Пул – аз нигоҳи таърих3-05-2017, 15:47
Хабарро хонданд: 725 нафар
Назарҳо: 0
Пул ин моли махсусест, ки бо мурури замон аз молҳои дигар ҷудо шуда, ҳамчун ченаки арзиш ва воситаи хариду фурӯш амал мекунад. Таърихи тамаддун аз пайдоиши одам, оила, қабилаҳо, халқиятҳо оғоз меёбад. Пул дар тараққиёти ҷамъият, маданият, истеҳсолот, гуногунии шароити зист, нақши асоси дошта бе он наметавон ҳаёту зисту зиндагони намуд, чароки ченаки арзиши ҳама чиз аст. Ҳар як фард ба садҳо намуди маҳсулот эҳтиёҷ дорад ва он пурра ё қисман бояд талаботи худро қонеъ гардонад. Ҳамин тариқ, зарурати мубодилаи мол байни шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, мавзеъҳо ба миён омад. Ин мубодилот аз шакли одӣ ивази як намуди маҳсулот ба дигар намуди он то ба дараҷаи олии муомилот истифодаи пул омада расид. Дар зинаи аввали муомилот як мол ба моли дигар иваз карда мешуд. Таърих шаҳодатгари тамоми ҳодисот ва рӯйдодҳову воқеаҳои тамоми давру замон буда, ҳеҷ зуҳуроте бидуни он боқи нахоҳад монд. Сарчашмаҳои таърихи шохаҳоеанд, ки олами инсониро аз ҳама паҳлу инъикос намуда ҳар давру замонро ҳолгӯи мекунад. Дар сарчашмаҳои таърихи омадааст, ки аввалин бор дар Осиёи Маркази тангаҳои тиллоии Хоҳоманишиён (асри VI пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд. Истилои Искандари Макдунӣ ва арабҳо боиси аз номи онҳо ба муомилот баровардани тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисин гардид. Дар давраи ҳукмронии Сомониён тангаҳо бо номҳои динору дирам ва фулус (шакли танҳои он филлиз, яъне тангаи мисин) дар муомилот истифода мешуданд. Набудани сиёсати ягонаи пули ва идораи мутамаркази он боиси аз тарафи ҳокимони Хатлон, Бадахшон, Хуҷанд, Истаравшану Рашт бароварда¬ни тангаҳои худи гардида буд. Истифодаи тангаҳо ҳамчун воситаи муомилот дар Осиёи Маркази то аввали асри XX давом кард. Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухоро ва манотиқи дигари Осиёи Марказӣ боиси ба сохтори нави муомилоти пули ворид гаштани ин минтақа гардид. Русия ва кишварҳои дигари аврупоию осиёӣ, вобаста ба пешрафти иқтисодиёташон чанд аср пештар ба сатҳи баланди ташкили муомилоти пули истифодаи пулҳои коғазӣ гузашта буданд. Асоси истифодаи тангаҳои мисин, нуқрагию тиллоӣ ҳамчун пул мувофиқ будани онҳо ба талаботи мардум то як давраи муайян буд. Вале, баъдан маълум шуд, ки ин се филизи қиматбаҳо низ ҷиҳати истифода ҳамчун воситаи муомилот аз камбудиҳо холи набудааст. Тангаҳои нуқрагию тиллоӣ бо қиматҳои гуногун аз тарафи давлатҳо бароварда мешуданд. Аз сабаби он, ки нуқраю тилло, филизҳои мулоиманд, оҳиста-оҳиста набаҳрасозоне ( касоне, ки тангаҳои қалбакӣ месозанд) пайдо шуданд, ки бо роҳи кам кардани вазни онҳо даромади иловаги ба даст меоварданд. Набаҳрасозон инчунин бо роҳи барориши тангаҳо аз тиллоӣ пастсифат (масалан, ба чои истифодаи маҳаки (проба) 995 истеҳсоли тангаҳо аз тиллоӣ маҳаки 585) даромади зиёд мегирифтанд. Ҳатто гоҳо баъзе аз ҳукуматҳо низ ба ин гуна амалҳо даст задаанд. Бинобар ин, вазни тангаҳо ба қимати дар онҳо сабтшуда мувофиқат намекард ва ин раванд боиси паст шудани боварии мардум ба тангаҳои тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гардид. Илова бар ин, азбаски тангаҳо аз филизи қиматбаҳо буданд, аз як тараф, бо худ доштани онҳо хатарнок буд ва аз тарафи дигар, шароити махсуси нигоҳдориро талаб мекард. Бинобар ин, мардум дар ҳолати ногувор монда, роҳҳои беҳтари нигаҳдошти филизҳои қиматбаҳои ҳудро меҷӯстанд. Ин буд, ки рафта-рафта ба ҳунармандони ҷавоҳирсоз, ки барои нигоҳ доштани тилло ва маҳсулоти тиллогиашон сандуқҳои оҳанини махсус (сейф) доштанд, муроҷиат мекардаги шуданд. Мардум тилловориҳои ҳудро ба ин ҳунармандон барои нигоҳдори супурда, ба ивазашон забонхат мегирифтанд, ҳар бор вақти ҳариди маҳсулот забонхатро ба онҳое, ки дар наздашон амонат гузошта буданд нишон дода, тиллоҳояшонро ба зарурат мегирифтанду месупориданд. Албатта, ин амал дар сурате ба вуқуъ мепайваст, ки агар ҳунарманде, ки тиллоро нигоҳ медошт, шахси номдору боварибахш мебуд. Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста ҷоӣ нуқраю тиллоро забонхатҳо ё шаҳодатномаҳои ба таври муайян чопшуда гирифтанд, азбаски нигоҳ доштани тиллою дигар филизҳои қиматнок фоидаи зиёд меовардагӣ шуд, шахсоне пайдо шуданд, ки ин корро касби худ ихтиёр намуданд ва бо ҳамбастагӣ ҳамдигар, бунёди бонкҳои аввалинро гузоштанд. Минбаъд забонхатҳои аз ҷониби бонкҳо баровардашуда вексел ном гирифтанд. Вексел ба гуруҳи қогазҳои қиматноке дохил мешавад, ки бо роҳи навишт дар пушти он соҳибаш ҳукуқи гирифтани пулашро ба каси дигар медиҳад. Векселҳо асосан барои ҳисобу китоби байниҳамдигарии одамон дар ҳолати хариди маҳсулоти нисбатан арзишашон баланд истифода мешаванд. Пешрафти муомилоти моли зарурати барориши пулҳои арзиши номиналиашон гуногунро ба миён овард. Дар баробари векселҳо бонкҳо ба баровардани шаҳодатномаҳое шуруъ карданд, ки мардум ба онҳо «бонкнота» ном гузошт. Бонкнотаҳо коғазҳои қиматноки аз тарафи бонк баровардашудае буданд, ки бо талаби аввалин ба миқдори муайяни тилло иваз карда мешуданд. Аввалин бор пулҳои қоғази (бонкнотаҳо) дар мамлакати Чин (соли 1273), баъдан дар сарзамини тоҷикон (охири асри XIII) ва сипас дар Аврупою Амрико (асрҳои XVII-XVIII) ба чоп расиданд. Дар хусуси чоп ва истифодаи пулҳои қоғазӣ дар мамлакати Чин сайёҳи номдори итолиёвӣ Марко Поло, ки дар он ҷо 17 сол умр ба cap бурда буд, маълумот медиҳад. Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Юан (1271-1368) пулҳои қоғазӣ ба миқдори зиёд чоп ва ҳамчун воситаи асосии муомилоти пули дар мамлакати Чин истифода шудаанд. Бинобар ба иттилои Табари Рашидуддини Фазлуллоҳ дар сарзамини тоҷикон пас, аз он, ки Гайҳоту хони муғулии Элхонӣ (охири асри XIII) тамоми дороии хазинаҳои мамлакатро ба боди фано дод, Садруддини Занчонӣ мулаққаб ба Садричаҳони тоҷикро сарвазири мамлакат эълон кард. Ба ӯ ҳуқуқу имтиёзҳоеро дод, ки то ин дам дар Ҳукуматҳои муғулии Осиёи Марказӣ ба ягон сарвазири тоҷик надода буданд ва аз ӯ дархост, то чорае ҷӯяд ва хазинаи мамлакатро аз харобшавии минбаъда нигоҳ дорад. Пас, Садричаҳон пули қоғазиро, ки дар Чин бо номи «чов» маъруф буд, ҷорӣ кард. Вале ба сабаби ниҳоят харобу холӣ будани хазинаи мамлакат муомилоти пули қоғазӣ дер давом накард. Дар Русия аввалин пулҳои қоғазиро соли 1769 дар давраи подшоҳии Екатеринаи II аз чоп баровардаанд. Қадимтарин пули қоғазии то имруз расида дар давраи ҳукмронии сулолаи Минг (солҳои 1368-1399) аз чоп бароварда шудааст. Дар ҳудуди Тоҷикистони имруза, пулҳои қоғази соли 1920 дар Бухорои шариф аз чоп баромадаанд, ки дар рӯяшон бо забони тоҷикӣ ибораҳои зарурӣ навишта шуда буд. Доллари ИМА, ки дар аксари ҳолатҳо ба сифати пулӣ ҷаҳонии имрӯза истифода мешавад, таърихи пайдоиши аҷибе дорад. Дар давраи аввал пулҳои қоғази аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ бароварда мешуданд ва он бонкҳо кафолати таъмин будани ин пулҳоро бо тилло ва дигар филизҳои қиматбаҳо медоданд. Вале баъдан дар натиҷаи муфлисшави баъзе аз ин бонкҳо қобилияти пардохтпазирии худро гум карданд ва пулҳои аз тарафи онҳо ба муомилот бароварда беқурб шуданд, ки боиси зарар дидани кисме аз мардум ва паст шудани боварии он ба ҳукумату бонкҳо гардид. Бинобар ин, зарурати мутамарказонидани барориши пулҳои қоғази ва таъмини арзиши онҳо бо филизҳои қиматбаҳо, назорати гардиши пул ва таъмини устувории қурби он ба миён омад. Вобаста ба ин, мамлакатҳо пай дар пай ба ташкили бонкҳои эмиссионӣ гузаштанд, ки онҳо бо мурури замон номи «бонки марказӣ» ё «бонки миллӣ»-ро гириф-танд. Дар Иттиҳоди Аврупо баъди ташкили Бонки марказии Аврупо (соли 1998) бонкҳои миллии мамлакатҳои аъзои он «бонкҳои марказии милли» номида шуданд. Дар таҷрибаи ҷаҳони мафҳуми «бонки марказӣ» бештар истифода мешавад, зеро мафҳуми «бонки миллӣ» маънои бонки давлатиро дорад. Ин мафҳум метавонад нисбати ҳама бонкҳои давлати истифода шавад, чунки онҳо моликияти миллианд, вале нисбати онҳо истифода кардани мафҳу¬ми «бонки марказӣ» ғаӣри имкон аст, зеро бонки марказӣ ягона буда, ба он чунин ҳуқуқ аз ҷониби парламент дода мешавад. Асоси пайдоиш ва зарурати пул тараққиёти истеҳсолоти молӣ ва вобаста ба он муомилоти молӣ буда, ташкили дурусту одилонаи муомилоти молӣ байни ҳам ки дорои категорияи махсуси раванди ҳамдастона буда пул, ки ифодакунандаи меҳнати барои моли муайяни сарфшуда мебошад, ченаки асоси ба ҳисоб меравад. Таҳияи Фирдавси Абдураҳмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.