Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Як маслиҳати муфид

Як маслиҳати муфид

3-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
Як маслиҳати муфидДар дунё кам шаҳрҳое ҳастанд, ки аз миёни онҳо дарё ҷорӣ шавад ва шояд бисёриҳо орзуи онро мекунанд, ки ҳадди аққал аз канори шаҳрашон дарёчае ҷорӣ шавад, то дар соҳили он истироҳату фароғат кунанд. Хушбахтона, ин неъмати бебаҳо насиби мо гардидаасту мутаассифона, аз он хуб истифода бурда наметавонем…

Аз миёни шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон Дарёи Варзоб ҷорӣ мешавад, аз ин рӯ онро «Дарёи Душанбе» низ ном мебаранд. Аммо дар миёни мардум он бештар бо номи «Душанбинка» машҳур аст. Гарчанде ки дар фаслҳои зимистону баҳор оби дарёи мазкур каму зиёд мешавад ва на он қадар мусаффо аст, вале дар фаслҳои тобистону тирамоҳ бениҳоят софу беолоиш аст. Пас чаро мо дар ин фаслҳо аз оби ин дарё ба пуррагӣ истифода намебарему ба ҳусни шаҳрамон ҳусни дигар зам карда наметавонем? «Мо метавонем»-албатта, агар хоҳем.

Бубинед, имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ҷуз аз «Кӯли Комсомол» ё худ «Кӯли марказӣ» дар ҷои дигар макони махсусе барои қаиқронӣ нест. Метавон дар яке аз ҷойҳои муносиби «Душанбинка» маҷрои дарёро маҳкам намуда ҷои махсусе барои қаиқронӣ ташкил кард. Дар ин сурат ҳам ҷои кор пайдо мешаваду ҳам маконе барои истироҳату фароғат. Гузашта аз ин, дар фасли гармо дар дарёи мазкур кӯдакону наврасон ба оббозӣ машғул мешаванд, ки ҳамасола дар мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз хатари ғарқшавӣ ҳушдор медиҳад ё ин ки аз ғарқ шудани одамон дар ин дарё хабар медиҳад. Оё беҳтар нест, ки дар ин дарё ҷои махсусе барои оббозии кӯдакону наврасон ташкил карда шавад, ки ба ҷони онҳо хатар надошта бошад? Ба ҳамин монанд метавон дар соҳили дарёи мазкур чандин ҷойҳои истироҳату фароғат барои меҳмонону сокинони пойтахт ташкил намуд, ки аз сӯи дигар ба ҳусни пойтахтамон ҳусни дигар зам менамояд. Фикр мекунам, анҷоми ин корҳо натанҳо боиси истироҳату фароғати сокинони пойтахту пайдо гардидани чанд ҷои кор шуда метавонад, балки бо ин роҳ метавон диққати сайёҳони хориҷиро низ ба пойтахти кишвар ҷалб намуд.

Мутаассифона, имрӯз соҳили ин дарё барои баъзеҳо макони партовпартоӣ шудаасту барои иддаи дигаре ҷои худкушӣ. Агар шабона дар соҳили ин дарё қадам занӣ, чунон торику воҳиманок аст, ки вуҷуди касро тарс фаро мегирад.

Хуб мешуд, агар масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе бо кӯмаки соҳибкорону аҳолии шаҳр ба ободии «Душанбинка» иқдом кунанд. Дар баробари эълон намудани рӯзҳои ободонии шаҳр, дарёи пойтахт, ки маркази онро убур мекунад, бояд сарфи назар нагардад. Чунки ободии ҳамин дарё метавонад ба ҳусни шаҳрҳусни тоза афзояд.
Агар мо дар ҳамбастагӣ тавонем, ки ин кори хайрро анҷом диҳем, пас метавонем ҳадс занем, ки «Мо метавонем!».
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: