Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Номҳои таърихӣ - ҷузъе аз фарҳанги ниёгон

Номҳои таърихӣ - ҷузъе аз фарҳанги ниёгон

3-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 488 нафар
Назарҳо: 0
Номҳои таърихӣ - ҷузъе аз фарҳанги ниёгонДар ҳар минтақаву маҳалҳои гуногуни Ватанамон, хусусан дар ноҳияҳои куҳистон, номҳои зиёди топонимие дучор мешаванд, ки маънои аксари онҳо номаълум, ғайри қобили фаҳми имрӯзиҳо буда бо калимаҳои забонҳои муосири мо мутобиқат намекунанд. Чун, аз аҳли он маҳалҳо пурсон мешавед, ки маънои номи маҳалли зисти онҳо чи аст, каме ба андеша рафта, намедонам гуён посухи кӯтоҳ медиҳанд ва бархе пайдоиш ва маънои номи маҳалашонро ба ягон ҳодисаи таърихӣ ва ё ривояте асос намуда маънибардорӣ мекунанд. Дар ривоятҳо аз далериву шуҷоатмандии сокинони ин маҳалҳо, шахсони ҷудогонае, ки дар бунёди ин маконҳо саҳм гузоштааст ва ё ягон ҳодисаи ҷолиберо нақл мекунанд.

Албатта, ҳар як ном бе асосе пайдо нашудааст, маъноеро ифода дорад ва шояд дар баъзе номҳо асрорҳо ва ё паҳлуҳои таърихи то ҳол намаълуми ин маконҳо ниҳон бошанд. Ин номҳоро аҷдодони гузашта, ононе, ки то доман паҳн намудани дини мубини ислом дар ин маконҳо иқомат кардаанд, гузоштаанд ва шояд, бархе аз онҳо, аз даврони қабл аз милод меоянд. Зеро, ин номҳо на ба вожаҳои забони арабӣ ва на ба забонҳои дигари муосир шабеҳият доранд, онҳо аз забони суғдӣ ва ё гӯишҳои забони форси бостон мебошанд. Чун, ҳар ном каломе аз забони аҷдодон аст, яъне онҳо ҷузъе аз фарҳанги номгузории ниёгонамон буда моро ба фарҳанги он замонаҳо мепайванданд. Дар радифи огоҳ будан аз таърихи марзу бум, аз рӯзгори аҳли он, донистани маънои мавзеъҳо ва маҳалҳое, ки дар он иқомат дорем, низ зарур аст. Наслҳои ояндаро аз ин маълумот бохабар намуда дар онҳо ҳисси ватанпарастӣ, дӯстдории марзу бум, посдории забону фарҳанг ва дигар меросҳои ниёгонро парварид.

Таҳқиқи аксари номҳои топонимикӣ нишон медиҳанд, ки онҳо таҷассумгари ягон хусусияти хоси он маҳалҳо мебошанд. Дар аксари номҳо, тарзи ҷойгиршавии маҳал, мавҷудияти чашма ва ё рӯде, фаровонии ягон мавод, шуғли аҳли он маконҳо, дар баъзе ба ягон ҳодисаи таърихӣ алоқамандии онҳо ва дигар хусусиятҳои маҳал маънибандӣ шудаанд. Маълум аст, ки дар номи мавзеъҳо мавҷудияти вожаҳои «ғар, ғарт, ғал» маънои куҳ, «кат, кад» - хона, «кант, кент, канд» макони аҳли зиёддошта, яъне шаҳр, «пун, пон» маънои пур, бисёр, фаровон, «пал, фал» маънои ҳамворӣ, паҳно, «об, ап, ов» маънои об, руд, дарё, «ғаз» алаф, сабзаро ифода доранд. Ин вожаҳо аз забони суғдӣ буда, ҳатто баъзе аз онҳо то ҳол дар забони яғнобӣ, ки шохаи ҳифзмондаи ин забон мебошад, дар истифодаанд. Бо истифода аз вожаҳои дар боло оварда ҳар кас метавонад маънои баъзе мавзеъҳоро маълум намояд. Масалан, номи деҳаи «Пунғаз» аз вожаҳои «пун» ва «ғаз» ташкил ёфта маънои «алафзор, сабзазор»-ро, «Фалғар» маънои паҳнкуҳ ва ё ноҳияи Варзоб, ки номи худро аз номи дарёчаи Варзоб гирифтааст, маънои «руди шӯх, оби тезҳаракат»-ро дорад.

