ПУШТИ ҲАР ҚАҲРАМОНЕ МОДАР МЕИСТАД23-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия соҳиби медали тилло гашт. Нахустин бор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгари тоҷик сазовори медали тиллои бозиҳои олимпӣ шуд. Дилшод Назаров аз соли 2014 муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҳамзамон Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Инак, Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ба поён расиданд. Расми пўшидашавии Бозиҳои олимпӣ 21 августи соли 2016 барои Дилшод Назаров давраи наверо кушод. Ў ба таърихи варзиши тоҷик ва саҳифаҳои заррини варзиши олимпии ҷаҳон шомил шуд. Модар Модар имсол бори аввал ба гусели писараш ба фурудгоҳ рафт. Ў бо Дилшод чунин қарор карда буданд, ки ҳангоми ба мусобиқаҳо рафтанаш ҳеҷ гоҳе писрашро на гусел мекунаду на истиқбол мегирад. Дар хона модарона мунтазир мемонад. Вале ин бор чи қуввае ўро барои гусели Дилшод тела медод. Инак, дар фурудгоҳ лаҳзаҳои охирини гусел Зайтуна фарзандашро вақте мебўсид, Дилшод гуфт: «Ман бояд бо медал баргардам!». Модар гуфт: «Насиб… Кўшиш бикун!» Дилшод Ў 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Рекорди инфиродиаш 80,71 метр аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мураббиёнаш нахуст модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов ва феълан Владимир Машко мебошанд. Соли 2015 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст. Медали Дилшод Назаров медали чоруми варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба даст овардаанд. Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 84 килограмм бо медали нуқра сарфароз гашт. Мавзуна Чориева низ соли 2012 соҳиби медали олимпӣ дар Лондон гаштааст. Инак, дар таърихи варзиши тоҷик медали Дилшод аввалин медали тиллои олимпии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Модар Ҳамон рўзи барои миллати мо таърихӣ, ҳамон рўзе, ки тоҷикони тамоми олам ва дигар ҳаводорони варзиш аз ѓалабаи Дилшод Назарови тоҷик, дар олам хурсандӣ мекарданд, мо барои дидор ва муборакбодӣ ба суҳбати модари Дилшод, бонуи бисёр дилнишин Зайтуна Назарова рафтем. Раҳораҳ тасаввур мекардам, ки ин модари хуштолеъ ин лаҳзаҳо чи шодие ба дил дораду чӣ андешаҳое ба сар. Модари хушбахту чеҳрахандони Дилшод, он гурди тоҷик, ифтихори тоҷикон, фарзонаписари номбардори миллат дар арсаи байналмилалӣ, дарҳол пайхас кард, ки мо ба хотири қаҳрамонии имрўзии писараш омадаем ва чун як дерошное моро ба меҳмонхонаашон хонд. Хонаи озода аз завқи баланди соҳибхона дарак медоду гулҳои тару тозаи гулдон аз шодишарик будани дўстон. Мо дар як они воҳид фаромўш кардем, ки ҳатто номи соҳибхонаро намедонем, вале пардохтем ба суҳбат ба суҳбати ду модар, ду мухлис, ду ифтихорманд, ду хушбахт аз он фарзонафарзанде, ки акнун на танҳо фахри модар, балки ифтихори миллист. Гурзафкании ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия доир шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода, аз ҳама рақибонаш пеш гузашт. Дар ин лаҳзаҳо модари ў Зайтуна Назарова дар яке аз хонаҳои маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бо писари хурдияш Умед бо дили пуризтиробу лабони пурдуо ва як боварии қавӣ, ин лаҳазотро шояд дар баробари миллионҳо мухлисони дигари ин навъи варзиш дар олам, тамошо мекарданд. Қабл аз баромадан ба майдони гурзпартоӣ Дилшод аз Рио занг зада, чун ҳамеша дуои модарро гирифта буд. Дилшод пеш аз ҳар як майдонбароӣ ин корро ҳамтман мекунад. Ҳар гоҳе ки чеҳраи орому қади болои таҳамтанро дар таблои телевизион наздик меоварданд, модар ҳар як ҳаракати чеҳра ва мушакҳои бадани писарашро бо чашми ҳам модарона ва ҳам устодӣ медид. Охир Зайтуна худ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии замони шўравист. Имрўз бошад ў дар гуруҳе, ки Дилшод Назаров ҷавононро тамрин медиҳад, устод аст. Ин замон дар вуҷуди Зайтуна Назарова ду эҳсос ба ҳам тавъам буданд, муҳаббат ва эҳсоси модарӣ бо ҳаяҷону эҳсоси масъулияти устодӣ. Дилшод Қаҳрамони мо барандаи медали нуқраи мусобиқаҳои қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ѓолиби бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар) ва соли 2010 (Гуанҷоу, Чин), соли 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), ѓолиби секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Бори чорум аст, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Мутаассифона, ў дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) бошад, ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров ѓолиби бозиҳои V- Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ѓолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ дар соли 2005) ва ѓолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Модар-устод Зайтуна Самадовна шаби 19 август, аниқтараш соати 5-и субҳи 20 август ҳине, ки баъди чанд дақиқа маҳарати писараш дақиқ мегардад, ҷойи нишастан намеёфт. Ин лаҳзаҳо хаёлан рўҳи шавҳараш Ҷамолиддин Назарови дар ҷанги шаҳрвандӣ шаҳидгаштаро низ бо дуо ба кўмак даъват кардан мехост. Зеро ў ҳам падар ва ҳам устоду раҳнамои писараш буд. Аз ҳама пирони кор дар варзиш мадад ҷустан мехост, ки бачааш ѓолиб ояд. Чеҳраи идеали писараш дар варзиш - Андрей Абдувалиевро хаёлан пеши назар мегузаронид, ки шояд ў ҳам ин замон ба ин гурди даврон, ки замоне як писарбачае дар пешаш калон шуда буду дар ниҳоди Дилшод ў ҳам зўри таҳамтаниро дида буд. Модар ин ҳамаро ба хотир меоварду хешро таскин медод, зеро Дилшодаш миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро роҳхат гирифта буд. Ў моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ силсилаи Гран-приро дар Ҷумҳурии Чехия бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр дар мақоми дуввум сазовор гашта буд ва баъди он ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Зайтуна Самадовна ин дам ба хотир меовард, ки Дилшод бо падари паҳлавону варзишгараш чи гуна машқ мекард. Бо алам сафҳаи дафтари хотироташро варақгардон мекард, ки солҳои наврасии писараш ба замони нооромиҳо, ҷанги шаҳрвандӣ ва ба дунболи он гуруснагиву нотинҷиҳои кишвар рост омада буд. Вале Дилшоди ҷавон дар гармои тобистону дар сардиҳои зимистон ба маҳаллаи Лучоб пиёда ба тамрин мерафту то омаданаш модар чи андешаҳоеро аз сар намегузаронид. То занги дар ва садои пойи ўро шунидан модар қарорро гум мекард. Мехост писарашро аз ин азобу машаққат раҳо кунад. Орзу дошт, ки писари варзишгараш бо серӣ хўрок ёбад, зеро тамрин ҳама қуввати вайро мегирифту ҷисмро бо ѓизои бақувват бояд барқарор мекард. Вале ку хўроки серӣ ва куҷо буд осоиш дар он замон? Модар, ки худ варзишгар буда, 22-сол дар Донишакадаи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият карда буду акнун ин замон ҳам устоди варзишгарон дар мактаби олии варзишӣ аст, ин ҳамаро хуб дарк мекард, вале медонист, ки орзуи Дилшод ѓолибият асту номварӣ. Ў дар паҳлуи писараш, ки дар наврасӣ қариб дар ҳама намудҳои варзиш машқ мекард, барои интихоби ин намуди варзиш, барои бартарият пайдо кардан ва ниҳоят барои расидан ба ин орзуҳояш ҳам мардонаву ҳам модарона истод. Ва инак, ин лаҳзаҳои ҳалкунандаву дили ларзони модар чеҳраи пур аз боварии Дилшод аз оинаи телевизор ва дасти дуои модар. Дилшод Дилшод Назаров баъди анҷоми мусобиқа дар Олимпиадаи Рио дар нишасти матбуотӣ гуфт: “…ба даст овардани медали тиллои олимпӣ, орзуи ман аз хурдсолӣ буд.Барои расидан ба он бисёр кўшидам, заҳмати сангине кашидаам, ниҳоят шодам, ки он орзуи бачагиям ҷомаи амал пўшид. Оча - бача Охир модар ҳам хуб медонад, ки падари Дилшод Ҷамолиддин Назарови замоне варзишгар ва баъдан ба кори ҳарбӣ гузашта, дар ҳамин синну соли писараш қодир ба ҳар гуна навовариҳо дар соҳаи хеш буд.Масалан ў замони шўравӣ бо гурўҳи дўстонаш нахустин бор дар ҷумҳурӣ дастаи махсуси оташнишониро таъсис дода, дар Иттифоқи Шўравӣ соҳиби медали биринҷӣ гашта буданд. Зайтуна дар ин сафари ҳалкунандаи писараш нисбат ба сафарҳои пешин аз Дилшод ким - чигуна умедвории дигар дошт,. Медонист, ки ў бояд ѓолиб шавад, вале ростӣ медали тиллоро метарсид, ки ба гўшаи уммедвориҳояш ҷо кунад. Мабодо, ки орзуяш амалӣ нагардаду баъдан азоб кашад, беҳтараш ба ин дараҷаи олӣ умед набандам, худро таскин медод ў. Модар зимни суҳбат гуфт, ки Дилшодаш соҳиби ҳамсари нозанине бо номи Нигина, писари ҳунарманде бо номи Далер ва духтараки ширину пианинонавоз бо исми зебои Амина мебошаду арус давраи умедвории боз як писарчаи дигарро имрўзҳо аз сар мегузаронад. - Дилшоди ман ҳеҷ гоҳе писари нозпарвард набуд. Боре чӣ дар кўдакӣ ва чӣ имрўз нашунидаам, ки дар чизи хўрданӣ ё пўшиданӣ нозу нуз карда бошад. Ҳар хўроке, ки ман ё ҳамсараш таҳия мекунем, бо иштиҳо мехўраду ташаккур мегўяд. Ошро хеле дўст медорад. Дилшод такягоҳи ман аст,- мегўяд модар. Зайтуна аз хислатҳои ҳамидаи Дилшод хеле розист. Мегўяд, ки боре ҳам садои хашину баланди писарамро нашунидаам, ҳамеша дар гирдам парвона асту «оча, оча» гуфта мегардад. Чун мо бо забони русӣ дар хона муошират мекунем, мепурсамаш, ки барои чӣ ту маро «оча» ва фарзандонат «бибиҷон» мегўянд, чаро «мама» намегўӣ? Посухам медиҳад, ки охир мо тоҷикем-ку? Воқеан бароямон ҷолиб буд, як ҳикояти Зайтуна Назарова дар бораи волидони шавҳараш ва ҳаёти сангину тақдири ба ҳам монанди падар ва бобои Дилшод. Аз Сари хосор то вакилии Шўрои Олӣ Волидони Ҷамолиддин Назаров –падари Дилшод ҳар ду ҳам дастпарварони хона –интернати ятимони шаҳри Душанде будаанд. Падари ўро дар хурдӣ аз Сарихосор ба ятимхона оварда будаанду баъдан ў ба яке аз шарикдарсони худ хонадор гаштааст. Вале дар синни 7-солагии Ҷамолиддин модараш бар асари беморие вафот мекунаду кўдакро ба интернати воқеъ дар мавзеи Лучоб месупоранд. Баъди хатми мактаб Ҷамолиддин варзишро интихоб кардаву бо Зайтунаи варзишгар хонадор мешавад. - Хушдоманам Сайрамбӣ Орипова депутати Шўрои Олӣ буда, дар комбинати «Текстил» кор мекардааст, - ёдовар мешавад Зайтуна. Дар замони зинда будани падари шавҳарам мо ба тоҷикӣ ҳарф мезадем, вале азбаски мо ҳамагон хатмкардагони макотиби русии шўравӣ будем, ҳарчанд падари ман ҳам тоҷик аст, вале забони хонаводагиямон русӣ буда, бо забони тоҷикӣ низ гап мезанем,– қисса мекунад Зайтуна. Оре, аҷдодони Дилшод ҳам ашхоси шинохтаи замони худ будаанд, ки чунин насли гурду гурзпарто ба мерос гузоштаанд, маъни мебардорем мо. Пешвои миллат - падари маънавии Дилшод Субҳи он рўзи пуртантана табрики нахустинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падарона ба Дилшод Назаров , варзишгари номвари мо ба ифтихори ѓолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тилло гаштанаш, мегўяд. Воқеан, ин бурди Дилшод ва ин медали тиллоии ў ба гуфтаи худи Дилшод медали тамоми тоҷикон ва туҳфаи бебаҳои варзишгарон ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст. Ба андешаи Дилшод Назаров бошад, ѓалабаи ў дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату истиқлолият ва дастгирию ѓамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. -Маҳз талошҳо, ѓамхориҳову ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, - мегўяд Дилшод. Модар Зайтуна ба хотир меорад, ки замони ҷавонӣ, вақте ки ў ва шавҳараш ба варзиш машѓул буданд, барои варзишгарон шароити хуб муҳайё буд. Онҳо аз 365 рўзи як сол 250 рўзи онро дар ҳолати тамрини муттасил мегузарониданд. Дар ин миён барои онҳо «талон» варақаи махсусе медоданд, ки дар беҳтарин қаҳвахонаҳо ѓизо бихўранд. Ѓизои пуркалория, бақувват ва шароити машқгоҳашон ҳам хеле мусоид будааст. - Аммо Дилшоди ман дар 13 - солагияш, ки ба замони душвори кишвар рост омада буд, нимсеру нимгурусна пиёда ба гўшаи дигари шаҳр барои машқ мерафт. Давраҳои ҷавонияш низ сангин буданд. Вале ў хислатҳои ҷавонмардиро аз падар мерос гирифтаву дар ҷавонӣ аллакай чун мард, чун соҳиби сари ман рафтор мекард. Ў барои ман беҳтарин рафиқ, ҳамсуҳбат, дўст, такягоҳ, хулоса ҳама чизам дар зиндагист. Дилшод Дилшод 6 май таваллуд шудааст, вале ҳеҷ гоҳе зодрўзашро ҷашн намегирад. Зеро ў дар ин рўз падар, устод ва такягоҳашро аз даст додааст. Субҳи 6 майи соли 1996 вақте ки ў хушбахтона аз хоб бедор мешаваду медонад, ки имрўз соҳибҷашн аст, хабари даҳшатноки марги падараш мерасад ва бо ҳамин барои ў якумрӣ ин рўз рўзи фавти падар аст, на ҷашни зодрўз. Ў дар ҳаёти худ ин рўзро дигар чун рўзи хурсандии мавлуд таҷлил намекунад. Каме пеш аз сафари Бразилия Дилшод бо модараш чун ҳамеша суҳбати хуби байни очаву бача, маслиҳати хонаводагӣ доштанд. Маъмулан онҳо бештар дар бораи варзиш бо ҳам дарди дил мекунанд, аз ҳам маслиҳат мепурсанд ва орзуҳояшонро ба ҳам тақсим мекунанд. Дилшод ба модараш мегўяд, ки агар ман аз олимпиада бо ҷоиза баргардам, онро ба рўҳи падарам мебахшам, зеро дар шаклгирии ман ҳамчун варзишгар саҳми падар бештар аст. Ў рўҳияи маѓлуб нагаштан ва бурдбор буданро ба ман ҳам тавассути ирсият додаасту ҳам бо тарбияву насиҳату маслиҳат. Аммо ҳамакнун Дилшод медали тиллоияшро моли халқи тоҷик эълон кардааст. Дар либоси махсусе, ки менеҷерони Дилшод таҳия кардаанд ва ў баъд аз ѓалаба онро ба бар кард, акси падараш бо либоси ҳарбӣ сабт шуда, дар поёнаш исми падар, модар, бародар, ҳамсар ва фарзандонаш навишта шудаанд. Яъне ин номҳоро он лаҳза миллионҳо мухлисон хонданд, номҳои тоҷикиро! Аҳсан! Шиори модар Аз Зайтуна Самадовна мепурсем, ки ба андешаи ў оё ин қуллаи баландтарини обрўи варзишии Дилшод аст ё идомааш? Ў чун ҳамеша хушбин аст. Посух мегўяд, ки шояд дастовардҳои дигари Дилшодро дар симои шогирдонаш бояд ҷўё шуд? Ё боз кӣ медонад, шояд муваффақиятҳои дигари ў дар пешанд? Насиб, чун ҳамеша мегўяд, модар. Модари Дилшод бар ин назар аст, ки варзишгарони тоҷик беҳтарин ватандўстонанд, зеро бо он шароити камтарине , ки доранд, боз машқ мекунанд, аз варзиш дилсард намешаванд ва ифтихори ватандорӣ дар сар, ба мушкилиҳо тобоваранд. -Барои ѓалаба ва номоварӣ як солу ду сол не, солиёни зиёде бо таҳаммулу сабурӣ машқ бояд кард- мегўяд модар чун як мутахассис. - Вақте ба Дилшод мансаби муовини Раиси Кумитаро доданд, ман зиёд ѓам мехўрдам. Охир ў кай тамрин мекунад, кай роҳбарӣ мекунад, кай дам мегирад ё ба оилааш машѓул мешавад? – мегуфтам ба худ, аммо ў чӣ будани истироҳатро намедонад, бо як ҷаҳони муҳаббату дилсўзӣ мегўяд, модар- устод. Зайтуна Назарова – модари Дилшод Назарови қаҳрамон ва инак шуҳраи олам ба ҳамаи мухлисони писараш, ки акнун фарзандашро фарзанди ифтихории ҳар як хонадони тоҷик меҳисобанд, сипоси беандоза мегўяд. Ў эътимод дорад, ки ин шарафи тоҷикон, ки тавассути писари ў насибамон гаштааст ва медали тиллоии ў ҳаққи ҳалоли мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки шабу рўз дуои ѓолибияти Дилшодро мекарданд. Сано ба модаре, ки чунин гурди замон, чунин марди майдон, чунин қаҳрамонеро, ки имрўз ҳамагон номбардори миллату меҳанаш мехонанд, зодааст. Он модаре, ки шиораш ҳам модарона аст: «Пушти ҳар чемпионе модар меистад»! Зиҳӣ, ай модари хушбахт, ки ба миллат чунин гурдписари номовар додаӣ! Медали тиллоии олимпӣ муборак, ҳамватанони азиз! Ҳуриннисо Ализода
Ибодуллоҳи Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.