Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Рустам Ҳайдаров, мудири шӯъбаи сиёсатшиносии АИ Тоҷикистон: «Ташаккули ниҳоди президентӣ зарурати таърихӣ дошт…»

Рустам Ҳайдаров, мудири шӯъбаи сиёсатшиносии АИ Тоҷикистон: «Ташаккули ниҳоди президентӣ зарурати таърихӣ дошт…»

16-11-2016, 08:35
Хабарро хонданд: 465 нафар
Назарҳо: 0
Рустам Ҳайдаров, мудири шӯъбаи сиёсатшиносии АИ Тоҷикистон: «Ташаккули ниҳоди президентӣ зарурати таърихӣ дошт…»
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр- ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавзӯи «Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон» бо доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Рустам Ҳайдаров ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Ҷорҷ Вашингтон асосгузор ва падари ниҳоди амрикоии президентӣ мебошад. Оё метавон гуфт, ки ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт?

Р. Ҳайдаров: Бале, ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон дар замони сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт. Ташаккули ниҳоди президентӣ зарурати таърихӣ дошт. Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, баъди пайдо кардани истиқлолияти давлатӣ, ватани мо ба гирдоби низои шаҳрвандӣ дармонд. Дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ маҳз ташаккули ниҳоди президентӣ, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, метавонист моро аз оташи ин низоъ раҳоӣ бахшад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва роҳбари давлат дар ҳамон замони барои миллати тоҷик фоҷиабор тавонист мавқеи комилан дурусти сиёсиро интихоб намуда, ба тоҷикон сулҳу субот оварад. Рушди ояндаи мамлакат ва интихоби роҳи дигаргунсозии демократии ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ бевосита бо ниҳоди президентӣ вобаста аст ва меҳвари он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

АМИТ «Ховар»: То кадом андоза дар Конститутсияи ҶТ ниҳоди президентӣ таҷассум ёфтааст?

Р. Ҳайдаров: Дар моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Дар давоми президентии Эмомалӣ Раҳмон ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд, сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор гардид, ислоҳоти амиқи иқтисодӣ ва сиёсӣ гузаронида шуд: яъне низоми нави молиявӣ ташаккул ёфт, сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ қавитар гардида, низоми таъмини амниятӣ ва мудофиавии мамлакат таҳким ёфт, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва коррупсия пурзӯр гардид ва барои ислоҳоти конститутсионӣ заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ гузошта шуданд.

Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кард, ки раванди таҳким ва такомули ниҳоди президентӣ раванди мураккаб ва дурудароз аст. Дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон то ҳол падидаҳои манфӣ ба мисоли унсурҳои ғайридемократӣ амал мекунанд, ки ба рушди равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири мусбат надоранд. Барои таҳкими ниҳоди президентӣ бояд бар зидди чунин зуҳурот, мисли экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ муборизаи беамон бурд. Бартараф намудани ин зуҳуроти манфӣ бояд дар асоси ҳамкории пурмаҳсули сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад.

АМИТ «Ховар»: Дар адабиёти ҳуқуқӣ омадааст, ки ниҳоди идораи давлати муосир бо роҳбарии Президенти кишвар ба осонӣ рӯи кор наомадааст. Назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

Р. Ҳайдаров: Бале, ҳамин тавр аст. Рисолати Президент аз он иборат буд, ки дар давраи мушкилтарини миллати тоҷик бори вазнини ватандориро ба дӯши худ гирифтанд ва бо як ҷасорату мардонагии фавқулодаи худ бар ҳифзи сохти конститутсионӣ камар бастанд. Дар ин маврид ҷоиз аст бигӯем — Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат аст ва дар хотираи садҳо ҳазорон ҳамватанон бо ҳамин унвон боқӣ мемонад. Баъд аз имзои сулҳи байни тоҷикон дар фазои сиёсии Тоҷикистон давраи мураккаби баъдиҷангӣ оғоз гардид, ки мушкилоти он аз мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ камтар набуд. Таҳдид ва фишорҳои дохилӣ ва берунӣ ба ҳукумат дар ҳамон давра хеле зиёд буданд. Аз як тараф, бояд масъалаҳои муҳими сиёсӣ ҳалли худро меёфтанд, аз тарафи дигар, мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ дар муддати кӯтоҳ бояд бартараф мешуданд. Новобаста ба ин омилҳо, Пешвои миллат тавонист стратегияи рушди Тоҷикистонро дар давраи баъдиҷангӣ амалӣ созад. Пешвои миллат, аз замоне, ки дар арсаи сиёсии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намуданд, пеш аз ҳама, ба неруи бузурги созандаи шаҳрвандони Тоҷикистон такя менамуданд. Президенти кишвар ҳамзамон масъалаҳоеро бояд ҳал мекарданд, ки он ҳам аз давраи шӯравӣ ва ҳам баъди низои шаҳрвандӣ мерос монда буд. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи роҳандозии консептсияи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон меравад, ки асоси онро ниҳоди президентӣ ташкил медиҳад. Дар давраи баъди низоъ бояд самтҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодии таъмини ин лоиҳа муайян мегардид. Барои таъмини Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои миллат аз роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ оғоз намуданд. Вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди Пешвои миллат меистод- ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани минтақаҳои Тоҷикистон буд. Ин масъала аз давраи шӯравӣ ба Тоҷикистони навистиқлол мерос мондааст. Дар натиҷи пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон бо шоҳроҳи Кулма- сарҳади Ӯзбекистон, масъалаи ҳамгироии иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаҳои кишвар ҳалли худро пайдо кард, ки дар натиҷа ба таҳкими Ваҳдати миллӣ заминаи хуб фароҳам оварда шуд.



Яке аз масъалаҳои дигари давраи баъди низоъ- ин таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар буд. Дар ин самт ҳам ниҳоди президентӣ нақши асосиро бозидааст. Кӯшишҳои ҳамарӯза ва пайвастаи Пешвои миллат дар ин самт ба душманони миллати тоҷик имконият надоданд, ки ватани моро боз ба майдони ҷангу низоъ мубаддал намоянд. Фаъолияти ниҳоди президентӣ ҳамчунин дар рушди соҳаи маориф, илм ва тандурустии Тоҷикистон, ки рушди сармояи инсонӣ ба онҳо иртибот дорад, хеле назаррас аст. Яъне бо ибтикори Пешвои миллат фаъолияти низоми маориф ва илм ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд.

АМИТ «Ховар»: Президент Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан модели давлати дунявиро интихоб карданд. Чаро?

Р. Ҳайдаров: Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Яке аз нишонаҳои муҳими давлати дунявӣ озодии виҷдон мебошад. Яъне танҳо давлати дунявӣ имконият медиҳад, ки одамон, новобаста аз дину мазҳаб, мансубияти милливу нажодии худ озодона дар дохили давлат зиндагӣ ва фаъолият намоянд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон намояндагони дину мазҳаб ва миллатҳои гуногун зиндагӣ ва фаъолият мекунанду шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, барои ҳама як хел шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд. Ман шахсан пурра ин сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ мекунам, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот мекунад, ки имрӯз фақат давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ кафили рушди миллат шуда метавонад, хусусан дар давраи ҷаҳонишавӣ.

АМИТ «Ховар»: Ҷиҳатҳои инсонии Президент, идеяи миллӣ, иродаи қавӣ ва сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ …

Р. Ҳайдаров: Яке аз хислатҳои барҷастаи ҳар як сиёсатмадори бузург- ин мавҷудияти иродаи сиёсӣ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти сермаҳсул ва тамаддунгарои худ борҳо исбот кардаанд, ки дорои иродаи қавии сиёсӣ мебошанд. Ягон зуҳуроту падида наметавонад Пешвои миллатро аз роҳи созандагӣ баҳри миллаташ баргардонад. Ҳар ҳадафе, ки Президенти мо онро интихоб намудааст, хоҳ кандани нақби Анзоб бошад, хоҳ сохтмони НБО –и Роғун, ба он ҳатман муваффақ мешавад. Яъне Пешвои миллат ҳар ваъдае, ки дар назди миллаташ кардааст, онро сарбаландона иҷро намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон меъмори модели давлатдории миллии тоҷикон аст, ки он дар асоси мардумсолорӣ ва беҳтарин арзишҳои демократияи ҷаҳонӣ ва бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллии мо сохта шудааст. Сулҳу субот дар ватан, амният ва хушбахтӣ, саломатии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои Сарвари давлат беҳтарин мукофотанд, чунки инҳо маҳсули ранҷу заҳматҳои шабонарӯзии ӯ баҳри ин сарзамин мебошанд. Тамоми фаъолияти пурмаҳсули сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин як мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, тамаддунгароиву таҳаммулпазирӣ, мактаби одаму олимпарварӣ ва ватанпарастӣ мебошад ва хушбахттарин инсон касе аст, ки аз ин мактаб бархурдор мегардад.

АМИТ «Ховар»: Нақши шахсият дар ниҳоди президентӣ чӣ гуна аст?

Р. Ҳайдаров: Ниҳоди президентӣ як сохторест, ки аз ҷузъҳо ва унсурҳои гуногун иборат аст. Фаъолияти ин ниҳод ба хусусиятҳои шахсияте, ки ба мансаби Президент интихоб шудааст, вобастагии амиқ дорад. Таърих нишон медиҳад, ки давлатҳои аз ҷиҳати ҳарбӣ ва молиявӣ пуриқтидор танҳо аз он хотир барҳам хӯрданд, ки ниҳоди президентӣ дар ин кишварҳо дар дасти шахсиятҳои сустирода ва бемасъулият қарор дошт. Барои мисол, давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти сустирода ва бемасъулият барҳам хӯрд. Ва баръакс, давлатҳое мавҷуданд, ки ба буҳрони сиёсӣ-ҳарбӣ гирифтор буданду бо омадани шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва хирадмандона ба кор мондани фаъолияти ниҳоди президентӣ ватани худро ҳифз намуда, онро ба зинаи нави тараққиёти сиёсӣ ва иқтисодӣ бароварданд. Намунаи ин гуфтаҳо, албатта, ҷасорат ва рафтори қаҳрамононаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонист ҳам сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд ва ҳам заминаҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро фароҳам оварад. Яъне нақши шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушду фаъолияти босамари ниҳоди президентӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷик муайянкунанда ва аввалиндараҷа аст. Дар ин ҷода ман мутмаинам, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози аҳамияти сиёсии фаъолият ва хизматҳои беғарази худ баҳри наҷоти Ватан ва миллат дар радифи бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ мақоми арзандаеро соҳиб гаштааст.

АМИТ «Ховар»: Рӯзи Президент боз дар кадом давлатҳо ҷашн гирифта мешавад?

Р. Ҳайдаров: Аввалин давлате, ки дар он рӯзи Президент ҷашни умумимиллӣ эълон шудааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки дар он аз соли 1885 Рӯзи Президент ҳар сол дар рӯзи душанбеи ҳафтаи сеюми моҳи феврал ҷашн гирифта мешавад. Таъсиси он ба номи аввалин президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон мансубият дорад. Ҳамчунин Рӯзи Президент 14 май дар Исландия, аз соли 2011 рӯзи 1 декабр дар Қазоқистон бо унвони Рӯзи аввалин Президент, дар Британияи Кабир чун рӯзи Сарвари давлат ва дар чанд давлати дигар низ ин рӯз таҷлил мегардад.

АМИТ «Ховар»: Ниҳоди президентӣ дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон то кадом андоза ташаккул ёфт?

Р. Ҳайдаров: Ниҳоди президентӣ, тавре ба ҳамагон маълум аст, дар давлатҳои Аврупои ғарбӣ ва Амрико таърихи хеле тӯлонӣ дорад ва боиси дастовардҳои назарраси сиёсӣ дар ин кишварҳо гаштааст. Бешубҳа, таҷрибаи ин давлатҳо барои мамлакатҳои пасошӯравӣ, ки ба шакли идоракунии президентӣ гузаштаанду меҳвари онро ниҳоди президентӣ ташкил медиҳад, хеле манфиатовар хоҳад буд.

Масъалаи ниҳоди президентӣ дар шароити Тоҷикистон аз вижагии хос бархурдор аст, зеро то ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо ниҳоди президентӣ ҳамчун узви низоми сиёсии ҷомеа мавҷуд набуд. Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки «ниҳоди президентӣ» шакли махсуси идоракунии низоми сиёсии ҷомеа мебошад. Умуман мафҳуми «ниҳоди президентӣ» мафҳуми калидии илми сиёсӣ мебошад. Тағйироти куллие, ки дар аввалҳои солҳои 90-и асри ХХ дар Тоҷикистон рух доданд, дар назди сиёсатмадорон, олимони ҷомеашинос ва шаҳрвандон масъалаҳои махсуси давлатдории тоҷикро гузоштанд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият 9 сентябри 1991 Тоҷикистон роҳи мустақилонаи рушди худро интихоб кард ва шакли идоракунии он ҷумҳурии президентӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҷумҳурии президентӣ- шакли идоракунии давлатиест, ки дар заминаи ғояи тақсими ҳокимият асос ёфтааст. Дар сари ин гуна ҳокимият ба таври овоздиҳии умумӣ президенти интихобшуда меистад, ки сарварии давлат ва ҳукуматро ба уҳда мегирад. Ин гуна шакли идоракунӣ нахустин маротиба дар ИМА, сониян дар тамоми Амрикои Лотинӣ паҳн шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуд, қадами муҳиме дар роҳи муайян намудани самтҳои афзалиятноки давлатдории тоҷик ба ҳисоб меравад. Яке аз моддаҳои бунёдӣ, ки он дар матни ҳамин Конститутсия инъикос ёфтааст, тасдиқи ниҳоди президентӣ мебошад. Яъне бояд махсус тазаккур дод, ки аслан то ҳамин лаҳзаҳое, ки дар боло қайд намудем, мафҳуми «ниҳоди президентӣ» дар Тоҷикистон мавҷуд набуд ва дар фазои амалии сиёсӣ ва доираҳои назариявӣ- илмии кишварамон истифода ҳам намегардид.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки дар ташаккули ниҳоди президентӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва тақдирсозро иҷро намудааст.

АМИТ «Ховар»: Барои суҳбати пурмуҳтаво ба шумо изҳори сипос менамоем.

Р. Ҳайдаров: Саломат бошед.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: