Куфри неъмат аз кафат берун кунад19-09-2017, 13:30
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Қабл аз ҳама шукронаи имрӯзаи давлати гулгуншукуфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу Ваҳдат, осоиштагиву оромӣ намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури мардуми сарбаланди тоҷик гардид, бе ягон муболиға ба дарди сокинони ноҳияи Деваштич низ, ки шуғли аслиашон чорводорию зироатчигист, малҳаме гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10-умин сол аст, ки дар диёри азизи мо дар амал аст. Дар ҷаҳон қонунҳо зиёданд ва аксари он одатан такрори якдигар ва ё ҳаммазмунанд, аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз дигар қонунҳо на танҳо аз лиҳози моҳият, балки аз назари матн ва мазмун фарқ мекунад. Ин қонун бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳату машварат ва риояи урфу одат, дину мазҳаб ба ҳадафи ба танзим ва тартиби қоидаи муайян даровардани тамоми маъракаву маросимҳо, анъанаҳои халқу миллат қабул шудааст. Бо шарофати ин қонуни миллӣ исрофкориҳо дар маърака ва ҷашну маросимҳо аз байн рафт. Ин ҳам бошад ризогии Худованд аст, зеро дар оятҳои 26, 27-уми сураи «Исро» ба беҳуда сарфкунандагон ва ононе, ки неъматҳои Худованди Таъолоро дар ғайри маврид сарфу хараҷот мекунанд, ҳушдор дода мегӯяд: «беҳуда сарф накунед, албатта сарфкунандагон – бародарони шайтонҳоянд». Ин ваъиди илоҳи хеле сахт аст, мо бояд дар ҳама кор, аз ҷумла дар тӯю маъракаҳо исрофкорӣ накунем. Фарзандони мо дар муҳоҷират бо азобҳои шадид ва шароитҳои вазнин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии оилаи худ меҳнат карда истодаанд. Мо бояд меҳнати онҳоро қадршиносӣ кунем. Маблағҳое, ки ба мо мефиристонанд бояд ҷо ба ҷо сарфакорӣ намоем. Аллоҳ ҳақ Субҳонаҳу Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд: – «агар шумо бар неъматҳои ман шукр кунед, ман неъматҳои додагиамро боз ҳам афзунтар карда медиҳам ва агар куфронаи неъматҳои ман кунед, азоби ман сахт аст». Бузургон дар зери тафсири ояти муборак чунин фармудаанд: Шукри неъмат неъматат афзун кунад, Куфри неъмат аз кафат берун кунад. Бо тавсиби ин қонун Сарвари давлат ҳам аз назари Ислом ва ҳам аз назари манфиати раъият амал карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари кишвар ба ҷузъиёти зиндагии мардум эътибори ҷиддӣ дода, ин ҷо низ масъулияти беҳдошти рӯзгори халқро ба дӯш гирифтанд. Ин низ адолати Подшоҳист, ки роҳбари давлатамон дар такия бо меъросияти фарҳангӣ ва таърихӣ аз рӯи ҳикмати деринаи гузаштагонамон: Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун, Чу дахлат нест харҷ оҳистатар кун. Пешвои миллат дар баромадҳояшон пайваста аз боби сарфаю сариштакорӣ, ба исроф роҳ надодан, накӯкорӣ намудан, хайр эҳсонро ба оилаҳои ниёзманд, хонаҳои бачагон, беморону барҷомондагон бахшидан сухан мегӯянд. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат, ки моро танҳо баҳри беҳдошти рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон, боло бурдани сатҳи зиндагӣ, андешидани ояндаи фарзандон раҳнамоӣ мекунанд, зарур аст ҳамеша кӯшиш ва амал намоем. Ба исрофкорию хараҷоти беҳуда роҳ надиҳем. Бузургони гузаштаамон мавзӯи танзими сарфаю исроф ва дастгирии ниёзмандонро ба риштаи андешаю шеър кашида, даъват ба сарфаю танзими моли неъмат намуда, исрофро нораво гуфтаанд. Дар робита мутафаккири бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи худ «Қуддусияи Амирия» чунин мефармояд: «Пас агар чи неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон биандеш ва дар фарроҳӣ муҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта муҷозот ва мукофот хоҳад бувад». Аллоҳ ҳақ Субҳонаҳу Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд: - «касе ки дар роҳи Худо як амали нек кунад ё хайру эҳсон кунад Аллоҳ ба ӯ аз хайри кардааш 10 савоб дар номаи аъмолаш сабт гардонад». Дар «Ахлоқи Носирӣ» омада аст, ки «Танзими умури маъош ва маъод сабаби роҳат ва саодати аҳли ақолим ва адвор мешавад» - бо ин мазмун, ки танзими амали зиндагонӣ ва охират сабаби роҳат ва саодати аҳли иқлим ва замон аст. Хусрави Деҳлавӣ низ мегӯянд: Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ, Ки имсоқат беҳ аз исрофкорӣ. Аз ин лиҳоз ба қадри ин қонуни миллӣ расида, ба он амал намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастоварди бузурги Истиқлолият аст, ки имрӯз дигар ҷумҳуриҳо низ омӯзишҳо гузаронида истодаанд, ки ин қонунро ҷорӣ намоянд. Бо қабул шудани ин қонуни ҳаётан муҳим пеши роҳи исрофкориҳои беҳуда гирифта шуд. Мардум дарк намудаанд, ки ин қонун сарчашмаи боигарии хонадонашон мебошад. Дар охирсухан баҳри тамоми сокинони ватандӯсту меҳнатқарини Тоҷикистони азизу маҳбуб аз даргоҳи Яздони Пок тансиҳатию хонаободӣ ва рӯзгори хушу обод хоҳонам. Мулки мамлакати моро аз офатҳои осмонию заминӣ дар паноҳи исмати худ сиҳат саломат нигоҳ дорад, ба сарзамини муқаддаси мо хайру баракаро, файзу фаровониро, тинҷиву оромиро бардавом насиб гардонад. Наҷмиддин Бобоҷонов – имом-хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.