Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз рӯзноманигорӣ то муҳаққиқиву омӯзгорӣ

Аз рӯзноманигорӣ то муҳаққиқиву омӯзгорӣ

7-04-2017, 10:27
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Одатан, чун дар бораи шахсе сухан ронданӣ мешавам, лаҳзае ба андеша фурӯ меравам, таассуроту хотираҳоро варақгардон мекунам, дидаву шунида ва хондаҳоямро пеши назар меорам. Ростӣ, баробари воқиф гардидан аз маҳфили илмию эҷодӣ, ки бахшида ба фаъолияти эҷодии Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илми филология, инсони воло, бонуи зебо Гавҳарбону Умарова баргузор мегардад, хотираву хондаҳоро такон додам, филфавр бардоштҳои зерин ҳосил шуданд.
Дар шинохти ман Гавҳар Умарова, пеш аз ҳама як шахсияти эҷодкорест, ки ин неъматро Худованд барояш арзонӣ доштааст. Бемуҳобот Гавҳар Умарова дар ҳар марҳилаи ҳаёти иҷтимоиву оилавии худ навҷӯ, навгӯ, пешгом ва пешсаф аст, рафтораш, ахлоқаш, зиндагиаш, кору пайкораш, инсонгариаш намунаи ибрати дигарон мебошад. Ба иборае, аз сабақҳои хуби касбӣ ва инсонӣ шарафмандона бархӯрдор гаштааст.
Зуҳури ин хисоил дар нишоти ӯ аз давраи талабаӣ намудор мегардад, ки хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, иштироки фаъолона дар махфилҳои омӯзишиву эҷодӣ, ба ҳайси ровӣ пеш бурдани чорабиниҳои мактабӣ, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма иддае аз онҳост.
Соли 1972 дар ҳаёти Гавҳар Умарова соли фаромӯшнашаванда аст, зеро ӯ дар ин сол бо роҳхати донишгоҳ ба Телевизиони Тоҷикистон ба кор омада, расман фаъолияти рӯзноманигории худро оғоз менамояд. Дар ҳамин сол ӯ бо дастгирӣ ва ёрии поягузорони телевизиони тоҷик Ш. Боев, Ф. Исҳоқӣ, М. Бахтӣ, Б. Муллоқандов намоиши телевизионии «Викторинаи адабӣ» -ро таҳия менамояд. Ҳамин тавр, даҳсоли 1970марҳилаи дигареро дар ҳаёти ӯ боз намуд, ки минбаъд он ба ҳастиаш тавъам гашт. Дар ин воситаи ахбори омма ӯ дар вазифаҳои гуногун: муҳаррири хурди идораи барномаҳои кӯдакону наврасон ва танзими барномаҳои телевизион (1973-1974), муҳаррир ва котиби масъули идораи барномаҳои адабӣ- бадеӣ (1975-1990), муҳаррири калони шуъбаи адабии студияи телевизион (1991-1993), сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии тевизион (1993-1995), сармуҳаррири идораи таълим (1995-2010) кору фаъолият ин солҳо ӯ барномаҳои зиёдеро аз қабили “Викторинаи адабӣ”, “Байтбарак”, “Сайри олами зебоӣ”, “Қалам ва шамшер”, “Баҳористон”, “Гулшани адаб”, “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст”, “Махфилорои замин”, “Чамбули мастон”, “Театр дар меҳмонии шумо”, “Таронаи гулобӣ”, “Чашма”, “Сафо”, “Оила”, “Расми хуби тоҷикон”, “Фарзанди замин” ва ғайраро таҳия намуд, ки аксарияташон ба таври силсилавӣ пахш гардида, мақбули бинандагон шудаанд..
Ҳамин тавр дар тӯли 42 соли фаъолияти рӯзноманигорӣ дар телевизион ӯ 45 барномаи нав таҳия намуда, дар аксари онҳо худ баранда будааст. Ин далел худ басанда аст барои исботи журналисти навҷӯ будани ӯ.
Бо шарофати талошҳои навҷӯӣ ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ 21 –уми марти соли 1983 аввалин барномаи наврӯзии ӯ дар телевизион дар ҳаҷми 8 соат бо тарғиби табиати зебоманзари ноҳияи Ҳисор намоиш дода мешавад. Бо шарофати таҳияи барномаҳои наврӯзӣ ӯ ба маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Қирғизистон сафарҳои эҷодӣ намуда, ба ин васила дар дӯстии халқу миллатҳои ҳамсоя ва ҳамфарҳанг саҳм гузошт. Ҳамин тавр, тӯли 10 сол Г. Умарова эҷодгар ва таҳиягари барномаҳои наврӯзии телевизион буд, ки ҳар кадоме хусусияти хос дошта, расму оин ва суннатҳои наврӯзии манотиқи кишвар ва берун аз онро фаро мегиранд.
Самти дигари фаъолияти телевизионнигории Г. Умароваро таҳияи очерку лавҳаҳо дар бораи шахсиятҳои фарҳангӣ ва баруманди тоҷик мебошад, ки “Номзадҳои мо”(Мӯъмин Қаноат), “Садои дили дӯстон” (Абдулло Қаҳҳор), “Лауретҳои мо” (Карим М.), “Маҳфили театрӣ” (Раҷабгул Қосимова), “Заминпарвар” (Зиёдулло Шафиев, Қузигул Халилова, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ), “Шеъри зиндагӣ” (Лоиқ Шералӣ), “Устод” (Сафаров Ҳ.М.), “Моҳтобӣ” (Моҳтобӣ Миралиева”, “Гавҳаршинос”(Мухторов Аҳрор) намунаи онҳост. Дар таҳияи ин очеркҳои телевизионӣ нақши таҳиягар ва ровӣ хеле бузург аст. Аз сужаҳои ҷудогонаи ин асарҳо эҳсос мешавад, ки муаллиф дар интихоби қаҳрамонон, персонажҳо,лаҳзаҳои фаъолият, эҷоду амал ва самт бахшидани суҳбатҳо заҳмати зиёди касбӣ кашидааст.
Соли 1992 бо ташаббуси Г. Умарова барномаи «Оила» ташкил шуд, ки он тӯли 18 сол идома ёфт. «Оила» яке аз намунаҳои барҷастаи барномаҳои телевизионӣ мебошад, ки ба масоили муҳими ҳаёти занони кишвар таваҷҷуҳи хоса намуд.
Аз тарафи дигар, ҳарчанд то таҳияи ин барнома дар телевизиони тоҷик унсурҳои жанри ток-шоу, аз ҷумла дар барномаҳои «Маърифат» ва «Зарринтоҷ» (баранда Гавҳар Умарова, коргардонҳо Иззат Самадов, Неъмат Халилов), ба назар мерасид, аммо «Оила» аввалин шоу -барномае шуд, ки ба талаботи ин жанр ҷавоб медод.Нахустин намоиши барнома «Фарзанди як оила» ном дошт, ки моҳи майи соли 1992 дар экранҳои телевизион пахш гардид. Муаллиф ва баранда Гавҳар Умарова, коргардон Неъмат Халилов, гурӯҳи наворбардории Учқун Ҷӯраев, коргардони овоз Неъмат Назаров буданд. Метавон гуфт, ки ин барнома дар телевизиони тоҷик табаддулоти эҷодиро ба вуҷуд овард.
Воқеан мактаби эҷодии ток-шоуи «Оила»-и телевизиони Тоҷикистон дар радифи шоубарномаҳои телевизиони Русия дар таҳияи шоубарномаҳои телевизиони тоҷик бағоят бузург аст. Бо таъсири ин мурури замон даҳҳо шоу-барномаҳои рангину ҷолиб ва тамошобобба вуҷуд омаданд.
Таҷрибаи зиёди рӯзноманигорӣ, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва часпу талошҳои касбӣ имкон ба вуҷуд оварданд, ки Г. Умарова ба пажӯҳиши илмӣ низ машғул шавад. Ба кори илмӣ даст задани журналисти амалӣ аз чанд ҷиҳат бартарӣ дорад. Якум, аз муҳити эҷодӣ хуб бохабар аст; дуюм, мавзӯи таҳқиқшавандаро хуб медонад; сеюм, фарзияҳои илмиро худ дар амал санҷидааст. Дар пажӯҳиши илмӣ Г. Умарова чунин афзалият дошт. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ доир ба барномаи дӯстоштааш «Оила» таҳқиқоти илмӣ ба анҷом расонд ва ба унвони олии номзади илм мушарраф гардид. Ҳамчунин бо талошу заҳматҳои эҷодии ӯ васоити таълимии «Ток-шоу дар телевизиони Тоҷикистон» (бо ҳаммуаллифии Хушбахт Бекзод) (2009) рӯи чоп омад, ки дар омӯзиши ин жанри маъмули телевизионӣ аз аҳамияти илмиву таълимӣ орӣ нест.
Паҳлӯи дигари Г. Умарова омӯзгорӣ аст. Дар ин ҷода ӯ илму амал ва таҷрибаи касбиро ба ҳам омезиш дода, синтези нави таълими рӯзноманигориро ба роҳ мондааст, ки самт бахшидарс ба фаъолияти амалӣ дар он бартарӣ дорад. Ин усул, аз як тараф, ҷараёни дарсро ҷолиб ва гуворо месозад, аз сӯи дигар, ба ташаккули маҳорати эҷодии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Ҳамин тавр, Гавҳар Умарова фаъолияти эҷодии худро аз рӯзноманигорӣ шуруъ намуда, мибаъд дар соҳаҳои муҳими суханварӣ- барандагӣ, илмию пажӯҳишӣ ва омӯзгорӣ машғул гардида, дар ҳар кадоми он комёб гардидааст. Таманно дорем, ки танаш сиҳат, рӯзгораш обод, кораш эҷод ва шарикаш комёбӣ бошад.
Мурод Муродӣ, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: