Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бо бовару эҳсосоти мардум набояд бозӣ кард

Бо бовару эҳсосоти мардум набояд бозӣ кард

30-09-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 668 нафар
Назарҳо: 0
Бо бовару эҳсосоти мардум набояд бозӣ кардРӯйдодҳои сиёсии чанд соли охири кишварҳои исломӣ бори дигар ин воқеиятро собит месозад, ки дини ислом дар зоти худ ҳеҷ айбе надошта, ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмони сиёсӣ низ ниёз надорад. Ҳизбсозию сиёсисозии ислом аз тарафи ашхоси манфиатҷӯ бо истифода аз ноогоҳии сиёсию динии мардуми оддӣ ва ҳамзамон қурбон кардани манофеи миллию давлатии кишвари хеш бар ивази ҳимояи манофеи геополитикию иқтисодии абарқудратҳо сурат мегирад. Аз ин рӯ, чунин амалкарди баъзе пешвоёни динро ҷуз судҷӯӣ ва ба бозӣ гирифтани эътиқодоти мардум наметавон ном бурд, зеро тавре ки таҷрибаи баъзе кишварҳо собит сохт, роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён аксаран бар зарари кишвар анҷом ёфта, истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ ва дар муддати дарозмуҳлат тамомияти арзии кишварро ҳам ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекунад. Ҳосили амалкарди чунин афрод ба коҳиш ёфтани обрӯю нуфуз ва нақши созандаи дини ислом оварда мерасонад.
Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ин воқеиятро собит месозад. Таҳлили фаъолияти чанд соли охири ин ҳизб ва муҳтавои маводи ҳафтаномаи «Наҷот», ки интишоркунандаи ҳадафҳои сиёсию динии ин ҳизб ба ҳисоб меравад, нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. Маълум аст, ки яке аз роҳҳои пиёда кардани ҳадафҳои кишварҳои абарқудрат ин шиорҳои авомфиребонаи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва ба боди танқиду истеҳзо кашидани кишварҳое мебошад, ки дар онҳо ба истилоҳ ҳуқуқу озодиҳои шахс поймол мегарданд. Дар вақтҳои охир роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ дар маърӯзаҳои худ мафҳумҳои «худкома»-ро бисёр истифода мебурд. Гӯё вай абарқуд¬рат¬ҳоро ҳушдор менамуд, ки бубинед дар кишвари мо низ низоми худкома пойдор асту шумо метавонед ин сиёсати «башардӯстона»-и худро дар кишвари мо низ пиёда созед. Яъне, он даҳшатеро, ки ҲНИТ дар солҳои 90-ум ба сари мардуми тоҷик оварда буд, бори дигар такрор кунед. Ба ҳар васила эшон бо истифода аз имконияти муносиб мехостанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Барои онҳо баҳонаи «худкома» ҳисобидани кишвари худ маънои лаббайка гуфтан ба даъвати «хӯҷаинони хориҷӣ»-ро дорад, ки эшон ба мусулмонону фарҳанги исломӣ душмани ошкоранд. Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд. ҲНИТ баъд аз он маккорона гӯё сиёсати «сабр»-ро пеша намуда буд. Аммо ба ҳамагон маълум буд, ки ин «сабр» муваққатӣ асту онҳо бо пайдо кардани фурсати муносиб аз худ дарак медиҳанд. Ҳодисаҳои моҳи сентябр ин амали онҳоро бори дигар собит кард. Баъд аз ношукриҳою хиёнати генерали исёнгар маълум гардид, ки ҲНИТ сайёди тиҳимағзу беандеша ва ношукреро мемонад, ки ҳамеша дар камин буда, новобаста ба сайди фаровони хеш доимо дар пайи тӯъмаи навбатист. Таҷрибаи Афғонистон, Сурия ва Либия нишон дод, ки бе лаҷому бе назорат гузоштани баъзе аз гурӯҳҳои экстремистӣ боис шуд, ки онҳо дар муддати кӯтоҳ давлатҳои устувору тамаддуни дурахшонеро, ки чандин садсолаҳо падарону бобоҳояшон бунёд карда буданд, аз байн баранд.
Тасмими охири ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии кишвар дар робита бо ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон ва пешгирии ҳар гуна кӯшиши ноором кардани вазъият нигаронида шудааст. Ҳар ҳукумате, ки дар фикри амнияти кишвар бошад, ногузир даст ба тадбирҳое мезанад, ки ҳадафи он таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони он мебошад. Мардуми тоҷик сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ва Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, мутмаин аст, ки маҳз дар фазои сулҳу салоҳ ва тинҷию оромӣ имкон дорад, ки тамоми ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшанд. Мо шоҳиди онем, ки новобаста ба бӯҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва вазъи ногувори молиявӣ роҳбарияти олии кишвар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии мардум, рушди бемайлони соҳаи илму маориф ва фарҳангу тандурустиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хеш қарор дода, баҳри пешрафти босуботи кишвар талош варзида истодааст. Бо сифати баланд тармим гардидани роҳҳои асосии мошингарди кишвар, рӯз ба рӯз зиёд гардидани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар саросари кишвар, ба маротиб зиёд шудани шумораи сохтмони биноҳои истиқоматию бо ин роҳ тавлид шудани ҷойҳои иловагии корӣ ва даҳҳо тадбирҳои дигари созандагӣ аз қадам ба қадам пеш рафтани иқтисодиёти кишвар ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинони он дарак медиҳанд. Бинобар ин, ҳар як сокини ватанпарасту фарҳангдӯсти кишварро зарур аст, ки нисбат ба рафтору ҳаракатҳо ва ғояҳои ифротии бегонапарастонаи иддае бетарафӣ зоҳир накарда, қотеона мубориза баранд ва бо муборизаи фаъоли худ дар ин самт барои тақвияти Ваҳдати миллию Истиқлолияти давлатии кишвар ва пешрафти ҳамаҷонибаи он саҳмгузор бошанд.
Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ созмони террористӣ эълон гашта, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шуд. Ин иқдоми ҳуқуқӣ имкон намедиҳад, ки ҳеҷ ҳизбу созмон ва ҳаракати иртиҷоӣ бо боварҳову эҳсосоти мардум бозӣ кунад ва сулҳу оромиш ва амнияти кишварро ба хатар андозад.
Аз ҳамватанони кишвар даъват мекунем, ки дар чунин рӯзҳои сарнавиштсоз бетараф набошанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар Ватани азиз талош варзанд ва бар зидди ҳама гуна қувваҳои иртиҷоиву зиёновар мубориза бурда, саҳми худро дар ободиву осудагии ин сарзамин бигузоранд.

Сайфулло Муллоҷонов, сардори Шуъбаи
маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: