Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шабаҳи пантуркизм дар Аврупо Ва ё «тӯронизм»-и маҷориҳо чӣ паёмад хоҳад дошт?

Шабаҳи пантуркизм дар Аврупо Ва ё «тӯронизм»-и маҷориҳо чӣ паёмад хоҳад дошт?

12-06-2017, 15:50
Хабарро хонданд: 419 нафар
Назарҳо: 0
      Шабаҳи пантуркизм дар  Аврупо            Ва ё «тӯронизм»-и маҷориҳо чӣ паёмад хоҳад дошт?
Солҳои ахир Маҷористон (Венгрия) ба мардуми қитъаи Аврупо «туҳфа»-ҳои нав ба навро тақдим мекунад. Яке аз инҳо чунин аст, ки миллатгароёни ин кишвар ба идеологияи нав мароқ зоҳир мекунанд. Ин ҳам бошад…маӢл паӢдо кардан ба Туркия ва мамолики исломӣ (туркӣ) аст.
Замони ахир Маҷористон бисёриҳоро дар Аврупо «дилхунук» кард ва ба афроди мушаххас муяссар гардид, ки дар муддати кутоҳ аврупоиёни аз ҳам тамоман ҷаҳонбинии мутафовитдоштаро ба таҳлука андозанд. Сухан дар бораи миллатгароёни маҷорӣ, ки дар интихоботи соли 2010 дар ҳайати ҳизби куҳнагаро «Фидес» («Иттиҳоди шаҳрвандии маҷорӣ»), ки 54% овозҳоро соҳиб шуд ва ҳизби ростгароӣ «Ӣоббик» («Барои Маҷористони беҳтарин») бо касби 17% ғалаба ба даст оварданд, хоҳад рафт. Дар интихоботи парлумонии соли 2014 «Ӣоббик» соҳиби 20,54 фоизи овозҳо шуд, ки онро дар қатори 3 ҳизби бузургтарини кишвар қарор дод.
Чунин муваффақияти миллатгароён бисёр либерал ва чапгароёни кишварро руҳафтода намуд, махсусан ба назар гирифт, ки агар шиорпартоиҳои ҳизбӣ бо меъёрҳои маҷорӣ муътадили «Фидес» ба изҳороти ҳизби бо стандартҳои аврупоӣ ифротии «Ҷабҳаи Миллӣ»-и Фаронса мутобиқат дошта бошад, пас ҳизби «Ӣоббик» бо мавқеи ошкоро фашистиаш берун аз чорчӯбаи таҳаммулгароии аврупоист. Ин «дилхунукӣ» замоне зиёд гардид, ки дар Маҷористон-узви Иттиҳоди Аврупо- соли 2012 Конститутсияи нав ба ҳукми қонун даромад, ки идеологияи он ба равандҳои рушд ва арзишҳои Аврупои Ғарбии муосир мутобиқат намекунанд. Масалан, тибқи ин ҳуҷҷат насроният омили муттаҳидкунандаи миллат, оғози ҳаёти инсонӣ, ки давлат бояд дар муҳофизати он бошад, маҳсуб мегардад. Никоҳ иттиҳоди марду зан дониста мешавад, ки ин аз решааш қонунигардонии гомосексуализм (ҳамҷинсгароӣ)-ро инкор мекунад. ҒаӢр аз ин, ҳукумати нави кишвар ба маҷориҳое, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии кишварҳои дигар, аз қабили Словакияву Украина ба сар мебаранд, шаҳрвандии Маҷористонро тақдим карда истодааст. Ин дар таҷриба эътироф накардани сарҳадҳои баъдиҷангӣ (Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ) аст, ки аз замоне рух дода буду аз кишвар қисми муаӢяни ҳудудҳо гирифта шуданд ва ин аз ҷониби афроди мушаххас дар Будапешт қобили қабул нест.
Вале он қадар вақти зиёд нагузашт ва миллатгароёни маҷорӣ «ҳамто»-ёни аврупоии худ-миллатгароёни кишварҳои дигари қитъаро, ки дар оғоз чун ҳарвақта ҳангоми ғалабаи аҳзоби ростгаро дар тамоми кишварҳои Аврупо муваффақияти «Фидес» ва «Ӣоббик»-ро истиқбол намуда буданд, низ руҳафтода карданд. «Фашистон»-и маҷорӣ, ба истилоҳ, «ба сари онҳо оби хунук рехтанд».
«Муҳаббати осиёӣ»-и миллатгароёни маҷорӣ
Гап дар он аст, ки миллатгароёни маҷорӣ дар амал на танҳо антиглобалист (зиддиҷаҳонишавӣ), евроскептик (қабул надоштани таҳаммулпазирӣ ва гуногунфарҳангияти аврупоӣ), ултраконсерватор (куҳнагароёни ифротӣ), антисемит (яҳудибадбин) ва лӯлибадбин (ду «характеристика»-и ахирро онҳо зоҳиран рад мекунанд)…балки партуркист ва «тӯронист» ҳам будаанд!!! Аҳзоби миллигарои «Фидес» ва «Ӣоббик» оид ба муҳаббати худ ба ғояҳои пантуркизм ошкоро сухан меронанд. Намояндагони ин аҳзоб гузаронидани 3 «Қурултоӣи халқҳои туркзабон» (ки аз бузургтарин ҳамоиш буд)-ро соли 2012 дар Будапешт фаъолона дастгирӣ карданд, ки онро раиси парлумони кишвар Шандор Лежак ҳусни оғоз бахшида буд. Дар дохили кишвар вакилон аз «Ӣоббик» барои эҳёи алифбои қадимаи туркӣ («алифбои бостонии рунӣ») ва ҷорӣ кардани он дар самтҳои «барои миллат рамзӣ» мубориза мебаранд. Соли 2011 аввалин Инҷил бо ҳуруфоти туркии рунӣ нашр гардид, ҳамон сол нахустин лавҳаи номи нуқтаи аҳолинишин бо «алифбои қадимии туркӣ» аз ҷониби вакили маҷорӣ дар даромади рустои Бене дар музофоти Карпати кишвари Украина, ки онро ворисони Атилла «заминҳои таърихӣ»-и худ медонанд, насб карда шуд (ки ба муқобилияти шадиди миллатгароёни украинӣ рӯ ба рӯ мешавад ва ба наздикӣ, ба истилоҳ, «бандерачиён» як идда маҷориёни «ватандӯст»-и маскуни Карпатро зери мушту лагад кашиданд. Дар ин минтақа зиёда аз 100 ҳазор намояндагони ин мардум ба сар мебаранд ва хоҳони гузаронидани референдум оид ба ҳамроҳ шудан ба Маҷористон ҳастанд). Табиист, ки барои насби чунин лавҳаҳо миллатгароён дар худи Маҷористон низ мубориза мебаранд.
Ростгароёни ифротии маҷорӣ изҳор доштанд, ки иттифоқчии Туркия хоҳанд буд-Туркияи дорои аҳолии 80-миллионнафараи мусулмонӣ, ки солиёни дароз куҳнагароёни аврупоӣ кӯшиш доранд онро ба Иттиҳоди Аврупо, ки ғаӢрирасмӣ «клуби насронӣ»-аш меноманд, роҳ надиҳанд. Бо ин амали хеш маҷориёни ифротӣ «ҳамтоён»-и исломбадбини худ аз Аврупои Ғарбиро ба даҳшат оварданд. Чӣ зарбаи ҷонкоҳ на танҳо аз бародарони насронӣ, балки аз миллатгароёни «ба қалб наздик»-и ифротӣ!
Дар омади гап, оиди насрониҳо. Нигоҳ накарда ба ултраконсерватизми насронӣ ва ҷорӣ намудани мақоми марказияти насроният барои миллати маҷорӣ ба Конститутсияи кишвар, Габор Вона, сарвари ҳизбе, ки дар саргаҳи ин тағӢирот ба Қонуни асосии қарор дорад-«Ӣоббик», изҳор дошт, ки «ислом умеди охирини инсоният дар торикии ҷаҳонишавӣ ва либерализм аст». Чуноне русҳо мегӯянд, «комментарии излишни». Габор Вона аз рӯи мавқеи иттиҳоди анъанавии мамолики насронӣ ва исломӣ алаӣҳи либерал-миллатгароҳо, ба монанди гомосексуалисти ростгарои ифротии ҳолландӣ марҳум Пим Фортеӣн ва вориси ӯ-Герт Виӣлдерс баромад кард. Виӣлдерс ва «устод»-и ин дунёро падруднамудаи ҳамҷинсгарояш Фортеӣн баҳри «муҳофизати фарҳанги яҳудӣ-насронӣ», ки онро ҳамчун тамаддуни пасонасронӣ (постнасронӣ) қабул доранд, баромад мекарданду мекунанд.
Соли 2016 пеш аз гузаронидани референдум оид ба масъалаи ҷорӣ намудани квота барои қабули гурезаҳо, ки Иттиҳоди Аврупо пешниҳод дошт, ки дар ҳудуди Маҷористон ҷоӢгир карда шаванд, «Ӣоббик» миёни шаҳрвандони кишвар оиди посухи рад додан ба қабули гурезаҳо тарғибот мебурд.
Ҳизбро моҷароҳо думболагир ҳастанд. Он эътирофи мафҳуми «ҷиеояткории лӯлигӣ»-ро талаб ва аксияҳои эътирозиро пас аз ҷиноятҳои вазнине, ки аз ҷониби лӯли («ҷӯгӣ»)-ҳо содир мешаванд, роҳандозӣ мекунад. Габор Вона ба маҳдуд намудани сатҳи таваллуд миёни лӯлиҳо баромад намуда, пешниҳод дорад, ки кӯдакони онҳо аз дасти «волидаӢни бекорхӯҷаи танбал» иҷборан гирифта шуда, дар мактаб-интернатҳо ба тарбия фаро гирифта шаванд. Хуб, ин ҷо ин назар аз мантиқ орӣ нест, чун лӯлиҳо дар дилхоҳ кишвари ба сар мебурдаашон як «элементи зиёдӣ» ба чашм мерасанд ва сарборӣ ба самти иҷтимоии ин кишварҳо ҳастанд.. Тоҷикистон низ истисно нест. Урфҳои ҳазорсоларо бояд ахиран шикаст дод ва дар ин самт интегратсияи ин қавмро марҳила ба марҳила ба меҳнати ҷисмонӣ (аз зеҳниаш умеди калон нест) ва фаро гирифтан ба донишомӯзӣ, ақаллан дар зинаҳои ибтидоӣ бояд ба роҳ монд. Ин фашизм нест, ин баҳри рушди муътадили ҷомеа ва садд гузоштан ба хавфу хатарҳои иҷтимоист.
Нуқтаи олии сиёсати ҷадиди «тӯронизм»-и кишвар канда шудани муносиботи дипломатӣ миёни Маҷористону Арманистон аз рӯӢи қазияи сарбози озарӣ Сафаров буд, ки ӯ ҳангоми курсҳои омӯзишии аз ҷониби НАТО ташкилнамуда соли 2004 дар Будапешт сарбози арманӣ Маргарянро ба қатл расонд. Сафаров ба ҳабси якумра маҳкум шуд ва дар Маҷористон адои ҷазояшро медид, аммо соли 2012 ҳукуматдорони миллигаро оид ба додани ӯ ба Озарбоӣҷон қарор карданд, ки он ҷо сарбози қотилро президенти кишвар Илҳом Алиев на танҳо авф, балки қадрдонӣ ҳам кард. Он вақт бисёр таҳлилгарон мутмаин буданд, ки чунин иқдоми ҳукуматдорони Будапешт такя ба манфиатҳои молиявист. Аммо, чуноне баъд маълум шуд, он дар навбати аввал натиҷаи ивазшавии қутби геополитикии Маҷористон ба иттиҳод бо ҷаҳони туркӣ будааст.
Хун (паӣдоиш) ҳамчун баҳона: зид ё тарафдор кист?
Ҳамаи ин гуфтаҳои боло онҳоеро, ки бо таърихи маҷориҳо ва ҳаракати миллии онҳо ошно нестанд, ба ҳаӣрат меорад: чи хел, мардуми насронӣ дар маркази Аврупо ва ким-чи гуна пантуркизм?!
Ҳиссиёти ногуворро оид ба вазъи сиёсии маҷорӣ на танҳо аврупоиёни ғарбӣ, ки нисбати ислом хушбин нестанд, эҳсос мекунанд, балки фаъолони ҳаракатҳои фино-угорӣ, ки маҷориҳоро аз бадар омадан «аз ҷаҳони фино-угорӣ ба оғӯши ҷаҳони туркӣ» муттаҳам месозанд, аз ин тамоман хушҳол нестанд. «Бинед, бар ивази «роҳат-луқум»-и туркӣ-озарбоӢҷонӣ паӣдоиши фино-угориашонро фурӯхтанд». Аммо, эҳтимол меравад, ин фаъолон ҷиддияти вазъ ва асосҳои ғоявии ин иқдоми ҷадиди миллатгароёни маҷориро то ба охир ҳис накардаанд. Бинед, ки ба «қаҳру ноз»-и онҳо вакили парлумони Маҷористон аз ҳизби «Ӣоббик» Иштван Саваи чи гуна посух додаст:
«Назарияи фино-угорӣ аз ҷониби олимони утришӣ (австриягӣ) бофта шудааст, бо мақсади саркӯб кардани худшиносии маҷорӣ. Мы нисбати паӣвандии фино-угорӣ зид нестем, вале ин назарияро дар консепсияи фарохтари паӣдоиши маҷориҳои қадим аз мардумони тӯронӣ мебинем. Мо мехоҳем ақидаи шахшудаи «хешутаборӣ»-и фино-угориро иваз намуда, назарияи паӣдоиши гуннии аҷдодони хешро исбот кунем».
Чун дигар миллигароёни аврупоӣ ба далелҳои ирсӣ бо мақсади бозгардонидани маҷориҳо аз маӣл намудан ба ҷаҳони туркӣ ба «хонаи аврупоӣ» рӯ оварда, фаъолони фино-угорӣ ба домҳои мондаи худ меафтанд. Масалан, яке аз муборизони ин самт Дмитриӣ Семушин дар мақолаи «Барои чӣ Маҷористон ба ваҳдати фино-угорӣ ба нафъи «Тӯрони Бузург» хиёнат кард?» менависад: «…озмоишҳои генетикии галлогруппаҳо, ки аз ҷониби олимони маҷорӣ гузаронида шуданд, вуҷуд доштани «комбинатсияи уралӣ»-и генҳоро дар ҳар як аз 250 марди маҷорӣ нишон доданд».
Вале гап сари он аст, ки зери мафҳуми «комбинатсияи уралии генҳо» дар мавриди аввал галлогруппаи N, ки хоси мардумони фино-угорӣ аст, фаҳмида мешавад. Ана ҳамин галлогруппа дар маҷориҳо танҳо 1% ошкор шудааст, ки бозгӯи он аст-онҳо маҳз бо фино-угориҳо ирсан умумияти кам андар кам доранд. Аммо галлогруппаи R 1b, ки ба бисёр туркон хос аст, миёни маҷориҳо аз рӯӢи паҳншавӣ дар мақоми дуввум меистад (17%). Бо галлогруппаи R1a, ки миёни ин мардум мақоми ифтихории якумро касб кардааст бо 32,5% ва миллатгароёни аврупоӣ маҷориҳоро бо он таъна заданӣ мешаванд (барои «маӢли беҳуда доштан ба ҷаҳони туркӣ») ва ин галлогруппаро «ориёӣ» ва маҷориҳоро «ориёӣ» меноманд, низ вазъ содда нест. Ин галлогруппаи «ориёӣ» барои чӣ бошад, ки хоси мардумоне чун муғул-хотонҳо (82%), қирғизҳо (69%) ва олтоиҳост (58%)!
Аммо ба ин метавон онро муқобил гузошт, ки гурӯҳи R1a дар навбати худ ба маркерҳои аврупоӣ (z283) ва осиёӣ (z93+) ҷудо мешавад, ки ба маҷориҳо, чун дигар шарқиаврупоиён, аввалӣ хос аст. Вале чунин ҷузъиётбандӣ дар ҳошияи чунин як шохаи ҷавони илм, чун генетикаи молекулярӣ, ки паӢваста паӢи аниқ кардани усул ва нишондодҳояш аст, ҳеҷ гоҳ ultima ratio (далели охирин) дар баҳс оид ба этногенез (паӢдоиш)-и як мардуми том шуда наметавонад.
Агар аз «исботи хунӣ» сухан ронем, пас бояд дар назар дошт, ки дар саргаҳи илми ҷавони генетикаи молекулярӣ «нажодомӯзии классикӣ» қарор гирифтааст, ки дар асоси усулҳои антропологӣ асос ёфтааст. Ҳар фарди мушоҳидакор, ки дар Аврупои Марказӣ ба сар бурдааст, метавонад паӢхас кунад, ки аз кӯҳҳои Карпат дар шарқ то Суис (Швеӣтсария) дар ғарб як тип паҳн гашта, ки онро дар илми нажодомӯзӣ («расология») «нажоди алпӣ» меноманд-мардумони «симои ҷанубидошта», вале на он қадар «сабзина», чун баъзе мардумони нимҷазираи Балкан ва баҳри Миёназамин. Ва миёни маҷориҳо маҳз ҳамин тип (намуд) паҳн гаштааст, ки тамоман ба финн ва ё вепсҳо хос нест, вале хоси бисёр туркҳову тоторҳост. Ин монандии зоҳириро ҳамчунин қиссаҳои таърихии маҷориҳо оид ба «паӣдоиши тӯронӣ»-и онҳо «пурра» мекунанд.
«Гуннҳои нав» дар маркази Аврупо. Устура ё ҳақиқат?
Хуб, бояд дарки онро дошт, ки чӣ маҳз дар ҷомеаи маҷорӣ паҳн мешавад ва онро худи маҷориҳо чи гуна қабул доранд. Сухан ҳатто нисбати пантуркизм на, балки масъалаи фарохтар-«тӯронизми маҷорӣ» меравад, ки маҷбур месозад ба ин қазия аз дидгоҳи аврупоӣ назар кард. Дар ин ҷода ҷолиб ин аст, ки идеологҳои тӯронизми маҷорӣ на танҳо аз «решаҳои туркӣ», балки оид ба…паӢдоиши эронӣ доштани маҷориҳо ҳарф мезананд. Аз нигоҳи аввал, ин вазъро сарбаста мекунад ва ҳарзагӯиро мемонад. Чи гуна маҷориҳои муосир ба Эрон (Ҷаҳони Эронӣ)-и аз ҳар ҷиҳат аз онҳо дур паӣвастагӣ доранд?
Гап сари он аст, ки тӯронистҳои маҷорӣ миллати худро вориси гуннҳо медонанд. Ва такя ба ин, «ҳар як нофаҳмоиҳоро фаҳмонида метавонанд», чун ба суоли «гуннҳо кӣ буданд?», то ҳол посухи аниқ дода нашудааст. Бархе гуннҳоро туркҳои қадима медонанд, дигариҳо дар онҳо гузаштаҳои турк («прототурк»)-ҳоро мебинанд. Дар ҳолати дуввум худи туркҳо ҳамчун элемент ё қисми баъд паӣдошудае қабул карда мешаванд, ки дар натиҷаи паӣдоиш ва инкишофи зина ба зинаи қабилаҳои палеоосиёии олтоӣӣ рӯи кор омадаанд ва ҳамин қабоил ба туркҳо забони худро додаанд. Ҳамчунин, қисми таркибии гуннҳо метавонистанд тӯрониҳои эронизабон ҳам бошанд.
Аммо бояд тамоми устураҳоро зеру забар кард. Таърихан Тӯрон ва «Туркистон» ҳеҷ гоҳ як мафҳум набуданд. Фирдавсии Бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ моҷарои абадии Эрону Тӯронро ба қалам кашидааст, аммо дар он сухан на нисбати моҷарои нажодӣ («ориёиҳо-туркҳо»), чуноне бархе мепиндоранд, балки зиддияти тамаддунии ду қутби худи Ҷаҳони Эронӣ, монанд ба зиддияти Афина ва Спарта (сохтори демократӣ алаӢҳи сохтори ҷамъиятии ҳарбӣ-ғуломдорӣ) меравад. Агар «Эрон» исми тамаддуни мӯбадии иерократии Ҷануб бошад, пас «Тӯрон»-музофоти шимолии онро ифода мекунад, ки дар он ҷамъиятҳои ҳарбӣ-демократии маҳаллии ориёӣ буданд ва бо тамаддуни ҷануби Дунёи Эронӣ муқовимати сохторӣ доштанд. Аммо ҳар ду ин мафҳум мутаалиқ ба як тамаддуни воҳид-АрӢана Ваэҷаҳ-Дунёи Ориёӣ ҳастанд.
Ва агар аз чунин фаҳмиш бар оем, пас гуннҳо, ки гумон меравад, дар Осиёи Марказӣ, яъне Тӯрон ба вуҷуд омадаанд, метавонистанд конфедератсия, ё иттиҳоди қабилаҳоро дар худ муттаҳид созанд, ки дар ин иттиҳод ориёиҳои шимолӣ, прототурк (аҷдоди туркҳои муосир)-ҳо, баъдан аварҳову готҳо дохил мешуданд. Пас ин ҷо, ба истилоҳи имрӯза, мо «лоиҳаи геополитикӣ»-и қабоили камаҳамияти он замонро мебинем, ки алаӢҳи абарқудратон ва тамаддунҳои ҳокими он замон-Эрон дар Шарқ ва Рим дар Ғарб равона шуда буд.
Аз ин сабаб, беҳуда нест, ки «ливои гуннҳо»-ро имрӯз антиглобалистҳои ҳизби «Ӣоббик» бардоштаанд. Ин бисёр ихтилофназариҳоро, аз нигоҳи аввал, дар мавқеи онҳо мефаҳмонад. Масалан, «дастагул»-и пантуркизму панэронизм, антисионизму панисломизм, туркгароиву олмонигароӣ. Чун ҳамон аҷдоди эҳтимолии маҷориҳо-гуннҳо, ғаӣр аз паӣдоиши туркӣ ё прототуркӣ доштан бо гот (аҷдоди олмонӣ)-ҳо алоқаи зич ва бо онҳо ба воситаи никоҳҳои сулолавӣ хешутаборӣ низ доштанд.
Дар ин самт миллатгароёни турк ба ҳарзагӯиҳои зиёд роҳ медиҳанд. Масалан, дар гурӯҳҳои дар шабакаи иҷтимоии Facebook-буда –«Тэнгрианство» ва «Курултаӣ тюркских народов» («Қурултоӣи мардумони туркнажод») тарғиботи зиддифорсиву зиддитоҷикӣ ва зиддиарманиву зиддирусӣ нашъунамо кардааст (ин ҷо фаъолони озарӣ хеле «серкор» ҳастанд). Миёни туркзабонон бо як суръати зиёд аз ҷониби «коршиносон» диди нави таърих паҳн мешавад, ки дар он, албатта туркон мақоми асосиву созандагӣ доранд. Ҳама чиз дар олам, аз ҷумла ғояи яккахудоӣ-«Тэнгри», империяҳои аввалин-Ҳахоманишён, Бобул, Ошур, Мод, Сосониён ва амсоли ин (!!!), тамоми дастовардҳои фарҳангии Авруосиё умуман моли туркҳо ҳастанд-чунин талқин мешавад ба корбарони сомона. Ба ақидаӣи «туркҳои нав» таърихро асосан туркнажодон «кардаанд», тамоми фарҳангҳо ва кишварҳои бузурги қитъаро онҳо асос гузоштаанд ва форсу аъроб ва дигар миллатҳо ҳамеша зертобеъ буда, ба чизе қодир нестанд ва ба дуздии таъриху тамаддуни бузурги туркҳо машғул буданду ҳастанд…
Вале фаҳмост, ки барои миллатгароёни маҷорӣ тӯронизми онҳо умуман даст кашидан аз аврупоӣ буданро ифода намекунад. Баръакс: бархе таҳлилгарон дар чунин назаранд-маҷориҳо худро мардуми аврупоӣ эҳсос карда, онҳо дарк мекунанд, ки дар «Рими Ҷадид» бо номи Иттиҳоди Аврупо онҳоро танҳо тақдири музофоти камаҳамияти камбағал ва беҳуқуқ интизор аст. Пас, агар чунин бошад, хуб нест, ки онҳо сарвари «гуннҳои нав» бошанд? Ин аз нуқтаи назари иқтисодӣ метавонад ҳосиле ба бор орад, чун маълум аст, ҷаҳонро геополитика на, балки аслан геоэкономика идора мекунад. Яъне, рӯ овардан ба «аслияти хеш» на танҳо лоиҳаи равонӣ-фалсафист, балки нақшаест, ки дорои дурнамои хуб таҳлилшуда аст. Аврупои Шарқиро чӣ интизор аст, вақт нишон хоҳад дод…
Азамат Дӯстов





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: