ДАСТУРИ РАҲНАМО17-01-2017, 14:11
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо Файзалӣ Ҳакимов, устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироат гардида буд, вохӯрӣ доир гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барномаи мукаммали фаъолият нафақат барои як соли оянда балки барои даҳсолаҳои минбаъда низ маҳсуб меёбад. Паёми имсола давоми мантиқии Паёми солҳои пешин буда, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Сарвари давлат дар оғози Паём бори дигар аз воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ аз соли 2000-ум оғоз шуд. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои қабулгардида маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шуд. Президент дар суханронии худ марҳила ба марҳила амалӣ шудании се ҳадафи стратегии давлат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ёдоварӣ гардида, дастовардҳои соҳаи роҳсозӣ, энергетика, самаранок истифодабарии заминро аз дастовардҳои беш аз 15- соли охири кишвар донистанд. Воқеан ҳам имрӯз ба рушди бемайлони кишвари азизамон бо чашми ҳақиқатбин назар намоем, аён мегардад, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бензир аст. Масалан бунёду азнавсозии роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, амалишавии 19 лоиҳаҳои давлатӣ бо маблағи 6,5 миллиард сомонӣ дар самти таҷдиду азнавбарқароркунии роҳҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои гармдиҳӣ ва истеҳсоли барқ дар шаҳри Душанбе, тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург, оғози расмӣ бахшидан ба сохтмони хатти баландшиддати КАСА – 1000, сохтмони сарбанди нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ба як миллиону 400 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли ғалладонагиҳо, афзун шудани истеҳсоли картошкаву дигар сабзавотҳо худ далолати онро дорад, ки роҳбарияти кишвар дар роҳи созандагиву суботкорӣ собитқадамона пеш мераванд. Ба андешаи Сарвари давлат ба хотири бештар таҳким ёфтани пояи иқтисодӣ ташкили коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз иқдомҳои наву созандаи масъулин иборат бояд бошад. Дар ин росто таклифи Пешвои миллат аз мамлакати аграрӣ гузаштан ба кишвари агроиндустралӣ тақозои замон аст. Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон барои коркарди маҳсулоти ниҳоии он низ кӯшиш ба харҷ диҳем. Таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаи олам собит намуданд, ки дар сурати коркарди пурраи ашёи хоми саноатӣ сатҳи иқтисодӣ боло рафта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоянд. Барои ин танҳо фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ворид кардани технологияҳои муосир ва тарбияи мутахассисони варзида кофӣ аст. Инчунин, аз ҷониби баромадкунандагон «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ва қабул гардидани қатънома оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин вохӯрӣ ниҳоят самараи хуб бахшид, зеро ҳар як иштирокчии ин чорабинӣ марому моҳияти Паёми навбатиро аз наздик дарк намуданд ва боварии комил дорем, ки онро сармашқи кори худ қарор дода, дар оянда баҳри ҳалли масъалаҳои дар Паём зикргардида камари ҳиммат мебанданд ва корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ идома медиҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.