҳлӯи заифро низ дорад. Ва манзури ман ин аст, ки санъати иҷрокунандагии Шашмақом имрӯз хеле заиф аст. Мутаассифона, сарояндагону навозандагони хеле болаёқати мо имрӯз барои ба даст овардани сатҳи баланди мақомхонӣ саъю кӯшиши зиёде намекунанд. Дар ин ҷода ҳатто дар муқоиса бо замони шӯравӣ ҳам костагӣ сахт эҳсос мешавад. Заминаҳои хуби илмӣ-амалие, ки замони истиқлолият ба мо фароҳам кардааст, бояд дар давраи наздик самар бидиҳад. Хушбахтона мо давраи дар вартаи фаношавӣ қарор доштани Шашмақомро пушти сар кардаем, ки он танҳо тавассути сиёсати давлатии Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба амал омад. Итминон дорам, ки заминаи илмии Шашмақом барои рушди амалии сарояндагии он бо услубҳои нав дар даҳсолаҳои наздик натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Зеро ки имрӯз беҳтарин сарояндагони Шашмақомро дар симои ҷавонон – донишҷӯёни консерватория мебинам. Агар саъю кӯшиши хешро аз даст надиҳанду фаъолияти худро аз рӯи унсурҳои устод-шогирд идома диҳанд, ба зафарҳо ноил мегарданд. Акнун мо барои ин ҳама шароитро дорем. -Ташаккур барои як сӯҳбати хеле пурмуҳтаво Мансур Сайфиддин Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.