Моро мебояд, он номҳои таърихиеро, ки маънояшон номаълум аст ва ё ҳангоми таҳқиқ новобаста ба он ки кадом маъное медиҳанд, чун он қалъаву кӯшкҳо ва ё маъхазҳои таърихӣ, ки ҳифз карда мешаванд, ҳифз намоем. Ҳар яки ин номҳо барои таҳқиқи забонҳои аз байн рафта, забони гузаштагон хеле заруранд ва онҳо метавонанд, чун даричае барои ворид шудан ба забони аҷдодон хизмат кунанд. Боз намудани маънои аслии номи маҳалҳо, шод намудани руҳи аҷдодони баландфарҳангамон мебошад, ки ин номҳоро ба мо мерос мондаанд. Бояд ин номҳоро нигоҳ дошт, дар акси ҳол руҳи гузаштагон ноором гашта аз фарҳанги ниёгонамон канда хоҳем шуд.

Аксар давлат ва кишварҳо китобҳои топонимии худро бо тавзеҳоташон доранд. Дар китобҳои онҳо бисёр вожаномҳое дучор мешаванд, ки аслан аз забони тоҷикӣ ва ё форсии қадим гирифта шуда, вале аз сабаби дуруст дарк накардани этимологияи ин номҳо, муаллифон чун моли забони худ ва ё ғайрифорсӣ нишон додаанд. Дар мо, ки як халқи қадимфарҳанги дунё мебошем ва ҳатто аксар номҳои топонимикии мавзеъҳои қораҳои Осиёю Аврупо аз забони аҷдодони халқи тоҷик – забони форси бостон мебошад, чунин китоберо надорем, то дигарон вожаҳои забони моро, худӣ надонанд. Масалан, дар қисми шимолии Сибири Шарқӣ, дар ҳудуди Ёқутистон, дарёчае бо номи «Сартанг» ҷорӣ аст, ки ба ягон забони аҳли он ҷо мувофиқ нест, ё ки номи худи «Якутия (Ёқутистон)» дар ин мавзеъ мавҷуд будани кони ёқут, алмосро ба назар гирифта чунин номгузорӣ шудааст, аҳли маҳаллии он ҷо худро на якут, балки «саха» мегӯянд. Дар баъзе фарҳангномаҳои русӣ вожаи «якут»-ро аз забони аҳли он маҳал дониста, маънояшро нишон намедиҳанд. Инчунин, дар баъзе фарҳангномаҳо Сибирро аз забони муғулӣ арзёбӣ мекунанд ва ҷое нишон доданд, ки ин топонимро аввалин маротиба дар маъхазҳои форсӣ дучор шудаанд. Бале, вожаи «Сибир» бо калимаи суғдии «шибер», «шибар», ки маънои ҷои сероб, ботлоқзорро дорад ҳампайдоиш аст. Ҳангоми иқтибос гаштан ба забони ғайр, вожаи «шибер» шакли «Сибир»-ро гирифтааст. Ин аз хусусияти хоси фонетикаи баъзе забонҳои қадим, ки овои «ш» надоштанд ва онро «ч» ва ё «с» ово менамуданд, пайдо шудааст. Боз мисолҳои зиёдеро дар ин хусус овардан мумкин аст, ки маконҳо номи худро аз забони аҷдодони тоҷику форс гирифтаанд.

Ҳоло, пажуҳишгарони соҳаро мебояд, номҳои топонимии шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз онро, ки пайдоиши тоҷикиву форсӣ доранд, ҷамъ намуда бо далелу бурҳонҳо парда аз рӯи маънои онҳо бардоранд ва аз хазинаи забони аҷдодонамон будани онҳоро нишон диҳанд.
Обиддин Тухтасунов, устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: