Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Суханварони водии мутамаддин

Суханварони водии мутамаддин

23-10-2015, 11:50
Хабарро хонданд: 648 нафар
Назарҳо: 0
Суханварони водии мутамаддин
Бахшида ба 3 000-солагии Ҳисори Шодмон

«Ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст»
Эмомалӣ РАҲМОН


Ҳисор аз водиҳои қадими тоҷикнишин ва маркази илму маданияти тоҷикон аст. Мувофиқи нишододи сарчашмаҳо 40-50 ҳазор сол муқаддам дар ин кишвар одамон сукунат доштанд. Дар асри сангин (давраи неолит) водии Ҳисор маркази сераҳолӣ буд, аз бисёр маҳаллаҳои он маскани одамоне пайдо гардидаанд, ки 6-9 ҳазор сол муқаддам дар он ҷо истиқомат доштанд. Олимон чунин мешуморанд, ки водии мазкур ба ҳайати Бохтария ворид мегашт, ки аҳолии он бо хислатҳои озодидӯстӣ ва мардонагӣ маъруф буданд. Ин водӣ дар чаҳорроҳаи бузург қарор дошт. Корвони тоҷирон, дастаи ҳунармандони аз як кишвар ба кишвари дигар кӯчанда, мардикорони ҷӯёи қути лоямутӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳаракаткунанда аз ин водӣ, ё аз кӯҳистону даштҳои паҳлӯи он мегузаштанд. Ин роҳ аз қадимулайём, яъне аз замони мавҷудияти «Роҳи бузурги абрешим» то имрӯз идома дорад. Дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ, инчунин, исми бисёр шоиронро мебинем, ки аз ин водии бобаракат қадам ба арсаи адабиёт гузоштаанд.
Ҳисори шодмон соҳиби шаҳрҳои хурду бузург ва сарзамини дорои доманаи фарох буд. Ин кишвар то солҳои 70-уми асри ХIХ борҳо ҳамчун давлати мустақил арзи ҳастӣ намуда, дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ зикр шудааст. Яке аз сарчашмаҳои муҳим ва нодир «Бобурнома»-и Бобур Мирзо мебошад, ки муаллифи он аз охири асри ХV то чаҳоряки аввали садаи ХVI ба ин сарзамин сафар карда, дар шаҳрҳои тобеаш иқомат ихтиёр намуда, бо ҳокимони ин диёр ҷангида, дар ҳалли бархе аз масоил саҳм гузоштааст. Дар асари донишманди маъруфи Ҳиндустон Абулфазли Алломӣ «Акбарнома» низ роҷеъ ба баъзе аз ҳокимони Ҳисор маълумот дода шудааст. Сарчашмаҳои дигари илмию таърихӣ ва адабӣ асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ», Муҳаммадюсуфи Муншӣ «Таърихи муқимхонӣ», Муҳаммадвафои Карминагӣ «Убайдуллонома», «Туҳфаи хонӣ», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳоҷӣ Ҳакимхон, «Таърихи салотини манғития»-и Мирзо Абдулазими Сомӣ ва ғайра ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо нисбати ҳодиса ва воқеоти марбут ба Ҳисор маълумот омадааст.
Пас аз забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русия ва ба ҳайати ин кишвар ворид гардидани аморати Бухоро олимони шарқшиноси рус Д. Логофет, Г. Андреев, А. А. Семёнов, Л. Н. Соболев, Б. Н. Литвинов ва олимони тоҷик Б. Ғафуров, А. Мухторов, Б. Искандаров, М. Ҳамроев, Ш. Юсупов, О. Маҳмадҷонов оид ба таърихи Ҳисор тадқиқот анҷом додаанд. Дар заминаи таҳқиқи таърихи Ҳисор таълифоти илмии ховаршиноси бузурги рус академик В. В. Бартолдро алоҳида қайд кардан бамаврид аст, зеро ин олими бузург дар мақолаҳои пурарзиши худ «Чағониён» ва «Ҳисор», ки дар ҷилди сеюми маҷмӯаи осори нуҳҷилдаи ӯ гирд омадаанд, маълумоти муфид додааст.
Ҷолиби диққат аст, ки асри ХVIII дар Ҳисор доираи адабии мустақиле амал мекард. Танҳо дар замони ҳукмронии ҳокими Ҳисор Абдулкарим, ки баъдтар аз ҷониби амири Бухоро Музаффар ба қатл расонида шуд ва Ҳисор дар ин давр аз музофоти мустақил маҳсуб меёфт, доираи адабие амал мекард, ки шоирон Парии Ҳисорӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрати Ҳисорӣ, Мулло Исои Бадахшонӣ, Тошхоҷаи Ирсӣ, Мирзо Мункӣ ва дигарон фаъолияти босамар доштанд. Ин шоирон бо доираҳои адабии дигар, аз ҷумла доираи адабии Бухоро алоқаи мустаҳкам доштанд, зеро аксари онон дар шаҳрҳои бузурги мадании тоҷикони давр мисли Самарқанд, Бухоро, Ҳирот ва Балх таҳсил карда буданд. Чунончӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Бобо Ирсӣ, Мирзо Сафар, Ғамгин ва чандеи дигар таҳсилкардаи Бухоро буданд.
Гузашта аз ин, суханварони Ҳисор бо доираи адабии Хӯқанд низ иртиботи маънавӣ доштанд. Ончунон ки аз маълумоти тазкираи Фазлии Намангонӣ маълум мегардад, таҳти сарпарастии амир Умархон дар Хӯқанд доираи адабие амал мекард, ки дар он суханварони зиёд гирди ҳам омада буданд. Ному овозаи ин доираи адабӣ ҳатто бисёр суханварони доираи адабии Бухороро низ ба сӯи худ кашида буд. Дар натиҷа, шоирони зиёде аз Бухоро ба Хӯқанд омада, ба ин доираи адабӣ пайваста буданд. Дар эҷодиёти суханварони доираи адабии Ҳисор ва Хӯқанд метавон силсилаи ғазалҳоеро мутолиа намуд, ки бо радифҳои «гули сурх», «эй тутӣ», «кию ман кӣ», «ангушт» навишта шуда, ба қалами шоирони ин ду доираи адабӣ мутааллиқанд.
Банда бо раҳнамоии устоди муаззам Абдулманнони Насриддин чанд сол ба тадриси фанни «Таърихи адабиёти тоҷик» (асрҳои ХVII-ХIХ ва ибтидои асри ХХ) машғул будам ва ба ин муносибат бо мутолааи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ, мақолоти илмии адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Усмон Каримов ва Садрӣ Саъдиев, Амирбек Ҳабибов ва академик Аҳрор Мухторов, тазкираҳои Малеҳои Самарқандӣ, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Мирсиддиқи Ҳашмат, афзали Пирмастӣ ва Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам бо эҷодиёти суханварони доираи адабии Ҳисор ошно гашта, нисбати осори онон дилбастагӣ пайдо намудаам.
Ғайриинтизор буд, вақте банда ғазали матлааш «Баландӣ ёфт кӯҳ аз пой бар доман давиданҳо||Сари селоб ба санг омад аз ин беҷо давиданҳо»-ро хонда, ба ин байт расидам:
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад аз ин боло париданҳо.


Бешак, ин байт барои ҳар як хонанда ва шахси бо адабиёту сухани ноб пайванд ошност. Банда ҳам ин байтро, бино бар хеле маъруф буданаш, аз ҷойе шунида, азбар намуда будам, вале моли суханвари боистеъдод Мирзо Олимҷони Ҳасрати Ҳисорӣ буданашро намедонистам.
Ин суханвари мумтоз дар эҷоди ғазал дасти тавоно дошта, ҳамчунин, бар ашъори бузургтарин суханварони адабиёти классикии тоҷик, монанди Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Бедил, Ҳилолӣ, Калими Кошонӣ ва дигарон мухаммас бастааст.
Аз суханварони дигари соҳибистеъдоди Ҳисор Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ мебошад, ки мувофиқи ишораи тазкиранигорон шоири соҳибдевон буда, девонаш то имрӯз дастрас нагардидааст. Адиб ва тазкиранависи маъруфи асрҳои ХVIII-ХIХ Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар «Тӯҳфат-ул-аҳбоб» дар бораи Парӣ менависад: «Парӣ тахаллуси Муллои Ҳисорист. Бо вуҷуди омӣ будан, дар шеър иқтидори тамом дошта, манзури ҳокимони он ҷо буд, ашъораш хуб, дилпазиру беназир аст…». Воқеан, намунаҳои бозмондаи ашъори Парии Ҳисорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дорои қудрати баланди суханварӣ будааст. Махсусан, аз тарафи уламо ба Бухоро даъват шуданашро устод Айнӣ чунин ба қалам додааст:
«Гӯянд Парӣ кареҳулманзар буд, фузалои Бухоро, ки аз ҳусни гуфтор, тарзи ашъораш толиби дидори ӯ шуда буданд, боре ба Бухоро хондандаш. Парӣ дар ҷавоб ин байтро навишта фиристод:
Парӣ чун равғани поки Бухорост,
Шунидан дораду дидан надорад
».

Ашъори Париро адабиётшинос Амирбек Ҳабибов аз баёзу сарчашмаҳои мухталиф гирд оварда, зимнан аз дастрас нагардидани девони шоир изҳори таассуф менамояд. Мувофиқи ишораи ин муҳаққиқ ҳоло аз мероси Парӣ 61 азал, 8 мухаммас, 3 таърих ва маснавии «Зафарнома» боқӣ мондааст, ки аз 683 байт иборатанд.
Суханвари дигари соҳибистеъдоди Ҳисор Ирсӣ мебошад, ки дар байни мардум бо ашъори шӯх ва ҳазломезонааш маъруфият доштааст. Ин як байти хеле ҳунармандона сароидашуда баёнгари чеҳраи ҳунарии Ирсӣ мебошад:
Ман ба ҷойи чой пеш аз субҳ шабнам мехӯрам,
Чунки ҳангоми ғизои субҳ шуд, ғам мехӯрам…


Дар «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, ки аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабиёти асрҳои ХVII-ХVIII ба шумор меравад, роҷеъ ба рӯзгору осори чанд тан аз суханварони Ҳисор маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, дар ин сарчашма дар бораи суханвари бузург, муаррих ва арбоби давлатӣ Хоҷа Самандари Тирмизӣ маълумот дода шудааст. Хоҷа Самандар муаллифи китоби ахлоқии «Дастур-ул-мулук» буда, бо унвони фахрии «Раёсатпаноҳ» маъруфият доштааст. «Дастур-ул-мулук» асари бисёр хуби ахлоқии адабиёти ин аҳд буда, таҳияи комил ва интишори он дар замони мо аҳамияти калон дорад.
Дар муҳимтарин маъхазҳои омӯзиши адабиёти асри ХIХ ва ибтидои садаи ХХ монанди тазкираҳои Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам, Абдуллохоҷаи Абдӣ ва Афзал махдуми Пирмастӣ дар бораи рӯзгор ва осори суханварони дигари Ҳисор чун Ҷазбӣ, Музмар, Банда, Розӣ, Дабири Ҳисорӣ, Шариф, Хатиб, Холӣ, Бисмил, Ушшоқ ва дигарон зикри маълумот рафтааст, ки аз мавҷудияти як мактаби кавии сухангустарӣ дар ин сарзамин гувоҳӣ медиҳад.
Мутаассифона, ба истиснои таҳқиқоти адабиётшинос Амирбек Ҳабибов рӯзгору осори суханварони Ҳисор то имрӯз ба таври комил мавриди омӯзиши алоҳида ва ҳаматарафа қарор дода нашудааст. Ҳол он ки дар бузургтарин китобхонаҳои олам таълифоти аҳли илму адаби водии Ҳисор маҳфуз буда, ниёз ба омӯзишу таҳқиқ доранд. Бино бар ишораҳои академик Аҳрор Мухторов дар яке аз бузургтарин китобхонаҳои Ҳайдарободи Ҳиндустон, ки чанд ҳазор нусхаҳои хаттии форсӣ нигоҳдорӣ мешаванд, осори мавлоно Хоҷаи Ҳисорӣ, Фатҳии Ҳисорӣ, Туфайлии Ҳисорӣ, Ғарибии Ҳисорӣ ва чанде дигарон маҳфуз мебошад.
Омӯзишу таҳқиқ ва ба аҳли илму адаб дастрас намудани ин мероси бузург вазифаи ҷонии ҳар кадоми мост.
©Тоҷибой Султонӣ, номзади илми филологӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: